Қонуни тиб

Низ доруи зерин санҷидашуда аст: тухми харбуза, хасакдона, заъфарон ва моши ҳиндиро гирифта, якчанд бор пайдарпай ба бемор биошомонанд. Дигар: ду мисқол донаи муқашшар ва кӯфтаи маҳлаб, як мисқол заъфарон ва ним мисқол заровандро гирифта, бо ангубин маъҷун созанд. Як ошомидании он чаҳор дирам аст. Доруи дигар: як драхмӣ қардамоноро бо якчанди он аз бехи даҳмаст [ба кор баранд]. Низ, тухми испанд ва муқлро гирифта, аз онҳо ҳабб созанд. Як ошомидании он ба миқдори як дирам ва бо оби барги турб ва росани сабз ва ё бо оби зайтун бувад.
Як доруи бисёр хуб, ки дардро ором карда сангро берун орад: як уқия симирниюн, ки он карафси даштӣ буда, бо номи «карафси форсиён» маъруф аст, якуним уқиягӣ мушки замини мисрӣ, сунбули хушбӯй, тухми хашхоши сафед, дорчинӣ, салиха, мурчи сафед, тухми газар ва ябруҳ, ним уқия санги ҷуҳудон ва ним уқия аз санге бигиранд, ки онро аз кишвари Моқодуниё оваранд ва [ҳамаи инҳоро] бо ангубин маъҷун созанд. Як ошомидании он ба қадри як бундуқа ва бо шароб бувад. Доруе, ки аз барои падид омадани санг судманд бошад: як драхмигӣ аз тухми сомарйаумо, мушктаромашир ва тухми хитмӣ ва ним драхмигӣ тухми хиёри дарози бӯстонӣ, тухми харбуза ва касироро гирифта, ҳамаро омехта биошоманд. Як ошомидании он як драхмӣ ва бо шароби латифи омехта бувад.
Доруи дигар: ду драхмигӣ санги исфанҷ, бехи хори хасак ва тухми газар, як драхмигӣ тухми хиёридароз, тухми хитмӣ ва нашоста ва се драхмигӣ тухми бодиён, (506) анисун ва гесугуна. Гоҳе ба бемор обҳоеро биошомонанд, ки андар онҳо доруҳои зидди санг ва доруҳои ёридиҳандаро ҷӯшонида бошанд. Масалан, обҳоеро [диҳанд], ки андар онҳо камофитус, гесугуна, пудина, сисолиюс, бех ва самари хори хасак, сақулафандариюн, бехи панирак, пари сиёвушон, садпайванд, бехи гӯргиё, бехи алафи гулӯдард, тухми хитмӣ, сомарйаумо, сутиро,120 мушкаромашир ва ё дигар доруҳои пешобтозонандаро ҷӯшонида бошанд. Агар инҳоро ба рӯзгори тандурустӣ ба кор баранд, низ сангро падид омадан нагузоранд.
Фасли дувоздаҳум андар баёни доруҳои ҷӯшонидашуда
Аз ҷумлаи доруҳои ҷӯшонидашудае, ки пайваста ба кор бурдани онҳо ба ҳангоми навбати хуруҷи дард аз барои санги гурда судманданд, инҳост: барги панираки даштиро ҷӯшонида, андар оби он равғани зард ва ангубин афканда, миқдори бисёре аз онро ба бемор бидиҳанд, зеро ин [дору] сангро лағжонида, пешобро битозонад, роҳҳои онро нарм созад ва [сангро] ба осонӣ берун оварад. Руфус гуфтааст: «Бисёр гармоба кардан бо обҳои гӯгирдӣ сангро аз ҳам бирезонад». Ин нишон ҳамедиҳад, ки агар андар бархе аз обҳои тези қариб пӯстро зананда доруҳои зидди санг ҳамроҳ кунанд ва пораеро андар гармсохтаи онҳо тар карда, бар маҳалли санг бигузоранд, сангро ҳал хоҳад кард. Мо бархе аз ин қабилҳоро санҷидаем.
Аммо тадбири омода сохтани санг барои канда шудан, аз доруҳо мутаассир шудан ва ба осонӣ лагжида берун омадан бад-ин гуна бувад, ки бояд ба тариқи равғанмолӣ равғанҳои ковоккунанда, инчунин пухтаковҳо,
зимодҳо ва мумравғанҳои ковоккунандаро ба кор баранд.
Гармобаҳову обзанҳоро ба андозае [ба кор баранд], ки қувватро ниҳоят беҳол накунанд ва боиси нотавонии қувваҳои ронанда нагарданд. Гоҳе аз ин сабаб ба сӯи андом моддаи зиёде битаровад. Андар ин гуна ҳолат бояд доруи сангкананда биошомид, то канда шудану берун омадани он осон бигардад. Бояд бо доруҳои ковоккунанда мувофиқи қонуни маълум доруҳои қависозанда ва хусусан он доруҳоеро биомезанд, ки ба изофаи қависозӣ чандон мухолифи ғарази андар таҳлил ҷойдошта набошанд. Мисоли инҳо равғани савсан, равғани сунбул, равғани ҳино, равғани хайрӣ ва инчунин худи ҷисми онҳо бувад. Равғани хайрӣ хусусиятҳои бисёре андар хеш дорад. Сипас, миён, паҳлуи [миён] ва зиҳорро сахт бибанданд, то маҷроҳо аз барсӯ фарох шаванд ва ё бо даст молиш бидиҳанд. Баъд аз он ба бемор доруи азҳамрезонандаи сангро бидиҳанд, вале агар ин дору пеш аз ин дода шуда бошад, бояд баъди он доруҳои пешобтозонанда бидиҳанд. Инчунин ошомидани, масалан, хиёршанбар бо равғани бодом ва ё ягон фишурдаи часпаке аз фишурдаҳои пешобтозонандаи часпаки лағжонанда бо равғани бодом бад нест. Яне аз тадбирҳои баъд аз ковоксозӣ ва ё ҳангоми бениёзӣ аз он судманд ин аст, ки баробари сангро овезону ҷунбанда дарёфтан бо исфанҷ ва дигар чизи андар об ва равғани зайтун оғушта ва ё бо хирбӯво ва сабӯс гармибандӣ кунанд, зимодҳои тафсонанда ба кор баранд ва бо равғанҳои гарми тафсонандае аз қабили равғани судоб ва ё бо равғани зайтун ва гунди бедастар равғанмолӣ кунанд. Бояд гармии зимодҳоро нигоҳ дошт.
Агар ба доруи қавитаре аз инҳо эҳтиёҷ биафтад, бар фурӯсӯви [маҳалли] санг ва маҳалли дарди санг миҳҷамаи тиҳӣ гузоранд, то ки сангро бикашад. Сипас, миҳҷамаро аз он ҷой бар маҳалли фурӯсӯтар фароварда, бад-он ҷой бичаспонанд ва ҳамин гуна ба тадриҷ аз маҳалли гурдагон сар карда, ба вуребии ҳар ду мезаной ва то ба фурӯсӯ бурда бирасонанд. Ҳар гоҳ [санг] ба сӯи обгаҳ фуруд ояд, дард ором гирад. Гоҳе варзиш, ҳаракат кардан, савор шудан бар чаҳорпоёни нармрафтор ва инчунин фуруд омадан аз зина, хусусан баъди ба кор бурдани доруҳои нармкунанда кифоят кунанд. Ҳар гоҳ санг аз обгаҳ ба сӯи маҷрои нара фуруд ояд, мумкин аст дард ба амал оварад. Андар ин ҳол бояд он мавзеъ бо доруҳое тадбир карда шавад, ки мо баён хоҳем кард.
Тадбири дард. Ҳар гоҳ хусусан ба наздики обгаҳ ба иллати бузургии санг, ё дандонадор будани он, ё шикастагии харошанда ва дуруштии решкунанда доштан дард бархезад, онро бо гармоба ва обзан метавон ором сохт, вале агар [гармоба ва обзан] ба ифрот расида, нотавонӣ оваранд, баъди як соат дубора дарди ниҳоят сахте ба амал хоҳад омад. Пухтаковҳои бобунагӣ, шоҳафсарӣ, хитмигӣ ва сабӯсӣ хубу судманданд. Агар табиатро ягон миқдор бастагӣ бошад, беҳтар он аст ки бо ёрии шиёфҳо ва ё ҳуқнаҳои ғайри бисёр бироз берун оварда шавад. [Агар ҳуқнаҳо зиёд бошанд], боиси фишору дард бигарданд ва бинобар ин барои ман шиёф дӯстдоштатар бувад. Нарм сохтани табиат сабукии зиёд бахшад ва дардро ором кунад. (507) Бояд ба кор фармудани доруи исҳол роҳ дода нашавад, зеро он аз тариқи фуруд овар дани [хилтҳо] аз барсӯ дарду ранҷ падид оварад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор