Қонуни тиб

Пизишкони аз ҳама пешин аз барои берун овардани ҷанин андар боби ҳаракатҳо ҳилаеро ёд кардаанд, ки мо онро ба сабаби кам суд доштанаш барандохтем.
Тадбири берун овардани ҷанине, ки пойҳояш пеш аз сар омадаанд: Бояд ба нармӣ пойро пас гардонида, [ҷанинро] ба оҳистагӣ то рост нишастанаш ним гардонд (583) ва соқҳояшро андак-андак то фуруд омадани сар боло бардошт. Агар ягон коре аз ин қабил кардан нашавад, ҷанинро бо дастбандҳо сахт бибанд ва берун ор. Агар ҷуз пора кардан роҳи дигаре набошад, бар қиёси он чи, ки андар боби ҷанини мурда гуфта шуд, ҳамчунин бикун.
Тадбири зане, ки ҷанинаш бар паҳлу ояд: Ин ҳам ба [тадбири пешгузашта] наздик буда, онро аз тариқи пас гардонидан ба боло рост кунанд, бинишонанд ва ба оҳистагӣ сарозераш кунанд.
Тадбири зане, ки ба ҳангоми бача ниҳодан андар заҳдонаш омос бувад: Аз барои ӯ мумравғанҳо ва равғанҳоро ба кор баранд ва сипас ба ӯ он ҳайати зодан ва ҳолатҳои дигареро бидиҳанд, ки мо аз барои занони фарбеҳ тавсиф кардаем.
Тадбири зане, ки бача ниҳоданаш ба сабаби бузургии кӯдак душвор бувад: Бояд доя агар битавонад, ин гуна ҷанинро хуб даст гирифта, андак-андак ба нармӣ бикашад ва агар натавонад, ӯро бо домони ягон ҷомае бибандад ва оҳистаю баҳра-баҳра берун бикашад. Агар ин ҳам суд набахшад, анбӯрҳои гуногунро ба кор барад ва бо ёрии онҳо ҷанинро берун орад. Агар аз ин роҳ ҳам нашавад, аз ҳама осонаш пора-пора карда, берун овардан буда, тадбири ҷанини мурдаро ба кор баранд.
Тадбири зане, ки ба сабаби марги ҷанин ва ё бадшаклии ҷанине, ки аз он умеди зиндагӣ нест, зоданаш душвор бигардад: Аз миёни доруҳои ёдшуда он доруҳоеро ба кор баранд, ки ҷанини мурдаро берун оранд. Гуфтаанд, ки агар ин суд набахшад, онро бо сардукҳо бардошта, пора-пора кунанд ва берун оранд. Бояд андар ин кор шитоб намуда, ҷанинро пеш аз гандида, дам кардан [берун овард]. Агар сар бузург бошад ва шикастан ва ё пора кардану берун рехтани рутубати он мумкин бошад, чунин кунанд.
Тадбири он зояндае, ки аз ҳуш рафта бошад: Агар бими пас рафтани ҷанин набошад, бар рӯи ин [зан] об бипошанд ва аз тариқи хушбӯӣ бӯёндан ва оби гӯштро бо шаробу хушбӯиҳо андар даҳон рехтан қувваташро боз оранд.
Доруҳое, ки бача ниҳоданро осон кунанд: Ҳамаи он доруҳои кирми шикам ва кирми «кадудона»-ро беруноранда ҷанинро низ берун оранд. Агар ба зан чаҳор мисқол пӯсти хиёршанбар биошомонӣ, ҷобаҷо бизояд. Ба ӯ додани ангужад ва гунди бедастар ба ғоят хуб аст. Низ додани дорчинӣ бе андоза хуб буда, дарди заҳ ва зоданро сабук созад. Ҷӯшонидаи барги хитмии румӣ бо об ва ангубин низ яке аз доруҳои ниҳоят сабуксозандаи зоиш бувад. Оби ҳулба низ бача зоданро осон кунад. Низ доруи зерин хуб ва судманд аст: пари сиёвушони сударо гирифта, андар шароб ва миқдоре аз равған бигудозанд ва ба [бемор] бидиҳанд.181 Мушктаромашир низ ҳамчунин бувад.
Як ҳабби хубе, ки онро яке аз пешиниён эҷод карда, бархе аз баъдомадагон ба худ нисбат додааст: Даҳ дирамӣ дорчинӣ ва абҳал, ҳафт дирам салихаи хубси
фат, панҷ дирамӣ қирфа, мурр, зарованди гирд ва қусти талх, ду дирамӣ майъа ва афюн ва чаҳоряк дирам мушкро гирифта, аз онҳо ҳабб созанд. Се мисқол аз онро андар ду уқия шароби куҳан ба [зоянда] бидиҳанд. Маро дӯстдоштатар ин аст, ки миқдори афюнро бикоҳанд ва бо як дирам аз он кифоят кунанд.
Як ҳабби дигари хуб: Даҳ дирам абҳал, панҷ дирам судоб, чаҳор дирам испанд ва се дирамӣ ангужад, уша ва рӯянро гирифта, аз онҳо ҳабб созанд ва се дирам аз онро бо ягон ҷӯшонидаи ҳайзтозонандае, масалан, бо ҷӯшонидаи абҳал, мушктаромашир ва рӯян, ё бо ҷӯшонидаи лӯбиёи сурх ва ё бо фишурдаи судоб ба [зоянда] бидиҳанд.
Як ҳабби хуб: Ду дирам абҳал, ним дирам ангужад, ним дирам уша ва ним дирам рӯянро бигиранд (584) ва ин миқдор як ошомиданӣ бувад. Ё ба миқдори баробар зарованди дароз, мурч ва мурр гирифта, аз онҳо ҳабб бисозанд. Ҳар рӯз як бор се дирам аз инро бо як уқия оби боқилии мисрӣ биошоманд. Ин [ҳабб] бачаро биафтонад, зоишро осон гардонад ва заҳдонро ба таври қавӣ пок созад. Аз ҳама ҷиҳат ба ҳамин монанд [доруи зерин] аст:
муқли кабуд, мурр ва абҳалро гирифта, аз онҳо фундуқчаҳо бисозанд ва биошоманд. Ин бачаро биафтонад ва зоишро осон кунад.
Як маъҷуни ниҳоят хуб, ки ба гуфтаи мардумон [301] ягон дору ба он намерасад: Як мисқолӣ мурр, гунди бедастар ва майъа, ним мисқол дорчинӣ ва ним мисқол абҳалро гирифта, бо ангубин маъҷун созанд. Як ошомидании он ду мисқол бувад. Аз ҳама беҳтар он аст, ки агар инро бо шароби куҳан [ба зоянда] бидиҳанд, ба ғоят хуб бошад.
Зимодҳо ва тилоҳо: Ҷӯшонидаи дилаи ҳанзал ва ё аз он ҳам беҳтар оби фишурдаи сабзи онро гирифта бо фишурдаи судоб биомезанд ва андар он як миқдор мурр афзуда, бо он зиҳорро то ноф тило кунанд.
Доруҳои ба зер баргирифтании қавие, ки чизҳои [ба ҳангоми зоиш] ҷудошавандаро фуруд оранд: Пашминаеро андар фишурдаи дилаи ҳанзал ва фишурдаи судоб оғушта, бар [фарҷ] бигиранд, ё заровандро андар пашмина баргиранд, ё бахури Марям, ё мавизак, ё хиёри даштӣ ва ё кундушаро ба [фарҷ] баргиранд ва ё агар шиёферо ба зер баргиранд, ки аз харбақ, говшир ва талхаи барзагов сохта шудааст, ҷанини чи зинда ва чи мурдаро фуруд орад.
Доруҳое, ки бо хосият кора кунанд: Бояд ба зани душворзо бифармоянд, то андар дасти чапаш мағнотис бигирад ва ё агар хокистари суми харро тило ва ё [суми харро] бахур кунанд, ба ғоят хуб бувад. Суми асп низ ҳамчунин аст ва агар чашми моҳии шӯрро бахур кунанд, ҳамин гуна бувад. Гуфтаанд, ки агар бар рони рост буссад биовезанд, аз душвории зоиш суд бахшад ва [низ] гуфтаанд, ки агар [зоянда] бар рони хеш истураки ифриқӣ биовезад, ӯро [ҳангоми зодан] дард падид наояд. [Боз] гуфтаанд, ки агар заъфаронро совида, бисириштанд ва аз он муҳраҳо сохта, бар [гардани зоянда] биовезанд, машимаро берун андозад.
Дуд андохтан: Агар [зояндаро] бо мурр дуд андозанд, ниҳоят хуб аст. Низ, мурр, борзад ва говширро бо талхаи гов сиришта, як мисқол аз онро дуд андозанд. Ё гӯгирди зард, мурри сурх, талхаи гов, говшир ва борзадро гириф та, бо онҳо дуд кунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор