Қонуни тиб

Гоҳе чунин [касонро] чашм сурх ва гоҳе тираранг бигарданд, гоҳо шикамашон таранг шуда, мисли касони ба истисқо гирифтор шаванд ва гоҳе эшонро исҳол ориз бигардад. Ба ҳангоми кирмҳои паҳн ва гирд аксар вақт иштиҳо авҷ гирад, аз баҳри он ки андар бештари ҳол ин гуна [кирмҳо] аз меъда дур ҷойгир буда, ба он зиён наоваранд, вале ғизо бирабоянд ва ба ҳангоми гуруснагӣ харакатҳои ранҷовари газандае бикунанд, ки аз он қувват беҳол шавад ва андар гирди ноф сустию буридагӣ ба амал ояд. Далели кирмҳои хурд хориши мақъад ва пайваста хорхори он бувад. Гоҳе ин ҳолат ба ҳадде шиддат ёбад, ки беҳушӣ оварад. Худованди ин гуна [кирмҳо] ба ҳангоми андар рӯдааш ҷамъ шудани онҳо андар зери сари устухонҳои паҳлу ва андар пуштмозаи хеш гаронӣ ҳис кунад. Яке аз тадбирҳои барои ҳамаи ин гуна [беморон] судманд пеш аз хоб каме сирко дам кашидан бувад.
Илоҷ: Мақсади андар муолаҷаҳои кирмон пеш гирифта аз он иборат аст, ки онҳоро аз он моддаҳои хӯрокии ёдшудае маҳрум созанд, ки аз онҳо зода шаванд, балғамҳоеро пок кунанд, ки андар рӯдагон фароҳам омада, кирмҳо бизоянд ва кирмҳоро бо доруҳое бикушанд, ки ба нисбати онҳо заҳранд. Ин гуна [доруҳо] талхмаза буда, бархе гарм ва бархе сарданд ва мо онҳоро ёд хоҳем кард.
[Инчунин], доруҳоеро ба кор баранд, ки ба хосият таъсир кунанд. Сипас, агар кирмҳоро баъд аз кушта шудан табиат худ ба худ берун наронад, онҳоро аз тариқи исҳол овардан берун кунанд. Баъди мурдан ва бироз шудан андар шикам набояд онҳо дер бимонанд, зеро бухори онҳо зиёнвару заҳрнок хоҳад шуд. Доруҳои талхи то ба дараҷаи севвум гарм ҳама вақт аз барои тадбири онҳо бештар созгоранд, вале ба шарте, ки андар ин миён таб ва ё омосе набошад. Доруҳои талхи гарм бо гармӣ зидди мизоҷи [кирмҳо] бароянд ва бар зидди кайфияте, ки кирмҳо аз ҳама беш толиби онанд, яъне равғаннокию ширинӣ, бикӯшанд. Аз миёни доруҳои ошомиданӣ ва ҳуқнаҳо доруҳое ёфт шаванд, ки дорои ҳар се хислатанд. Доруҳои ба зер баргирифтанӣ кирмҳоро аз куштан дида бештар берун оваранд, вале кирмҳои хурди андар рӯдаи рост ҷойдоштаро (476) [бикушанд]. Гоҳе доруҳои ба зер баргирифтаниро аз ҷинси равған ва ширинӣ созанд, то ки кирмҳо аз сари дӯстдорӣ ба он дарафтанд ва бо берун сохтани он берун оянд. Ҳангоми тиҳӣ будани шикам беҳтар он аст, ки бо доруҳои ошомиданӣ муолаҷа карда шаванд. Агар андар шир, кабоб ва ғизоҳое, ки кирмҳо ба хӯрдани онҳо бисёр шавқ доранд, заҳрҳои кушандаи кирм ҳамроҳ кунанд, ин гуна чизҳо кирмҳоро бештар хоҳанд кушт. Гоҳе ба худованди кирмон, масалан, ду рӯз шир бидиҳанд ва рӯзи севвум андар шир доруи кирмкушанда ҳамроҳ карда бидиҳанд. Гоҳе пеш аз [дору] бемор пораи кабобро бимакад ва кирмҳо ҳар гоҳ бӯи онро дарёбанд, ба макидани чизи аз кабоб фурӯ бурда бипардозанд. Сипас, чун баъди он дору бидиҳанд, кирмҳоро бештар бикушад. Ҳангоми ба кор бурдани ҳуқнаҳои заҳрноки кирмкушанда, агар бар меъда доруҳои қабзкунанда ва хусусан дорои қувваи кирмкуширо тило кунӣ, беҳтар хоҳад буд ва мисоли онҳо тутум, таросис ва ақоқиёи андар шароб гудохта ва инчунин кабару шибит бо шароб буванд. Агар [бе
морон] тоби қабзкунандагии ин доруҳо надошта бошанд, пас, гили набиштаро бо шароб тило бояд кард. Ҳар гоҳ доруҳои кирмӣ биошомӣ, бояд ҳар ду сӯрохи биниро сахт бибандӣ ва ҳар қадар ки битавонӣ, на нафас барорӣ ва на нафас кашӣ, зеро агар чизе аз бӯи он бо нафас наомезад, беҳтар хоҳад буд. Яке аз илоҷҳои ба муолаҷаи кирмон вобаста ба ислоҳ овардани иштиҳоест, ки афтида бошад.
Гоҳе андар таркиби зимодҳо ва доруҳои ошомиданӣ чизҳое бидароянд, ки ба изофаи кирм куштану онро берун сохтан иштиҳоро низ қувват диҳанд. Мисоли ин сабр бо ҳамроҳи афсинтин аст, ки ё ҳаббҳои аз ин ду сохтаро биошоманд ва ё миқдоре аз ин дуро тило кунанд. Сабри ҳамроҳи руббҳои туруш низ ҳамин гуна бувад.
Гоҳе ба изофаи кирмҳо исҳол омада, танҳо ба куштани онҳо эҳтиёҷ афтад, аз баҳри он ки ҳаракати табиат худ онҳоро берун хоҳад кард. Гоҳе агар ҳамроҳи кирмҳо исҳол ояд ва бими афтидани иштиҳо бошад, ин гуна ҳолат тақозои он кунад, ки онҳоро бо доруҳои қабзкунандаи талх бикушанд, то кушташавию бастани табиат якҷоя ба амал оянд ва ин [корро] хусусан бо ёрии зимодҳои қабзкунандае ба иҷро расонанд, ки то андозае кушандаи кирмон буда, вале иштиҳоро наафтонанд. Баъди он кирмҳо ё аз тариқи рондани табиат ва ё бо ёрии доруи ошомиданӣ ва ё ба зер баргирифтанӣ берун оянд. Гоҳе мумкин аст баробари онҳо андар андомҳои дарунӣ омосҳое низ мавҷуд бошанд ва эҳтиёҷ ба тадбири латифсозанда биафтад.
Доруҳое, ки кирми «кадудона» бикушанд, қавтиар аз доруҳоеанд, ки кирмҳои дарозро бикушанд ва он доруҳое, ки кирми «кадудона» ва кирми гирд бикушанд, кирмҳои дарозро низ куштан битавонанд. Сабаб ин аст, ки кирмҳои «кадудона» аз доруи ошомиданӣ дуртар буда, аз ҳама бештар бо рутубатҳо печидаанд ва гоҳе андаруни кисае ҷой доранд. Сабаби дигар ин аст, ки онҳо аз моддаи бештар ситабру фишурда ва бештар ба мизоҷи гарм наздику [245] ба моддаи заҳрӣ монанд зода шудаанд. Бинобар ин, онҳо аз ҳамшакли хеш то агар ба ифрот набошад, мутаассир нахоҳанд шуд.
Фасли дуввум андар баёни доруҳои гарме, ки кирмон ва хусусан кирмҳои дарозро бикушанд
Доруҳои сода, масалан, инҳост: фаросиюн; қардамоно,
ки аз он як мисқол биошоманд; дермана; боқилии мисрӣ;
мурр; салиха; пудина ва фишурдаи он; донаи даҳмаст;
қусти талх; афитимун; хасакдона; наъно; қанбил; камофитус; қантуриюн; мушктаромашир; хусусан сир, ки гоҳе «кадудона»-ро бикушад; тухми бодиён; мӯрд; саътар;
фуфил; афсинтин; тухми каранб; пӯсти ғарб; бехи росани
хушк карда, ки аз он се уқия биошоманд; зираи бирён; бӯмодарон; ҳар ду намуди азиз; анисун; тухми карафс; тухми сипандон, ки андар боби худ қавӣ бувад; сиёҳдона;
тухми сармаҷ, ки кирмҳоро ба изофаи куштан ба исҳол
оварад ва печаку баспоя низ ҳамин гунаанд. Беҳтарин чизе, ки бо он кирмҳоро баъд аз куштан ба исҳол оваранд,
сабр аст. Агар одам аз равғани зайтун ба миқдори ниҳоят
зиёде, ки ошомидани он мумкин бошад, биошомад, кирмҳоро кушта берун орад. Хусусан равғани зайтуни норасида кирмҳои паҳнро низ бикушад. Вай бо талхияш бикушад ва бо часпакияш лағжонӣ оварад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор