Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ҳар гоҳ ба ҳангоми таб рӯй ниҳоят сурх бигардад, табларза падид ояд, сар гарон бигардад ва мондагӣ танро фаро гирифта, андар қаъри чашмон дард ҳис карда шавад, ин аз он гувоҳӣ диҳад, ки сабабҳои бачапартоӣ сар омадаанд ва занро ҳайз рӯй дода, сипас бача биафтад. Ҳамчунин агар сабабҳои қавии бачапартоӣ фароҳам оянд, низ аз он гувоҳӣ диҳанд.
Аммо [бачапартоии аз] мизоҷҳо, решҳо, омосҳо ва рутубатҳо вобастаро аз он чизҳое метавон шинохт, ки борҳо гуфта шуданд. Он бачапартоиеро, ки аз сабаби бод ба амал ояд, аз тариқи нишонаҳои бод, аз қабили азҳамкашидагии бидуни гаронӣ, аз ҷое ба ҷое гузаштан ва баробари хӯрдани чизҳои бодангез афзоиш ёфтани он метавон шинохт. Сабабҳои аз берун падидояндаро низ аз тариқи падид омаданашон бишиносанд. Далели марги ҷанин ин аст, ки андар шикам ягон чизи озоди мисли санг гарон ҳаракат кунад ва хусусан ҳангоми ним гаштани зан гаронӣ аз як ним ба ними дигар гузарад, ноф, ки пеш аз ин гарм буд, сард бигардад ва пистон пажмурда шавад.
Гоҳе рутубатҳои зардобгуни бадбӯе фуруд оянд. Агар занони обистанро бемориҳои тезе падид омада, бо гармии хеш ранҷи бениҳоят оварда бошанд, ин низ [далелҳои болоиро] тақвият диҳад. Ҳангоми ин гуна [бемориҳо] агар ғизо манъ карда шавад, ҷанин бимирад ва агар манъ карда нашавад, беморӣ шиддат ёбад. [Низ] бемориҳои душвори дигар [аз марги ҷанин гувоҳӣ диҳанд]. Гоҳе, ба ҳангоми марги ҷанин ва ё пеш аз он, ки ин яке аз огоҳидиҳандаҳост, чунин рӯй диҳад, ки чашмони занони обистан сахт фурӯ раванд, сафедии чашм тираранг бигардад, бо вуҷуди сурхии лабон гӯшҳо ва сари бинии эшон сафед шаванд ва эшонро ҳолате рӯй диҳад, ки истисқои гӯштиро монад.
Андар баёни нигоҳ доштани ҷанин ва эҳтиёт кардан аз афтидан: Бастани ҷанин ба заҳдон чун бастани мева бар дарахт аст ва бими аз ҳама беши афтидани мева ё ба ҳангоми нав падид омадани он бувад ва ё ба ҳангоми расидани он. Ҳамчунин хавфи аз ҳама зиёди афтидани ҷанин ба ҳангоми оғози обистан ва қариби наздик расидани ҳангоми ниҳодани он ҷой дорад. Бинобар он андар ин ду ҳангом бояд аз сабабҳои ёдшудаи бачапартоӣ эҳтиёт шуд. Доруи исҳол аз ҷумлаи он сабабҳост ва аз ҷиҳати он бояд пеш аз моҳи чаҳорум, баъд аз моҳи ҳафтум ва низ андар миёни ин ду моҳ эҳтиёт карда шавад, вале андар миёни ин ду моҳ [доруи исҳол] камосебтар бувад (574) ва гоҳе ба ҳангоми зарурат рӯ ба он оваранд. Гоҳе андар бархе аз ин ҳангомҳо ногузир исҳол оварда, хуни эшонро пок кунанд, то ба иллати бадмизоҷӣ ҷанин табаҳ нашавад, вале бояд инро ба оҳистагию нармӣ анҷом дод. Гоҳе мумкин аст пеш аз обистан ҳайз на ба қадри зарурӣ рафта бошад ва аз хуни ҳайзи эшон фазлаҳо боқӣ монда, ниёзманди поксозӣ бувад ва агар онро пок насозанд, фасодии он ҷанинро бикушад. Бинобар ин, низ воҷиб аст, ки ба оҳистагӣ бо доруҳои поксозандаи тунуки на ошомиданӣ, балки ба зер баргирифтанӣ онро пок бисозанд. Вале набояд онҳоро то ба паси даҳони заҳдон бидароранд, балки андар гардани он биниҳанд. Чизи пок сохтанаш лозимро на ба як дафъа, балки ба якчанд поксозӣ бояд пок сохт. Агар ба сабаби

бадмизоҷиҳои гуногун, омосҳо, решҳо, бод ва ғайра бими бача партофтани зан ҷой дошта бошад, ҳар як аз ин сабабҳоро бо он чизе муолаҷа кунанд, ки андар боби худи он ёд шудааст. Агар бачапартоӣ ба ягон сабаби беруна вобаста бошад ва агар он аз ҷумлаи чизҳои ба ҳаракатоварандаи мизоҷ бошад, мизоҷро низ муътадил созанд, вале агар ғайри он буда, аз ҷумлаи чизҳое бошад, ки моддаи гармро ба сӯи заҳдон бигардонад ва аз он бими омос падид омадан бошад, инро бо доруҳои пасгардонандаи модда, бо боздорандагони омосҳо ва ба қадри имкон бо исҳол муолаҷа кунанд. Агар чунин набошад, балки бими он бошад, ки аз ин [сабаб] ҷанинро газанд ва дарде расида, ӯро хоҳад афтонд ва ё хоҳад кушт, андар ин ҳол бояд бо доруҳои ҷаниннигоҳдорандае муолаҷа кунанд, ки баъд ёд хоҳем кард. Аз барои лағжидани аз сабаби тариҳо баамалоянда, ки аксар вақт ҳамин гуна лағжиш ҷой дорад, ҳангоми обистан ҳуқнаҳои нармкунандаи бироз беруноварандаро ба кор баранд, сипас доруҳои бо обдуздак фиристоданӣ, доруҳои пешобтозонанда ва ҳуқнаҳои заҳдон поккунандаро ба кор баранд.
Як тадбири аз барои ин ғараз хуб: Ин тадбир чунин аст, ки оби бехҳоро бо равғани беданҷир ва ё ҷӯшонидаи хори хасак ва шанбалитро бо равғани беданҷир ба [зани обистан] бидиҳанд. Ҳар даҳ рӯз як бор ба ӯ як миқдор «ҳабби бадбӯй» ва ёраи Ҷолинус бидиҳанд.
Як ҳуқнае, ки аз барои ин ғараз ва аз барои бодҳо хуб аст: Аз ҳар кадоми саътар, абҳал, нонхоҳ, кошим, шохаҳои шибит, бобуна, судоб, хори хасак ва шанбалит як ҳуқнаворӣ гирифта, бо се ратл об то ба ним расидани он биҷӯшонанд. Сипас, аз он ба миқдори камтар аз як ратл бигир ва ба он як истор равғани савсани сафед ва як сукарраҷа равғани кунҷид ҳамроҳ карда, онро аз тариқи ҳуқна ба як бор ба кор бар ва чаҳор рӯз як борӣ ӯро чунин ҳуқна бирез.
Аз ҷумла, як дона ҳанзалро гирифта, шикоф кунанд ва донаҳояшро берун оварда, дарунашро бо равғани савсан пур кунанд ва як шабу як рӯз бигузоранд. Сипас, рӯзи дигар онро бар болои хокистари тафсон [296] то як бор пурра ҷӯшидани равған биниҳанд. Баъд, онро полида ва ба ҳоли нимгарм аз шарми пеш ба тариқи ҳуқна бирезанд.
Ин аз барои лағжиши аз сабаби тарӣ буда бисёр таъсири аҷибе дорад. Баъди ин гуна истифроғ бояд равғанҳои хушбӯи гармро [ба таври] равғанмолӣ, бо обдуздак фиристондан ва андар пашминаҳо гирифта, ба зер баргирифтан, [инчунин], маъҷунҳои бузург, доруи сакбина, даҳмарсо ва саҷазаниёро ҳар се ва ё панҷ рӯз як бор ва ҳамчунин доруи мушк ва доруи аз тухмиҳо сохташударо ба кор баранд. Низ, аз пӯсти кундур ва мушки замин, ки ҳар дуро хурд карда бошанд, як бахшӣ ва аз мурр ним бахш гирифта, бо шаш ман об то чаҳоряки он боқӣ мондан биҷӯшонанд. Сипас, онро полида, бо чаҳор уқияи он ҳар се рӯз як бор ҳуқна бирезанд ва пеш аз он рутубатҳоро ба истифроғ берун оранд. Аз ҷумлаи бахурҳои хуб муқл, сақизи набатӣ, уша ва сиёҳдона ба шумор бираванд, ки онҳоро ҳам якҷоя ва ҳам алоҳида-алоҳида баъди поксозӣ ба кор баранд. Низ сунбул, заъфарон, мастако, мурр, мушк, гунди бедастар, муқл ва монанди инҳоро андар равғани нордин ва ё пиҳи ғоз ва бар пашминаи сабз гирифта, ба зер баргиранд.

пешина
аз 1215
навбатӣ