Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Фасли панҷум андар баёни дерӣ ва зудии ба қазои ҳоҷат бархостан

Ин ё ба ғизо вобаста аст, бад-ин гуна ки ғизо ё қабзкунанда, ё тунд, ё ситабр, ё часпак ва ё нарми лағжони равон бувад ва ё ба қувва. Чунки агар қувваи ронанда қавӣ
бошад, биронад ва агар заиф бошад, наронад. Агар қувваи мушакҳои шикам қавӣ бошад, пок созад ва агар қавӣ
набошад, пок насозад ва [шикам] баста гардад. Қувваи
ҳисси рӯда агар қавӣ бошад, тақозои ҳоҷат кунад ва агар

қавӣ набошад, чунин тақозо накунад. Қавӣ будани мизоҷи чи сард ва чи гарм бандандаи табиатанд. Тадбири [ҳамаи инҳоро] ту ба ҳасби сабаб худ ҳамедонӣ.
Фасли шашум андар баёни бисёрӣ ва камии бироз

Ин ҳарду ба камияту кайфияти ғизо ва ба чигунагии чизи ба сӯи ҷигар рондашуда вобаста аст. Ғизои бисёри тар ва аз болояш ягон чиз ошомидагӣ бирози бисёр ва зидди он бирози кам ба амал оваранд. Агар [бахши] полидаи ғизо ба миқдори зиёд ба сӯи ҷигар ронда шавад, миқдори бироз бикоҳад ва агар бисёр ронда нашавад, бироз бисёр бигардад. Ту аз он чи, ки пеш оварда шуд, бо ин ду ҳолати ифротӣ чигуна муқовамат карданро ба ҳасби зиддияти сабаб ҳамедонӣ.

Мақолаи панҷум
андар баёни кирмҳо

Фасли нахустин
андар баёни зодани кирмҳо

Ҳар гоҳ моддае падид ояд ва он ягон мизоҷе набошад, ба он созгортарин ҳайъат ва сурате бахшида шавад, ки тоби онро дошта бошад ва истеъдодаш аз камоли табиии муносиби хеш, ки аз Офаридгори тавоно арзонӣ шудааст, маҳрум нахоҳад монд. Бинобар он аз моддаҳои гандидаи тар кирмҳо, магасҳо ва чизҳои дигаре аз ин қабил офарида шаванд, аз баҳри он ки беҳтарин сурате, ки ин гуна моддаҳо пазируфтан битавонанд, зиндагии кирмона ва ё зиндагии магасона бувад ва ин барои онҳо беҳтар аз он аст, ки бар ҳолати гандидагии холис бимонанд. Ба изофаи он [кирмҳову магасҳо] бар гандидагиҳои андар ҷаҳон пароканда фирӯзӣ ёфта, ба иллати ҳамшаклӣ аз онҳо ғизо бигиранд ва аз бошишгоҳҳои одамиён ва аз ҳавои гирди эшонро гирифта, ин гуна [гандагиҳоро барои худ] пайдо кунанд. Кирмҳои шикам низ аз ҳамин қабиланд.
Онҳо зодаи ҳар гуна хилт нестанд. Мумкин нест, ки аз талхаи сурх ва сиёҳ зода шаванд, чароки яке аз инҳо ниҳоят гарм буда, кирми тар аз он зода нахоҳад шуд ва гузашта аз ин ба мизоҷи [кирм] зид бувад ва дигарӣ сарди хушк буда, аз муносибат доштан ба зиндагӣ дур аст. Аммо хун дар қайди ҳамоят буда, ниёзмандии андомҳо бадон зиёд аст. Вай муносиби гӯштнокӣ ва устухоннокии инсон аст, на муносиби кирм ва на низ аз қабили он [хилтест], ки ба сӯи рӯдагон рехта, андар онҳо бимонад ва аз он кирмҳо зода шаванд. На ҳайъат ва на ранги кирм далели он нестанд, ки вай аз моддаи хунӣ бошад, балки моддаи кирм балғамест, ки гарм шуда, ганда бигардад ва андар рӯдагон афзоиш ёфта, боқӣ бимонад. Ту худ сабабҳои бисёр падид омадани балғамро медонӣ. Онҳо аз қабили хӯрданиҳо, хоммондани ғизо, ба ягон сабабе заиф шудани гувориш ва мизоҷи сарди андомҳо буванд. Яке аз сабабҳои зода шудани кирм ғизоҳои нарми часпак, масалан, гандум, лӯбиё ва боқилист. [Инчунин], аз хӯрдани гули орд, хӯрдани гӯшти хом, ширҳо, тараҳо, меваҳои тар, сабзавот (равозин)100 ва равған, аз ғусл кардан бо оби гарм

баъд аз таом, инчунин аз гармоба кардан баъд аз хӯрдани таом ва аз ҷимоъ кардан бо шиками пур [кирмҳо зода шаванд].
Кирмҳо чаҳор намуданд: кирми дарози бузург; кирми гирд; кирми паҳн, ки он кирми «кадудона» аст; ва кирми хурд. Гуногун зода шудани онҳо ба гуногунии чизе, ки аз он зода шаванд ва ба гуногунии чизе, ки андар он зода шаванд, вобастагӣ дорад. Гуногунии чизи кирмзоянда бад-ин гуна аст, ки бархе аз онҳо аз рутубате зода шаванд, ки мавриди тақсимсозии кашиши ҷигар ва шиддатнокии гандидан қарор нагирифта бошад ва бархеи дигар аз рутубате зода шаванд, ки кашиши пайвастаи ҷигар, гандидан ва бисёр омезиш ёфтани бироз онро пора карда, коҳиш додаанд ва хурдаш сохтаанд. Ҳар гоҳ ин гуна [кирм] зода шавад, сабабгори хурд боқӣ мондани он чунин аст, ки бироз онро пеш аз бузург шудан берун кунад, чунки вай ба баромадгоҳи танг наздик аст. Бархеи дигари онҳо аз рутубате зода шаванд, ки миёни ду рутубати ёдшуда биистад. Он рутубате, ки андар рӯдагони барсӯвин ҷой дорад, аз (474) қабили рутубати нахуст ёдшуда, оне, ки андар рӯдаи рост ҷой дорад, аз қабили рутубати сипас ёдшуда ва оне, ки андар кӯррӯда ва қулун ҷой дорад, аз қабили рутубати севвум ёдшуда буванд.
Кирмҳои дароз аз гурӯҳи якуманд ва дарозии онҳо гоҳе ба як зироъ бирасад. Кирмҳои гирд ва паҳн аз гурӯҳи севвумианд, вале онҳо ва хусусан ситабру бузурги онҳо андар рӯдаҳои барсӯвин низ ба амал оянд. Гоҳе онҳо ҷуз андар қулун ва куррӯда зода нашаванд ва сипас аз як сӯ ба сӯи меъда ва аз сӯи дигар ба сӯи мақъад паҳн шуда раванд. Кирмҳои хурд аз гурӯҳи дуввуманд. Кирмҳои паҳн ва гирди ёдшуда чунин ба назар бирасанд, ки аз худи [моддаҳои] часпаки андар сатҳи рӯда часпида таваллуд шаванд. Болои ин [моддаҳои часпидаро] пардаи хилмие бигирад ва чунин ҳаменамояд, ки [кирм] аз он зода шуда ва андар он уфунат биоварад.
Аз ҳама камзиёнтар кирмҳои хурданд, аз баҳри он ки инҳо аз [андомҳои] асосӣ дуранд ва аз баҳри он ки андар маърази онанд, ки ҳамроҳи бирози қавии касиф ба берун ронда шаванд.

пешина
аз 1215
навбатӣ