Қонуни тиб

Панири куҳани бирёнро ё чунонки ҳаст, ба кор баранд ва ё онро андар фишурдаи гирандае биҷӯшонанд, лекин ин ташнагӣ оварад. Беҳтарин тадбир ин аст, ки онро бо об ва намак якчанд бор бишӯянд ва ё чандоне биҷӯшонанд, ки намакаш бадар шавад ва сипас хушк кунанд. Як дирам аз ин гуна [панир] исҳолро бибандад ва аз ҳар гуна дору қавитар бувад. Аз барои кӯдакон гавзи муқашшарро бирён карда, бикӯбанд ва аз он ба андозаи як ҷиллавза бо шакари бирён ва оби сард ба эшон бидиҳанд. Зогҳо ва панирмояҳои ҳайвонӣ боздорандаи табиатанд. Аз панирмояи бузғола ба кӯдак чаҳоряк дирам ва ба бузургон беш аз он ва то як дирам бо оби сард бидиҳанд. Панирмояи харгӯш сари вақт шикам бибандад. Ҳангоми ба бемор додани панирмояҳои ҳайвонӣ боистӣ нахуст аз як донгӣ оғоз кард ва агар ин суд набахшад, миқдори онҳоро то ба ҳадде бирасон, ки аз як дирам беш набошад.
Агар аз панири куҳане, ки тадбири он ёд карда шуд, як дирамсанг [ба бемор] бидиҳанд, аз панирмояҳои ҳайвонӣ камтар зиёнвар буда, таъсири бештаре дорад. Бархе аз [пизишкон] чунин тасдиқ кунанд, ки агар порае аз гилемро (мусаййаҳ)64 то сиёҳ шудан бисӯзанд ва сипас аз он ним дирам [ба бемор] бидиҳанд, табиатро бибандад. Як дӯсти ман, ки аз ҷумлаи дармонкунандагон аст, ҳикоят кард, ки инро бо таҷриба худ ба исбот расондааст. Агар танҳо аз саргини саги устухонхор ва хусусан аз хушки он, ки андар моҳи тамуз гирифта бошанд, якуним дирам бо матбух [ба бемор] бидиҳанд, ба таври қавӣ [исҳолро] бибандад. Яке аз чизҳое, ки на чандон бисёр ба яке аз ду тараф мансуб аст, рӯдаи хушконидаи шутурмурғ мебошад. Як ошомидании он се дирам бувад. Онро хушк карда, бо сӯҳон бисованд. Ин миқдор аз онро ба каси гирифтори табоҳии меъда ба ҳасби мизоҷи ӯ ё бо рубби мӯрд ва ё бо рубби биҳӣ бидиҳанд. Низ шири бузе [судманд аст], ки онро то ситабр шудан ҷӯшонида бошанд ва ё аз тариқи се бор сангчаи тафсон андар он афкандан ҷӯшонида бошанд. Гоҳе андар он андаке гуринҷи бирён изофа кунанд ва ё гоҳе онро бо баъзе аз доруҳои содаи ёдшуда ба ҳасби ҳоҷат қавӣ созанд. Саргини устухонию сафеди саг ва зардии хояи (431) андар сирко ҷӯшонида низ чунин буванд.
Аз ҷумлаи доруҳои мураккаби моил ба сардӣ инҳост:
қурсҳои табошири исҳолбоздоранда; қурсҳои марвиҷон, ки «фаландиқун»65-аш хонанд; қурсҳои гили набишта; қурсҳои гулнор; қурсҳои филзаҳра; қурсҳои таросис; қурсҳои заъфарон; қурсҳои афюн; қурсҳои хашхоши исҳолбоздоранда; ҳабби афюн; ҳабби ябруҳ; мақлиёсо; доруи кӯфтаи донаи анор; ва ҳабби сандарус. Аз барои исҳоли беандоза ду дирам садафи сӯхта, ними он гили арманӣ ва намудҳои гуногуни мақлиёсоро бо гили набишта ва ё бидуни гили набишта [ба кор баранд]. Набояд [мақлиёсоро] ба ифрот бирён кард, зеро қувваташ биравад, балки бояд андаке сурх намуд ва аз оташ бардошт. [222] Онро ҳангоми бар [оташ] будан, то сурх шудан пайваста биомезанд ва ҳаракат диҳанд. Ба [гурӯҳи] доруҳои мураккабе, ки андак ва ё бештар моил ба гармиянд, инҳо бидароянд: қурсҳои дегафзорҳо; гувориши хузи
стонӣ; гуворишҳое, ки андар Қарободин ёд кардаем; гувориши тухмиҳои қабзкунанда; қурсҳои заъфарон; ва қурсҳои каҳрабо. Инчунин аз мозуи ношикофтаи сабз, пӯсти анор, тутум ва мурч ним дирамӣ гирифта, [бисованд ва] безанд ва бо сафедии хояи мурғ маъҷун созанд.
[Баъд] анорро шикофта, ин чизҳоро андар он кунанд, даҳонашро бо хамир бибанданд ва бар лахчаи оташ ниҳанд. Аз ин ҷумла орди гандумро гирифта, бо миқдоре аз нонхоҳ, газмозу ва тухми сипандон биомезанд, бо равғани зайтуни норасид сиришта, нон созанд ва андар танӯр хушк кунанд. Сипас даҳ дирам аз онро ба шакли совида гирифта, бо оби сард ва каме шароб биошоманд.
Аз ҳамин қабил доруи зеринест, ки ҳар гоҳ кӯдаконро ҳангоми рӯидани дандон исҳол рӯй диҳад, бо он муолаҷа кунанд: аз ҳар кадоми хашхош, мӯрддона, кундури нар ва мушки замин ним дирамӣ гирифта, нарм бисованд ва андар шири меошомидаи [бача] гудохта, ба ӯ бидиҳанд. Аз ҳамин қабил доруи зерин хуби санҷидашуда аст: донаи мавизи хушконидаро гирифта, чандоне нарм бисованд, ки чун гард бигардад ва ба андозаи баробар устухони сӯхта, мағзи булут, панирмояи ҳайвонӣ, кашнизи бирён, тутум, ҷинҷак, тухми карафс, зираи андар сирко таркарда, фатири хушк, кундур ва нонхоҳро гирифта, ҳамаро нек бисованд. Аз ҳама судмандтар ин аст, ки агар панирмояи ҳайвониро камтар ва ё ним бахш бигиранд. Сипас ҳар як соат аз он як қамҳа бихӯранд ва агар панирмоя камтар аз як бахш ва ё аз ин ҳам камтар бошад, он миқдоре, ки андар як рӯз бихӯранд, бист дирам аст. Вале агар панирмоя бештар бошад, андар як рӯз [ин дору] табиат бибандад.
Аз ин ҷумла [доруи зерин аст]: мушки замин, сунбул, гулнор, кундури кӯфта ва ним бахш66 мозуро гирифта, андар об нек биҷӯшонанд, сипас он обро полида, андар он ба андозае, ки муносиби тақозои ҳол бошад, сукки исҳолбоздоранда ва уди хоми хуб бипошанд ва онро биошоманд. [Доруи дигаре низ] аз ин қабил аст: ба миқдори баробар занҷабил, зоги кафшгарон ва тутум гирифта, аз хокаи онҳо ба миқдори аз ду дирам то ду мисқол [истеъмол] кунанд. [Доруи зерин] аз ҳамин қабил буда, ба иътидол наздик аст: пари сиёвушон, сунбули хушбӯй, тухми ҳамвори бедгиё (сил),67 мағзи бедгиё68, бодовард ва бехи дарахти санавбарро гирифта, аз онҳо қурсҳо созанд.
Бидон, ки ҳоҷат ба табошир аз барои бастани хун, ҳоҷат ба тухмиҳо аз барои бастани исҳоли рӯдагӣ ва ҳоҷат ба аспғул ва тухми бирёни «забони барра» аз барои печиши ноф бувад. Вагарна худи исҳолро пистҳо ва хусусан пистҳои якчанд бор бирёнкарда бартараф хоҳанд кард.
Ғизои [бемор] он чизҳое бошад, ки ёд кардем. Хояи бо об пухта ҳангоми исҳоле суд дорад, ки аз гандидани рӯдаҳо падид омада бошад, вале аз барои исҳоли ҷигарӣ ва меъдавӣ созгор нест, балки мумкин аст зиён ҳам оварад. Ба кор бурдани доруҳои карахткунанда хатарнок аст, вале гоҳе ба онҳо ҳоҷат биафтад (432) ва онҳо аз он ҷиҳат ки моддаро ситабр месозанд ва аз он ҷиҳат, ки хоб оварда, эҳтиёҷ ба қазои ҳоҷати ба сабаби ҳисси сӯзиш ба амал ояндаро бекор ҳамекунанд, судманд буванд. Ҳар гунае ки набошад, модом ки бе онҳо мумкин аст, набояд онҳоро ба кор бурд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор