Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Агар якбора ошомидани он номумкин бошад, якчанд бор ду кафчаӣ аз он биошоманд. Хасакдонаи ҳиндӣ кушандаи морҳо ва беруноварандаи онҳост ва гоҳе ба ҳангоми кирмҳои паҳн суд бахшад.
Аз доруҳои мураккаб бархе кушандаи кирманд ва мисоли он тарёки форуқ бувад. Бархе куштану берун карданро якҷоя ҷамъ карда бошанд, ки мисоли он ёраи фиқрост ва низ доруи зерин аст: ба қадри як ва сеяки як дирам аз ҳар кадоми дермана (477) ва афсинтин, чаҳоряк дирам дилаи ҳанзал ва як донг намаки ҳиндиро гирифта ба бемор биошомонанд. Гоҳе ба қадри нимгӣ аз зира ва натрун, ки маҷмӯи он ду мисқол ояд, агар ба бемор бидиҳанд, кирмҳоро бикушад. Инчунин, аз натрун, мурч ва қардамоно бахшҳои баробар бигиранд ва як ошомидании он то якуним дирам бувад. Низ, мурч, донаи даҳмаст, зираи ҳиндӣ ва мастакоро гирифта, бо ангубин бисириштанд. Аз он ҳар пагоҳ як кафча ва пеш аз хоб ҳамин қадар биошоманд. Ё аз росан, дермана, мурч ва сарахс бахшҳои баробар гирифта, аз он ба миқдори аз якуним дирам то се дирам ба бемор бидиҳанд. Ҳабби афсинтин кирмҳои дарозро берун орад, вале кирмҳои паҳн ба доруи аз ин ҳам қавитар ниёзманданд.
Фасли севвум андар баёни доруҳое, ки махсуси кирми «кадудона»-анд

Инҳо аз [доруҳои зерин иборатанд]: қатрон, ки андар таркиби ҳуқнаҳо ва тилоҳо ба кор бурда шавад; баранги кобулӣ ва мағзи он; сарахс; қусти талх; пӯсти бехи тут ва шираи фишурдаи он; қанбил; дилаи ҳанзал; сабр; шингор, ки аз барои кирмҳои паҳн бисёр аҷиб аст; ва пӯстҳои лабах, ки аз ҷумлаи дарахтон буда, ба гумонам гунае аз сидр ва ё озоддарахт аст. Яке аз тадбирҳое, ки кирмҳои «кадудона»-ро бидуни ранҷ берун оранд, ошомидани се уқия фишурдаи росани тоза бувад, ки ниҳоят аҷиб аст.
Донишмандон чунин ёд кардаанд, ки арбаён (малахи дарёӣ) кирми «кадудона»-ро берун орад. Яке аз доруҳои аз барои ҳамаи гунаҳои кирмҳо аҷиб мӯи ҷонварест, ки онро «ахримун» хонанд. Қалқадис яке аз доруҳои кушандаи ин [кирмон] аст ва ба изофаи он агар исҳол ҷой дошта бошад, суд бахшад. Мо андар Қарободин матбухеро ёд кардаем, ки аз он ва аз қантуриюн сохта шавад.
Аз доруҳои мураккаби кушанда, масалан, тарёк ва аз ҷомеъи ҳар ду хусусият, масалан, доруи зерин бувад:
чаҳор дирамӣ мағзи баранги кобулӣ, турбид ва сарахс, ду дирам намаки ҳиндӣ ва аз қусти талх шаш дирам бигиранд. Як ошомидании он панҷ дирам бувад. Низ, панҷ дирамӣ дермана, боқилии мисрӣ, мағзи баранги кобулӣ, сарахс ва қанбил ва понздаҳ дирам турбид бигиранд. Як ошомидании ин панҷ дирам аст. Инчунин, се рӯз пагоҳиҳо шири навдӯшида ошомида, аз болои он сапедбо дам кашанд. Сипас се мисқол баранги кобулӣ, се дирам сарахс ва се дирам канбилро гирифта, бикӯбанд ва андар сиркои туруш ва ё андар сикангубин бигудозанд. Баъд, аз барои ҷалб кардани кирмон андаке кабоб макида, сипас аз ин дору ба миқдоре, ки тахмину таҷриба тақозо кунад, биошоманд.

Фасли чаҳорум
андар баёни доруҳои сард ва андаке гарм

Мисоли инҳо тухми кашниз, ки онро се рӯз бо майпухта биошоманд ва тухми карафс аст, ки он ниҳоят қавӣ буда, ҳар гуна кирмро бикушад. Онро ё бо сикангубин ва ё бо роиб [ба бемор] бидиҳанд ва низ ҷӯшонидаи тухми онро биошоманд. Нашоста низ гоҳе [кирмро] бикушад. Фуфил, барги шафтолу ва фишурдаи он ва хори мисрӣ чандон гарм нестанд.
Марвиҷон, ҷӯшонидаи пӯсти дарахти анори туруш ва ё нордонро андар об як шаби тамом биҷӯшонанд, сипас чун онро полида биошоманд, кирмро бикушад. Обе, ки андар он бехи [марвиҷонро] ҷӯшонида бошанд, низ ҳамин гуна аст ва кирмонро бикушад. Фишурдаи «забони барра» ва ё «забони барра»-и хушк барои касе созгор аст, ки ҳам кирму ҳам исҳол дорад. Низ, тутуми андар об таркарда ва ё таросис аҷиб аст. Гили набишта бо шароб ба таври шигифтовар таъсир кунад. Гили сурх низ аҷиб аст. Тухми хурфаро агар бисёр ба кор баранд, кирмҳоро бикушад. Коснии талх, коҳуи талх, карафс ва кабари андар сирко хобонда низ ҳамин гуна буванд. Гуфтаанд, ки харбуза онҳоро кушта, ба исҳол берун орад.
Хори хасак ба доруҳои ёдшуда наздик аст. Қувваи ин доруҳо ба андозаест, ки кирмҳои паҳнро низ берун оваранд. Яъне тухми бед, фишурдаи шафтолу, кашниз, коснии талх, гесугуна ва ғайраро дар назар дорам. Инҳоро ё бо дӯғи маскааш баргирифта, ё бо оби гарм ва ё бо сикангубин [ба бемор] бидиҳанд.
Фасли панҷум андар тадбири кирмҳои хурд

Ин кирмҳоро гоҳе ба зер баргирифтани намак ва бо оби гарм ва намак ҳуқна рехтан бикушад ва моддаашонро аз бун биканад. Аз ин ҳам қавитар ҳуқнаест, ки андар таркиби он қантуриюн, хасакдона, зуфо, рӯян ва дилаи ҳанзал бидароянд (478) ва ин [ҳуқнаро] ба шакли гарм ба кор баранд. Аз ин ҳам қавитар ба зер баргирифтани қатрон ва ё онро хусусан андар равғани зардолуи талх ва ё равғани мағзи шафтолуи талхе афканда ҳуқна рехтан аст, ки андар он [равған] доруҳои кирмкушанда ҷӯшонида бошанд. Гоҳе бо қатрони [холис] низ ҳуқнарезӣ кунанд. Аз ҷумлаи доруҳое, ки аз барои ин ғараз ба зер баргиранд, низ артанисо, бахури Марям ва пӯсти бехи лабах буванд.
Яке аз василаҳое, ки бо он кирмҳои хурдро бичинанд, ин аст, ки порае аз гӯшти серравғани намакинро бо ришта баста, андар мақъад бидароранд ва кирмҳо бо шавқи зиёд ба он дарафтанд. Сипас, баъди он ки ба қадри имкон соате сабр карданд, он [гӯштро] пас бикашанд ва кирмҳоро берун оранд. Ин корро то пок шудан бояд давом дод.
Фасли шашум андар баёни ҳуқнаҳои худовандони кирмҳо

Эшонро бо ҷӯшонидаҳои доруҳои барояшон ёдшуда
ҳуқнарезӣ кунанд ва андар онҳо гоҳе ба ҳасби қувват ва
вақт доруҳои шикаморандае аз қабили дилаи [ҳанзал],
сабр, турбид ва хиёри даштӣ афкананд. Бояд андар таркиби ҳуқнаҳои эшон қатронро ба кор бурд ва он суди бузурге бахшад.

пешина
аз 1215
навбатӣ