Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Агар ба каме гарм кардани он бар оташ эҳтиёҷ бошад, низ чунин кунанд. Мо андар Қарободин ҳуқнаҳои дигаре ва маъҷунҳои аз мағзҳои [донаҳо] сохташударо ёд кардаем.
Фасли ҳафтум андар баёни нотавонии гурда

Гоҳе нотавонии гурда ба ягон бадмизоҷие вобаста аст ва аз ҳама бад ин аст, ки он мустаҳкам гардида бошад. Ё мумкин аст ба сабаби лоғарӣ ва ё мумкин аст ба сабаби фароху кушода шудани маҷроҳои он ва суст шудани фишурдагии қивоми гурда ба амал ояд. [Намуди ахири] нотавонӣ хосси гурда аст ва ин ҳамон нотавониест, ки ба сабаби он гурда бахши обиро аз чизҳои ҳамроҳи он ба сӯяш омада пок кардан натавонад. Гоҳе мумкин аст рагҳо солим бошанд ва гоҳе не. Сабаби ин, масалан, бисёр ҷимоъ кардан, бисёр ба кор бурдани чизҳои пешобтозонанда, бисёр омадани пешоб, аспдавонӣ ва номунтазам ва аз ғайри одат савора рафтан мебошанд, ки [ҳамаи инҳо] аз қабили чизҳои ранҷоварандаи гурда ва садмарасонандаи он ба шумор бираванд. Бисёр рост истодан, муддати дароз ва хусусан пиёда сафар кардан низ аз ҳамин қабиланд.
Нишонаҳо. Бар заъфе, ки ба сабаби мизоҷ аст, нишонаҳои мизоҷ ва бар заъфе, ки ба сабаби лоғарист, нишонаҳои лоғарӣ далолат кунанд. Ба ҳангоми он заъфе, ки аз сабаби фарохшавии маҷроҳо ва ковок шудани гавҳари гӯштии гурда рӯй диҳад, ба ҷуз гоҳ-гоҳе дард ҳис карда нашавад ва ба ҳангоми он иштиҳои таом бикоҳад.
Андар бештари ҳолатҳо пешоб пеш аз гувориш ва гузаштани [ғизо] ба сӯи рагҳо обакӣ бошад, вале ҳар гоҳ ки ғизо ба сӯи рагҳо бигузарад, аксар вақт ҳамроҳи пешоб хун ва рутубатҳои ситабри бештар берун оянд. Бисёри пешоби ин гуна [беморон] мисли оби гӯштшустаи ситабр бувад, аз баҳри он ки гурда аз чизҳои ба сӯяш таровида ғизо нагирифта ва бахши ситабрро аз тунук ҷудо накарда бошад. Бисёр вақт чунин ориз бигардад, ки бахши хунӣ ба зер нишаста, чизе шабеҳ ба кафки дарё бар сари пешоб бигардад. Ин ҳангоме бошад, ки рагҳо солиманд, вале агар онҳо солим набошанд, ҳеҷ чизе ҷудо нашавад, балки пешоб ба сабаби сустии пухтагӣ ба ҳоли хеш бимонад. Заъфи гурда, ҳар гунае набошад ва лоғарии он боиси коҳиши пешоб, ҷимоъ кардан натавонистан, заъфи биниш ва сардард бигарданд.
Илоҷ. Заъфе, ки (491) аз сабаби мизоҷ аст, илоҷи он илоҷи мизоҷ буда, онро бигардонанд ва агар модда бошад, онро ба истифроғ оранд. Оне, ки ба сабаби лоғарист, илоҷаш илоҷи лоғарист. Ба ҳангоми заъфе, ки ба сабаби фарох шудани [маҷроҳо] ба амал ояд ва он заъфи ростинӣ бувад, бояд оҳанги боз доштани сабабҳои фарохшавӣ ва фишурдагию тақвият додани [гавҳари гурда] намуд. Боз доштани сабабҳои фарохшавӣ, ин яъне тарки ҳаракату ҷимоъ кардан, парҳез намудан аз гармобаи зиёд, осудагию оромӣ гузидан ва дурӣ ҷустан аз чизҳои пешобтозонанда бувад. Аммо фишурда сохтани [гавҳари гурдаро] бо ёрии ғизоҳо ва доруҳои часпакиоварандаи қабзкунанда ва часпон ба амал оваранд. Аз ғизоҳо, масалан, пист, хурмои қасб, дӯлона, биҳӣ, норвои бо донаи мавиз ва пиҳи буз сохташуда, масусҳо ва қарисҳои

масалан, аз донаи анор, фишурдаҳои туруш ва нордон сохташуда, сиркои хушбӯй, кашниз ва дигар чизҳои бадинҳо монанд ва аз шаробҳо набизи мавизӣ ва тундро [ба кор баранд].
Аз доруҳо, масалан, фишурдаҳои қабзкунандаро омехта, бо гили арманӣ ва самғ, зимодҳои аз пист, хурмои қасб, биҳӣ, гул ва монанди инҳо сохташуда ва марҳамҳои андар [боби] заъфи ҷигар ва меъда ёдшударо [ба кор баранд]. Аз ҷумлаи чизҳои қависозанда ғизоҳо, ҳуқнаҳо ва маъҷунҳои фарбеҳсозандае буванд, ки андар боби лоғарӣ ёд шудаанд, вале бояд андар онҳо доруҳои қабзкунанда ҳамроҳ намуд. Масалан, андар ҳуқнаҳои ёдшуда хурмои қасб ва биҳӣ афкананд ва андар зимни онҳо ширҳои шутур ва мешро ба кор баранд, зеро инҳо гурдаро қавӣ, ҷамъ ва инчунин фишурда бисозанд. Шири меш хусусан агар бо гили арманӣ омехта бошад, аз барои иллатҳои гурда ва аз сабаби заъф буда беназир аст. Хӯрдани гурда бо дигар хӯрданиҳо ва омехта бо чизҳои [аз барои гурда] судманд бисёр манфаатнок аст.
Фасли ҳаштум андар баёни боди гурда

Гоҳе андар гурда боди ситабре зода шуда, ӯро аз ҳам бикашад. Ба бод будани он дард ва азҳамкашидагии бе гаронӣ ва набудани нишонаҳои санг далолат кунанд. Ба ҳангоми бод як андоза ҳаракат кардани [дард] ҳис карда шавад ва он баъди тиҳӣ шудани шикам ва гувориши хуб бикоҳад.
Илоҷ. Бояд аз ғизоҳои дамоваранда парҳез кунанд ва аз доруҳои пешобтозонанда ва бодҳалкунанда, масалан, тухмиҳо, тухми судоб ва тухми панҷангуштро ба ҳасби тақозои ҳол андар оби ангубин ва ё андар гулоб карда биошоманд. Масалан, аз зира, бобуна, шибит ва судоби хушк зимодҳо бигиранд ва [гурдаро] бо равғани қуст, занбақ ва ғайра гармибандӣ кунанд.
Фасли нуҳум андар баёни дарди гурда ва дармони он

Дард мумкин аст аз сабаби омос, ё бод, ё санг, ё нотавонӣ ва ё решҳои [гурда] ба амал ояд. Гоҳе аз паси дардҳои [гурда] заъфи азхудкунии ғизо, афтодагии иштиҳо ва маниши гаштан мушоҳада шаванд. Нишонаҳои ин бахшҳои ёдшуда ва дармонҳои онҳоро донистӣ.
Ҳар гоҳ дард шиддат ёбад, бояд [нахуст], масалан, филуниё, қурсҳои ситора ва доруҳои бад-ин равиш бударо ба кор барӣ, то дард ором ёбад, сипас ба муолаҷа бипардозӣ.
Обзанҳо ва хусусан он обзанҳое аз барои дардҳои гурда сахт судманданд, ки андар онҳо доруҳои нармкунанда ва фурӯнишонандаи дардро ҷӯшонида бошанд, чунонки мо инҳоро [253] андар бобҳои [гузашта] ёд кардем. Фундуқакҳои тухмиҳо яке аз доруҳоеанд, ки ба ҳангоми муолаҷаи гурдаву обгаҳи хусусан решнок аз истеъмоли онҳо чора нест, лекин ба кор бурдани тухмиҳо ҳангоми дард хатарнок аст, аз баҳри он ки онҳо [хилтҳои бадро] фурӯ хамонда ба таровиш оваранд. Ба муҷиби хирад аз доруҳои карахткунанда низ бояд дурӣ ҷуст. Бигузор аз барои ором сохтани [дард] танҳо ба истеъмоли оби нимгарм кифоят карда шавад, вале на ба муддати дароз, чаро ки боиси карахтӣ ва кашида шудани [хилтҳо] хоҳад шуд.

пешина
аз 1215
навбатӣ