Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Фасли сездаҳум
андар баёни намудҳои табиӣ
ва ғайри табиии бача ниҳодан

Намуди табиии зодан ин аст, ки бача бар сар ва баробар бо даҳони заҳдон ояд, ба ягон сӯй майл накунад ва дастонаш бар дарозии рон хобида буванд. Дигар намудҳо ҳама ғайри табииянд. Ба ҳамин наздик он бошад, ки бача бо пой ояд ва дастҳояш ба дарозои рон хобида бошанд. Агар сар ба як сӯй майл кунад, ё дастҳо аз ронҳо дур шаванд ва пойҳо берун омада, дастон дармонанд, ин бад хоҳад буд. Аз сабаби ҳайъатҳои бади беруноӣ гоҳе ҷанин ва модараш бимиранд ва гоҳе аз онҳо модар наҷот ёбад, вале ҷанин ба сабаби гирифтори машаққат шудан бимирад. Гоҳе [ҷанин] баъди берун омадан варам кунад ва агар ин варам давом карда, андар муддати се рӯз нагардад, бача [бимирад]. Гоҳе ин [ҳайъатҳои бад] боиси андар заҳдон падид омадани омосҳои ҳалоккунанда бигарданд ва бинобар он ҷанин наҷот ёбаду модар бимирад. Баъзан ба ҳангоми ин гуна [ҳолатҳо] бача дамгир шавад ва аз сабаби дамгирӣ бимирад.
Фасли чаҳордаҳум андар баёни ба сахтӣ бача ниҳодан

Душвории зодан ё ба сабаби зани обистан, ё ба сабаби ҷанин, ё ба сабаби заҳдон, ё ба сабаби машима, ё ба сабаби андомҳои ҳамҷавор ва анбозии [онҳо], ё ба сабаби ҳангоми зодан, ё ба сабаби доя ва ё ба сабабҳои беруна рӯй диҳад. Душвории ба зоянда вобаста аз он иборат аст, ки мумкин аст ӯ камқувват бошад, ё бемориҳо ва ё гуруснагӣ кашида бошад, ё тарсанда бошад, ё ба обистан ва бача ниҳодан одат накарда, балки нахустин бор мезоида бошад ва бинобар ин бештар биҳаросад ва дардаш шиддатноктар бигардад, ё пири заифҳол бошад, ё сергӯшт бошад, ё серравған бошад, ё фарҷаш танг буда, ҳеҷ кушод нашавад, бо мушакҳои шикам заҳдонро фишор дода, равон кунондан натавонад, ё мумкин аст ҳангоми дард пурбардошт набошад, ё бисёр печу тоб хӯрад ва ин боиси сабаби дигар шуда, шакли бача аз созгорӣ бигардад.
Душвории ба сабаби бача падидоянда бошад, ё ба ҷинси ӯ вобаста аст, чунонки умуман зодани духтар душвортар аз писар бувад, ё мумкин аст ба бузургии ӯ, ё ба бузургии сари ӯ, ё ба ситабрии ҷирми ӯ ва ё ба ниҳоят хурду сабук будани он алоқаманд буда, бинобар он бо нерӯи хеш фуруд омадан натавонад. Ё мумкин аст ин ба берун шудани сиришти он аз ростие вобаста бошад, ки лағжанда бувад ва мисоли ин касест, ки ду сар дошта бошад ва ё мумкин аст [душворӣ ба сабаби] ба якдигар тангӣ овардани якчанд ҷанин ба амал ояд, зеро гоҳе андар як шикам панҷ ва ё аз ин ҳам бештар бачаҳои хурд-хурди гуногунҳаҷм ба амал оянд ва гоҳе дигар шумораи бисёре аз онҳо андар як киса ҷой гиранд. Ё мумкин аст душворӣ аз он ба амал ояд, ки ҷанин мурда бошад ва ҳеҷ гуна ёварие аз ҷиҳати ҳаракат кардани ӯ нарасад ва ё заиф буда, бо ҳаракатҳои худ камтар ёварӣ кунад. Гоҳе мумкин аст душворӣ ба сабаби он рӯй диҳад, ки шакли берун омадани бача ғайри табиӣ буда, масалан,бо пой, ё бо бар, ё бо даст, ё ба шакли печида, ё бо зону ва ё бо

ронҳо берун ояд. Ҳамаи ин ба нодуруст ҳаракат кардани ҷанин ва ё ба бисёр нимгаштани зоянда алоқаманд аст.
Яке аз ҳолатҳое, ки аз ин душворӣ эмин дорад, ба фурӯсӯ моил будани зоишу дард ва хуб будани нафас бувад.
Душвории ба сабаби заҳдон ҷой дошта аз он аст, ки заҳдон хурд буда, маҷоли андар он [ҷунбидан] танг бошад, ё ниҳоят хушк буда, аз он лағжидан нашавад, ё даҳони он андар сиришт, ё ба сабаби гӯштгирии решҳо ва ё ба иллати дигар сабабҳои тангиоваранда ниҳоят танг бувад ва ё мумкин аст ягон бемории (581) бадгавҳаре ё ягон омосе чун омоси фалағмунӣ, ё ягон реше, ё кафидагие ва ё бавосире андар заҳдон ҷой дошта бошад. Ё мумкин аст ин зан сириштан фарҷбаста будааст, вале пардаи онро ба таври кофӣ надарида бошанд ва бинобар ин ҳолаш чун ҳоли касоне шуда бошад, ки андар сиришт заҳдонашон танг бувад.
Душворие, ки ба сабаби машима ба амал ояд, аз он аст, ки машима ба иллати ситабрӣ надарад ва бинобар ин ҷанин роҳи берун омадан наёбад. Ё мумкин аст машима зуд бидарад ва рутубатҳо пеш аз раҳо ёфтани ҷанин берун оянд ва ҷанинро ягон чизи лағжонандае боқӣ намонад.
Душвории ба сабаби андомҳои ҳамҷавор баамалоянда аз он аст, ки андар обгаҳ ягон омос ва ё офати дигаре аз қабили бисёр ҷамъ шудани пешоб ва ғайра ҷой дошта бошад. Ё мумкин аст андар рӯдаи [рост] бирози хушки бисёр, ё ягон омос, ё қулинҷе аз ҷинси дигар, ё бавосир ва ё кафидани мақъад ҷой дошта бошад ва ё масалан, миёни зан борик бошад.
Душвории ба ҳангоми зодан алоқаманд аз он иборат аст, ки ҷанин кӯшиши зоданро тезонидан карда, фишор оварад ва азоби барои он душвориоваранда онро нагузорад, чунонки ин гуна ҳолат бисёр руй диҳад, баръакс, ин пофишорӣ кунад ва аз ин чунин рӯй диҳад, ки зодан мушкил бигардад, аз баҳри он ки қувваи ҷанин ҳарчанд ба ҳасби як ҳоҷат қавист, вале ба ҳасби ҳоҷати [дигар] заиф бувад.
Душвории ба сабабҳои беруна алоқаманд, масалан, чунин бошад, ки сардӣ шиддат ёбад ва фишурдагии андомҳои зоиш аз он шиддат бигирад. Бад-ин сабаб [зоиш] андар кишварҳои шимолӣ ва ба ҳангоми бодҳои шимолӣ бисёр вақт [ба душворӣ] гузарад ва андар кишварҳо ва фаслҳои сард мушкилтар бошад. Гоҳе ин гуна душворӣ боиси кафидани шикам ва дамидани мароқ бигардад. Ё мумкин аст гармӣ шиддат ёфта, суст шудани қувват низ шиддат ёбад ва ё мумкин аст [зани зояндаро] андӯҳе бирасад. Ё масалан, чунин бошад, ки зан бисёр вақт атр бизанад ва хушбӯӣ бибӯяд ва аз ин заҳдонаш пайваста ба барсӯ кашида бошад. Бинобар ин, ба ҳангоми душвор гардидани зодан, афтидани қувват ва ба изофаи он, ки ба иллати афтодагии қувват зурурати барқарор кардани он ҷой дорад, набояд ба зан хушбӯӣ бибӯёнанд. Аксар вақт душвории зодане, ки аз сабабҳои ёдшуда ва аз сардии қабзкунандаи афсурдасозанда вобаста аст, боиси канда шудани рагҳои сина ва шуш бигардад ва ин ба хун партофтану падид омадани сурфаи силӣ бианҷомад. Гоҳе ин ба сабаби шиддатнокии он азҳамкашидагие, ки ориз бигардад ва низ кам гарданниҳандагие, ки ба набудани нармию латифӣ алоқаманд аст, боиси канда шудани асабҳо ву мушакҳо бигардад ва аз он кузоз ба амал ояд.

пешина
аз 1215
навбатӣ