Қонуни тиб

Фанни ҳаждаҳум
АНДАР баёни
ҳолатҳои гурда,
ки аз ду мақола иборат аст
Мақолаи нахустин
андар баёни ҳукмҳои ҳамагонии гурда
ва шумориши онҳо, ки шомили якчанд фасл аст
Фасли нахустин
андар ташреҳи гурда
Гурда ҳамчун афзоре офарида шудааст, ки хунро аз бахши зиёдатии об пок созад ва чунонки баён кардем, нахуст бад-он об ҳоҷат буд ва чун хун бипазад ва истеъдоди андар тан гузаштан касб кунад, ин ҳоҷат аз миён бархезад ва инро пеш аз ин донистӣ. Азбаски ин бахши обӣ ниҳоят зиёд буд, воҷиб омад ё як андоми бузург ва ё як ҷуфт андоме офарида шавад, ки онро пок карда, ба сӯи хеш бикашад. Агар он бузургу ягона мебуд, тангию заҳмат меовард, бинобар он ба ҷои як ду офарида шуд. Андар дугонагии он манфаати ҷуфт, дубахшӣ ва дорои бахшҳои зиёди беш аз як офаридани андомҳо ҷой дорад, аз баҳри он ки агар якеро офат бирасад, дуввумӣ ё қисман ва ё пурра кори онро анҷом бидиҳад.
Аз барои якчанд манфаат гавҳари ҳар ду эҳтиётан ҷомеъу фишурда [офарида шудаанд]: якум ин ки ба сабаби ҷомеъ будан ҳаҷми хурд ҳосил шавад; дуввум ин ки то чизи ғайри тунукро кашида ба худ нагирад; ва севвум ин ки то қавигавҳар бошад ва ҳар бор аз бахши обии тезе, ки аксар вақт бо хилтҳои тез ҳамроҳ аст, мутаассир нагардад.
Азбаски гурдаҳо ин гуна офарида шудаанд, ду раги варидӣ андар гузаргоҳҳои миёни онҳо ба осонӣ бираванд ва ҷои онҳо аз барои андомҳои андар он ҷой вазъ шуда холӣ бимонад. Гурдаи рост бартар аз гурдаи чап аст, то ба ҷигар бештар наздик бошад ва аз он ҳар чи бештар кашидан битавонад. Бинобар ин вай ба ҳадде наздик аст, ки қариб ба ҷигар бирасад ва воқеан ба фузунии аз он сӯй будаи ҷигар ҳамерасад. Гурдаи чап фурӯтар аст аз баҳри он ки аз бари чап испурч вайро тангӣ оварад ва низ аз баҳри он ки то бахши обии кашидашаванда андар миёни ду бахши ба ҳам баробари гурда роҳгум назанад, балки нахуст ба сӯи наздиктар ва сипас ба сӯи дуртари онҳо кашида шавад. Ҳар ду гурдаро бари фурӯрафта рӯбарӯст ва бари кужи онҳо аз сӯи устухони паҳна бувад. Андаруни ҳар як гурда тиҳигоҳ аст ва бахши обӣ аз тариқи раги барояндае ба сӯи ин [тиҳигоҳ] кашида шавад, ки бад-он ҷой пайваст буда, кӯтоҳ аст. Сипас ин [об] андак-андак аз даруни гурда ҷудо шуда, аз тариқи мезаной ба сӯи обгаҳ биравад ва пеш аз ин гурда ҳар қадар битавонад, фазлаҳои хунии
ҳамроҳи ин об бударо пурра пок созад. Гурда аз ин чизҳои ҷудокарда барои худ ғизо бигирад ва фазлаҳои онро берун ронад. Чунки бахши обӣ тамоман поку холис ба сӯи гурда намеояд, балки ба шакле ояд, ки ҳанӯз андар он бахши хуние ба ҷой бувад ва оберо монад, ки андар он гӯштро бағоят шуста бошанд. Бад-ин сабаб ҳар гоҳ гурда заиф шавад ва [обро] пок кардан натавонад, ин бахши обӣ бо бахши хунӣ берун ояд. Ҳамчунин, агар ҷигар заиф бошад ва бахши обиро аз хунӣ ба андозаи боиста ҷудо кардан натавонад, ҳамроҳи бахши обӣ беш аз андоза бахши хунӣ бигузарад. Бинобар ин миқдори бахши хунии ҳамроҳи он буда беш аз андозае бигардад, ки гурда андар ғизо гирифтан бад-он ниёзманд аст ва андар ин ҳангом низ он чи ки аз он ҳамроҳи пешоб берун ояд, мағзобавӣ буда, шабеҳ ба мағзобанокии [пешобест], ки ҳангоми ғизо гирифтан натавонистани гурда берун ояд.
Ба сӯи гурда як асаби хурде омадааст, ки пардаи гурда аз он офарида шуда бошад. Аз сӯи «дарвоза»-и ҷигар як раги варидӣ ва аз шараёни ба сӯи ҷигар раванда як шараёни начандон хурде бо гурда пайвастаанд.
Фасли дуввум андар баёни бемориҳои гурда
Гурдаро мумкин аст бемориҳои мизоҷ, мумкин аст бемориҳои таркибӣ аз қабили хурдию бузургии миқдор ва аз қабили судда, ки бемории санг аз ҷумлаи он бувад ва мумкин аст бемориҳои гусастагии пайвастагӣ аз қабили (489) решҳо, хӯра, бурида шудани рагҳо ва боз шудани [даҳони] онҳо ориз бигарданд. Ҳамаи инҳо ё андар худи гурда ва ё андар маҷроҳои миёни ӯву дигар андомҳо ҷойдошта рӯй диҳанд, вале [намуди ахир] кам ба амал ояд. Ҳар гоҳ андар он маҷроҳо суддае аз сабаби хун, ё хилт ва ё санг ориз бигардад, андар муолаҷа бо гурда анбозӣ кунад. Агар бемориҳои гурдаи чи гарммизоҷ ва чи сард зиёд бигарданд, ҷигар ба ҳадде заиф шавад, ки ба истисқо бурда бирасонад.
Ҳар гоҳ бибинӣ, ки худованди дардҳои гурда пешоби часпаку шилмнок кунад, бидон, ки маҳз ҳамин ҳол бо кашидани моддаҳои бад [ба сӯи гурда] сабабгори афзоиши дардҳои он шуда бошад ва гоҳе аз ин санг зода шавад. Бемориҳои гурда ҳам аз тариқи пешоби ситабри шиндор ку шода шаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор