Қонуни тиб

Гоҳе аз мозу, гулнор, пӯсти анор ва анҷири хушк зимодҳо сохта, бо сирко бар зиҳор зимод кунанд.
Фасли шашум андар баёни варам кардани пойҳои обистагон ва ҷунбон шудани гӯшти онҳо
Бар пойҳояшон барги каранб зимод кунанд ва набизи омехта бо сирко ва ҷӯшонидаи турунҷро тило созанд ва ё гили қимулиё бимоланд. Зимоди найшакарро бо сирко ва инчунин шибитро бо сирко сутудаанд.
Фасли ҳафтум андар баёни бача афкандан
Сабабҳои бачапартоӣ ё моддӣ буда, аз қабили кӯфт хӯрдан, ё афтидан, ё варзиши беандоза, ё сахт ҷаҳидан буванд ва хусусан ҳангоми ба пас ҷаҳидан аксар вақт мании обиста, чунонки ҳаст, фуруд ояд, ё мумкин аст дардҳои нафсоние аз қабили хашми зиёд, ё тарс ва ё андӯҳ бошанд ва ё мумкин аст аз қабили сардӣ ва гармии беандозаи бодҳо буванд. Ба сабаби ҳамин гуна чизҳост, ки гармобаи дароз кардан аз барои обистагон бад буда, ин боиси бузург шудани нафаси эшон бигардад, аз баҳри он ки гармоба на танҳо ба сабаби лағжиш овардан бача биафтонад, балки аз сабаби ҷанинро муҳтоҷи ҳавои сард сохтанаш низ боиси афтидани он бигардад. Гоҳе он ба сабаби камқувватӣ биафтад, зеро аз сабаби ҳалшавӣ қуввати худро гум кунад ва беҳол шавад. Гоҳе [афтидан] аз дардҳои баданӣ, бемориҳову иллатҳо ва гуруснагии сахт, ё аз бисёр рафтани ягон хилт ва ё хуни бисёр, ки ба сабаби дору, ё раг задан ва ё худ ба худ ба амал омадааст ва низ аз бисёр рафтани хуни ҳайз вобастагӣ дорад. Бача ҳар андоза бузургтар бошад, аз раг задан ҳамон андоза зиён бинад. Ё мумкин аст [афтидани бача] ба сабаби пурии зиёд ва ё бисёр хоммондани ғизо андар меъда, ки аз он ғизои ҷанин фосид бигардад, ё ба сабаби баста шудани роҳи ғизо ба сӯи [ҷанин], ё ба сабаби бисёр ҷимоъ кардане, ки он боиси ба берун баромадани заҳдон бигардад ва хусусан ба сабаби баъди ҳафтрӯзагӣ ҷимоъ кардан ба амал ояд. Бисёр гармоба ва ғусл кардан заҳдонро лағжонаку ковок намуда, бачаро биафтонад, [295] вале гармоба, чунонки гуфтем, бачаро ба сабаби беҳол кардани қувват ва ба ҳавои сард ниёзманд сохтан биафтонад.
Ин табақаи сабабҳои берунӣ буд.
Гоҳе мумкин аст ин ба сабабҳое рӯй диҳад, ки ба худи ҷанин вобастаанд. Мисоли яке аз инҳо ин аст, ки ҷанин ба яке аз сабабҳои марг бимирад ва хусусан агар аз он зардоб берун омада, заҳдонро сӯзишу ранҷ оварад, табиат аз он безорӣ хоҳад кард. Ё масалан, мумкин аст камқувват буда, истодагӣ кардан натавонад ва ё ин ба яке аз чодарҳову пӯшишҳои онро печида вобастагӣ дошта бошад. Зеро агар онҳо бидаранд ва ё суст шуда, аз онҳо рутубат битаровад ва он заҳдонро сӯзонида, қувваи ронандаро ба ҳаракат оварад ва ин низ барои лағжидан ёварӣ кунад. Ё мумкин аст ин ба ягон сабаби андар заҳдон ҷойдошта вобаста буда, масалан, аз сабаби фарохӣ ё суст
баста шудани даҳони заҳдон, ё ба сабаби рутубатҳои андар заҳдон ва ё андар даҳони рагҳои варидӣ ҷойдоштае ба амал ояд, ки боиси лағжидан ва гаронӣ овардан бигарданд. Гоҳе [афтидан] мумкин аст ба сабаби ҳама гуна намудҳои бадмизоҷии заҳдон, аз қабили гармӣ, ё сардӣ ва ё хушкӣ ва [низ ба сабаби] камии ғизои ҷанин рӯй диҳад.
Гоҳе ин аз боди заҳдон, аз омос ва мошаро ва ё аз ягон сахтию саратоне вобаста бошад. Ё мумкин аст ин аз сабаби реше ба амал ояд, ки андар заҳдон ҷой дошта бошад. Бештари бачапартоиҳои андар моҳи дуввум ва севвум рӯйдиҳанда аз бодҳо ва аз рутубатҳои даҳони рагҳое вобастагӣ дорад, ки андар заҳдон ҷой дошта, онҳоро «мағокчаҳо» хонанд (573) ва рагҳои машима аз онҳо бофта шудаанд. Ҳар гоҳ онҳо тар шаванд, бофтаҳои аз онҳо баамаломада суст гардида, ҷанин бо андак ҷунбише аз тарафи бод ва ё гаронӣ биафтад. Гоҳе афтидан ба сабаби бадмизоҷии гарми хушкиоваранда ва ё сарди афсурдасозанда рӯй диҳад.
Инчунин, яке аз сабабҳое, ки андар оғози обистан боиси афтидан бигардад, андар асл тунук будани манист ва аз ин гуна манӣ ҳар гоҳ пардаи якум офарида шавад, камқувват ва омодаи даридан буда, ба изофаи он хунро ба худ бикашад. Андар рӯзи шашум ва баъди он [афтидан] аз сабаби рутубатҳое ба амал ояд, ки андар заҳдон ҷудо шуда, ҷанинро билағжонанд. Гурӯҳе гуфтаанд, ки аксар вақт ин аз бодҳо вобаста аст, вале дурусташ ҳамин гуфтаи [мост]. Аммо баъд аз гузаштани муддате аксар вақт афтидан аз сабаби камқувватии бад рӯй диҳад. Гуфтаанд, ки зани бисёр лоғар агар бордор шавад, пеш аз фарбеҳ шудан бача биафтонад, аз баҳри он ки тан ба миқдоре ғизо бигирад, ки танҳо аз барои ислоҳи худаш ва барқарор кардани қувваташ кифоят кунад ва чизе аз он аз барои ғизои ҷанин боқӣ намонад ва ҷанин заиф бигардад. Андар кишварҳои ниҳоят ва на ба иътидол сард ва андар фаслҳои ниҳоят сарди сол афтидани бача, инчунин ба сахтӣ ниҳодан ва ҳамчунин марги занони обистан бисёр рӯй диҳанд. Андар кишварҳои ҷанубӣ ва инчунин ҳангоми бодҳои ҷанубӣ низ бача бисёр биафтад. Вале андар [кишварҳову бодҳои] шимолӣ, агар сардӣ ниҳоят сахту озордиҳандаи ҷанин набошад, бачапартоӣ нисбатан кам ба амал ояд. Ҳар гоҳ пеш аз обистан зимистони ҷанубии гарм ва баҳори шимолии камборон омада бошад, занҳои боргирифтае, ки ҳангоми баҳор заиф шудаанд, бо андак сабабе бача партоянд ва ё бачаи камқувват бизоянд. Дардҳои ба ҳангоми бача партофтан оризшаванда шадидтар аз дардҳоеанд, ки ба ҳангоми бача ниҳодан ориз бигарданд, аз баҳри он ки [бачапартоӣ] ҳолати ғайри табиист.
Нишонаҳо: Нишонаи худи бачапартоӣ ин аст, ки пистон баъд аз норпистонии солим рӯ ба пажмурда шудан ниҳад. Аммо норпистонии беморона бошад, табиат онро ба ислоҳ оварда, ба пажмурда шудан маҷбур кунад, ки ин бими бачапартоӣ надорад. Кадоме аз ҳар ду пистон баъд аз норпистонии солим рӯ ба пажмурдагӣ биниҳад, худованди он аз тавъамҳо бачаи аз ҳамон паҳлу бударо биафтонад. Агар шир ба ифрот ва думодум чандоне бирезад, ки пистон пажмурда шавад, ин огоҳӣ аз он диҳад, ки ҷанин заиф аст ва бачапартоӣ рӯй хоҳад дод. Бисёрии дардҳои заҳдон низ ҳамин гуна бувад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор