Қонуни тиб

Бисёр бошад, ки сахт бастани ҳамён (банди эзор) андар гурда дарду ҳарорат аз худ боқӣ монад.
Фасли севвум андар баёни нишонаҳое, ки аз тариқи онҳо бар ҳолати гурда огоҳӣ ёбанд
[Бар ҳолати гурда] аз тариқи миқдор, тунукӣ ва ранги пешоб ва чизҳои бо он омехта, аз тариқа ҳолати ташнагӣ, аз тариқи ҳолати шаҳвати ҷимоъ, аз тариқи ҳолати миён ва дардҳои он, аз тариқи ҳолати соқҳо, аз тариқи худи дард, аз тариқи чигунагии он ба ҳангоми ламс, аз тариқи чизҳои созгору носозгори он огоҳӣ пайдо кунанд.
Бемориҳои гурдаро кампешобӣ ёр бувад ва аз бемориҳои ҷигари ҳаммонанди хеш бо он фарқ кунанд, ки иштиҳо тамоман афтида набошад. Ҳар киро пешоби бисёре ояд, ки бар сари он ҳубобҳо бар шаванд, андар гурдаи ӯ иллат бувад.
Худованди пешоби пухтае, ки шини гӯштӣ, мӯӣ ва говдонамонанд дошта бошад, низ ҳамин гуна аст, зеро пухтагӣ пеш аз [расидан ба] гурда бувад. Лекин агар пухтагӣ ниҳоят зиёд ва ҳамроҳи он чизҳои дигаре низ бошанд, бояд ҳадс бизад, ки иллат андар обгаҳ аст, вале агар пухтагӣ камтар аз он бошад, пас, [иллат] андар гурда бувад. Агар пухтагӣ набинӣ, чунин ҳадс бизан, ки саргаҳи беморӣ андар ҷигар аст, зеро пухтагӣ ба сабаби [андомҳои] барсӯвин ба амал ояд ва агар онҳо тандуруст набошанд, пухтагӣ низ нахоҳад буд. Агар ҳеҷ офате андар онҳо намебуд, нопухтагӣ ҳам намебуд.
Фасли чаҳорум андар баёни далели гармии гурда
Бар гармии гурда аз тариқи пешоби рангини сурху зард, аз тариқи камии пиҳи [гурда], аз тариқи он чи ки ба ҳангоми ламс дарёбанд, аз тариқи омосҳое, ки зуд ба сӯи он шитобанд, масалан, омосҳои гарм ва диёбетуси гарм, аз тариқи қувваи шаҳвати ҷимоъ ва аз тариқи бисёрии ташнагӣ огоҳӣ пайдо кунанд.
Фасли панҷум андар баёни далелҳои сардии гурда
Бар ин сафедии пешоб, набудани шаҳвати ҷимоъ, беқувватии миён ва будани миён ба сони миёни пирон далолат кунанд. Бисёр бошад, ки андар гурда бемориҳои сард падид оянд ва сардӣ ӯро зиён дошта бошад.
Илоҷи тафсонии гурда. Инро бо ошомидани шири хар ва бузе муолаҷа кунанд, ки ба ин [ҳайвонҳо] тараҳои сардмизоҷ хӯронида бошанд. Агар бими зода шудани санг набошад, бо дӯғи гов дармон кунанд, вале агар бими [санг] бошад, оби дӯғро ба кор баранд, зеро он тафси гурдаро хеле хуб шиканад. Инчунин, ҳамаи он фишурдаҳо ва луобҳоеро [ба кор баранд], ки худ ҳамедонӣ. Агар бо инҳо ҳуқнарезӣ кунанд, бештар суд хоҳанд бахшид. Гоҳе чун бо оби сард ва равғани донаи хиёри дароз ҳуқна бирезанд, таъсири хуб бирасонад. Ҳамчунин, зимодҳои аз ин доруҳо сохташуда ва молидани равғанҳои сард [низ судманданд]. Кофурро андар сард сохтани гурда таъсири бузургест. Умуман, ташнагӣ ба ҳангоми ин гуна мизоҷ думодум рӯй диҳад ва раво нест, ки беморро аз ошомидани оби сард боз доранд.
Илоҷи сардии гурда. [252] Бо равғанҳои гарм, бо
пиҳҳои гарм, бо равғани зарди гов, равғани кунҷид, равғани гавз, калкалонаҷ, равғани бодоми талх ва равғани хасакдона, бо оби ҳулба, шибит, оби каллашӯрбо, шӯрбои мурғ ва ғайра ҳуқна рехтан аз барои ин судманд бувад.
Низ аз берун молидани пиҳи рӯбоҳ, пиҳи кафтор, равғани даҳмаст, равғани гавзу писта ва хусусан равғани қуст [суд дорад]. Гоҳе аз ин обҳо ва равғанҳо ба ҳасби лозимӣ нимгӣ гирифта, ба ҳам ҷамъ созанд ва ҳуқна бирезанд. Инчунин, аз доруҳои гармиоварандае, ки онҳоро донистӣ, зимодҳо созанд. Каммунӣ ҳангоми муолаҷаи сардии гурда, хусусан агар доруҳои таркиби он хуб совида шуда бошанд, суди бузурге дорад. Ҳуқнаи равғани қуст ниҳоят қавист ва баъди он ҳуқнаи равғани сақиздона ва писта биистад. Агар бо равғани дунба ҳуқна бирезанд, (490) аз барои гарм сохтан ва қувват додани гурда дармони хубе хоҳад буд.
Фасли шашум андар баёни лоғар шудани гурда
Гоҳе гурдаро лоғарию гудозиш рӯй диҳад ва пиҳи он бикоҳад ва гузашта аз ин гоҳе ба иллати бадмизоҷӣ, бисёрии ҷимоъ ва истифроғ пиҳ нест шавад.
Нишонаҳо. Нишонаҳои ин афтидагии шаҳвати боҳ, сафедии пешоб, тохтани он, беқувватии устухони пушт ва нарм дард кардани он буванд. Гоҳе баробари ин танро ҳам лоғарӣ падид ояд.
Илоҷ. Аз барои ин бо шакар хӯрдани мағзҳои масалан, бодом, норгил, фундуқ, писта, хашхош, нахӯд, боқилӣ ва лӯбиё ва хӯрдани, масалан, пиҳҳои мокиёну ғоз ва пиҳи гурдаи буз ва [инчунин] нони равғании гарм судманданд.
Бо ҳамаи инҳо доруҳои пешобтозонанда ва гармдоруҳои қувватбахшанда ҳамроҳ кунанд, то ки доруҳои пешобтозонанда ҳамчун василаи расонидан ва гармдоруҳо ҳамчун ҷунбонандаи қувват бошанд. Гоҳе бо онҳо масалан, лок ва он чизҳое биомезанд, ки дорои часпакию равғаннокиянд, то гавҳари гӯштро қавӣ созанд. Аз барои ин ошомидани шири гов ва шире судманд аст, ки бо сеяк ва ё чаҳоряки он аз тарангубин ҷӯшонида шудааст. Агар гурдаро кӯфта, пазанд, хушбӯӣ бизананд ва бар вай дегафзорҳо ва хушбӯиҳои фарбеҳкунандаю қувватбахшанда афкананд, нофеъ бувад. Ин гуна [беморонро] ҳуқнаҳое судманд аст, ки аз [оби] гӯштҳои барра, мурғчӯҷа ва сари гӯспанд бо равғанҳои хушбӯй, равғанҳои мағзи [донаҳои] ёдшуда ва хусусан равғани дунба созанд. Агар андар онҳо гурдаи фарбеҳ ва чизҳои ба он монандро ҳамроҳ кунанд, судманд хоҳанд буд.
Нусхаи як ҳуқна. Сари гӯспанди фарбеҳро андар дег карда, бар вай якуним қист об рехта, сари дегро гил бимоланд ва як шабу як рӯз андар танӯр биниҳанд, то гӯшт аз устухон ҷудо шавад ва гузашта аз ин устухон қариб аз ҳам бирезад. Сипас бо он равғани зард ва занбақ ва миқдоре аз фишурдаи гандано ҳамроҳ кунанд. Агар ҳамроҳи он бодинҷон,106 хори хасак, муғос, шанбалит, тухми хашхоши кӯфта ва миқдоре107 аз пиёзро биҷӯшонанд, хеле хуб хоҳад шуд. Агар ба гармсозии беандоза эҳтиёҷ бошад, андар он равғани беданҷир ва равғани қуст ва аз барои муътадил сохтан равғани хасакдона афкананд. Инчунин, ҳуқна рехтан бо шири гарми нав дӯшида сахт судманд аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор