Қонуни тиб

Фасли севвум
андар баёни он чи ки обгаҳро гарм кунад
Ҳамаи доруҳои пешобтозонандаи гарм, инчунин чарбҳо ва доруҳои бо обдуздак пошидание аз миёни равғанҳои гарму самғҳои гарме, ки мисоли онҳо равғани қуст, равғани нордин ва бон мебошанд ва гармибандиҳо, ҳама обгаҳро битафсонанд. Бо зимодҳое аз қабили доруҳои гарми андар боби гурда ёдшуда маҳаллҳоеро зимод кунанд, ки худ ҳамедонӣ.
Фасли чаҳорум андар баёни он чи ки обгаҳро сард кунад
Обгаҳро мумкин аст ошомидани шири хурфа, бодранг ва каду ва ё ошомидани табошири кофурзада бо оби сард сард созад. Аз тилоҳо сандал, кофур ва фуфилро бо дӯғ, фишурдаҳо ва луобҳои сард ва аз равғанҳои сард, масалан, равғани гули хуб, равғани донаи каду, равғани хашхош (509) ва равғани тухми коҳуро бо кофур ва ғайра хусусан бо ёрии обдуздакҳо ба кор баранд. Шири хар низ [хуб аст].
Фасли панҷум андар баёни санги обгаҳ ва нишонаҳои он
Нахуст бояд бад-он чизе тааммул намуд, ки андар боби санги гурда гуфтаем ва сипас бад-ин боб. Андар он ҷой фарқи миёни санги обгаҳ ва санги гурдаро аз ҷиҳати кайфият ва миқдор донистӣ. Фарқи миёни онҳо аз ин иборат буд, ки санги гурда каме нармтар, хурдтар буда, бештар ба сурхӣ бизанад, вале санги обгаҳ сахттар, хеле бузургтар буда, бештар ба тирагӣ, хокистарӣ ва сафедӣ бизанад; агарчи гоҳе андар гурда санги азҳамрезанда падид ояд, вале санги обгаҳро аксар вақт [фақат] баъд аз берун омадан бо пешоб метавон ҷудо кард; бештари касоне, ки гирифтори санги обгаҳанд, лоғаранд, вале ба ҳангоми санги гурда ҳол баръакс бувад; бачагон ва касони аз ҷиҳати синну сол ба эшон наздик [бештар] ба санги обгаҳ гирифтор шаванд. Андар ин ҷо низ бояд бигӯем, ки пешоб ба ҳангоми санги обгаҳ ба сафедӣ бизанад ва дорои шинест, ки на сурх, балки моил ба сафедӣ ва ё хокистарӣ бувад. Гоҳе пешоби ситабри дорои шини зайтиранг ояд, вале аксар вақт ва хусусан андар оғоз тунук бошад. Дардангезии санги обгаҳ на чун дардангезии санги гурда бувад, аз баҳри он ки санги обгаҳ андар фазои озод аст, вале ҳар гоҳ санг пешобро бибандад ва ё андар маҷро биафтад, дарди он шиддат ёбад. Санги обгаҳ бештар дурушт аст, зеро вай андар фазоест, ки чизи дуруштсозандаи он бар вай нишастан битавонад. Инчунин, санги обгаҳ бузургтар аст, аз баҳри он ки ҷойгоҳи ӯ фарохтар бувад. Гоҳе чунин иттифоқ биафтад, ки андар як обгаҳ ду ва ё беш аз он сангҳо падид оянд ва бо якдигар совида, ба шакли регӣ аз ҳам бирезанд. Гоҳе [андар пешоб] ба изофаи ин бахши регӣ шини сабӯсмонанд зоҳир гардад, аз баҳри он ки сатҳи [обгаҳро] санги дурушт битарошад.
Ба ҳангоми санги обгаҳ гоҳе андар нара ва буни он ва андар зиҳор ба тариқи анбозии нара бо обгаҳ пайваста хоришу дард ҳис карда шавад ва худованди он, хусусан агар
бача бошад, бо нараи хеш бисёр бозӣ кунад ва аз ин сабаб [нара] пайваста рост биистад. Гоҳе ин боиси баромадани мақъад ва баста шудан ва ё ба душворӣ омадани [пешоб] бигардад. Ба изофаи ин он чи аз пешоб берун ояд, ба зӯр берун ояд, зеро он аз маҳалли танг ва аз зери фишори гаронии аз пасаш буда ба сахтӣ худро бираҳонад. Гоҳе андар поёни [беморӣ] пешоб нохост ояд ва [бемор] ҳар бор, ки аз пешоб кардан фориғ шавад, худи ҳамон замон ӯро хоҳиши пешоб кардан падид ояд ва ин ба тақозои сангест, ки мисли тақозои пешоби ҷамъшуда тақозои ронда шудан кунад. Бисёр вақт, хусусан агар санг дурушти бузург бошад, ба иллати харошидани он пешоби хунӣ ояд. Бисёр бошад, ки пешоб баста шавад ва чун бемори гирифтори санг бар пушт зада, суринҳои худро бардошта, биҷунбонад, санг аз маҷро дур шавад ва чун бар зиҳор фишор бидиҳад, пешоб боз шуда, пош хӯрад. Ин далели қавие бошад, ки бар санг далолат кунад. Гоҳе ин аз тариқи бар зону нишастани бемор ва андомҳои хешро бар якдигар ҷафс кардан сабук бигардад ва гоҳе бар ҳамин шакл истода, аз тариқи андар мақъад даровардани ангушт ва сангро аз ҷой ҷунбондан сабукӣ ҳосил шавад. Гоҳе ин гуна [ҳолат] [262] ба тариқаҳои дигаре аз қабили молиш додан, фишурдан, бар пушт хобидан ва ба зону задан сабук созанд, ки ҳамаи инҳо дастоварди таҷрибаанд. Агар ин гуна василаҳо суд набахшанд, аз барои рондани санг қосотир ба кор бибар.
Агар андар [маҷро] қосотир ба ягон чизе бархӯрад, онро биронад ва пешоб пош хӯрад, ин далели қавии [санг] хоҳад буд. Агар ба зӯр бидарояд, низ чунин бувад ва беҳтар он аст, ки ба сахтӣ дароварда нашавад. Гоҳе қосотир бадин гуна далолати [санг] кунад, ки бо ҳамроҳии хеш моддаи сангзоянда берун оварад. Сангҳои хурд бештар аз бузург пешоб бибанданд, зеро онҳо андар маҷро дертар биистанд, вале сангҳои бузург аз маҷро зуд яксӯ шаванд. Бидон, ки санги обгаҳ андар кишварҳои шимолӣ ва хусусан андар бачагон бештар рӯй диҳад.
Фасли шашум андар баёни дармонҳои санги обгаҳ
Обгаҳ ба доруҳои қавитаре ниёзманд аст, аз баҳри он ки сардтару дуртар аст ва санги ӯ аз сабаби сахтии бастагӣ қавитар ҷой гирифта бошад. Доруҳои ин айни он доруҳои қавиест, ки андар боби илоҷи санги гурда ёд шудаанд. Агар санг хурду нарм бошад, чунин [беморонро] саҷазаниё, масрудитус ва инчунин асоносиё суд бахшанд.
Эшонро [доруи зерин] судманд аст: як уқия сақулуфандариюнро бо ним уқия маҳлаби муқашшар гирифта, андар обе, ки як ангушт аз онҳо боло бошад, то хуб пухтан биҷӯшонанд ва сипас биполанд. Як шаробе, ки аз барои эшон судбахш аст: понздаҳ [дирам] моши ҳиндии реза карда, (510) ҳафт [дирам] пари сиёвушон, ҳашт121 дирам сақулуфандариюн, даҳ дирам хори хасак, чаҳор дирамӣ тухми газари даштӣ ва фатросолиюн ва ҳафт дона анҷири сафедро гирифта, бо чаҳор ратл об то боқӣ мондани як ратл аз он биҷӯшонанд ва ин [доруро] баъд аз берун омадан аз гармоба биошоманд. Як ошомидании он ним ратл аст. Ин гуна [беморон] эҳтиёҷ бад-он доранд, ки обзанҳои ба кор мебурдаашон қавитар бошанд ва андар онҳо ба изофаи доруҳои маъруф доруҳои дигаре аз қа били барги панҷангушт, пари сиёвушон, созаҷ, шавосаро, гул ва ягон чизи қабзкунандае ҳамроҳ кунанд, то боиси сустии беандоза нагарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор