Қонуни тиб

Бо пӯсти мор ва ё бо саргини кабӯтар дуд андохтан зоишро осон кунад. Гоҳе дуд андохтан бо пӯсти мор ҷанинро бикушад. Дуд андохтан бо говшири танҳо ва ё якҷоя бо саргини боз зоданро сабук созад.
Тадбири навзод баробари зодани он: Ин ҳамон чизест, ки мо аз баёни он андар Китоби умури ҳамагонӣ фориғ шудем ва бояд бад-он ҷой муроҷаат намуд182.
Фасли шонздаҳум андар баёни ҳолатҳои зани андар нифос буда
Нифос ба ҳангоми писар зодан на беш аз сиҳ рӯз ва ба ҳангоми духтар зодан чиҳил рӯз ва каме беш аз он бикашад. Зани зочаро бемориҳои зиёде аз қабили хунравӣ ва баста шудани хун рӯй диҳанд, ки хунравӣ боиси афтидани қувват ва баста шудани ҳайз боиси табҳои мушкил ва омосҳои вазнине бигардад. Бисёр бошад, ки занро аз сабаби зодани душвор хуроҷ падид ояд, гоҳе ӯро шикам бидамад ва гоҳе ҳалок шавад. Хуни нифос аз хуни ҳайз дида хеле сиёҳтар аст, аз баҳри он ки муддати банд гардидани он дарозтар бувад.
Тадбири хуни бисёр рафтан аз зани зоча: Агар аз зани зоча хуни бисёр равад, бояд дастонашро бо дастбанд бибанданд, бар шикамаш пораеро бо сирко тар карда биниҳанд ва шиёфҳоеро аз қабили гулнор, каҳрабо, гул ва кундур бо шароби тунд бар [фарҷаш] бизананд.
Бояд аз доруҳои сӯзонанда дурӣ ҷуст, зеро онҳо ба сабаби асабнокии заҳдон аз барои [заҳдон] таъсири бад доранд. Яке аз доруҳои ба гуфтаи мардумон андар ин бобат хосиятнок саргини хук аст, ки онро андар пашминае гирифта, бар рони [занони зоча] биовезанд.
Тадбири кам рафтани хуни зани зоча: Ҳар гоҳ зан бача ниҳод ва ё бача биафтонад ва бими он бошад, ки хуни ӯ кам ояд ва ё камоии он зоҳир бошад, маслиҳат он аст, ки андар тозондани хуни ӯ ва тунук сохтани он бикӯшӣ, аз баҳри он ки агар хун банд бигардад, омосҳо падид хоҳад овард. Атса овардан низ андар ин бобат судманд бувад. Чизҳое, ки аз барои ин дуд андозанд, аз испанд, хардал, муқл ва мурр иборатанд. Низ бо чашми моҳии шӯр, (585) ё суми асп ва ё суми хар дуд кунанд. Агар инҳо суд набахшанд, аз задани раги софин чора нест, то ки хун берун омада, пеши зиёни пурӣ ва омосидан гирифта шавад. Гоҳе задани раги зери зону беш аз ҳама [хун] битозонад.
Тадбири табҳои зани зоча: Оби ҷав аз барои ӯ судманд аст ва ба изофаи он хуни ҳайзро нахоҳад баст.
Оби анори ширин низ ҳамчунин бувад. Бештари табҳои ӯ ба баста шудани хуни ҳайз вобастаанд ва бинобар ин агар аз тариқи раги софин задан муолаҷа кунанд, судманд хоҳад буд.
Тадбири дамиш овардани шиками [зани зоча]: Ба ӯ даҳмарсо ва калкалонаҷ ва ё ба миқдори баробар сакбина, саътар ва мастако бидиҳанд.
Тадбири дардҳое, ки андар заҳдони ӯ падид оянд:
Ӯро андар оби нимгарм нишонанд ва маҳалли [дардро] равғани бунафшаи хуш ва нимгарм бимоланд.
Тадбири хуроҷи ӯ: Инро бо марҳами сафед ва дигар марҳамҳое муолаҷа кунанд, ки аз барои хуроҷҳои андомҳои серасаб созгор буванд.
Мақолаи севвум
андар баёни дигар бемориҳои заҳдон, ба ғайр аз
омосҳо ва он чи ки бад-онҳо монад
Фасли нахустин
андар баёни ҳукмҳои хуни ҳайз
Хуни ҳайзе, ки аз ҷиҳати андоза ва кайфият муътадил буда, ҳар бор бар одати табиӣ андар замони худ ҳамеояд, сабабгори тандурустии зан ва покии тани ӯ аз ҳар гуна чизи бо камият ва кайфият зиёновар бувад ва ба худованди хеш порсоию камшаҳватӣ бибахшад. Ҳадди миёнаи ҳайз овардан ин аст, ки бояд зан ба ҳангоми аз бист то сиҳ рӯз як бор ҳайз орад. Аммо агар муддат беш аз ин ва ё камтар аз ин буда, андар рӯзи понздаҳум, шонздаҳум ва ҳафтдаҳум ҳайз биафтад, ғайри табиист. Агар ҳайз аз ҳоли табиӣ бигардад, сабаби бемориҳои бисёре хоҳад щуд. Бисёр кам иттифоқ биафтад, ки замони ҳайз тағйир ёбад.
Яке аз зиёнҳои ба сӯи фузунӣ дигаргун шудани [муддати] ҳайз ин аст, ки зан заиф бигардад, намуди зоҳирияш тағйир ёбад, [заҳдонаш] маниро кам фаро бигирад, бисёр бача партояд ва агар бизояд, бачаи беҳолу бемадор бизояд. Аммо ба ҳангоми баста шудани ҳайз ва ё коҳиш ёфтани он ҳамаи намудҳои бемории пуриро биангезад ва [худованди худро] барои пазируфтани омосҳо, дардҳои
сар ва дигар андомҳо, торикии чашм, кундии ҳоссаҳо ва
табҳо омода бисозад. Баробари он аксар вақт мӯриҳои
мании зан пур шаванд ва ӯ ҷимоъталаб, ғайри порсо ва
ба иллати табаҳ шудани заҳдон ва мании хеш аз барои
обистан ноқобил бигардад ва кори ӯ ба ихтиноқи заҳдон,
зиқи нафас ва баста шудани он, хафақон ва беҳушӣ кашида, гоҳе [аз сабаби он] бимирад. Ӯро ба иллати суддаоварии моддаҳо ба сахтӣ омадан ва чакра-чакра чакидани пешоб рӯй диҳад. Гоҳе хусусан андар дӯшизагон ин
боиси хунпартоӣ, хун қай кардан ва аз шикам хун рафтан
бигардад. Ин иллатҳо ба ҳасби гуногунии мизоҷҳои [занон] ба намудҳои гуногун зоҳир шаванд. Агар зан сафровимизоҷ бошад, бемориҳои сафро, агар савдовӣ бошад,
бемориҳои савдо, агар балғамӣ бошад, бемориҳои балғам
ва агар хунимизоҷ бошад, бемориҳои хун андар ӯ падид
оянд. Бархе аз занонро ҳангоми қатъ шудани ҳайз зуд
фаро расида, ин андар 35-40 солагӣ афтад ва бархе дигарро ин ҳангом пас уфтода, то панҷоҳсолагӣ давом кунад. Гоҳе баста шудани ҳайз боиси он шавад, ки ҳолати
занӣ ба мардӣ бигардад, чунонки мо инро андар боби баста шудани ҳайз ёд кардем. Гоҳе каси ҳайз қатъшударо шир падид ояд ва ин далели [қатъ шудани ҳайз] бувад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор