Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Агар ин кифоят накунад ва бухор онро берун овардан натавонад, (579) туро лозим аст зимодҳоеро ба кор барӣ, ки ҷанинҳоро биафтонанд, зеро баъд аз бухор ба кор бурдани онҳо сертаъсиртару гузаротар бувад».
Фасли ёздаҳум андар баёни боздоштан аз обистан

Гоҳе пизишкро бад-он зарурат бошад, ки занони хурд, касоне, ки бача ниҳодан барояшон бимнок аст, касоне, ки заҳдонашон ягон иллат дорад ва касоне, ки андар обгаҳашон нотавонист аз обистан боз дорад. Зеро [ба ҳангоми нотавонии обгаҳ] гоҳе гаронии ҷанин обгаҳро бидаронад ва чакмезак ба амал омада ва ин то поёни умр баста нагардад. Яке аз тадбирҳои боздоштан аз он чунин аст, ки [ба ҷимоъкунандагон] фармоянд то ба ҳангоми ҷимоъ аз ҳайъати бороварандае, ки мо онро ёд кардем, эҳтиёт шаванд, ҳар ду маниро ба вақтҳои гуногун бирезанд ва зуд аз ҳам ҷудо шаванд. Занро бифармоянд, ки баъд аз фориғ шудан аз ҷимоъ рост хеста, як чанд бор, то ҳафт ва нуҳ бор пуштнокӣ биҷаҳад ва гоҳе аз ин роҳ манӣ берун ояд, вале ба сӯи пеш ҷаҳидану паридан мумкин аст, ки боиси ҷойгир шудани манӣ бигардад.
Гоҳе аз барои лагжидани манӣ атса овардан ёварӣ кунад. Яке аз тадбирҳое, ки бояд риоя шавад, ин аст, ки пеш аз ҷимоъ ва баъд аз он зан ба зер қатрон баргирад ва мард онро бар закар бимолад. Бо равғани баласон ва сафеда низ чунин кунанд. Бояд [зан] пеш аз ҷимоъ ва баъди он дилаи анор ва шибит177 ба зер баргирад. Агар шукуфаи каранб ва тухми онро хусусан андар қатрон, ё андар ҷӯшонида ва ё фишурдаи пудина ғӯтонида, ҳангоми покӣ, пеш аз ҷимоъ ва баъди он ба зер баргиранд, андар ин бобат таъсири қавӣ дорад. Андар пашминае ба зер баргирифтани барги ғарб баъд аз пок шудан ва хусусан агар онро андар оби худи он барг оғушта бошанд, [низ хуб аст]. Ҳамчунин, аз дилаи ҳанзалу ҳазоргашон, рими оҳан, гӯгирд,178 маҳмуда ва тухми каранб бахшҳои баробаре гирифта, ҳамаро бо қатрон ҷамъ созанд ва ба зер баргиранд. Баъд аз ҷимоъ ба зер баргирифтани мурч аз обистан боз дорад. Ҳамчунин агар андар вақтҳои ёдшуда саргини филро ё танҳо ва ё баробар бо бахур кардани он ба зер баргиранд, низ чунин [таъсир дорад]. Аз ошомиданиҳо агар ба [зан] се уқия оби райҳони кӯҳӣ бидиҳанд, обистан нагузорад.179 Фасли дувоздаҳум андар баёни бори дурӯғин

Гоҳе занро ҳолатҳое руй диҳанд, ки шабеҳ ба ҳолатҳои обистагон буванд, масалан хуни ҳайз баста бигардад, ранг дигаргун шавад, иштиҳо биафтад ва даҳони
заҳдон фишурда гардад. Гоҳе мумкин аст ба изофаи ин
як миқдор сахтӣ низ ҷой дошта бошад ва гоҳе андар ин
ҳангом андар тамоми заҳдон сахтӣ ҳис карда шавад. Пистонҳоро дамидагию пурӣ ориз бигардад ва гоҳе онҳоро
омосидан рӯй диҳад. Зан андар шикам ҷунбише чун
ҷунбиши ҷанин ва ҳаҷме чун ҳаҷми он ҳис кунад ва ҳангоми фишурдан аз сӯи рост ба чап биравад. Гоҳе мумкин аст ин ҳолат чаҳор-панҷ сол ва гоҳе дигар то поёни

умр давом кунад ва ҳеч гуна илоҷе напазирад. Гоҳе занро ҳолате чун истисқо рӯй дода, шикам бидамад, вале ин ба сахтӣ бигарояд, на ба ҳолати таблӣ гароида, садои табл бидиҳад. Гоҳе дарди бача ва печиши ноф ориз бигардад, вале бо вуҷуди ин бача ба амал наояд, балки шояд сабаби ин азҳамкашидагӣ ва дамише бошад, ки андар рагҳои хуни ҳайзфишон рӯй дода бошад. Бинобар ин, ин зан ягон чиз назояд ва ё гоҳе гӯштпораеро ба сурате бизояд, ки муайян кардани синфи ин сурат номумкин бошад. Гоҳе он чи, ки берун ояд, фақат аз бод иборат бошад ва гоҳе фазлаҳои ҷамъгардидае бувад, ки ҳамроҳи як миқдор аз хуни бандгардида берун оянд. Аз миёни ҳамаи ин намудҳо бахши дуввум бемории «раҳо» аст ва ин ҳамонест, ки онро «муле» хонанд, вале ғайри онро «муле» нагӯянд. Ин гуна бемориро ба форсӣ «бори дурӯғин» номанд.
Сабаби зода шудани ин гуна пораи гӯшт, чунонки ҳадс бизананд, ба ду ҳолат вобаста аст: яке ба изофаи шиддатнокии гаронӣ ҷой доштани фузунии моддаҳое, ки ба сӯи заҳдон битарованд ва дуввум ҷимоъест, ки ба ҳангоми он заҳдон оби худи занро ба худ гирифта, онро бо ғизо таъмин кунад, вале ба иллати надоштани қувваи мардии [оби мард] аз он ҷанин ба вуҷуд наояд.
[Нишонаҳо]: Яке аз нишонаҳои фарқкунандаи бори дурӯғин аз миёни ин намудҳо аз бори ростин ин аст, ки он чиз як муддате биҷунбад ва сипас аз ҷунбиш боз истад ва ба ҳангоми ин гуна [бор] сахтии шикам аз сахтии шиками зани ба ростӣ бордор шиддатноктар буда, дасту пойҳои ин гуна зан ба изофаи борикӣ ниҳоят ковок буванд.
Нишонаҳои фарқкунандаи миёни намудҳои дигари ин [беморӣ] ва бемории бори дурӯғин аз он иборатанд, ки ба ҳангоми бори дурӯғин онро ҷанин пиндорад ва (580) андар заҳдон ҷисми фишурдае ҳис карда шавад. Бисёр вақт аз сабаби бори дурӯғин он аразҳои қулинҷе ориз бигарданд, ки аз омоси заҳдон бархезад, зеро [бори дурӯғин] бар кӯррӯда фишор оварда, боиси ба амал омадани дарди сахт бигардад. Бисёр бошад, ки бори дурӯғинро яке аз дардҳои180 қулинҷ ҳамроҳӣ кунад. Гоҳе кулинҷи аз бори дурӯғин ба амал омадаро [гувориши] хурмоӣ, шаҳриёрон ва ғайра суд бахшанд, зеро ин [доруҳо] дардро кушоянд ва ба изофаи он бори дурӯғинро берун оранд.
Илоҷ: Ба ҳангоми ин [беморӣ] тадбир ин аст, ки кам ҳаракат кунанд, тарки варзиш кунанд, бар пушт бихобанд ва моддаҳоро ба фурӯсӯ рехтан нагузоранд. Агар ба раг задан, истифроғ намудан ва қай овардан эҳтиёҷ биафтад, чунин кунанд. Низ бо дигар дармонҳо, яъне бо дармонҳои омосҳои сахтшуда ва бо чарбҳо аз тариқи зимод кардан, гармибандӣ кардан, дорурезӣ намудан ва обзанҳо сохтан ба муолаҷа пардозанд ва баъд аз он доруҳоеро [ба кор баранд], ки бача биафтонанд. Моддаи падидоварандаи бори дурӯғин ва дигар чизҳои бад-он монанд гоҳе ҳал шуда биравад ва гоҳе онро биафтонанд. [299] Бисёр бошад, ки аз барои бартараф кардани ин мушкилӣ ба бемор додани луғозиё кифоят кунад. Равғани калкалонаҷ аз барои ин ғараз сахт судманд бувад.

пешина
аз 1215
навбатӣ