Қонуни тиб

Мумкин кор андар бархе аз эшон ба ҷое бирасад, ки мароққи шикамаш бидарад ва ин ба ҳангоме бувад, ки афсурдагӣ ба ифрот расида бошад.
Нишонаҳои душворӣ ва осонии [зодан]: Агар дард пеш аз оғози зодан ва ё баъди он ба сӯи пеш ва ба сӯи шикаму зиҳор бигарояд, зодан сабук хоҳад буд, вале агар ба сӯи пас ва ба сӯи устухони паҳна бигарояд, зодан душвор бигардад.
Фасли понздаҳум андар тадбири зани [бордоре], ки ӯро дарди заҳ расидааст
Ҳар гоҳ зани обистанро [замони бача ниҳодан] наздик ояд, бояд пайваста оббозӣ ва обзан ба кор барад ва
аз ҳама беҳтар ин аст, ки корро берун аз гармоба кунад,
то ки заифу ковок нагардад. Бояд зиҳор, пушт ва миёндуроҳаро бо мисли равғани шибит, бобуна, хайрӣ ва
ғайра чарб кунад, пайваста ба зер хушбӯиҳо баргирад
ва мумравғанҳои тунук, равғанҳои нармкунанда, луобҳои ковоккунанда ва аз пиҳҳо масалан, пиҳи мокиён ва
пиҳи ғози парвоиро нимгарм, на сард, балки хусусан
агар фарҷ ва тамоми танаш бо фарҷ хунукмизоҷ бошад,
онҳоро бештар гарм карда, бар миёндуроҳаи хеш бирезад. Бояд ба зане, ки зоданаш душвор бошад, як моҳ ҳар
рӯзе ношито аз луобҳо, масалан, луоби биҳиро бо луоби тухми катон бидиҳанд. Ҳамчунин, андар рӯзҳои дарди заҳ ба ӯ оби ҳулба бояд дод. Ғизои ӯро аз тараҳои
нармиоваранда, сапедбоҳо, гӯштҳои фарбеҳ ва мурғҳои
парвоӣ бигиранд. Хӯрдани чизҳои қабзкунандаро бар
вай ҳаром бигардонанд. Бояд фарҷи ӯро бо мушку атр
бахур кунанд ва ҳар гоҳ ки ҳангоми зодан фаро расида,
ӯро дарди заҳ бигирад, бояд чизе бихӯрад, ки миқдоран
кам буда, вале ғизои бисёр бахшад ва аз болои он шароби райҳонӣ биошомад. Сипас, бояд ин зан соате нишаста, пойҳояшро дароз кунад. Баъд, як соат бар пушт
дароз бикашад ва сипас якбора аз ҷой бархоста, бар зина барофуро кунад ва дод занад. Ҳар гоҳ даҳони заҳдон
андаке боз шавад ва ин бозшавӣ афзудан бигирад, [худованди он] хусусан ба ҳангоми кафидани сифоқ (582)
бояд ҳар қадар, ки битавонад, худро бифишорад, ба такаллуф атса занад, даҳонашро ҳар қадар, ки мумкин
аст, васеъ боз карда, ҳавои бисёреро фурӯ барад ва ҳар
чи бештар нафас кашад, зеро ин [тадбир] ҷанин ва машимаро берун хоҳад овард. Беҳтарин чизе, ки ба ҳангоми бача ниҳодан бар вай нишинанд, курсиест, ки аз пас
такягоҳ дошта бошад ва ин баъд аз боз шудани заҳдон
бувад. Агар зан фарбеҳ бошад, бар шикам бихобад, сарашро фуруд орад ва зонуҳояшро ба зери шикамаш бидарорад, то ки даҳони заҳдони ӯ бо фарҷаш баробар шавад. Сипас ба фарҷаш доруҳои нармкунандаи ёдшударо
бимоланд ва бояд онро бо ангуштон фарох кунанд ва
кушода созанд. Ҳар гоҳ ин корро кунанд [300] ва шикамашро бифишоранд, мисли чаҳорпоён зуд бизояд. Агар
машима намудор шуда, бидонанд, ки ҷанин наздик омадааст, вале машима ба сабаби ситабрӣ пора нашудааст,
бояд ё бо нохун ва ё афзори мурдмонандеро миёни ангуштон гирифта, он пироҳанро эҳтиёткорона пора ку
нанд, то ба ҷанин осебе нарасад ва газанд набинад ва то машима чок шуда, рутубатҳо битарованд ва ҷанин билағжад. Агар машима барвақт дарида бошад, ҷанин ҳанӯз норасида буда, барои раҳоӣ майл накунад ва ин муддат дер кашида, фарҷ бихушкад, бояд баъди ин гуна ҳолат андар фарҷ доруҳои лағжонанда, мумравғанҳои тунук, луобҳо ва инчунин пиҳҳои гудохта, зардӣ ва сафедии хояи мурғ бирезанд.
Боб андар тадбири зани душворзо, аз ғайри ба кор бурдани доруҳо: Ҳар гоҳ зодан душвор бигардад, ба зоянда андаке хушбӯиҳои дилкаш бибӯён. Агар қувват заиф бошад, ба ӯ оби гӯшт, ғизоҳои хуби камҳаҷме аз қабили нимбиришт ва монанди он бидеҳ, дам кашад ва якчанд қадаҳ шароби райҳонии хушбӯй бидеҳ, биошомад. Сипас ӯро бинишон. Маҳалли нишасташро муътадил соз ва агар зимистон бошад, оташи бузург биафрӯз, вале агар тобистон бошад, бодаш бидеҳ. Ӯро то зери устухонҳои паҳлу андар оби андаке аз нимгармӣ гармтар ва хусусан андар хуми обе бинишон, ки андар он даҳ даста пудина ҷӯшонида бошанд. Дар зераш шиёфи, масалан, аз мурр сохта бизан ва хусусан агар сабабгор сардӣ бошад, тан, андомҳои зоиш ва устухони паҳнаи ӯро мумравған ва пиҳи нимгарм бимол. Луобҳо ва доруҳои лағжонандаро ба кор бибар. Гоҳе туро бад-он эҳтиёҷ биафтад, ки ин доруҳоро аз тариқи ҳуқна андар фарҷаш бирезӣ. Бинобар он бифармо то ба зери суринаш болин бигузоранд ва ӯ бар пушт бихобад ва пойҳояшро бардошта, ҳар қадар, ки битавонад, ронҳояшро васеъ бикушояд. Баъд аз тариқи найчае, ки дарозияш ба андозаи умқи заҳдон ва ё бештар аз он бошад, доруҳои лағжонанда ва ғайраро бо фишори ба ғоят зиёд андар фарҷаш бирез ва соате ӯро бад-ин ҳол бигузор. Ҳар гоҳ занон бидиданд, ки даҳони заҳдонаш боз шудааст ва рутубатҳо ба таровидан оғоз намудаанд, ӯро ба атса задан маҷбур соз, хезонда, бар курсияш бинишон ва бифармой то бахши фурӯсӯви шикамашро фишор дода, ба такаллуф амалиёти рондан ба амал оварад ва худ тиҳигоҳашро бифишор. Баъди ин ӯ таваллуд хоҳад кард. Гоҳе эҳтиёҷ бад-он биафтад, ки фарҷашро бо печ (лавлаб) бикушоянд, то даҳони заҳдонаш бинамояд ва боз гардад. Бояд ӯро бар намудҳои гуногун, масалан бар шикам, чаҳорпоя, бар пушт ва дигар намудҳо гузошта, таҷриба кард, ки ба ҳангоми кадоме аз ин истодҳо сари бача ба наздики фарҷ меояд ва зоидан сабуктар бигардад. Зинҳор дояро нагузор, ки ба ҳангоми гирифтани [бача] ва ба ҳангоми ба фарҷ рехтани доруҳои лағжонанда тундрафторӣ кунад. Агар ин тадбир бениёзӣ наоварад, аз доруҳо ва бахурҳо истифода бибар. Агар бомдод ба зоянда ягон доруи сабуксозандаи зоише аз қабили ҳаббҳо ва ғайра дода бошӣ, вале таваллуд накунад, бояд нимрӯзӣ ба ӯ оби шӯрбои аз лӯбиё, нахӯд ва бо равғани кунҷид сохта бидиҳӣ, то дам бикашад. Сипас, бегоҳӣ бифармой, то яке аз шиёфҳоеро, ки мо ёд хоҳем кард, ба зер баргирад ва баъди он бихобад. Пагоҳ чун аз хоб бархезад, бо баъзе бахурҳое, ки мо ёд кунем, ӯро бахур бикун ва сипас ба ӯ дубора дору биошомон. Агар ин суд набахшад, судобро бо орди шайлам маъҷун сохта, бар пушт ва нофаш тило бикун. Ба ҳангоми шиддат ёфтани дард, хусусан аз сабаби сардӣ, андар фарҷаш равғани гармиова ранда бинеҳ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор