Қонуни тиб

Гарданоҷ72 агар гуворишро ниҳоят табаҳ насозад, аз барои эшон судманд аст, вале бояд намак наафкананд, магар андаке ва бояд ҳангоми ба сих кашидан аз он рутубати бисёр биравад. Почаи [гӯспандро] агар бо гуринҷи бирёнкарда биҷӯшонанд, аз барои чунин беморон ниҳоят судманд бувад. Аз меваҳо бояд бехӣ парҳез кунанд, агарчи қабзкунанда бошанд ҳам, вале на ба ҳангоме, ки меъда аз таомҳои дигар рӯй бигардонад. Шоҳбулут эшонро зиён надорад ва хурмои қасб ҳамчунин. Агар таоми латиф андар меъдаашон табаҳ мешуда бошад, ба эшон таомҳое бидиҳанд, ки каме ситабрӣ доранд. Масалан, почаи [гӯспанд] бо руббҳои гиранда ва ошомҳои қавие [бидиҳанд], ки аз гуринҷу говарс сохта бошанд. Гоҳе бархе аз эшонро қариси шикамба ва монанди он ва сикбое суд бахшанд, ки аз [бахшҳои] беҳтарини гов сохтаанд. Як худи сикборо бо тарид бихӯранд ва агар иштиҳо бошад, ба андозаи қувваи гувориш андаке аз гӯшти [онро] ҳам истеъмол кунанд. Аз ин гувориш беҳ шуда, мизоҷи [бемор] муътадил бигардад. [Қариси] шикамбаҳо на ҳамаи беморони исҳолро созгор аст. Яке аз ошомҳои аз барои чунин [беморон] сутуда ин аст, ки хашхошро гирифта, сахт бирён кунанд, сипас аз он ва аз гуринҷу говарс ошом созанд. Агар бихоҳанд, онро бо тутум, донаи анор ва монанди инҳо туруш кунанд. Ё аз [нони] коки хушк, гуринҷ ва пиҳи гурдаи буз ошом созанд. Ё тутумро андар оби борон як шабонарӯз тар карда, ба таври сабук як сар биҷӯшонанд. Сипас онро нек биполанд ва андар он арзанро то нарм шудан тар кунанд.
Баъд, биҷӯшонанд, сипас сахт бимоланд ва баъд аз он полида дурдашро биандозанд. Сипас онро бар оташ ниҳода пайваста биомезанд, то мисли шилм бигардад. Баъд, бар вай каме намак пошида, равғанашро аз пиҳи буз ва ё бодоми бирён ва андаке равғани зайтун бисозанд. Намак ва равған андар он чандон бисёр наафзоянд. Ин чи гарм ва чи сард хӯрданбоб аст. Яке аз равғанҳои ин гуна [беморон] равғани зайтуни норасид аст. Бояд оби эшон оби борон бошад, зеро он хусусияти гирандагӣ дорад.
Ба гумони ман бештари судаш аз он сабаб аст, ки зуд ба сӯи ҷигар кашида шавад ва зуд ҳал шуда, андар (434) килус ба шакли рутубат боқӣ намонад.
Шароб аз барои эшон писандида нест, вале агар ошомидани он ногузир бошад ва қувват аз барои зиндатар шудан тақозои он кунад, бояд [ба эшон] ба миқдори кам аз шароби сиёҳи таъмаш гиранда бидиҳанд. Эшонро беҳтар он бошад, ки на ғизоҳои бисёри гуногуннавъ тановул кунанд ва на низ якчанд бор бихӯранд, балки бояд бо як таом ва бо миқдори кам кифоят карда, як бор бихӯранд. Пеш аз таом ягон чизи бештар гиранда бихӯранд ва пеш аз он миқдоре аз биҳӣ ва анори турушро бимаканд. Набояд аз болои [таом] об биошоманд ва агар сабр карда, албатта, об наошоманд, ин худ ба худ хусусан ба шарти аз паси [таом] ҳаракат накардани эшон илоҷи хубе хоҳад буд. Андомҳои атрофии бахши барсӯвини [тани] эшонро бояд бифишоранд, то ки ғизо ба сӯи онҳо кашида шавад. Бояд бар меъдаашон доруҳои гирандаи нигоҳдорандаи сард, гарм ва омехтаро ба муҷиби ҳолатҳои [гуногун] зимод кард ва бояд андар таркиби онҳо сунбул, мастако, мурр ва [нони] кок бидароянд. Агар майсавсан андар таркиби ин доруҳо бидарояд, низ бисёр хуб аст. Тилои зерин хуб аст ва онро андар миёни ҷигару меъда ҳангоме бимоланд, ки агар ин ҳар ду андар исҳол анбозӣ дошта бошанд: даҳ бахш афсинтинро андар шароб ҷӯшонида, биполанд ва бо порае бар мавзеъи [беморӣ] ниҳанд. Сипас аз гул, гулнор, мӯрди хушк, ақоқиё, ҳибуқистидос ва аз мозу бахшҳои баробар гирифта, бо оби мӯрд ва бо дурди афсинтини ёдшуда зимод кунанд.
Бидон, ки тарёк аз барои ҳар исҳоле, ки беҳушӣ оварда, қувватро биафтонад ва сабаби он омос ва ё таби сахт набошад, ниҳоят судманд аст. Он беморе, ки аз заъфи [қувват] барнаояд ва исҳоли ӯро буда басташуда, лекин танаш ғизо намепазируфта бошад, маслиҳат он бошад, ки кабобҳои тобагӣ ва гардондагии аз гӯштҳои гунҷишк ва синаи чӯҷаҳои навбол сохташуда бихӯрад, вале андомҳои атрофии онҳоро, ки серасаби дергуворанд, [набояд хӯрд]. Инчунин, ба касоне, ки иштиҳо зиёд доранду камгуворишанд, ин гуна чизҳо ва низ гӯшти сурхе бидиҳанд, ки бо равғани зайтун бирён карда, бар вай дорчинӣ пошида бошанд. Онро низ андар шароби биҳӣ ва себ тар кунанд. [Яке аз доруҳое, ки аз барои исҳоли хунӣ мо санҷидаем, шири бузе бошад, ки андар он сангчаҳои тофта афканда бошанд].73

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор