Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

[Инҳо] хусусан ҳангоме [моддаро мададгорӣ кунанд], ки гувориш ё ба сабаби нотавонии қувваи гуворанда, ё ба сабаби бисёрии чизи хӯрдашуда, ки қувваро пахш кунад ва ё ба сабаби бадтартибӣ ва бо шиками пур варзиш кардан нотавон шуда бошад. Гоҳе модда ин рими решҳое бошад, ки андар гурда ва ё андар ғайри гурда ҷой дошта бошад.
Аммо бандандаи модда заъфи қувваи ронандаи гурда бувад, ки он аз сабаби мизоҷ ё омоси гарм ва сурхбод ва ё аз сабаби реши гурда рӯй диҳад ва бинобар он фазлаҳо ва шинҳои бахши обии ба сӯи гурда омада андар он ҷой банд бигарданд. Ё ин гуна [банданда] шиддати гармие бошад, ки фазлаҳоро пеш аз ронда шудан регу санг бигардонад ва [ё] онҳоро пеш аз он, ки андар бахшҳои барсӯвини тан пурра пухта бошанд, ба сӯи гурда бикашад. Ин гармӣ ё доимист ва ё ба сабаби мондагӣ ва ё хӯрдани чизҳои тафсонанда ориз шуда бошад. Ё мумкин аст [баста шудани модда] ба суддаи аз сабаби ҷамъ шудани фазлаҳо ба амал омада, ё ба сардии қабзкунанда, ё ба омосҳои суддаоварандаи гарме, ки бисёр рӯй диҳанд, ё ба омосҳои сард ва сахт ва ё ба анбозии андомҳои наздик, аз қабили рӯдагон ва дигар андомҳо ҳангоме ки гурдаро фишор дода, андар он судда оваранд, вобастагӣ дорад. Ҳамаи ин чизҳои ёдшуда ҳангоми падид омадани санг андар обгаҳ низ ҷой доранд. Агар ду санг ҷуфт афтанд, санги гурда каме нармтар, хурдтар буда, бештар ба сурхӣ бизанад, вале санги обгаҳ сахттар ва хеле бузург буда, бештар ба тирагӣ, хокистарӣ ва сафедӣ бизанд. Вале гоҳе андар [обгаҳ] санги ковоки резонак зода шавад. Дигар ин ки аксар вақт санги гурда ҳангоме ба амал ояд, ки ҳанӯз пешоб накарда бошанд ва он дурди хунест, ки хун онро бо худ набурда, пас гузоштааст. Санги обгаҳ аксар вақт баъди ҷудо шудани пешоб ба амал омада, он шини пешобест, ки банд гардида бошад.112 Аксар касоне, ки ба санги гурда гирифтор шаванд, касони фарбеҳ буванд ва аксари онҳое, ки ба санги обгаҳ гирифтор оянд, лоғаронанд. Пиронро санги гурда беш аз санги обгаҳ рӯй диҳад, вале ҳоли бачагон ва касони ба синну сол баъди эшон буда баръакс аст. Аксар вақт [санги] обгаҳ миёни кӯдакӣ ва оғозёбии синни балоғат падид ояд, аз баҳри он ки қувваи ронанда андар бачагон ва барноён қавитар аст ва он [хилтҳоро] аз андомҳои барсӯвин ба сӯи андомҳои фурӯсӯвин биронад. Аммо андар пирон қувваҳои гурдаҳояшон ниҳоят заиф бигарданд. Дигар, аз баҳри он ки хилтҳои бачагон ва барноён аз ҳама тунуктаранд ва бинобар ин андар гурдаҳои эшон нуфуз кунанд. Аммо пиронро хилтҳо ситабртар буда, андар гурдаҳо нуфуз кардан натавонанд. Бештари сангҳое, ки андар бачагон падид оянд, ба сабаби бисёрхорӣ, бо шиками пур ҳаракат кардан, шир ошомидан ва ба са

баби тангии маҷрои обгаҳи эшон падид оянд, вале андар пирон ба сабаби нотавонии гувориш вобаста аст. Бинобар ин, Буқрот чунин ҳукм кардааст, ки санги андар пирон баамаломада беҳ нахоҳад шуд.
Ҳар пешобе, ки дорои хилти бештар аст, бештар қобили санг зодан бувад. Ин ҳамон гуна пешобест, ки агар онро бигузоранд, аз он намак падид омада, миқдори ин намак аз ҳама беш бошад, зеро намак аз бахши обие зода шавад, ки дорои бахши хокии бисёр буда, онро ҳарорат сӯхта бошад. Пешоби бачагон сернамактар аз пешоби пирон аст, на аз он сабаб, ки бахши хокии он бештар аст, балки аз баҳри он ки гармии он бештар буда, бахши хокияш бештар гирифтори сӯзиш бувад. Бинобар ин пешоби эшон ба сабаби омехтагии зиёд ва ба сабаби ковок будани баданҳои эшон ва бо андак ҳалшавӣ оби зиёде ба таҳлил харҷ кардан тира бувад. Аз бачагон аз ҳама беш (501) касонеро андар [гурда] санг падид ояд, ки аксар вақт хушктабиати гарммеъда бошанд. Табиати эшон аксар вақт аз баҳри он бихушкад, ки рутубатҳо ба сӯи ҷигар, сипас ба сӯи андомҳои пешоб кашида шаванд. Агар андар ин ҳол гармӣ ҷой дошта бошад, ин айни сабаби коргар хоҳад буд. Умуман, хушкии табиат пешобро ситабртару фузунтар кунад. Ҳар киро андар пешоб шини регӣ бисёр бошад, андар ӯ санг фароҳам нахоҳад омад, чаро ки моддаи [санг] банд нагардад ва низ мумкин аст бисёр ҳам набошад. Зеро агар он бисёр мебуд, пеш аз ҳама аз он санги бузурги сахте баста мегардид, вале мумкин аст сангҳои бисёр, лекин нарми резонак ба амал оянд ва агар чунин намебуд, ҳамроҳи пешоб [регҳои] ин қадар бисёр берун намеомаданд. Ҳар гоҳ сурати ҳол чунин бошад, маълум аст, ки модда на ба сабаби андар хеш буда ва на ба сабаби шиддати ҳарорате, ки аз он ба шакли ғайри азҳамрезанда санг бигардад, вобаста нест ва ин бар қувваи ронанда далолат кунад. Ин ҳукм ҳукми бештарии ғайри зарурист.
Бидон, ки кам рӯй бидиҳад, ки духтарон ва занонро хусусан андар обгаҳ санг падид ояд, аз баҳри он ки маҷрои обгаҳи эшон ба сӯи берун кӯтоҳтар, фарохтар ва камтар пурпечухам аст ва маҷрои кӯтоҳро он гуна осонии рондане аст, ки маҷрои дарозро набошад. Бархе аз худовандони сангро ба таври навбатӣ падид омадани санг ва бо пешоб берун шудани он рӯй диҳад. Ӯ ҳангоми фароҳам омадани санг ва қариб бо пешоб берун шудани он ба беморие чун қулинч гирифтор ояд. Муддати ин гуногун буда, аз як моҳ то як сол бикашад. Ҳар ки ба кашидани дарди сахти санги бузург одат карда бошад, дардҳои дигари обгаҳро бисёр сабук дарёбад. Ин далели он аст, ки андоми ӯ қобили зуд омосидан нест, чунки на аз сабаби ин гуна санг ва на аз сабаби дарди сахт варам накунад ва бемор ба дарди санг бо вуҷуди бузургии он тоб оварад. Вале агар ҳар кадоми ин ду ҳолат ба алоҳидагӣ рӯй медод, ногузир боиси омосидани андом мешуд. Бидон, ки санги гурда ва обгаҳ яке аз бемориҳои ирсист.
Фасли ҳаштум андар баёни нишонаҳои санги гурда

Нахустин нишонаи санги гурда андар пешоб падид ояд,
яъне агар пешоб нахуст ситабр буда, сипас ба сабаби банд гардидани бахши тира андар гурда ба тунук шудан оғоз кунад ва равшан шудан гирад, аз ин ҳадс бизананд, ки санг падид омадааст.

пешина
аз 1215
навбатӣ