Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

[Низ] он дарди сахт, афрӯхтагӣ, сӯзиш ва озурдагие далолат кунанд, ки аз ҳуқнаҳои гарм дарёфта шаванд.
[Бемор] аз чизи исҳол оваранда ва талхаро фуруд оваранда азият кашад, аз гуруснагӣ ранҷ бинад, вале аз доруҳои муътадилсозандаи сардиовар суд бинад. Агар модда ҷабида нашуда бошад, зарда берун ояд ва ба таври даврӣ [беморӣ] хуруҷ кунад. Гоҳе баробари ин [беморӣ] таб ба амал ояд ва гоҳе не ва таби он аз ҷиҳати бузургии аразҳо мисли таби [қулинҷи] омосӣ нахоҳад буд. Гоҳе ҳамроҳи ин намуди [қулинҷ] андар зиҳор дард падид ояд ва он мисли халидани корд бувад, вале бод нахоҳад буд.
Нишонаи қулинҷе, ки аз сабаби нотавонии қувваи ронанда ба амал ояд, ин аст, ки пеш аз он нармии табиат, эҳтиёҷ ба қазои ҳоҷате, ки думодуму кам-кам бувад ва сабабҳое ҷой хоҳанд дошт, ки қувват аз онҳо нотавон шаванд ва онҳо аз қабили гармию сардии расида ва ё ҳамроҳи ғизо воридшуда буванд. Бисёр вақт чунин иттифоқ биаф

тад, ки шикам нарм ва ё муътадил ва камияту кайфияти бироз ба тарзи табиӣ буванд, лекин андар берун кардани бироз эҳтиёҷ бад-он бошад, ки афзор ва ё доруҳои ба зер баргирифтанӣ ба кор бибаранд. Гоҳе ин гуна [қулинҷ] ба иллати реши равоне падид ояд.
Нишонаи [қулинҷи] аз сабаби заъфи ҳис ба амал омада чунин аст, ки чизи хӯрдашуда кайфияти бирозро ба сӯзандагӣ моил созад, вале он ба қазои ҳоҷат бархостанро тақозо накунад. Ин гуна чиз масалан, гандано, пиёз, панир ва шанбалит бувад. Инчунин, ҳар гоҳ доруҳои тезро ба зер бар гиранд, сӯзиши онҳо ҳис карда нашавад ва чун шикам аз чизи хӯрдашуда дам карда баста бигардад, начандоне дард кунад, ки қобили эътибор бошад. Гоҳе чунин иттифоқ биафтад, ки андар он ҷой реши равоне падид омада, ҳисро табаҳ карда бошад.
Нишонаҳои [қулинҷи] аз сабаби кирмҳо ба амал оянда худи нишонаҳои кирмҳо ва пеш аз он берун омадани кирм буванд.

Мақолаи чаҳорум

(458)андар баёни илоҷи кулинҷ ва гуфтор андар баёни иловус
ва чизҳои ҷузъие, ки аз қабили бемориҳои рӯдагон
ва ҳолатҳои онҳо буванд

Фасли нахустин
қонуни муолаҷаи қулинҷ

Илоҷи қулинҷ ин аст, ки тадбири он набояд ба таъхир гузошта шавад. Ҳар гоҳ нишонаҳои оғози он зоҳир бигарданд, бояд аз пурӣ дурӣ ҷуста, зуд бо доруҳои муносиби он ба поксозӣ бипардохт. Агар баъд аз таоми хӯрдашуда [оғоз ёбад], дарҳол онро бигардонанд ва баробари он хилтҳои бароварданашон лозимро низ бигардонанд, то ки [рӯдагон] пок шаванд. Қай гоҳе моддаи қулинҷи тар ва сафровиро бибурад, вале агар ба ифрот ояд, онро бо доруҳои қайбанданда бибанданд. Яке аз доруҳои андар ин ҳол хуб ин аст, ки андар шароби наъно, ки аз оби анор сохта бошанд, андаке зира ва тутум афкананд. Яке аз тадбирҳое, ки андар ин ҳангом хубаш нашуморанд, ин аст, ки ба додани доруи исҳоловаранда аз забар бишитобанд, чаро ки мумкин аст судда қавӣ ва хилтҳову фундуқакҳо бисёр бошанд ва чун хилт аз забар равона шавад, мумкин аст, ки роҳи гузар наёбад ва ин тадбир боиси хатари бузург бигардад. Бояд нахуст аз дам кашидани чизҳои нармкунандаю лағжишоварандае аз қабили оби шӯрбои пирхурӯсе оғоз кард, ки баъд тавсифаш кунем, балки андар лавҳҳои доруҳои сода мо онро тавсиф кардаем, сипас ҳуқнаҳои нармкунанда ба кор бурд. Агар андар ин ҳол таб ҷой дошта бошад, оби шӯрбои хурӯсро ба оби ҷав иваз бикун, то хилтҳову фундуқакҳо аз зер кам-кам гирифта шаванд. Ҳар гоҳ бибинанд, ки фундуқакҳову хилтҳои ниҳоят ситабр берун шудаанд ва агар ба бемор аз боло ягон чиз додан воҷиб ояд, боистӣ дода шавад ва агар бо ёрии қаи думодум аз боло пок кардан мумкин бошад, чунин кунанд.
Эҳтиёҷи аз боло додани дору ҳангоме бештар бигардад, ки агар мабдаи модда меъда ва рӯдагони забарин бувад, бидонанд, ки меъда заиф ва серхилт аст ва пурию гаро

ниро аз ноф боло дарёбанд. Ҳамаи ин ҳолатҳо тақозои
аз барсӯ исҳол овардан кунад. Ҳамчунин агар қулинҷ
баъди саҳҷ ориз шуда бошад, аз барсӯ муолаҷа кардан
беҳтар аст ва ин гуна қулинҷ ҳамон қулинҷест, ки саргаҳи он меъда ва рӯдагони забарин бувад ва андар [меъда] моддаи камингирифта ҷой дошта бошад. Сипас [меъда] ба сӯи рӯдаи офатрасида пайдарпай аз ин модда бифиристад ва он ҳар боре, ки бад-он ҷой бирасад, дард аз
нав падид ояд. Бинобар ин, ба пок сохтани саргаҳи
[модда] эҳтиёҷ бошад. Ҳар гоҳ доруи исҳол ошомида
шавад, ё он [моддаро] берун карда, аз ранҷи он осуда
созад ва ё онро ба фурӯсӯ, ба як ҷой фурӯ хамонад ва
сипас бо як ва ё якчанд бор ҳуқна рехтане пок карда
шавад, ки адади ин ҳуқнарезиҳо аз адади ҳуқнарезиҳои
пеш аз ин лозимбуда камтар бувад. Агар ба сабаби ягон
зарурати маълуме аз забар ошомидани дору лозим наояд, беҳтар он аст, ки аз забар дору дода нашавад ва танҳо бо ҳуқна рехтан кифоят карда шавад. Аз баҳри он ки
аксари вақт сабаби қулинҷ ягон хилти ситабри часпаку
ғоздоре бувад, ки бо ёрии василаҳои истифроғӣ пурра
берун наояд. Ҳар гоҳ дору аз забар ошомида шавад, вай
нафақт аз меъдаву рӯдагон, балки аз дигар ҷойҳое истифроғ кунад, ки ба истифроғи онҳо ҳеч эҳтиёҷ нест ва
ин ночор боиси заъф бигардад. Ҳар гоҳ ин тадбир карда
шавад, сипас зарурати пок сохтани рӯдагон тақозои ҳуқнаҳои бисёр ва истифроғи думодум дошта бошад, қувват ниҳоят заиф хоҳад шуд. Бинобар ин беҳтар он аст,
ки ҳар қадар мумкин бошад, танҳо бо ҳуқна ва чизи бадон равиш буда кифоят карда шавад, зеро [ҳуқна] ҳар
гоҳ андар рӯда ягон хилтеро наёбад, аз ҷойҳои дигар
[ягон чизро] нахоҳад кашид ва аз дигар андомҳо чандон
истифроғи зиёде ба амал нахоҳад овард. Агар ба ҳасби
часпакии хилти дардангез маротибаи бисёр ба такрор ҳуқна резанд, на ба андозае хатарнок бошад, ки ҳангоми бо дору аз боло истифроғ овардан ва аз тамоми тан кашидани [модда] ҷой дорад.

пешина
аз 1215
навбатӣ