Қонуни тиб

Яке аз доруҳои ниҳоят қавӣ ва аз ҳама бартар гунҷишкест, ки ба юнонӣ онро «труғлудитес» хонанд.
Ин гунҷишкест аз ҷинси саъва, вале ба ғайр аз гунҷишки шоҳӣ дигар аз ҳамаи гунҷишкон хурдтар аст. Ранги танаш миёни рангҳои хокистарӣ, зард ва сабз буда, бар ҳар ду боли ӯ ду пари тилоӣ ва бар думаш холҳои сафед буванд.
Аксар вақт зимистон андар шӯразаминҳо ва бехи деворҳо падид ояд. Дурпарвоз нест, балки каме бипарад ва боз нишинад ва пайваста садо дода, думашро биҷунбонад. Вайро, чунонки ҳаст, хом бихӯранд ва ин беҳтар бошад. Мумкин аст ӯро ҷӯшонида, ё бирён карда, ё намак карда ва ё хушк карда, бихӯранд. Гоҳе онро чунонки ҳаст, андар танӯре биниҳанд, ки гармии он вайро напазонад ва қувваашро бекор насозад. Ё онро андар обгина ба сифате гирифта, андар [танӯр] биниҳанд, ки аз барои каждум ва ғайра ёд карда шуд. Гоҳе онро андар деги сангӣ ва ё сафолине (барания) бисӯзонанд, ки даҳонаш баста бошад ва ҳар гоҳ аз сурх шудан ба ҳадди сӯхтан бирасад, аз оташ бигиранд.
Намакин ва бирёни онро мурч, созаҷ ва ғайра бизананд.
Хушконида ва ё сӯхтаи онро совида бо шароби равшан, ё бо ангубин ва ё бо оби ангубин ва ё хандиқун биошоманд.
Ҳар яки аз ин доруҳоро низ ҳамин гуна ба кор баранд. Гурӯҳе чунин тасдиқ кунанд, ки ин гунҷишк «гунҷишки хористонӣ» аст, вале андар ин ҷо парандаест, ки ба фарангӣ онро «сафроғун» номанд ва ман намедонам ин ҳамон [паранда] аст ва ё ғайри он, ки ба гуфтаи одамон агар [бемор] онро хушк карда, кам-кам биошомад, сангро аз ҳар гуна мавзее берун орад. Гурӯҳе чунин ёд кардаанд, ки худи санг сангро берун орад.
Инчунин, саргини кабӯтар ва саргини хурӯс [низ судманданд]. Ҳунайн ва ал-Киндӣ чунин тасдиқ кунанд, ки агар каси калонсол ду дирам ва хурдсол ним дирам аз онро бо якчанди он аз шакари табарзад биошоманд, ҳар гуна сангро берун хоҳад овард. Гоҳе ба он мурч ва намак афзуда, хусусан бо ҷӯшонидаи мушктаромашир [биошоманд]. Саргингардонҳои хушконида низ чунин буванд.
Бархеҳо чунин гуфтаанд, ки агар андар зери закар сихи ҷайраро дуд кунанд, мумкин аст бемор санг пешоб кунад, вале ин яке аз чизҳоест, ки ман росташ намеҳисобам.
Аммо он доруҳое, ки аз барои гузаронидан бо ин доруҳо биомезанд, масалан, мурч, пудина ва дорчинӣ буванд. Ин доруҳо ба изофаи он аз барои ба ҳаракат овардани санг кумак кунанд. Доруҳое, ки аз барои ба таври қавӣ рондани пешоб бо ин доруҳо биомезанд ва фазлаҳои ситабрро берун оранд, масалан, инҳост: тухмиҳои маъруф ва хусусан шанбалит; тухми газари даштӣ; му; фу; асорун; ваҷ; нонхоҳ; кошим; сисолиюс; тухми панҷангушт; гӯргиё; қардамоно. Гоҳе баъзе касон ҷуръат карда, коғнаро ба кор баранд. Ин доруҳо ба изофаи ниҳоят пешоб тозондан андар кори санг бетаъсир нестанд.
Доруҳое, ки онҳоро аз барои кам-кам боз доштан биомезанд, масалан, самғҳост. Инҳо гоҳе худ ба худ андар санг таъсир кунанд ва мисоли онҳо самғи баспоя ва самғи гавз аст.
Аммо доруҳои оромкунандаи дард, масалан, инҳост: тухми катон ва луоби он; ҷиллавз; фундуқ; ва тухми хитмӣ.
Инҳо низ доруҳои зидди сангро боз доранд ва аз барои
ҷирми гурда созгор бошанд. Аз миёни доруҳои карахткунанда онҳоеро [биомезанд], ки худ ҳамедонӣ. Доруҳои қависозанда, масалан, инҳост: ҳар ду навъи баҳман; зурунбод; савсани хушк; тухми панҷангушт;116 ва инчунин гул;
гулнор; гӯргиё; ва сандал.
Фасли ёздаҳум андар баёни доруҳои мураккаб
Аммо доруҳои мураккаби аз барои санг буда, масалан, инҳост: масрудитус, ки қавӣ ва аз барои санги гурда хуб аст; саҷазаниё; маъҷуни каждумӣ, ки аз барои санги гурда ва обгаҳ маъруф аст; (505) низ доруи аз хуни
нарбуз сохташуда, ки онро ба сабаби бузургии [таъсир]
«дасти Худой» хонанд; доруи бо номи «хазоинӣ» маъруф, ки онро бо равғани баласон созанд ва бисёр аҷиб
бошад. Ё масалан, як доруи қавие, ки мо санҷидаем, чунин аст: аз хокистари обгина, хокистари каждум, хокистари бехи каранби набатӣ, хокистари харгӯш, санги исфанҷ, хуни хушконида ва судаи нарбуз, хокистари пӯсти
хояи чӯҷабароварда, санги ҷуҳудон, самғи гавз ва ваҷ
як бахшӣ ва аз фатросолиюн, тухми газари даштӣ, мушктаромашир, самғ, тухми хитмӣ ва мурч якуним бахшӣ
гирифта, бо ангубин маъҷун созанд ва нигоҳ доранд. Як
ошомидании он то ду мисқол ва беш аз он буда, бо оби хори хасаке биошоманд, ки онро бо нахӯди сиёҳ ҷӯшонида бошанд. Ин аз барои обгаҳ низ созгор бувад. Инчунин, хокистари бехи каранби набатӣ, хокистари [пӯсти]
тухми чӯҷабароварда ва сӯҳонрезаи санги ҷуҳудони нару модаро ба ҳам ҷамъ сохта, ба қадри як кафча аз он бо
шароб ва ё оби хори хасак ба бемор бидиҳанд. Ин ҳам
аз барои санги обгаҳ судманд буда, онро мисли гили сафед берун оварад. Низ, яке аз доруҳои қавии муштарак117
доруи зерин аст: аз тухми харбуза, обгинаи сӯхта ва моши ҳиндӣ бахшҳои баробар гирифта, бо оби нахӯд [ба
бемор бидиҳанд]. Инчунин, агар миқдоре аз саргини кабӯтар ва саргини хурӯсро бо оби турб ё бо шароб ва бо
оби гарм бидиҳанд, ба таври муштарак амал кунад. Яке
аз доруҳои муштарак доруи зерин аст: як дирам кундуша, як дирам саргини кабӯтар ва ним донг саргингардонро кӯфта, бо шароб ба бемор бидиҳанд. Дигар: аз санги
исфанҷ, сақулуфандариюн, пари сиёвушон, тухми хитмӣ ва фатросолиюн бахшҳои баробар бигиранд. Як ошомидании ин ба миқдори ҳоҷат ва бо оби карафс, ё оби
бехҳо, ё оби хори хасак ё оби турб бувад. Низ, яке аз доруҳои муштарак: аз меваи баласон, пудинаи даштии хушк,
санги исфанҷ, тухми панирак ва райҳони кӯҳии хушк
бахшҳои баробар гирифта, бикӯбанд ва аз он ҳар рӯзе
ба миқдори як кафча ҳамроҳи тақрибан чаҳор уқия шароби омехта ба бемор бидиҳанд. Яке аз доруҳое, ки бештар аз барои санги гурда хос аст: [260] ду дирам майсавсан, ду дирам симирниюн118 ва чаҳор дирам мурч. Як ошомидании он ба қадри тақозои ҳадс ва бо сикангубини
унсулист. Инчунин: аз судоби даштӣ, панираки даштӣ ва
бехи карафс бахшҳои баробар гирифта, ба қадри ду кафча аз онро андар шароб биҷӯшонанд, биполанд ва биошоманд. Дигар: бантофилунро119 бо сикангубини ангубинӣ ва ё оби ангубин бидиҳанд. Низ, тухми турб ва моши ҳиндиро баробар гирифта, аз он ба қадри як бундуқа бо равғани ёсамин ба [бемор] бидиҳанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор