Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Андар ин ҳол бояд ҳуқнаҳоеро ба кор бурд, ки аз тариқи гармии нарм додан андомро қавӣ ва бодро ҳал созанд. Ё мумкин аст аз барои ин ошомидани ягон маъҷуни қавии гарме аз қабили тарёк ва монанди он, ё бар маҳалли дард бо оташ ниҳодани миҳҷама, ё ошомидани тухмиҳои бодҳоро ҳалкунанда, ё ошомидани шароби гармсохта ва ё молидани зимодҳои бодҳоро ҳалкунанда кифоят кунанд. Қавитарини ин зимодҳо зимодҳои сурхиоварандаи хардалист, зеро онҳо бошад ки [бодҳоро] ҳал кунанд ва бошад ки моддаро ба сӯи мушакҳои шикам бикашанд. Агар ҳангоми дарди сахт андар обҳои гармчашмаҳо гармоба кунанд, сахт судманд бувад. Оби навшодирӣ андар ин бора ба таври мутлақ ва ҳатто агар ошомидан битавонанд, аз тариқи ошомидан ҳам таъсири аҷибе дорад. Ба кор бурдани обзани дорои обе низ чунин бувад, ки андар он доруҳои ҳалкунандаю табиаткушоянда ҷӯшонида бошанд. Гоҳе шикамро нарм ва соқҳоро ба таври қавӣ молиш додан кифоят кунад. Гоҳе аз ошомидани оби сард дард авҷ гирад ва ин яке аз зиёнвартарин чизҳо аз барои ин иллат бувад ва ба изофаи он андар фурӯ нишондани ташнагӣ камтаъсир бувад. Каме набизи қавӣ беҳтар аз [оби сард] бувад ва гармии он дардро зудтар ором кунад. Чизи аз ҳама зиёнвар аз барои чунин [беморон] сардӣ ва ҳавои сард аст, чунонки судмандтарин чиз аз барои эшон гармӣ, ҳавои гарм ва оби гарм бувад. Агар сабаби [иллат] сардии рӯдагон буда, мароқ тунук бошад ва худованди он ҳар доим зудзуд ба қулинҷ гирифтор шавад, бояд аз тариқи пӯшидани пашмина ва ё бар шикам бастани он пайваста шикамро гарм бидорад ва сардиро аз он дур созад. Ба кор бурдани равғанҳои гарми молиданӣ ва пухтаковҳои гарме аз барои ин судманданд, ки мо онҳоро баъд ёд хоҳем кард.
Гоҳе ба гармибандиҳо эҳтиёҷ биафтад ва гоҳи дигар бадон ниёзмандӣ бошад, ки андар равғанҳои гарми барои ин [беморӣ] гунди бедастар ва уфурбиюн биафкананд. Он бахш аз қулинҷи сард, ки сабаби он, чунонки ёд кардем, пайдарпай кашида шудани [модда] ба маҳалли офатрасида буда, аз он дард ба амал ояд, илоҷаш ба таври латиф, баҳра-баҳра ва думодум истифроғ кардан аст, вале агар бидонанд, ки андар он ҷой моддаи бисёр аст, бояд [якбора] истифроғ кунанд. Аммо ҳангоми он [бахш қулинҷ], ки ба тариқи ҷамъ ва зода шудани [модда] ба амал ояд, бояд ба наздики фаро расидани ҳангоми дарди навбатӣ ва шаби он ягон чизе аз қабили ҳабби сабр, ҳабби ёра ва ҳаббе, ки аз дилаи ҳанзал, маҳмуда, сакбина ва сабр таркиб ёфтааст, [ба бемор] бидиҳанд. Ба миқдори аз ним то ду севвуми як мисқол аз ягонтои ин доруҳо [ба бемор] биошомонанд. Агар ин корро як чанд рӯз давом бидиҳанд ва ғизоро дуруст созанд, беморон шифо хоҳанд ёфт.
Қонунҳои хосси намуди бодии қулинҷи сард. Бояд ҳуқнаҳо, шиёфҳо ва зимодҳоеро ба кор баранд, ки баъд ёд хоҳем кард, аз ғизо тамоман ва ё лоақалл се рӯз парҳез кунанд, ҳар қадар ки битавонанд, бихобанд ва андар кандани моддаи бод бо ёрии ҳуқнаи зудоянда ва дар гарм сохтани андом бо ёрии ин гуна ҳуқна ва низ [муолаҷа кардан] аз берун ба наҳве, ки пеш аз ин ёд кардем, бикӯшанд.
Агар бими вуҷуд доштани хилт андар миён набошад, ҳар қадар ки бихоҳӣ, гарм соз ва андар гузоштани миҳҷама аз

тариқи оташ ва бидуни буриш низ бикӯш. Агар табиат созгор бошад, аз молиши нарм додани маҳалли дард, аз молидани масалан равғани занбақ, равғани нордин ва равғани бони гармкарда ва аз гармибандӣ кардан бо говарс ва намаки гармкарда ба миқдоре, ки салоҳ бинӣ, истифода бар. Бояд намудҳои паҳлу задан, бар пушт хобидан ва бар шикамзадан санҷида шаванд, ки кадоме аз инҳо барои бемор созгортар аст ва ҳангоми он бод хубтар ронда шавад. Яке аз ошомиданиҳои аз барои ин гуна [бемор] судманд он бошад, ки ба ӯ каравиё ва тухми судобро ё андар обҳои тухмиҳо, ё андар шароби куҳан ё андар оби ангубин ва ё андар оби пониз афканда бидиҳанд. Гоҳе агар андар ин ҳангом ба бемор филуниё биошомонанд, [237] аз беморӣ раҳо ёбад.
Фасли дуввум андар сифати доруҳои исҳоли хосси касоне, ки ба қулинҷи сарди аз бод ва ё аз моддаи балғамӣ падидомада гирифторанд

Ҳуқнае, ки балғам ва бирозро берун кунад. Аз хори хасак, баспоя, шанбалит, хасакдона (461) ва сапистон бахшҳои баробар, аз турбид ду дирам, аз дилаи дуруст ва нокӯфтаи ҳанзал ним мисқол, даҳ дона анҷир, панҷ дирамӣ тухми катон, тухми карафс, анисун, қантуриюни борик, донаи кӯфтаи беданҷир ва бунафша, як даста судоб ва як қабза барги каранбро гирифта, андар оби зиёд нарм ва то боқӣ мондани миқдори ками он биҷӯшонанд. Сипасонро фишурда биполанд ва аз он тақрибан сад дирам гирифта, андар он ҳафт дирам хиёршанбар, ҳафт дирам шакари сурх, як дирамӣ сакбинаю муқл, як мисқол бура ва понздаҳ дирам равғани кунҷид афканда, ҳамаро ба тариқи ҳуқна бирезанд. Гоҳе андар он як миқдор талхаи гов изофа кунанд.
Ҳуқнае, ки балғами часпакро берун орад. Моддаҳои ҳуқнаи ёдшударо бигиранд, вале андар онҳо дилаи [ҳанзал] бештар изофа кунанд. Аз донаи беданҷир панҷ дирам гирифта, андар оби печак шира кашанд ва аз болои он оби полидашудаи ҳуқнаи аввалиро бирезанд. Ба ҷои хиёршанбар ва шакар понздаҳ дирам ангубин бигиранд ва равғанашро аз равғани қуртум бисозанд ва андар он ба қадри сакбина, яъне як дирам, говшир ҳамроҳ карда, ба кор баранд. Гоҳе андар он равғани беданҷир афкананд. Аксар вақт бо ҷӯшонидани тухмиҳо, ҳошо, саътар, зуфо, зира, фатросолиюн, тухми судоб, баспоя, қантуриюн, пудина ва ангудон кифоят кунанд ва андар инҳо қариб ним дирам фишурдаи хиёри даштӣ омехта, ҳуқна бирезанд. Ё ҳамроҳи онҳо бехи хиёри даштӣ ва як миқдор дилаи ҳанзалро биҷӯшонанд ва андар онҳо як дирамӣ сакбина, говшир ва муқл гудохта, сипас ҳуқнарезӣ кунанд. Бисёр вақт ин доруҳоро нахуст андар равғани зайтун ва ё ягон равғани гарме биҷӯшонанд, сипас бо онҳо ҳуқнарезӣ кунанд. Инчунин, бисёр бошад, ки бо сикангубинҳои буранда ҳуқна бирезанд.
Сифати сикангубине, ки бо он худовандони қулинҷро ҳуқна бирезанд. Як қист сирко, як қист ангубин, се мисқол дилаи ҳанзал, як уқия мурч, ду уқия занҷабил, чаҳор мисқолӣ тухми судоби бӯстонӣ, ҳамомо, кошим, ани сун ва афитимун, ду мисқол зираи кирмонӣ, ду мисқол тухми шибит ва як уқия баспояро гирифта, ҳамаро реза кунанд ва андар сирко ва ангубин то ба ним расидан биҷӯшонанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ