Қонуни тиб

Он ҷанинҳоеро, ки бар паҳлу берун оянд, агар имконияти рост кардан бошад, тариқаҳоеро ба кор бибар, ки мо ёд кардем, вале агар рост кардан номумкин бошад, ҳамаи ҷанинро андарун пора-пора кунанд. Баъд аз иҷрои ин гуна [тадбирҳо] бояд аз барои омосҳои гарме, ки андар заҳдон падид оянд, намудҳои гуногуни муолаҷа ба кор бурда шавад.
Агар хунравӣ рӯй диҳад, онро бо чизҳое муолаҷа кунанд, ки андар бобати он ёд шудаанд.
Фасли нуҳум андар тадбири зани обистан баъд аз бача афкандан
Ҳар гоҳ зан бача биафканад, бояд ӯро бо муқл, динорӯя,173 испанд, сақизи хинҷак, саътар ва хардали сафед дуд андохт, то хун биравад ва ситабр нагардад, зеро [андар акси ҳол хун] баста шуда, дард ба амал орад.
Фасли даҳум андар баёни чи гуна берун овардани машима
Он ҳилае, ки андар ин ҳангом аз ғайри дору ба кор баранд, бад-ин гуна аст, ки бо яке аз доруҳои атсаовар атса оваранд. Сипас бинию даҳони [занро] дошта, нафасашро фурӯ банданд ва шикамаш дамиш оварда, азҳамкашида шавад ва машима берун билағжад. Ҳар гоҳ машима намудор шуд, онро кам-кам ба оҳистагӣ бикашанд ва андар ин кор тундӣ накунанд, то ки канда нашавад. Агар туро бими канда шудани он бошад, он бахши ба даст омадаи онро ба рони зан ба таври муътадил бибанд ва ба атса овардан бипардоз. Ҳар гоҳ машима ба оҳистагӣ биафтад, онро якбора накаш, (578) балки онро ба барсӯи ҳар ду рон, ба он ҷое бибанд, ки дигар боло баромадан натавонад. Агар машима ба қаъри заҳдон часпида бошад, андар ҷудо сохтани он ба нармӣ рафтор карда, онро оҳиста ин сӯ-он сӯ биҷунбонанд, то ки бандакҳо ковок шаванд ва андар ин кор набояд аслан ба тундӣ роҳ дода шавад.
Агар банд шудани машима ба шиддатнокии суддаҳо ва фишурдагии даҳони заҳдон вобаста бошад, андар ин ҳол занро бар ҳайъати ҳар чи мувофиқтар дошта, ё бо ангуштон ва ё бо рехтани мумравғанҳои гарми ковоккунанда ба фарох сохтани [даҳони заҳдони ӯ] пардозанд. Гоҳе бар паҳлу хобидани ӯ аз барои ин кор созгортар бувад.
Бисёр вақт аз барои ин чарбҳо ва зимодҳои нармкунандае аз берун – аз фурӯсӯви ноф ва устухони паҳна ёварӣ кунанд ва гоҳе чарб кардани ангуштони доя кифоят кунад. Сипас бо тадбирҳои атсаовар, бахурҳо, обзанҳо ва доруҳои ошомиданӣ чора бикун ва ҳар гуна ҳиларо ба кор бар, зеро машима андар андак муддат гандида, бӯй хоҳад гирифт. Аз доруҳои ҳайзтозонандаи қавӣ кумак бигир ва барои ӯ обзани аз ҷӯшонидаи ушнон сохтаро ба кор бар, зеро [ушнон] машимаро биафтонад. Яке аз тадбирҳои машима афтонанда ин аст, ки андар заҳдон марҳами босалиқун бирезанд ва он машимаро ганда сохта, берун орад. Ҳар гоҳ машимаро берун оварӣ, равғани гул ва монанди онро ба кор бар. Яке аз чораҳое, ки барои
лағжонидани машима ёварӣ кунад, ин аст, ки бар оби хокистари тоза174 хокаи хитмӣ пошида, [ба бемор] бидиҳанд ва ё миқдоре аз саргини бозро ба тариқи ошомидан ва ё ба зер баргирифтан ба кор баранд. [298] Аз паси ин доруҳои андар боби доруҳои бача партоянда ёд шуда, фарзаҷаҳо ва бахурҳоро кор фармой. Аз ҷумлаи бахурҳои хуб инҳост: харбақи сафед бахур кунанд; саргини кабӯтар бахур кунанд; ва зарованд бахур кунанд. Яке аз пешиниён чунин фармудааст, ки бояд доя ба дасташ латтапораеро печида, ба андарун бидарорад ва машимаро бигирад, вале ин гуна муолаҷа дардовар бувад.
Агар машима берун наояд, бигандад ва баъди як чанд рӯз биафтад, вале зани зочаро аз ин ҳолати ногуворе рӯй диҳад, аз баҳри он ки бухорҳои бад аз машима бархоста, ба мағз, дил ва меъда бизананд. Андар ин ҳол бояд аз барои бартараф кардани зиёни онҳо аз бахурҳои хушбӯй кӯмак бигиранд, майсавсан ва доруи мушк биошоманд, бар дилу меъда тилоҳо бимоланд ва доруҳои қалбии хушбӯйро ба кор баранд. Бархе аз пешиниён андар баёни берун овардани машима сухане гуфтааст, ки мо онро айнан нақл кунем: Лоубидус гуфтааст: «Агар машима баъд аз берун омадани ҷанин боқӣ бимонад, агар даҳони заҳдон кушода бошад ва машима ба таври мутлақ печида, мисли гӯй андар як гӯшаи заҳдон истода бошад, берун омадани он осон аст. Бояд дасти чапро гарм карда, равған бимоланд ва андар умқи заҳдон бидароранд ва машимаро биҷӯянд. [Агар] кофта андар гардани заҳдон175 часпида биёбанд, набояд онро ба сӯи пеш кашид, зеро моро бими он аст, ки заҳдон мумкин аст бозгуна бигардад ва низ набояд сахт кашид. Баръакс, нахуст онро ба росту чап бурда, сипас агар миқдори кашишро биафзоянд, машима ба ин созгорӣ карда, аз часпидагии худ раҳо ёбад. Агар даҳони заҳдон фишурда бошад, намудҳои гуногуни он илоҷҳоеро ба кор бибар, ки аз барои ин ғараз мо ёд кардем. Агар қувват заиф набошад, бояд чизҳои атсаангез ва бо хушбӯиҳо андар дегча бахур карданро ба кор бибаранд. Ҳар гоҳ даҳони заҳдон боз бигардад, дастатро бидарорӣ ва машимаро ҳамон тавре берун кашӣ, ки мо ёд кардем. Агар машима бо ин гуна чизҳо берун наояд, аз ин дилзанӣ накун, зеро он баъди як чанд рӯз ҳал шавад ва мисли бахши обии хун берун ояд, лекин ба иллати бадбӯии он сардард бихезад ва меъда табаҳ шуда, тоса оварад. Бинобар ин, беҳтар он аст, ки ба берун овардани он пардохта шавад ва набояд андар истеъмоли дудандозӣ танҳо ба чизҳои аз барои ин ғараз созгор кифоят кард». Ӯ гӯяд: «Мо аз барои ин дуд андохтани сипандон ва анҷири хушкро санҷидаем».
Каси дигар низ сухане гуфтааст, ки мо онро бар ваҷҳи худаш бинависем: «Бояд аз доруҳои тунди аз қабили судоб, фаросиюн ва қайсум ва аз равғани савсан ва равғани ҳино ба миқдоре, ки доруҳои хушкро тар созад, гирифта, ҳамаро андар деги оҳанин176 ҷамъ сохт ва сари онро бипӯшонд. Сипас андар он сӯрохи хурд карда, найчаеро бидарор ва андар зераш оташ бинеҳ. Ҳар гоҳ як сар ҷӯшид, дегро гирифта, бар болои лахчаи оташ бинеҳ ва онро ба курсие наздик овар, ки бар вай зан нишинад. Найчаро андар фарҷаш бидарор ва атрофи онро бо ҷомаҳои бисёр бипӯшон, то бухор берун наояд. Зан ро бар ҳамин ҳолат ду соат нигоҳ дор, то машима ҷудо шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор