Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Вале гоҳе пешоб аз оғози беморӣ тунук ояд. Нахуст ситабр омадани пешоб далели дурустии қувва ва фарохии маҷрост. Гоҳе баробари ин [андар пешоб] шини зиёде ҷой дошта бошад, ки ба шинҳои ҳангоми бемориҳои ҷигари дардманд баамалоянда монанд бувад. Пешоб ҳар қадар бисёртар равшан бошад, дертар равшан монад ва камтар шин дошта бошад, ба сахттар шудани санг далолат кунад. Гуфтаанд, ки каси тандуруст ва хусусан пир агар пешоби сиёҳи дарднок ва ё бедард кунад, ин огоҳӣ аз санг бидиҳад, ки андар обгаҳ падид ояд.
Андар ҳамаи ин гуна ҳолатҳо хулоса баровардан ҳангоме тамомият ҳамеёбад, ки агар шини регӣ мушоҳада кунӣ ва [258] ранги он рег ба сурхӣ ва зардӣ бигарояд. Агар [бемор] андар паҳна (қутн) гаронӣ ва чунин дардеро ҳис кунад, ки гӯё ягон чизе банд гардида бошад ва чун ҳаракат кунад, маҳалли ба устухони пушт пайваст ба сих задан дарояд, ин [нишона] хулосаи ёдшударо боз ҳам тақвият бидиҳад ва ин гуна [ҳис] бештар ба қавӣ будани қувват ва фарохии маҷро далолат кунад. Сахттарин дарди ба сабаби санги гурда баамалоянда ҳангоми нав падид омадани он, ки андар ин ҳангом санг [ҷирми андомро] даронда, худро ҷой кунад ва низ ҳангоми ҳаракат кардан, аз маҷро гузаштан ва хусусан аз маҷро ба сӯи обгаҳ гузаштан ҳис карда шавад. Гоҳе ҳангоми ҳаракат кардани бемор низ ба дард ояд. Аммо ҳангоми баста шудан ва ором гирифтани санг ва ҳангоми ором будани худованди он ва ба шарти набудани пурии зиёди фишордиҳанда ва ҷунбонандаи санг танҳо эҳсоси гаронӣ дарёфта шавад. Пурии таом, хусусан агар таом ба сӯи рӯдагон фуруд омада, аз онҳо гузашта бошад, сангро бештар дардангезанда бигардонад. Ҳар гоҳ шикам холӣ ва фазлаҳо аз рӯдаҳо ронда шуда бошанд, дард оромтар хоҳад буд. Нишонаи ҳаракати санг ин аст, ки дард гаронтару шадидтар шавад ва аз паҳна ба сӯи пайғулаи рон ва мезаной бигузарад. Андар ин ҷой санг ранҷро ба ғоят бирасонад ва ҳар гоҳ ин гуна дард ором ёбад, [далели он бошад], ки санг андар обгаҳ ҷойгир шудааст.
Фасли нуҳум андар баёни муолаҷа

Мо бояд андар ин ҷо дармонҳоеро ёд кунем, ки бархе хосси санги гурда ва бархе миёни санги гурда ва санги обгаҳ муштараканд ва сипас аз барои санги обгаҳ боби ҷудогонае оварда, дармонҳои алоҳида ва хосси онро баршумарем.
Ғаразҳое, ки пизишкон ҳангоми муолаҷаи санг пеши худ гузоранд, иборат аз он аст, ки нахуст аз тариқи буридани сабаб ва ислоҳ сохтани он моддаи сангро қатъ кунанд ва пеши зода шудани онро бигиранд, сипас онро аз ҳам резонда, бишикананд (502) ва бо ёрии доруҳои пешобронандаи коракунанда онро аз ҷой биҷунбонанд ва аз чизи даровехтааш ҷудо созанд. Баъд аз он онро аз тариқи латифӣ бахшидану тарӣ овардан берун оранд ва ин корро бо ёрии доруҳои пешобтозонанда ва ё аз тариқи кумакҳои беруна анҷом бидиҳанд. Сипас, ба тадбири ором сохтани дардҳои аз паси он ба амал оянда ва

ислоҳ сохтани решҳои ба ҳангоми он оризшаванда бипардозанд. Бархеҳо онро аз тариқи шикофтани тиҳигоҳ ва ё пушт берун оранд, вале ин ниҳоят хатарнок ва кори бехирадон аст.
Аз барои қатъи моддаи он нахуст аз тариқи истифроғ овардан бо ёрии исҳол ва ё бо ёрии қай омодагӣ ба амал оваранд, сипас аз ғизоҳои ситабр ва обҳои тира парҳез кунанд, ғизоро муътадил, меъдаро қавӣ ва гуворишро хуб созанд, бо шиками холӣ муътадил варзиш кунанд, миёнро сахт баста, молиш диҳанд ва табиатро нарм созанд, то ки хилтҳои ситабр ба равиши бироз бигарданд ва то бироз ба гурда фишор наоварад. Яке аз василаҳои аз барои ин ғараз судманд ин аст, ки бо ёрии тухмиҳои пешобтозонандаи обгаҳшӯянда пайваста пешоб битозонанд.
Аз ҷумла оби нахӯд, оби кангар, оби барги турб, худи турб ва хусусан [баргҳои] борики сабзи он аз барои ин ғараз хубанд. Ҳар гоҳ якчанд рӯз аз ин ҳолат бигузарад, доруҳои пешобтозонандаи қавиро ба кор баранд.
Андар бачагон падид омадани сангро гоҳе бо додани шароби тунуки сафеди омехта пешгирӣ кунанд. Эшонро ҳуқнаҳои муътадил бад-ин гуна судманд буванд, ки бирозро берун оварда, табиатро нарм кунанд ва андар таркиби онҳо доруҳои хосси сангҳо даромада, қувваи онҳо аз роҳи наздиктаре [ба гурда] рафта бирасад. Яке аз тадбирҳои боздорандаи падидоии санг аз паси таом қай овардан ва бештар ба кор бурдани он бувад, зеро қай фазлаҳои ситабрро аз роҳе берун ронад, ки акси роҳи ҳаракати онҳо ба сӯи гурдагон аст ва сӯи гурдаро пок бидорад. Гармоба ва обзан гоҳе сангро билағжонанд ва гоҳе моддаҳоро ба зоҳири тан кашида, аз сӯи гурда бигардонанд, вале агар бисёр ба кор бурда шаванд, қувватро беҳол кунанд ва қувваи гурдаро заиф созанд. Инчунин, агар [гармобаву обзанро] на ба ҳангоми ниёзмандӣ ба нармсозию ором сохтани дард ба кор баранд, ба сабаби нотавонӣ овардан гурдаро пазирои моддаҳои ба сӯяш тарованда бигардонанд. Бар пушт хобидан яке аз воситаҳоест, ки аз барои санг судбахшанд.
Фасли даҳум андар баёни доруҳое, ки сангро аз ҳам бирезонанд

Доруҳои азҳамрезонандаи санг бештар вақт доруҳои талх буда, чандоне гарм нестанд, ки боиси афзоиши сабаб бигарданд. Агар бурандагияшон ҳар қадар бештару гармияшон камтар бошад, ҳамон қадар беҳтар аст, вале бояд [доруи] обгаҳ назар ба [доруи] гурда хеле гармтар бошад.
Андар ин ҷо як ҷинс доруҳои дигаре ҳастанд, ки таъсири онҳо на ба гармӣ нисбат дорад ва на ба сардӣ, балки ҳар чи таъсир кунанд, бо хосият таъсир кунанд. Аз миёни доруҳои азҳамрезонандаи санг бархе ба қувват ва табъ чандон беандоза қавӣ нестанд, то сангҳои хурдро ва на чандон сахтро аз ҳам бирезонанд, бархе аз қабили санги ҷуҳудон ба ҳасби санги гурда ниҳоят қавӣ буда, вале ба ҳасби санги обгаҳ камқувват ва ё тамоман беқувватанд, бархе ба ҳасби санги гурда қавӣ буда, гоҳе андар санги обгаҳ низ таъсир кунанд ва бархеи дигар ниҳоят қавӣ буда, андар ҳар ду намуди санг таъсир кунанд ва мисоли ин гунҷишки бо номи «труғлудитес»113 маъруф ва хокистари каждум бувад.

пешина
аз 1215
навбатӣ