Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

[Инчунин] баъд аз он чи, ки пеш аз ин ба амал оварданаш зарурист, панирмояи харгӯшро ба зер баргиранд.
Доруҳои нигоҳдорандаи ҷанин андар шиками модар, агар андар ин миён ягон офате аз қабили мизоҷи гарм, омоси гарм ва монанди инҳо ҷой надошта бошад, айни доруҳои дил буда, мисоли онҳо зурунбод, даруна, ҳар ду навъи баҳман, «хуррамдору», доруи мушк ва масрудитус бувад.
Як доруе, ки аз бача афтондан боз дорад: аз ҳар кадоми даруна, зурунбод, гунди бедастар, ангужад, мушк, сукк, ҳили бӯво, мозу ва табошир як дирамӣ ва аз занҷабил даҳ дирам бигиранд. Як ошомидании он ҳар рӯзе як мисқол ва бо оби сард бувад. Аз ҳамин қабил [маҷмӯъ] ва низ аз он чи, ки андар таркиби он саътар, бобуна, шанбалит, шибит, (575) нонхоҳ ва монанди он бидароянд, ҳуқнаҳои гармиоваранда бисозанд.
Фасли ҳаштум андар тадбири афтонидани бача ва берун овардани ҷанини мурда

Баъзан эҳтиёҷ ба афтонидани бача биафтад. Аз ҷумла ин ҳангоме лозим ояд каси обистан духтари хурдсол буда, бими аз бача ниҳодан ҳалок шудани ӯ ҷой дошта бошад, ё андар даҳони заҳдон офате ва ё гӯшти фузуние бошад, ки роҳи баромадани навзодро танг сохта, [зояндаро] кушад ва ё ин ҳангоме [лозим ояд], ки ҷанин андар шиками зани бордор мурда бошад. Ҳар гоҳ мушкили зоиш чаҳор рӯз давом кард, бидон, ки ба яқин ҷанин мурда аст ва ба наҷот додани зоянда пардохта, ғами зиндагии ҷанинро нахӯр, балки бикӯш, ки онро берун оварӣ.
Афтонидани бачаро гоҳе бо ҳаракатҳо ва гоҳе бо ёрии доруҳо ба амал оранд. Доруҳо аз тариқи ҷанинро ба ҳалокат расонидан ва хуни ҳайзро ба таври қавӣ тозондан таъсир кунанд. Гоҳе мумкин аст аз тариқи лағжиш овардан низ амал кунанд. Доруҳои ҷанинкушанда доруҳои талханд ва доруҳои ҳайзтозонанда низ талх ва тунд буванд. Доруҳои лағжонанда доруҳои тари часпак буда, онҳоро ба шакли ошомиданӣ ва ё ба зер баргирифтан ба кор баранд. Аз ҷумлаи ҳаракатҳо инҳост: раг задан ва хусусан софинро баъд аз босалиқ ҳангоме бизананд, ки бача бузург бошад; гуруснагӣ кашидан; варзиш кардан; бисёр ҷаҳидан; бори гарон бардоштан; қай овардан; ва ташнагӣ кашидан. Яке аз тадбирҳои аз барои ин ғараз хуб ин аст, ки андар даҳони заҳдони зани обистан коғази фатилакарда, ё ягон пар ва ё ягон чӯбчаи ба қадри ҳаҷми пар тарошидаро, ки масалан аз ушнон, ё судоб, ё артанисо ва ё сарахс гирифта бошанд, бидароранд. Инҳо, хусусан агар бо ягон доруи бачаафтонандае аз қабили қатрон, оби дилаи ҳанзал ва монанди он олуда бошанд, ногузир бачаро биафтонанд.
Доруҳои бачаафтонанда бархе сода ва бархе мураккабанд. Доруҳои содаро андар ҷадвалҳои [Китоби] доруҳои сода ва доруҳои мураккабро андар Қарободин ёд кардаем, лекин андар ин ҷой аз ҳар ду табақа онҳоеро ёд хоҳем кард, ки аз барои ин ғараз таъсири бештаре доранд. Он доруҳои содае, ки аз бисёр гарм будан хеле дуранд, масалан, афсинтин ва шоҳтара ба ҳисоб бираванд.

Аммо доруҳои содаи гарм бошанд, масалан, инҳост: тухми шитараҷ, ки он шабеҳи сипандон буда, дорои бӯи тунд аст ва агар ба зер баргиранд, бача биафтонад; низ донаи испанд, ки ҳам биошоманд ва ҳам ба зер баргиранд; ва равғани баласон, ки агар ба зер баргиранд, ҷанин ва машимаро берун орад. Ангужаду борзад ҳар ду низ қавиянд.
Бахури Марям ҳам аз тариқи ошомидан ва ҳам ба зер бар гирифтан андар ин бобат ниҳоят қавӣ буда, ҳатто гурӯҳе чунин даъво доранд, ки агар зани бордор онро бо пой зер кунад, бачааш биафтад. Агар фишурдаи онро бар шикам тило кунанд, ҷанинро табаҳ кунад, чи ҷои он ки онро бар пораи пунба ниҳода, ба зер баргиранд. Фишурдаҳои дигар намудҳои артанисо низ ҳамин гуна буванд. Агар аз ушнони форсӣ се дирам ба [зани обистан] бидиҳанд, худи ҳамон рӯз ҷанинро биафтонад. Агар ду донг кирмдонаро бихӯрад, бача партояд ва аз паси он ҳарорату хориш ба амал ояд. Инчунин, агар ҷӯшонидаи дилаи ҳанзалро андар обдуздаки тавсифшуда ниҳода, бо риояи шартҳои он ба андарун бифиристанд ва ё онро андар пашминае ниҳода, ба зер баргирифта ба сӯи боло равона кунанд, низ ҳамин гуна таъсир бирасонад. Яке аз доруҳои хуб дорчинист. Агар онро бо рӯян биомезанд ва биошоманд ва ё ба зер баргиранд, ҷанинро биафтонад ва ба изофаи он маниши гаштанро фурӯ нишонад. Яке аз доруҳои дорои хосият нохуни хар аст. Чунин тасдиқ кунанд, ки гуё агар бо он ҷанини зинда ва ё мурдаро бахур кунанд, берун орад.
Агар саргини харро андар кулоҳак дуд андозанд, ҷанини мурдаро зуд берун орад. Дуд андохтани чашмони моҳии шӯр низ чунин бувад.
Яке аз доруҳои мураккаби аз барои ин ғараз ошомидание, ки аз барои афтонидани бача ва берун овардани ҷанини мурда таъсири қавӣ дорад, доруи зерин аст: ним дирам ангужад, се дирам барги судоби хушк ва як дирам мурро бигиранд. Ин миқдор як ошомиданӣ буда, бо ҷӯшонидаи абҳал як бор пагоҳӣ ва як бор бегоҳӣ [ба бемор] бидиҳанд. Ё аз зарованди дароз, ҷентиёно, донаи даҳмаст, мурр, қусти дарёӣ, салихаи сиёҳ, рӯяни рангрезон, фишурдаи афсинтин, қардамонои тозаи тунд, мурч ва мушктаромашир бахшҳои баробар гирифта, аз он даҳ рӯз ва ҳар рӯзе ду мисқолӣ биошоманд. Яке аз доруҳои хубе, ки ба осонӣ бачаро биафтонад ва ба изофаи он маниши гаштанро ором кунад, [доруи зерин аст]: даҳ [дирамӣ] дорчинӣ, қардамоно ва абҳал ва панҷ дирам мурр бигиранд. Як ошомидании он рӯзе се дирам бувад. (576) Ба изофаи ин гоҳе пок шудан аз нифос ва берун омадани машима осон бигарданд. Тарёки чаҳордору аз барои афтонидани бача ва берун овардани ҷанини мурда таъсири қавӣ дорад. Аз барои берун овардани бачаи мурда се уқия оби судоб ва якчанди он оби шанбалите, ки онро бо анҷир нарм ҷӯшонида бошанд ва се дирам саътарро гирифта, ба [зани бордор] бидиҳанд. Ин дору бачаи мурдаро биафтонад. Гоҳе аз оби сарди равшанкарда ба миқдори як ратл бигиранд ва бар вай як уқия хитмӣ пошида,ба [зани бордор] бидиҳанд ва он қай, атса ва ташнагӣ оварад. Ё оби судоби бисёрро бо равғани шанбалите ба [зани бордор] бидиҳанд, ки бо хурмо ҷӯшонида бошанд. Ин дору аз барои машима созгор аст. Яке аз фарзаҷаҳо мағзи кирмдонаест, ки аз он ва аз уша фарзаҷа созанд ва ба зер баргиранд.170 Фарзаҷаи қавии зеринро ба зер баргиранд: аз фишурдаи хиёри даштӣ нуҳ қирот гирифта, онро бо талхаи барзагов маъҷун созанд ва ба зер баргиранд.

пешина
аз 1215
навбатӣ