Қонуни тиб

Ин гуна ярақон [беморро] андар рӯзи чаҳордаҳум ба ҳалокат бирасонад.
Фасли чаҳорум андар баёни нишонаҳои сабабҳои ярақони зард
Бидон, ки ҳангоми аксарияти намудҳои ярақонҳои зарду сиёҳ кафки пешоб рангин бувад. Пешоб ҳар андоза рангин бошад, ҳамон андоза тезтар буда, ҳар чи бештар бар саломатии ҷигар ва боқувват будани он далолат кунад. Аммо нишонаҳои он ярақоне, ки аз сабаби бадмизоҷии гарми ҷигар падид омадааст, [худи] нишонаҳои маълуми [бадмизоҷии мазкур] буда, ин нишонаҳо хоҳ якҷоя бо нишонаҳои омоси гарм вуҷуд дошта бошанд, хоҳ не, фарқ, надорад. Баробари ин гуна [ярақон] бироз на ба андозае сафед бигардад, ки ба ҳангоми ярақони суддавӣ чунин бошад, балки гоҳе рангинтар аз он бувад ва гароние, ки ба ҳангоми ярақони суддавӣ ҳис карда мешавад, ба ҳангоми ин ярақон ҳис карда нахоҳад шуд.
Иштиҳо бикоҳад, ташнагӣ афзоиш ёбад, тан лоғар шавад ва пешоб сурх бигардад. Ин гуна [ярақон] ба нудрат якбора рӯй диҳад. Агар сабаби [ярақон] шиддатнокии сӯзиши талхаи заҳрадон ва афрӯхтагии он бошад, нишонааш он бошад, ки зардии ранги тан, сиёҳии рӯй ба танҳоӣ, сафедии забон, лоғарӣ ва (403) бастагии табиат аз сабаби бирозро хушконидани талха давом кунанд. Пешоб ба оғози [беморӣ] сафеди тунук ояд, чаро ки талха андар тан аз ғайри ронда шудан банд гардида бошад. Сипас андар поёни [беморӣ] зардии пешоб ва баъд аз он сиёҳию ситабрияш шиддат ёбад ва бадбӯияш зиёд гардад.
[Нишонаи] он ярақоне, ки аз сабаби бадмизоҷии гарми тамоми тан падид ояд, он бошад, ки тамоми тан эҳсоси гармӣ бидиҳад ва андар он хориш ҳис карда шавад. Иштиҳо ба изофаи майл ба пазируфтани чизи ситабру ширин доштан андак бувад, бироз ба ҳолати одатӣ наздик ва моил ба нармӣ бошад ва пешоб низ чунин бувад. Рагҳо ниҳоят гарм дарёфта шаванд ва рангашон гардида бошад. Чунин сафедии бироз ва гаронии ноҳияи ҷигар ва заҳрадон, ки ҳангоми ярақони суддавӣ ҷой доранд, [ба ҳангоми ин гуна ярақон] падид наоянд, балки гоҳе бироз рангин ояд ва тан сабук бувад. [207] Ҷигарро ягон нишонаи хоси ин [ярақон] рӯй надиҳад ва ин гуна [ярақон] мисли гунае аз ярақони суддавӣ якбора ба амал наояд. Агар [ярақон] ба иллати омоси гарм ва ё сахт ориз шуда бошад, нишонаҳои онро аз он чизҳое хоҳӣ донист, ки ёд карда шудаанд.
Бархе аз нишонаҳои доимии ярақони суддавӣ он бошад, ки аксар вақт бироз сафед бигардад ва ё зардии он бикоҳад, зардии ранги пешоб шиддат ёбад, андар мароқ ва бари рост гаронӣ ҳис карда шавад, ҳангоми хӯрдани ғизо дард ва дамиш падид ояд, тамоми тан бихорад ва хобидан бар паҳлуи чап сабук бувад.
Лекин ҳангоми ярақони заҳравӣ бироз ба якборагӣ ниҳоят сафед шавад, бад-ин гуна ки нахуст бироз сафед гардад, сипас ярақон ба амал ояд. Вале ба ҳангоми ярақони ҷигарӣ бироз ҷуз ба тадриҷ сафед нагардад ва заҳрадон талхаи андар хеш доштаро то тамом шудан ан
дак-андак бифиристад. Бинобар ин, бироз то пурра сафед шудан ва зоҳир гаштани ярақон андак-андак сафед гардад. Агар андар маҷрои ба сӯи рӯдаҳо раванда судда биафтад, андар корҳои пешина ва ҳозираи ҷигар танҳо ҳангоме офат падид ояд, ки [ҷигар] аз банд гардидани талха андар хеш озор бибинад ва [талха] ба сӯи заҳрадони пургардида роҳ пайдо кардан натавониста, [андар ҷигар] ба якборагӣ банд бигардад. Андар ин ҳол талхии даҳон шадидтар ва ташнагӣ қавӣ шаванд.
Ярақони заҳравиро аксар вақт қулинҷ биангезад ва ё бар ваҷҳе бо он ҳамроҳӣ кунад, ки бад-он ишора намудем. Бар он ярақони суддавие, ки сабабаш сардӣ ва қабзшавист, [далелҳои] пеш гуфташуда далолат кунанд ва яке аз онҳо ҳолати тамоми тан бувад. Агар сабаби он хилти ситабр бошад, бар [чунин ярақон] тадбири пешгузашта гувоҳӣ диҳад. Агар сабаби он рӯидани ягон чиз ва ё фароҳам омадани [ҷароҳате] бошад, давом кардани ярақон ва нишонаҳои судда ва аз истеъмоли доруҳои суддакушое аз қабили ҳуқнаҳо ва ғайра кам суд дидан бар он далолат кунад. Ҳангоми он ярақоне, ки ба сабаби нотавонии қувваи ронандаи ҷигар ва ё қувваи ҷудосозанда ба амал омада аст, рангинии пешоб ниҳоят зиёд нахоҳад буд, чунонки ҳангоми ярақони суддавӣ ва ҳангоме, ки қувваи ҷудосозанда ва ронанда қавиянд, ҳамин гуна бувад. [Низ] бироз сафеди баланд набошад, гароние, ки аз сабаби судда падид меояд, ҳис карда нашавад ва андар дигар феълҳои ҷигар нотавонӣ дарёфта шавад. Гоҳе ҳамроҳи ин гуна [ярақон] табоҳии меъда ва нишонаҳои заъфи ҷигар ҷой хоҳанд дошт. Он ярақоне, ки сабабаш заъфи қувваҳои заҳра бувад, бо маниши гаштани сахт, талхии даҳон ва аз ғайри ҳис кардани гаронӣ зуҳур кунад. Падид омаданаш андак-андак буда, рангинии бироз миёни зардӣ ва сафедӣ бизанад, вале агар қувваҳои ҷудосозанда ва ронандаи ҷигарро андар ин ҳолат нотавонӣ набошад, рангинии пешоб ниҳоят қавии ярақонӣ хоҳад буд. Бархе аз пизишкон чунин пиндоштаанд, ки ҳангоми ярақони аз сабаби заҳрадон падидомада, дар сурате ки ҷигар солим аст, ранги пешоб ба ранги худ ва бар ҳолатҳои табиӣ боқӣ бимонад. Вале ин муҳол аст, зеро ҷигари солим талхаро нахуст ба сӯи заҳрадон бифиристад ва агар имконият наёбад, сипас ба сӯи пешоб ронда, онро ба андозаи тавоноӣ ба сӯи хун гузаштан нагузорад. Лекин агар баробари вуҷуд доштани ярақон пешоб бештар сафед ва ё камранг бимонад, ин ҳол аз ҳама палидтар буда, бештар бими он дорад, ки худованди он ба истисқо гирифтор ояд, аз баҳри он ки ин [ҳолат] гувоҳӣ аз он диҳад, ки суддаҳо аз сардӣ падид омадаанд. Бар ярақони заҳрие, ки агар аз заҳри ҳайвон бошад, газидагӣ гувоҳӣ диҳад ва ё агар аз заҳри ошомидашуда бошад, далелаш ин аст, ки [бемор] тандуруст буда, хилтҳо хуб бошанд, сипас аз ғайри ба сафедӣ гардидани бироз якбора [ярақон] ориз бигардад.
Нишонаҳои ярақони буҳронӣ ин аст, ки он ҳангоми бемориҳои зудрави буҳроннок рӯй дода, баробари он дигар нишонаҳои буҳрон аз қабили маниши гаштан, таҳаввуъ, зарда қай кардан, шиддат ёфтани бехобӣ ва ташнагӣ, камии (404) иштиҳои таом, талхии даҳон, хурдии нафас ва хушкии табиат зоҳир гарданд. Ярақони буҳронӣ танҳо бар буҳрон далолат кунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор