Қонуни тиб

Лекин агар бузург шаванд ва чунин иттифоқ биафтад, ки ба андозаи бузург шудан истода битавонанд, бадтарини ҳамагон хоҳанд буд, аз баҳри он ки ин кирмҳо аз бадтарин модда зода шудаанд. Сипас, андар бадӣ кирмони дароз буда, вале ба андозаи кирмҳои паҳн бад нестанд, моддаи онҳо, яъне моддаи кирмҳои паҳн беш аз ҳама гандида бувад. Кирмҳои паҳн ва хурд аз ҳама бештар аз тариқи мақъад берун оянд, аз баҳри он ки бад-он наздиктаранд ва низ аз баҳри он ки заиф буда, мисли кирмҳои дароз ба рӯда часпида мондан наметавонанд. Ҳамчунонки кирмҳои дароз аз ҳама сахттар бичаспанд, кирмҳои хурд ҳамчунин аз ҳама осонтар ронда шаванд. Ҳар гоҳ худованди кирмҳоро таб бошад, аразҳо қавии палид хоҳанд буд, аз баҳри он ки таб ғизои онҳоро нест кунад ва онҳо андар талаби ғизо ба ҷунбиш омада, ба рӯдаҳо бичаспанд; аз баҳри он ки таб гавҳари онҳоро ранҷ диҳад ва беморӣ орад; ва аз баҳри он, ки таб андар табиати онҳо гандидан, тезӣ ва беоромиро биафзояд ва талхае, ки ба ҳангоми таб ба сӯи [рӯда] бирезад, онҳоро азоб диҳад. Ҳар гоҳ кирмҳо андар рӯда печида, онро бигазанд, дарди шадиде падид хоҳанд овард.
Бархе аз пизишкон чунин ҳикоят кунад, ки ӯ дидааст, кирмҳо шиками беморро сӯрох карда, аз он берун баромадаанд, вале ин ба наздики ман бисёр [аз ҳақиқат дур] аст. Бинобар ин аз сабаби [кирмҳо] бухорҳои бад ба мағз бизананд ва ранҷ оваранд. Гоҳе андар рӯдагон банд шудани кирмҳо ва ба амал овардани гандагиҳо сабабгори таб бигарданд. Масъалаи суд доштани онҳо андар поксозии рӯдаҳо мисли суд доштани магасҳо ва дигар чизҳо андар пок сохтани гандагиҳои ҷаҳон нест, чунки рӯдагонро ба табъ поккунандаи ронанда ҳаст; чунки нисбати кирмҳои зодашуда ба гандагиҳои андар рӯдагон баъд аз рондани табиат боқӣ монда бузургтар аз нисбати магасҳо ва дигар [ҷондорҳо] ба ҳаво ва замини ҷаҳон аст; чунки аз сабаби кирмҳо офатҳои дигаре падид оянд ва аз ҷумла гирифтани ғизои мавриди эҳтиёҷ [аз рӯда], зид будани ҳаракатҳои онҳо, қулинҷ ба амал оварандагии онҳо, зид будани кайфияти онҳо, ки мизоҷи танро биангезад ва ғайра. Гоҳе ба сабаби кирмҳо ва морҳо саръ ва қулинҷ падид оянд, гоҳе онҳо гуруснагии сагӣ ба амал оваранд, зеро ғизоро сахт нигоҳ доранд, гоҳе онҳо булимус ба амал оваранд ва аз тариқи баромадан ба сӯи даҳони меъда ва чиркин кардани он қуввати онро биафтонанд. Гоҳе аз паси ин ду ҳолат хафақони бузурге падид ояд.
Он чи аз кирмҳо зода шаванд, аксар вақт андар синни бачагӣ, нашъунамо ва наврасӣ зода шаванд. «Кадудона»
бештар андар касоне падид ояд, ки аз синни бачагӣ гузашта бошанд. Аммо кирми гирд андар бачагон ва сипас барноён бештар зода шавад ва андар пирон камтар, вале ҳамаи ин [намудҳо] андар эшон ба амал оянд. Кирмҳо [244] андар хазон ба сабаби фаро расидани хӯрдани меваҳо ва дигар чизҳо ва ба сабаби гандидан бештар аз дигар фаслҳо зода шаванд. Онҳо бегоҳ ва ба ҳангоми хоб бештар ба шӯр оянд. Ранҷ ва варзиши сахт гоҳе кирмонро ба исҳол оварад. Агар кирмҳо аз шиками худованди табҳои тез зинда берун оянд, онҳо чандоне бад набуванд ва хусусан баъд аз пастравии [авҷи беморӣ] далолат бар дурустии қувват
ва ронда тавонистани он кунанд, вале агар мурда берун оянд, нишонаи бад аст. Умуман, ҳангоми табҳо ва хусусан пеш аз пастшавии [шиддат] бо бироз берун омадани кирмҳо далели хуб нест, лекин зинда [берун омадан] беҳтар бувад. Аммо зоҳир шудани кирм на ба ҳангоми таб, агар ҳамроҳи он хун ояд, низ далели бад аст ва аз офати андар тан ва рӯдаҳо падидомада огоҳӣ диҳад. Бо қай берун омадани кирмҳо далели он аст, ки андар меъда хилтҳои бад мавҷуданд.
Нишонаҳо. Нишонаҳои муштарак рехтани оби даҳон ва шабона тар ва рӯзона хушк будани лабон мебошанд.
(475) Сабаб ин аст, ки гармӣ андар рӯз густариш ёбад ва андар шаб фароҳам ояд. Ҳар гоҳ гармӣ густариш ёбад, рутубатро ҳамроҳи худ бикашад. Аз ин кирмҳо гурусна монда, аз меъда [рутубат] бигиранд ва сатҳҳои ба он пайваста аз қабили сатҳи даҳон ва лабро бихушконанд. Андар хушконидани лаб инчунин ҳавои беруна ба онҳо ёварӣ кунад. Бинобар ин, бемор пайваста бо забон лабонашро тар кунад. Гоҳе худованди кирмонро беқарорӣ, нохоҳам сухан гуфтан ва ҳайъати хашмгинию бадрафторӣ ба худ гирифтан ориз бигарданд. Ӯ гоҳе ба ҳазён гуфтан гузарад, аз баҳри он ки бухорҳои бад бархезанд. Баъзан ӯро аразҳои фаронитус падид оянд, вале пурзи ҷома начинад, сарашро дард нагирад ва гӯшҳояш бонг назананд.
Ӯро хусусан андар шаб дандон ба ҳам совидан рӯй диҳад ва бисёр вақт чунин бинамояд, ки чизе хоида истодааст ва гӯё забонашро берун овардан мехоста бошад. Ӯро андар хоб ҷаҳидан, дод задан, ним гаштан ва ошуфтагии ҳайъат рӯй диҳанд ва бар каси бедоркунанда тангдил шавад. Ин гуна [беморро] гоҳе баъди таом хӯрдан маниши гаштан ва тоса ориз шаванд, овозаш бурида ва набзаш заиф бигарданд. Ӯ ба ҳангоми ҳаяҷон мисли каси афтида бинамояд. Бирозаш андар бештари ҳол тар бувад. Аммо афтидагии иштиҳо ва ё шиддатнокии он ба таврест, ки андар боби сабабҳо ёд шуд. Гоҳе чунин беморонро ташнагие рӯй диҳад, ки ба ҳангоми он ҳеҷ сероб нагарданд. Ҳамчунин, мумкин аст эшонро бемориҳое ориз бигарданд, ки андар он [боб] ёд кардем. Ҳар гоҳ иллат ва дард шиддат ёбанд, эшон биафтанд ва мисли касони ба саръ гирифтор муташанниҷу печида бигарданд. Гоҳе андар ин гуна ҳолат эшонро чунин рӯй диҳад, ки кирм қай кунанд, ранги [рӯй] ва ранги чашмонашон дигаргун шуда, гоҳе бипарад ва гоҳе боз ояд. Гоҳе дам андозанд, варам кунанд ва шикамашон мисли касони ба истисқо гирифтор азҳамкашида шавад ва сахт бинамояд. Гоҳе хояҳояшон биомосанд ва арақи зиёди сард ва ниҳоят бадбӯй оваранд.
Бархе нишонаҳои намудӣ миёни [ҳамаи афроди] намуд муштарак аст ва он берун омадани ин намуди кирм аз баромадгоҳи [муайян] бувад. Сипас, хориши даҳони меъда, сӯзиши он, печиши маҳаллҳои ба он пайваста, ба душворӣ фурӯ бурдани [луқма], андар бештари ҳол афтидагии иштиҳо, аз ғизо безорӣ кардан ва ҳукак бар кирмҳои дароз далолат кунанд. Гоҳе шуш ва дилро ба иллати ҳамҷаворӣ озор диҳанд ва бинобар он сурфаи хушк, хафақон ва ноҳамвории набз рӯй диҳанд. Хобу бедорӣ бетартиб бошад, ланҷӣ ҳис карда шавад ва беморро ҳаракат кардан, назар кардан, тез нигаристан ва чашм кушодан нафоранд, балки майлаш пайваста ба дида фурӯ бастан бувад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор