Қонуни тиб

Ҳар гоҳ ба кор бурдани онҳо воҷиб шавад, набояд онро аз барои касе ба кор бурд, ки танаш хунук хӯрда, қувваташ заиф шуда ва ин андар набзи [ӯ] зоҳир гардида бошад. Агар аз онҳо чора набошад, бо онҳо, масалан, гунди бедастар, заъфарон ва монанди инҳоро биомезанд. Мо шахсеро мушоҳада кардем, ки чун ба зер шиёфи афюн баргирифт, бимурд. Агар доруи [карахткунандаро] ба шакли шиёф ба кор бурдан мумкин бошад, ба шакли ошомиданӣ набояд ба кор бурд ва агар ба шакли зимод ба кор бурдан мумкин бошад, ба шакли ба зер баргирӣ ва шиёф ба кор нахоҳанд бурд.
Яке аз зимодҳои карахткунанда зимоди зерин аст:
аз афюн ва тухми банг якбахшӣ ва аз ҷафти булут, гулнор, ақоқиё, кундур ва мурр панҷбахшӣ гирифта, ҳамаро бо шираи фишурдаи банг, ё фишурдаи пӯсти хашхош ва ё бо оби ҷӯшонидаи ҳар ду ҷамъ созанд ва тило кунанд.
Ин [бисёр] хуб бувад.
Доруи карахткунандаи ошомидание, ки сахт гиранда аст: ду донг панирмояи харгӯш, як чанди он афюн, ним дирамсанг мозу ва ним дирамсанг кундурро гирифта, аз онҳо қурсҳо созанд. Як ошомиданӣ аз он ним мисқол бувад. Низ аз ин ҷумла: як бахш мозуи норасид ва нимбахшӣ аз кундур ва афюн [бигиранд]. Як ошомидании ин як дирам аст. Инчунин: ба андозаи баробар тухми банг, афюн, хашхош, табошир, гулнор ва кундурро бигиранд ва як ошомидании ин то як дирам бувад. Низ:
афюн, сандарус, кундури кӯфта, мурр ва заъфаронро [бигиранд] ва аз он ду ҳабб ба андозаи ду нахӯд [ба бемор] бидиҳанд. Аз ин ҳам созгортар [доруи зерин аст]: аз гунди бедастар, афюн, майъаи равон, тухми банг,69 мурр, заъфарон, асорун, кундур ва нонхоҳ бахшҳои баробаре гирифта, бо ангубини аз кафк поккарда маъҷун созанд.
Як ошомиданӣ аз он ба андозаи як донаи кунор (набақа) бувад. Инчунин: чаҳоряк дирам мурдосанг, ним дирам панирмояи ҳайвонӣ, як дирам устухони сӯхта, як дирам мозу ва як донг афюн. Низ: қурсҳои тухми банг ва маъҷуни бангро [ба кор баранд]. Инчунин: аз ақоқиё, мозу, афюн ва самғ як бахшӣ гирифта, қурсҳо созанд. Доруи карахткунандаи ошомидании [дигаре], ки исҳолро андар ду рӯз бибандад: аз нонхоҳ, тухми карафс, пӯсти анори туруш, мозу ва абҳал ба миқдори баробар аз ҳар кадом як бахшӣ ва аз афюн ним бахш гирифта, ҳамаро чун сурма бисованд. Як ошомидании он аз як дирам то як мисқол буда, пагоҳӣ ва ҳамин қадар бегоҳӣ биошоманд.
Ба кӯдакон аз як дирам то ду донг бидиҳанд Аз миёни доруҳои исҳол бархе аз барои касоне созгор аст, ки ҳам ба исҳол ва ҳам ба сурфа гирифторанд, масалан, инҳо:
мӯрд, мастако, самғи арабӣ, кундур, аспғули бирён, табошир, нашоста70, шоҳбулут, гавз ва бодоми бирён. Умуман, бояд он доруҳоеро [ба бемор] дод, ки турушӣ ва тундии бисёр надошта бошанд, балки суддаовару часпонанда буванд, вале агар чорае набошад, [нахуст доруҳои] тунд, сипас баъди онҳо доруҳои лесиданиеро [ба бемор] бидиҳанд, ки синаро нарм кунанд. Бисёре аз доруҳои лесидание, ки аз хашхош, касиро, самғ, харнуб, самари мӯрд, нашостаи бирён ва луобҳои чизҳое сохташудае, ки нахуст бирён карда, сипас луобҳояшонро ба ҳила берун кардаанд, ҳар ду хусусиятро доро мебошанд.
Аммо ғизои чунин [беморон] набояд сӯзанда, бисёр шӯр ва туруши ранҷовар буда, қувваи ронандаро ба ҷунбиш оварад. Мисоли ин гуна [ғизоҳо] он шири мо ёдкардаест, ки бо сангча ҷӯшонида бошанд ва хусусан он [шире] бошад, ки андар он якчанд бор оҳани [тофтаро] хомӯш кунанд. Аз ин ҳам сардтар71 роиби маска баргирифтаест, ки онро бо каме гуринҷ ва говарси бирён ҷӯшонида бошанд. Миқдори [шири] аз худ кардаро бисанҷанд ва агар чизе аз [шири] хӯрда аз худ нашавад, [ба бемор] аз он ҳам камтар [шир] бидиҳанд. Аз ширҳои ҷӯшонида аз ҳама беш шири гов қувватбахшанда аст ва аз барои гарммизоҷон аз ҳама созгортар шири буз аст, вале он гирандатар бувад. Роиб аз барои гарммизоҷон беҳтар аз ғайри роиб аст. Масалан, мағзи нони сафеди бирёнкардашудаи сард сохташуда ва хушконида ва ноне, ки (433) орди онро бо сирко сиришта, хуб пухтаанд, аз барои гарммизоҷон бағоят созгор аст. Ё масалан, наскро андар ду об биҷӯшонанд, сипас ин обҳоро рехта, онро андар оби севвум то сахт шудан биҷӯшонанд ва онро турушӣ афканда ва ё бе турушӣ [истеъмол кунанд]. Масалан, турушабо [низ хуб аст]. Аз ҷумлаи ошҳои туруш он ошест, ки аз тутум ва аз донаи анор бо [нони] кок ва кашниз созанд ва гоҳе андар он гуринҷ афкананд. Боқилии бо сирко ҷӯшонидашуда аз барои чунин [беморон] хеле хуб аст. Яке аз ғизоҳои эшон, ки ҳамчун ғизо бихӯранд ва он худ ба худ давои хуб бошад, ғизои зерин аст:
ду думушта писти ҷав, як думушта тухми хашхош ва як думушта пӯсти хашхошро гирифта, [223] нек биҷӯшонанд ва равшан карда, бихӯранд. Агар онро бо писти себи туруш, ё донаи анор ва ё тутум туруш созӣ, шояд. Намаки чунин [беморон] намаки андаронӣ буда, онро бикӯбанд ва нек бирён кунанд. Сипас, бо он донаи анор, кашниз ва тутум биомезанд. Агар ҳарорати зиёд набошад, бо он панири куҳани бирён ва хурдкарда биомезанд. Ба эшон чӣ гунае набошад, ҷуз чизи сард набояд ошомонд, аз баҳри он ки чизи сард [табиат] баста, [ташнагӣ] шиканад ва чизи гарм ҳалшавандагӣ оварда, ба ошомидани бештар ниёзманд созад. Вале на ба ҳангоми ҳайза, ҳамон тавре ки шарт карда шудааст ва ҳангоми дарунрави суддавӣ ва омосӣ чунин кунанд. Гӯштҳое, ки барои эшон ба ҳангоми ин [беморӣ] рухсати хӯрдан аст, гӯшти тиҳу, кабк, дурроҷ, гунҷишк, чаковак, гӯшти харгӯш, сангхор, ғамхӯрак, фохта ва хусусан гӯшти [фохтаи] судонӣ мебошанд.
Беҳтар он аст, ки ин [гӯштҳо] бирёни дегафзорзада ва ё турушиафканда бошанд. Зардии хояи андар сирко ҷӯшонида ва масусҳое [хубанд], ки аз [зардии хоя] бо донаи анор, мавизи сердона, кашниз, бо тутум ва чизҳои бадон монанд аз қабили самари марвиҷон, сарнавдаи ток, барги туруша, барги «забони барра» ва каранби якчанд бор ҷӯшонида сохта бошанд. Моҳии хурди бо сирко пухта [судманд аст]. Он чизҳое, ки ба ҷои дегафзорҳо ба кор раванд, шукуфаи писта, шукуфаи дӯлона, кашниз ва мӯрддона мебошанд. Агар эшон гӯштҳоро гуворида натавонанд, аз барояшон гӯшти кӯфтаи мурғчӯҷа, кабк ва монанди инҳоро гирифта, сахт биҷӯшонанд ва бо онҳо каме гуринҷу говарс биомезанд. Сипас онро равшан карда, дубора бар оташ ниҳанд ва то қариби баста гардидан биҷӯшонанд. Баъд, онро бо тутум, ё донаи анор ва монанди он туруш созанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор