Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Фанни нуздаҳум
АНДАР баёни
ҳолатҳои обгаҳ ва пешоб,
ки аз ду мақола иборат аст
Мақолаи нахустин
андар баёни ҳолатҳои обгаҳ
Фасли нахустин
андар баёни ташреҳи обгаҳ

Чунонки Офаридгори бузург аз барои бироз як ҷогаҳи ҳамагоние офаридааст, то ҳамаи онро то вақти пурра ҷамъ шудан андар худ ҷой дода, сипас ҳамаро якҷоя биронад ва бад-ин восита аз гоҳу бегоҳ пайваста ба қазои ҳоҷат бархостан бениёзӣ бувад, чунонки инро андар ҷои худаш донистӣ, ҳамин гуна Офаридгори бузург чора андешида аз барои фазлаи обии кашидашаванда, ки сазовори рондану берун андохтан аст, киса ва ҷогаҳе офаридааст, ки ҳамаи он ва ё бештари онро андар хеш бигунҷонад, то барои берун сохтани он як бор бархоста шавад (508) ва ба пайваста партофтани он ниёзмандӣ набошад, чунонки худованди бемории чакра-чакра омадани пешобро ҳамин гуна ҳол рӯй диҳад. Ин киса обгаҳ бувад. Ин аз асабҳои пайвандакӣ ва асабнок офарида шудааст, то ҳар чи бештар қавӣ бошад ва ба изофаи устуворӣ пазирои аз ҳамкашидашавӣ, густаришёбанда ва фишурдашаванда бувад, то бо бахши обӣ пур гардад ва чун пур шуд, чизи андарунаш бударо мувофиқи хосте берун биронад, ки зарурат тақозои он кунад. Андар гардани он як бахши гӯштиест, ки бо ёрии он ҳис кунад ва он ҳамҷавори мушак бошад.
[Обгаҳ] дорои ду табақа аст, ки ситабрии дарунгин дучанди бурунист, аз баҳри он ки дарунгин ҳамеша бо бахши обии тез рӯбарӯст. Офаридгор бо ҳикмати Хеш аз барои кашидани бахши обӣ ба сӯи он ва берун овардани вай аз он ҷой меҳрубонӣ карда, ду мезанои аз сӯи гурдагон ояндаро бад-он пайвастааст. Чун онҳоро бад-он ҷой расонидааст, обгаҳро бар ду табақа ҷудо кардааст. Он ду мезаной роҳи миёни табақаҳоро пеш гирифта, нахуст табақаи якумро шикофта, ба андарун гузаштаанд. Сипас андар миёни ду табақа чанде рафта, баъд андар табақаи дарунгин фурӯ рафтаанд ва онро шикофта, ба сӯи тиҳигоҳи обгаҳ баромадаанд, ки андар он фазлаи обиро бирезанд. Обгаҳ чун бо фазлаи обӣ пур шуда, таранг шавад, табақаи дарунгин бар табақаи бурунӣ пӯшида гардад ва аз дарун ва зер ба сӯи он ронда шуда, чунон зич шавад, ки гӯӣ як табақа аст ва андар он гузаре нест. Бинобар ин фазлаи обӣ ва пешоб ҳангоми обгаҳро фишор доданашон ба пас ба сӯи ме

занойҳо барнагарданд. Сипас Зоти пок, ки қудраташ бузург аст, аз бари обгаҳ гардане офарид, ки фазлаи обиро ба сӯи нара биронад ва серпечухам буда, бинобар он фазлаи обӣ, хусусан андар мардон, якбора нарезад. Чунки андар мардон [ин гардана] се хамгашт дорад, вале андар занон ба сабаби наздикии обгаҳи эшон ба заҳдон дорои як хамгашт аст. Саргаҳи он гардана бо мушаке печида аст, ки мисли чизи хафакунандаю фишордиҳанда гирди он гардидааст, то фазлаи обиро ҷуз ба иродае баромадан нагузорад, ки сусткунандаи ин мушак аст. Ин [мушак], чунонки андар ҷои худаш донистӣ, аз мушакҳои шикам (агар онҳоро ягон газанде нарасида бошад) ёрӣ бигирад. Аз ҳар як сӯи он як асаби хеле бузург ва рагҳои орому ҷаҳанда пайвастаанд.
Асабҳояш аз барои он зиёданд, ки то ҳисси он аз ҷиҳати фишурдану аз ҳам кашидан бештар бошад.
Фасли дуввум андар баёни бемориҳои обгаҳ

Гоҳе андар обгаҳ бемориҳои мизоҷии бо модда ва бе модда, омосҳо ва суддаҳо ориз бигарданд, ки яке аз онҳо санг бувад. Гоҳе андар он бемориҳои миқдории аз ҷиҳати хурдӣ ва бузургӣ, гоҳе бемориҳои ниҳод аз қабили баромадан ва лағжидан, гоҳе бемориҳои аз ҳам гусастани чизи ягона аз тариқи даридан, кушода шудан, бурида шудан ва решҳо падид оянд. Баъзан бо обгаҳ андомҳои дигари сарвару гиромие аз қабили мағз анбозӣ кунанд, зеро ҳангоми [бемориҳои] он мағз сардард шавад, ба гижа гирифтор ояд ва гоҳе ба сабаби анбозӣ бо бемориҳои гарми обгаҳ кор ба сарсом бикашад. Ё масалан, ҷигар низ [бо он анбозӣ намуда], бисёр бошад, ки ба сабаби сардии обгаҳ истисқо ба амал ояд. Бемориҳои обгаҳ ба зимистон зиёд шаванд ва онҳоро низ гоҳе бо дармонҳои гурдаро муолаҷакунанда ва бо доруҳои қавитару покизатар муолаҷа кунанд. Ин доруҳоро ҳамчун ошомиданӣ, бо обдуздак рехтанӣ, чарбӣ ва ба шакли зимодҳое ба кор баранд, ки бо онҳо ҳар ду мезаной, фурусӯви ноф ва ду дарзи ба умқ равандаро зимод кунанд. Дардҳои обгаҳ андар ҳавоҳо, бодҳо ва кишварҳои шимолӣ ва ба фаслҳои сард афзоиш ёбанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ