Қонуни тиб

Ин ҷанини чи зинда ва чи мурдаро берун орад.
Фарзаҷаи Булус: харбақи сиёҳ, мавизак, зарованди гирд, бахури Марям, донаи мозариюн, дилаи ҳанзал ва ушаро гирифта, ҳамаро ба ғайр аз уша бисованд ва ушаро андар об совида, боқимондаро бо он ҳамроҳ кунанд.
Гоҳе бо инҳо як бахш талхаи хушконидаи барзагов ҳамроҳ кунанд ва аз ин фарзаҷаҳо бисозанд.
Низ, як фарзаҷаи ниҳоят қавӣ: даҳ дирам навшодири совида ва се дирам ушаро гирифта, навшодирро бо маҳлули уша бисириштанд ва аз он фарзаҷаҳо созанд.
Сипас тамоми шаб пойҳои [зани обистанро] бар болои болин бардошта, ба зераш фарзаҷа бидароранд. [297] Гоҳе ба андаруни ӯ масалан, ҷӯшонидаи афсинтин, ё фишурдаи судоб ва ё ҷӯшонидаи абҳал ва равғани беданҷир низ бифиристанд.
Андар баёни обдуздаки заҳдон: Бояд обдуздакро сараш сӯфта171 ва гарданаш ба андозаи дарозии гардани172 заҳдони зани муолаҷашаванда дароз буда, ба андозае бошад, ки андар даҳони заҳдон бидарояд ва зан ба ҳис дарёбад, ки он андар фазои холии заҳдон даромадааст.
Он гоҳ андар он доруи ҷанинкушанда, доруи лағжонанда ва ё доруи берункунандаи ҷанинро бифиристанд.
Тадбири бархе аз пешиниён аз барои берун овардани ҷанини мурда чунин аст, ки ҳар гоҳ занро зоидан мушкил бигардад, ҷанини мурдаро бо оҳан бурида, берун оранд. Андар ин ҳол мо бингарем, ки оё ин зан тандуруст аст, ё ғайри тандуруст. Агар аз ҷумлаи тандурустон бошад, ба муолаҷаи он иқдом кунем, агар не, боистӣ аз ин кор худдорӣ намуд. Зани ҳолаш бадшударо ба изофаи бехобӣ, фаромӯшхотирӣ, истирхо ва лағжидани [заҳдон] низ беҳушӣ рӯй диҳад ва ҳар гоҳ ӯро садо кунанд, қариб ҷавоб додан натавонад ва агар бо садои баланд фарёдаш кунанд, бо садои бисёр хаста ҷавоб диҳад ва боз беёд шавад. Бархе аз эшонро ташаннуҷ бо азҳамкашида шудан рӯй дода, асабҳояшон бесомонӣ кунанд, эшон ғизо нахӯранд ва набзашон хурди думодум бигардад. Аммо он занеро, ки солим аст, чизе аз ин ҳолҳо ориз нагардад. Зани [бемори зоиданро] бар тахти хоб бар пушт бихобонанд, сарашро моил ба поин ниҳанд, соқҳояшро баланд бардоранд ва занон ӯро ҷунбидан нагузоранд ва ё аз ду тараф бидоранд. Агар [занҳои доранда] ёфт нашаванд, синаашро ба тахти хоб бо бандҳо бибанданд, то ки ба ҳангоми кашидани [бача] ҷасадаш андар хеш кашида нашавад.
Сипас доя осмонаи гарданаи заҳдонро боз карда, дасти чапашро равған бимолад ва ҳамаи ангуштонашро ба дарозо ҷамъ намуда, андар даҳони заҳдон бидарорад ва онро фарох кунад. Сипас бар [даҳони заҳдон] равған рехта, бо даст ба куҷо даровардани сардукҳоеро, ки бо онҳо ҷанинро берун бикашанд ва маҳаллҳои барҷастаеро ҷустуҷӯ кунад, ки аз он ҷойҳо бо сардукҳо бидорад. Ин гуна ҷойҳо андар ҷанине, ки ба сар ояд, чашмон, даҳон, паси сар, ком, зери занах, охурак ва он ҷойҳоеанд, ки ба паҳлуҳо ва зери сари паҳлуҳо наздикӣ доранд. Аммо андар ҷанини бо пой оянда ин гуна [ҷойҳо] устухони барсӯи
зиҳор, паҳлуҳои миёнгин ва охурак буванд. Сипас, доя афзори ҷанин берункашандаро ба дасти рост бигирад, дасти чапашро аз зери (577) сардук дароварда, онро андар миёни ангуштон бидарорад ва ба сӯи яке аз ҷойҳои ёдкардаамон дароварда, то ба маҳалли фориғ бурда бирасонад. Баробари ин як сардуки дигарро ҳам бидарорад, то [ҷанин] баробар кашида шавад ва ба ягон сӯй майл накунад. Сипас, [доя] ҷанинро бикашад ва бояд кашиш на фақат рост ва ба сӯи пеш, балки ба дигар сӯйҳо ҳам бошад, чунонки ҳангоми кашидани дандон ҳамин тавр кунанд. Андар ин миён бояд гоҳ-гоҳе кашишро суст карда, [доя] ангушти шаҳодат ва ё якчанд ангушташро бо равған олуда андар миёни [девори] заҳдон ва ҷасаде бидарорад, ки банд гардида аст ва ангуштонашро андар гирди он бигардонад. Ҳар гоҳ ҷанин ба тавре ки боистӣ, берун ояд, бояд сардуки якумро ба маҳалли болотаре кӯчонида, аз тариқи кашидани пурра берун омадани ҷанин бо сардукҳои минбаъда низ чунин кунанд. Агар як даст пеш аз дигараш берун ояд ва ба иллати фишурдагии сахт онро пас гардонидан мумкин набошад, боистӣ бар вай пораеро бипечонанд, то лағжиш наоварад ва сипас онро то пурра берун омадан бикашанд ва аз шона бурида бигиранд. Агар ҳар ду даст пеш аз ҳама берун омада, онҳоро пас гардонидан нашавад, ҳамин кор кунанд. Ҳамчунин, агар пойҳо бидуни дигар бахшҳои тан берун оянд, бо онҳо чунин кор карда, онҳоро аз пайғула ҷудо кунанд.
Агар сари ҷанин бузург буда, ҳангоми баромад аз худ фишурдан зоҳир кунад ва агар андар он об фароҳам омада бошад, бояд нештар, ё корди нешдор ва ё кордеро, ки бо он бавосири бинӣ бибуранд, андар миёни ангуштон гирифта, бидароранд ва бо он сарро бишикофанд, то обаш берун рехта, пажмурда шавад. Агар об набошад ва ба берун овардани мағз эҳтиёҷ бошад, низ чунин бикун.
Агар ҷанин табиатан бузургсар бошад, бояд косаи сарро пора карда, бо анбури дандон ва устухонкашӣ берун кашид. Агар сар берун ояд, вале сина дармонад, бо ҳамин афзор онро аз маҳалле, ки аз паси охурак аст, то расидани афзор ба устухонҳои тиҳӣ шикофанд ва рутубати андар сина буда берун рехта, сина фишурда хоҳад шуд.
Агар фишурда нашавад, бояд охуракро пора карда, берун кашид, зеро ҳар гоҳ охурак берун кашида шавад, синаро кашидан мумкин бигардад. Агар фурӯсӯви шиками [ҷанин] омосида бошад ва ҷанин хоҳ мурда бошад, хоҳ зинда, бояд инро низ бо ҳама чизи андарунаш буда ҳамон тавре берун кашид, ки тавсиф кардем.
Ба ҳангоми бо пой омадани ҷанин кашидани он осон буда, онро ба осонӣ метавон ба сӯи даҳони заҳдон рост намуд. Агар шикам ва ё синаи ӯ дармонанд, бояд ӯро бо латтапорае кашида, ба тавре бишикофанд, ки тавсиф намудем, то чизи андарун будаи он бирезад. Агар ҳамаи андомҳо берун кашида шаванду вале сар набарояд ва банд шавад, бояд дасти чапро дароварда, бо он сарро ёфт ва бо ангуштон то даҳони заҳдон овард. Сипас як ва ё ду сардукеро, ки бо он ҷанинро бикашанд, андарун дароварда, ҷанинро берун кашид. Агар даҳони заҳдон ба сабаби омоси гарми андар он оризшуда фишурда шуда бошад, набояд онро ба сахтӣ боз кард, балки бояд ба таври бисёр рехтани чизҳои равғанӣ тарифизоӣ намудан, андар обзан нишастан ва инчунин зимодҳо молиданро ба кор бурд, то ки даҳони заҳдон боз шавад ва сари ҷанин, ҳамчунонки ёд кардем, берун кашида шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор