Қонуни тиб

Аммо агар андар ҳуқна пиҳҳо, чизҳои равғанӣ ва доруҳои сахт ковоккунанда ва ниҳоят пешобтозонанда ҳамроҳ кунанд, ба изофаи исҳол нармӣ оварад, дардро шиканад ва сангро барои берун омадан ёрӣ диҳад. Агар дард шиддатнок буда, ҳангоми муолаҷа кардан бо доруҳои мо ёдкарда ором шавад ва сипас чун бо доруҳои зидди санг муолаҷа кунанд, авҷ гирад, пас, беҳтар он аст, ки аз истеъмоли доруҳои ниҳоят ба ҳаракат оваранда худдорӣ кунанд ва ба истеъмоли ҳуқнаҳои нарм ва чарбҳо ва мумравғанҳои ковоку нармкунанда ва лағжонанда бипардозанд. Гоҳе андар ин гуна ҳолат ба кор бурдани қай судбахш бувад. Аз баҳри он ки қай моддаҳои заҳматоварандаро коҳиш диҳад, вале гоҳе ба сабаби ба барсӯ кашидани санг мумкин аст зиён ҳам оварад. Агар дард ба гунае бошад, ки ҳеҷ ором нагирад, ногузир ба бемор ягон доруи карахткунанда бидиҳанд ва бартарини онҳо филуниё ва инчунин доруи аз луффоҳ сохташуда ва тарёкест, ки дерина набошад, балки нисбатан нав буда, қувваи афюнаш ҳанӯз ба ҷой бошад. Ин [тарёк] аз ҷиҳатҳои бисёре суд бахшад: аз ҷиҳати тарёкӣ; аз ҷиҳати пешобтозонӣ ва аз ҳам резондани санг; ва аз ҷиҳати карахт сохтани дард.
Гоҳе андар падид омадани дард боде кумак расонад, ки андар гурда ҷой дошта, низ ба санг музоҳамат кунад. Инро аз тариқи нишонаҳои боди гурда ва ё боди музоҳамат оварандаи рӯдагон шиносанд, ки нишонаҳои боди гурда низ ба он далолат кунанд. Андар ин ҳол бояд ба истеъмоли доруҳои бодшикане аз қабили судоб ва тухми он, тухми карафс, анисун, нонхоҳ, каравиё ва сиёҳдона шитофта, онҳоро бо оби ангубин ба бемор биошомонанд, ё зимод кунанд, ё аз онҳо бо ягон равған мумравған созанд ва ё онҳоро андар таркиби ҳуқна ба кор баранд.
Агар санг ба сабаби омоси гарм ба амал омада бошад, нахуст онро бо дармонҳои омоси гурда муолаҷа кунанд
ва бо он пухтаковҳо, зимодҳо ва мумравғанҳои сарде кифоят кунанд, ки худ ҳамедонӣ ва андар бобҳои бисёре бароят оварда шуданд. Аз болои онҳо каме сирко бипошанд, то онҳоро бигузаронад. Инчунин бо ин фишурдаҳо ва якҷоя бо равғани гул ҳуқна бирезанд. Агар ба раг задан эҳтиёҷ афтад, низ чунин кунанд. [261] Агар [санг] ба сабаби омоси сахт ба амал омада бошад, онро, масалан, бо луобҳои гарме чун луоби тухми катон, ҳулба, хитмӣ ва тухми марв ва омехта бо ягон чизи сардиоваранда ва инчунин бо бобуна, шоҳафсар, хори хасак ва шибит [муолаҷа кунанд]. Ҳамаи инҳоро ё ба шакли ошомиданӣ, ё ҳуқна ва тило ба кор баранд. Вале ҳар гоҳе онҳоро ҳамчун тило ба кор баранд, бояд андар онҳо, масалан, ротинаҷ, сакбина, уша, майъа, гунди бедастар ва ё мурр ва инчунин равғанҳои гарми каме қувватбахшанда ҳамроҳ кунанд.
Фасли сездаҳум андар баёни марҳамҳо
Аз марҳамҳо марҳами диёхилун, марҳами аз пиҳҳо сохташуда ва дигар марҳамҳоро [ба кор баранд]. Ҳар гоҳ [пешобро] пухта дарёфтӣ, ба тозондани он бипардоз.
Фасли чаҳордаҳум андар баёни ғизои ин гуна беморон
Аммо ғизои худовандони санг он ғизоҳоест, ки мухолифи ғизоҳои аз барои эшон зиёнвар буванд. Гӯшти гунҷишкони бар болои лахча кабобкарда, гунҷишкони хонагӣ ва мурғчӯҷаҳои бо ҷӯшонидан азҳамрехта эшонро зиён надоранд ва гӯшти латифи барраҳо низ ҳамчунин бувад. Гӯшти бирёни харчанг эшонро судманд аст. Бояд андар таркиби таомҳои эшон кангар, морчӯба ва хусусан намуди ёбоии он ва оби нахӯд бо равғани зайтун ва бо равғани хасақдона бидароянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор