Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Агар ҳуқна ягон чизе берун наорад, пас, модда ҳанӯз напухтааст ва бояд сабр кард ва аз рехтани хусусан ҳуқнаҳои тез худдорӣ намуд, чаро ки инҳоро баъд аз пухтани [хилт] бирезанд.
Вале ин ҳуқнаҳои тез аз барои дил ва мағз бимноканд ва бисёр бошад, ки ҳуқна резанд, исҳол наорад, балки сардард оварад ва ҳаракати дилро битезонад. Андар ин ҳол бояд [аз дору додан] аз барсӯ истифода кард.
Гоҳе мумкин аст аз барсӯ табиат кушода ва аз фурӯсӯ судда бошад. Бинобар ин, эҳтиёҷ бад-он афтад, ки бо ёрии қабзкунандагон аз забар [моддаро] ситабр гардонанд, то ҳама якҷинс бигардад ва сипас истифроғ оваранд. Агар ҳангоми ин [беморӣ] таб ҷой дошта бошад, бояд ҳуқнаҳоро нарм сохт ва равғанашонро зиёд намуд, то шӯрии намаке шикаста шавад, (459) ки миқдори он гоҳе то ба дуним дирам бирасад. [236] Агар ҳуқнаҳо ягон чизро фуруд наоваранд, ба бемор ёраи фиқроро ё андар хамр тар карда ва ё хушк бидеҳ ва ин аз паси хӯрдани, масалан, [гувориши] шаҳриёрон ва [гувориши] хурмоӣ бувад. Ёраи ин гуна [беморонро] набояд бо ғориқун қавӣ сохт, чаро ки он андар андомҳои андарунӣ сахт фурӯ рафта, нишинад. Набояд ҳангоме ҳуқна рехт, ки андар меъда ягон чиз бошад ва нопухта ба фурӯсӯ кашида шавад. Ҳуқнаҳо набояд пайдарҳам рехта шаванд, балки андар миёни онҳо бояд фосила бошад. Ба ҳангоми қулинҷи сафровӣ навбатҳои онро бо ошомидани «ҳабби тиллоӣ» бартараф кунанд.
Гоҳе чунин иттифоқ биафтад, ки доруҳои аз тан [хилт] кашанда хилтҳои бади дигареро ба сӯи рӯдаҳо бикашанд. Ё мумкин аст хилтҳои саҳҷоварро бикашанд ва дар натиҷа саҳҷу қулинҷ ба ҳам ҷамъ оянд. Ин яке аз офатҳои ҳалокатовар аст. Ҳангоми қулинҷ аз ҳама бад ин аст, ки ба бемор доруҳои исҳоловар ба миқдори зиёд ва дилбеҷокунанда дода шаванд ва онҳо андар меъда боқӣ намонанд. Баръакс, ҳаббҳо, ёраҳо ва дигар доруҳои ҳаҷман хурдтару хушбӯйтар аз барои ошомидан мувофиқтаранд.
Бояд ба сар инояти ниҳоят зиёд дод, то бухорҳои чизҳои андар шикам бандбуда ва бухорҳои доруҳои тезеро напазирад, ки ба ҳангоми бештари иллатҳои қулинҷӣ аз истеъмоли онҳо чора нест. Гоҳе ин боиси васваса ва парешонии ақл бигардад ва ҳангоми қулинҷ бояд аз ин эҳтиёт шуд. Яке аз чизҳое, ки сабабгори падид омадани зиён бошад, ин аст, ки пизишк имконияти донистани чигунагии ҳолати беморро надошта бошад, то роҳи дурусти муолаҷаи лозимаро пеш бигирад. Ин иноят аз тариқи ба кор бурдани хушбӯиҳои сард, равғанҳои сард ва дигар чизҳое тамомият ёбад, ки андар боби тадбири мизоҷи сар бад-онҳо ишорат кардем. Гоҳе чунин иттифоқ афтад, ки зарурати гарм сохтани рӯда қарини сардсозии ҷигар бигардад. Андар ин ҳолат ҷигарро бо зимодҳои сардиоварандаи он ва монанди онҳо муолаҷа кунанд ва атрофи онро аз таъсири зимодҳо ва молиданиҳои гарми шикам муҳофазат кунанд. Муомала бо дил низ чунин бошад. Созгортарин чизҳое, ки бо онҳо сардӣ оваранд, фишурдаҳои сарди омехта бо кофуру сандал буванд. Бояд

миёни ноҳияҳои рӯдагон ва ноҳияҳои дилу ҷигар аз ҷома, ё хамир ва ё монанди ин ду девор созанд, то доруи аз барои яке ихтиёр шударо ба сӯи дигарӣ ҷорӣ шудан нагузорад. Ин гуна [беморон] бисёр ташна шаванд, вале ҷуз кам ошомидан ва шикебоӣ варзидан чорае нест.
Агар ин чизи ками ошомидашаванда бо каме аз гулоб омехта бошад, ин аз барои ташнагӣ беҳтарин чиз хоҳад буд, зеро тан чизи ширинро дӯст дорад ва он гузаронандаи [об] бувад.
Илоҷи қулинҷи сард. Тадбири қулинҷи сард ба тариқи қонун чунин аст, ки ба ҳангоми он зуд ба карахтсозӣ нашитобанд ва касоне, ки зуд ба ором кардани дард бо ёрии доруҳои карахткунанда бипардозанд, хатари бузургеро ба зима хоҳанд гирифт, чаро ки ба кор бурдани доруҳои карахткунанда ҳеҷ гоҳ илоҷи ростинӣ нест ва илоҷи ростинӣ қатъи сабаб буда, карахт кардан онро устувор кунад ва ҳис кардани онро аз байн бибарад. Чунки агар сабаб хилти ситабр бошад, ситабртар бигардад, агар хилти сард ва ё худи мизоҷи сард бошад, сардтар шавад, агар боди фишурда бошад, фишурдатар шавад ва ё агар ба шиддат зич шудани ҷирми рӯда буда, чизи андар он банд гардида гузаштан наметавониста бошад, бештар зич шавад ва дард баъд аз як ё ду ва ё се рӯз дубора аз пештара ҳам сахттар авҷ бигирад. Бинобар ин, ҳар қадар ки мумкин бошад ва роҳи аз он дурӣ ҷустан мавҷуд бошад, набояд [ҳисро] гаронӣ овард, балки бояд ба дур сохтан, буридан ва ҳал кардани сабаб ва фарох сохтани масомҳои чизҳое пардохт, ки [хилт] ба сабаби часпакӣ андар онҳо банд гардидааст. Аксар вақт ин ба ёрии доруҳои латифсозандае муяссар бигардад, ки чандон гармифизо нестанд. Чунки агар доруи ниҳоят гармиовар ба модда якбора бирасад, эмин аз ин нахоҳад буд, ки боди аз тариқи ҳалшавии модда ба шӯр оварандаи он дору бештар аз миқдори боде ояд, ки дору онро ҳал кунад. Баръакс, бояд миқдори дору чандоне бошад, ки бодро ба таври қавӣ ҳал кунад ва моддаи тарро нарму пухта созад, на ниҳоят ҳал. Бинобар ин, гоҳе якчанд рӯз пайдарпай тарки таому шароб кардан кифоят кунад ва бинобар ҳамин ҳам гармибандӣ гоҳе боиси ангехтани дарди сахте бигардад, ки ногузир бояд ё тарки гармибандӣ намуд ва ё бештар ва гаштаю баргашта гармибандӣ кард, то боди аз гармибандии якум ба шӯр омада ҳал бигардад. Сипас, ҳар гоҳ ҳуқнаҳои истифроғоварро ба кор бурдӣ ва агар бироз банд бошад, бояд нахуст аз ҳуқнаҳое оғоз кунӣ, ки ба сабаби андар таркиби худ доштани луобҳо, равғанҳо ва доруҳои бирозӣ, яъне доруҳои аз барои муолаҷаи қулинҷи бирозии холис созгор, лағжонандаи бироз буванд. Ин корро ба ҳангоми қулинҷи бодӣ кунанд. Баъд аз он, (460) агар қулинҷ балғамӣ бошад, ҳуқнаҳои ба истифроғоварандаи балғам ва ё агар қулинҷ бодӣ бошад, ҳуқнаҳоеро ба кор бибар, ки бодро ҳал карда, ба истифроғ оваранд.
Бояд бидонӣ, ки гоҳе ҳангоми истифроғи ҳама гуна хилт миқдори каме аз онҳо боқӣ бимонад, ки он ба ноҳияи дард пайваста ва ба амал оварандаи он бувад. Бинобар ин, нашояд гуфт, ки илоҷ суде набахшидааст, балки ин боқимондаро низ бо ёрии ҳуқнаҳо бояд истифроғ намуд.
Гоҳе [сабаби ин] мумкин аст танҳо бод бошад ва да лелҳои бод бад-он далолат кунанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ