Қонуни тиб

Ҳар гоҳе аз доруҳои сангии [сода] доруҳои мураккаб бисозанд, бояд доруҳои гуногунеро қарини онҳо кунанд, то ба кори онҳо ёрӣ расонанд. Аз ҷумла доруҳои ниҳоят пешобтозонандаеро [ҳамроҳ кунанд], ки пешоби ситабрро тозонда, берун кунанд, то ки санги кандашуда ва ё азҳамрехта берун ояд ва ё доруҳоеро [ҳамроҳ кунанд], ки ҳаракати доруҳои дигарро суст карда, онҳоро ба истодан [андар як ҷой] маҷбур кунанд, то аз ин роҳ онҳо кори худро пурра ба анҷом бирасонанд. Инҳо доруҳоеанд, ки ба сабаби равғаннокӣ ва часпакии хеш зудгузар ва гузаронанда нестанд ва ба изофаи он пазонанда буванд. Мисоли ин самғи баспоя аст. Бархе аз ин [доруҳои ҳамроҳшаванда] доруҳои зудгузари гузаронанда буда, мисоли онҳо мурч ва ғайра мебошад ва низ доруҳоеанд, ки андомро барои таъсирҳои гуногун ва ҳаракатҳои андар он баамалоянда қавӣ бисозанд. Ин гуна доруҳо доруҳои подзаҳрӣ буда, мисоли он сунбул, салиха ва ғайра буванд. Бархеи онҳо доруҳоеанд, ки мисли руббҳои меваҳо дорои хусусияти қабзкунандагӣ ва латифибахшӣ буда, қувваи андомро нигоҳ доранд. Гоҳе бо ин доруҳо доруҳое ҳамроҳ кунанд, ки бо хосият ва ё аз тариқи карахтиоварӣ фурӯнишонандаи дардҳоянд.
Ҳар гоҳ мо доруе бад-ин сифат мураккаб созем, қувваи табиӣ онро ба тасарруф дароварда, андар назди санг (503) ба кор бибарад ва доруҳои пешобтозонанда ва гузаронандаро баъди он, ки доруҳои зидди сангро бурда расониданд, нест кунад, вале пеш аз ин доруҳои пешобтозонандаро аз барои ба маҳалли санг расонидани доруҳои зидди он ба кор барад. Андар ин ҷо доруҳои боздоранда ва андар як ҷой нигоҳдорандаро аз барои боз доштани доруҳои зидди санг ва андар он ҷой нигоҳ доштани онҳо ба кор барад, то ки онҳо кори худро анҷом бидиҳанд ва доруҳои гузаронандаву пешобтозонанда онҳоро аз маҳалле наронанд, ки андар он ҷой то ҳангоми ба анҷом расонидани кори худ истоданашон лозим аст. Бинобар он қувваи ба кор баранда доруҳои гузаронандаро бекор созад, вале пеш аз ин онҳоро аз барои зуд ба назди санг овардани доруҳои зидди санг ба кор бибарад, то доруҳои зидди санг ба таъсири табиат гирифтор шуда, қувваи андар санг коракунандаи онҳо нотавон нагардад. Ҳар гоҳ доруҳои азҳамрезонанда ва беҷойсозандаи санг ба кор бурда шуданд ва онҳо кори худро анҷом доданд, [табиат] доруҳои боздорандаро бекор сохта, доруҳои пешобтозонанда ва гузаронандаро ба кор андозад.
Ҳар гоҳ дард шиддат ёбад, доруҳои карахткунандаро мувофиқи қонуне, ки андар таркиб додани доруҳо маъруф аст, ба кор бибаранд. Гоҳе мумкин аст андар як доруи танҳои сода бисёре аз ин хислатҳо ёфт шаванд. Акнун доруҳои азҳамрезонандаи санг ва берунсозандаи онро баршумарем ва онҳо бад-ин гуна буванд: бехи қуннабит,114 бехи марвиҷон, муқл, бехи беда, пӯсти бехи даҳмаст, нахӯди сиёҳ ва хусусан оби он, тухми хитмӣ, самари қаросиё (гелос), самғи дӯлона (андар дӯлона низ ин гуна қувват ҳаст), хори хасак, ки бехи он барои ин ғараз хуб аст, бехи ҳино, унсул ва сиркою сикангубини он, карафси кӯҳӣ, пудина, афсинтин, салиха, бехи хиёри даштӣ, шохаи баласон, донаи баласон, равғани баласон, ки шояд ниҳоят қавӣ бошад,115 тухми хиёри даштӣ, кангар, оби бехи он, са
қулуфандариюн, ду дирам пари сиёвушон бо оби турб ва карафс, бехи бедгиё, тухми созаҷ, садпайванд ва хусусан навъи румӣ, зираи даштӣ, бехи бантофилун ва оби он, камофитус, гесугуна, бехи морчӯба, тухми мушки замини мисрӣ, пӯсти бехи даҳмаст, тухми турб, сақурдиюн, сарнавдаи ҳазоргашон ва судоби даштӣ. Инчунин: панҷ дирам бураи арманиро гирифта, бо ангубин бисириштанд ва бо оби турб се рӯз ба бемор бидиҳанд. Низ, як мисқол сутироро бо оби нимгарм [бидиҳанд].
Бархе аз [пизишкон] чунин ёд кардаанд, ки агар ҳафтод дона мурчро нарм бисованд ва аз онҳо ҳафт қурс сохта, ҳар рӯз ба бемор як қурсӣ бидиҳанд, сангро бо пешоб берун орад. Андар писта низ қувваи аз ҳам резонидани санги гурда ҳаст. Бархе аз доруҳои ба ҳасби санги гурда қавӣ санги ҷуҳудон, мушктаромашир ва камофитус мебошанд. Аз ҷумлаи доруҳои ба таври мутлақ қавӣ хокистари каждум ва равғани каждум, [яъне] равғани зайтунест, ки каждумҳоро андар он карда, зери офтоб гузошта бошанд. [259] Инро ҳамчун тило ва ё аз тариқи рехтан бо обдуздак ба ҳангоми санги обгаҳ [ба кор баранд].
Аммо хокистари каждумро беҳтарин тариқаи [сохтан] чунин аст: қорураи ситабреро бо «гили ҳикмат» гилкорӣ кунанд, сипас каждумҳоро андар он ниҳода онро ба муддати як шаб ва ё камтар аз он андар танӯри гарм гузоранд, вале андар сӯхтани он набояд муболаға намуд.
Рӯзи дигар аз танӯр бигиранд. Обгина беҳтар аз сафол аст, зеро сафол қуввати доруро бикашад. Хокистари харгӯши забҳкарда низ ба ҳамин сифат буда, қавист ва як ошомиданияш ду дирам бувад. Оби он ниҳоят ҳалкунанда аст. Магаси шабтобе, ки сар ва дасту пойҳояш канда ва андар ҷогаҳи мисин зери офтоб хушконида бошанд, инчунин харотини хушк карда, обгинаи бо совидан орд карда ва хокистари обгина [ҳама судманданд]. Аз инҳо ҳам беҳтар ин аст, ки [обгинаро] бар кафлези оҳанини ғарбелмонанд тофта, сипас бар оби боқилӣ ниҳанд. Бахши оҳакгаштаи он андар об бирезад ва боқиро дубора тоб дода, то ҳамаи он ба хока табдил ёфтан [ба такрор чунин кунанд]. Сипас, хокаро суда чун гард бигардонанд.
Гоҳе ба бемор як мисқол аз инро бо дувоздаҳ мисқол оби гарм бидиҳанд. Беҳтарин обгина обгинаи сафеди равшан бувад.
Яке аз доруҳои ниҳоят қавӣ сангчаест, ки аз даруни исфанҷ ёфт шавад ва низ хуни хушконидаи нарбуз бувад.
Беҳтарини он хунест, ки ба ҳангоми ранг гардонидани ангур бигиранд. Як деги навро ёфта, онро бо об чандон бишӯй, ки табъи хокистарнокӣ ва намакнокии он биравад.
Агар дег сангӣ бошад, боз ҳам беҳтар бувад. Сипас, нарбузи чаҳорсоларо бар болои он дег гардан бизан ва аввалу охири хунашро бигузор [берун] бирезад ва танҳо миёнгини онро бигир. Сипас бигузор то баста гардад ва баъд онро ба пораҳои хурд реза карда, (504) аз он қурсҳо бисоз, бар тӯр ва ё пораи покизае бинеҳ ва андар офтоб зери осмони кушод гузошта, рӯяшро аз гарду ғубор бо ҳарир бипӯш.
Онҳоро андар маҳалле бигузор, ки албатта, нам нарасад ва ниҳоят хушк шаванд. Сипас ин қурсҳоро нигоҳ дор ва ҳар гоҳ бихоҳӣ, ки ба бемор бидиҳӣ, як кафча аз онро ҳангоми оромии дард бо шароби ширин ва ё бо оби карафси кӯҳӣ бидеҳ ва ҳодисаи шигифтовареро бибин. Яке аз доруҳои қавӣ хокистари пӯсти хояест, ки баъд аз ҷӯҷа берун омадан бигиранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор