Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Хубию бадии [ҳолати беморӣ] бо ёрии далелҳои қарини он санҷида шавад, ки мо андар баёни онҳо андар боби хоси онҳо сухан хоҳем ронд. Набз ҳангоми ярақони зард андар бештари ҳолатҳо ба иллати нотавонии қувват хурд, вале на қавӣ хоҳад буд, аз баҳри он ки талха сабуки гарм бошад ва лекин ба сабаби шиддатнокии хушкӣ сахт (сулб) бигардад. Вай начандон зуд бувад, аз баҳри он ки қувват ба сабабаи бадии мизоҷ чандон қавӣ нест. Ба ҳангоми ярақони зард аксар вақт арақи зард берун ояд.
Фасли панҷум андар баёни нишонаҳои сабабҳои ярақони сиёҳ

Бар ярақоне, ки аз сабаби танҳо испурч падид омадааст, чунин ҳолат далолат кунад, ки он нахуст зарду сипас сиёҳ нахоҳад шуд, зеро ярақони зард, албатта, аз сабаби испурч нест, вале ярақони сиёҳ, гоҳе мумкин аст аз сабаби ҷигар падид ояд. Ва лекин ярақони сиёҳи испурчӣ бештар сиёҳ буда, нишонаҳои сахтии испурч, бузургии он ва дардҳои он, ки аз паҳлуи чап дарёфта шаванд, қарини чунин [ярақон] бувад. Гоҳе ба ҳангоми он бирозу пешоб сиёҳ бигарданд. Гоҳе андар зимни бироз дурди сиёҳ берун ояд, ки ин далели қавии [ин навъ ярақон] бувад. Гоҳе агар андар ҷигар ягон офате ҷой надошта бошад ва ё ҳанӯз офати [испурч] ба ифрот ба сӯи он нагузашта бошад, пешоб солим бимонад ва саломатии он далолат бад-он кунад, ки ярақон испурчист. Ҳангоми ин гуна ярақон гоҳе мароқ аз ҳам кашида шуда, ба изофаи он дарду гаронӣ ҳис карда шавад. Андар бештари ҳолатҳо табиат баста бошад, вале гоҳе нарм бигардад. Гувориш бад бувад, қароқур афзоиш ёбад ва ба изофаи он хубсуннафс (ғуссамандӣ), андӯҳ ва васваса падид оянд. Гоҳе баробари ин [ярақон] арақи сиёҳ берун ояд.
Бар ярақоне, ки ба иллати суддаи маҷроҳо ба амал омадааст, гаронии зиёд ва ба душворӣ хобидан бар паҳлуи чап далолат кунад. Ба ҳангоми ярақоне, ки аз сабаби омоси гарм ва сахт ба амал омадааст, нишонаҳои ҳар ду [намуди омос] ҷой хоҳанд дошт. Ҳангоми он ярақоне, ки аз сабаби нотавонӣ ба амал омадааст, гаронӣ ҳис карда нашавад. Агар нотавонӣ аз ҷигар бошад, низ нишонаҳои он бар вай далолат кунанд. Бар ярақоне, ки аз сабаби ҷигар падид ояд, чунин далел гувоҳӣ диҳад, ки офатҳои аввалӣ андар ҷигар зоҳир бигарданд. Испурч ё солим ва ё гирифтори офат бувад, вале баробари он офатҳои савдо ба амал оварандаи ҷигар вуҷуд хоҳанд дошт.
Сиёҳии [ранг] қавии холис нахоҳад буд, чунонки ба ҳангоми ярақони испурчӣ чунин бувад. Бар ин гуна [ярақон] офати пешоб гувоҳӣ диҳад: агар фасод аз ҷиҳати гармӣ ва хушкӣ бархоста бошад, сиёҳии [пешоб] ба зардӣ бигарояд; агар аз ҷиҳати гармӣ ва рутубат бархоста бошад, андар ин ҳолат зардӣ ҳамроҳи сурхӣ ҷой дошта, то андозае ба гунаи маллагӣ бинамояд; агар [фасод] аз ҷиҳати сардӣ ва хушкӣ бархоста, сардӣ ғолибтар бошад, [ранги пешоб] ба сабзӣ ва ё хушкӣ ғолибтар бошад, ба сиёҳӣ бигарояд; агар аз ҷиҳати сардӣ ва рутубат бархоста, вале рутубат ғолибтар бошад, [ранги пешоб] то андозае ба зардӣ ва пистагӣ бизанад ва агар сардӣ ғолиб

тар бошад, [ранги пешоб] ба сабзӣ бизанад. Ярақони испурчиро ранг якхела бувад.
Фасли шашум андар баёни муолаҷаи ярақони зард

Бидон, ки ҳангоми муолаҷаи ярақон оҳанги ду кор кунанд: якум ин аст, ки худи ярақонро аз тариқи ҳал намудани он аз пӯст ва аз чашм бо ёрии доруҳои маъруфи шӯянда,40 бо ёрии доруҳои ба бинӣ кашандаи чашм ва бо ёрии доруҳои исҳоловарандаи моддаи сабабгори ярақон бартараф созанд; дуввум ин ки рӯ ба сабаб оварда, онро қатъ кунанд ва ин бад-ин гуна бувад, ки ё мизоҷро ба ислоҳ оранд, ё қувватро қавӣ созанд, ё чораи омос кунанд, ё судда бикушоянд ва ё аз тариқи задани босалиқ, ё усайлим ва ё раги зери забон, ки бархеҳо онро тавсиф намудаанд, истифроғ кунанд. Агар [раг задан] мумкин набошад, болотар аз маҳалли ҷигар андар зери китфи рост ва ё поён аз [маҳалли ҷигар] андар фазои зери паҳлуҳо миҳҷама бигузоранд. Ё аз тариқи исҳоловардане истифроғ кунанд, ки агарчи моддаро берун насозад, вале чизи мададгори моддаро берун хоҳад кард. Бо қай истифроғ кардан ҳангоми ҳама гуна ярақон судманд аст. Ҳангоми муолаҷаи зиёни заҳр азбаски қатъ кардани сабаб авлотар аст, бинобар ин, бояд ин кор муқаддам гузошта шавад ва бояд нахуст бад-ин кор бипардозанд. Ярақоне, ки сабабаш мизоҷи гарми ҷигар, ё тан ва ё заҳрадон буда, ин ба яке аз сабабҳои ғайри ошомиданӣ ва хӯрданӣ ва ё ба яке аз ин ду [сабаб] вобастагӣ дорад ва (405) агар андар ин ҳолат пурии хунӣ ва ё сафровӣ ҷой дошта бошад, илоҷаш ин аст, ки пеш аз ҳама бояд ҳар ду [хилт] истифроғ карда шавад: аз барои истифроғи хун, масалан, раги босалиқро бизананд ва аз барои истифроғи сафро, масалан, бо ҳалила ва шоҳтара, ё бо маҳмудаи андар дӯғ афканда ва умуман бо доруҳои исҳоловарандаи сафро ва намудҳои гуногуни [208] оби панир, ки бо ҳалилаву маҳмуда ва монанди инҳо қавӣ гардонида шудааст, шикам оранд.
Яке аз доруҳое, ки ба изофаи исҳоли модда ярақонро пок кунад, нусхаи зерини оби панир аст, ки он хуб бошад: се ратл шири буз ва як каф қуртумро гирифта, бикӯбанд ва як соат онро андар шир тар кунанд. Сипас ширро полида, як шаб бигузоранд, то хоб равад. Баъд онро аз бахши панирӣ равшан карда, обашро бигиранд ва андар вай як миқдор ангубин ва ё шакар ва ду дирам намаки ҳиндӣ афкананд. Агар бихоҳӣ, ки онро қавӣ созӣ, андар он як донг маҳмуда биафкан. Аз он ба миқдори таҳаммулпазир се рӯз биошоманд. Яке аз доруҳое, ки низ пок сохтани ярақонро бо исҳоли модда андар худ ҷамъ сохтааст, [доруи зерин аст]: як уқия оби барги турб, ҳафт дирам хиёршанбар, як дирам тухми қатаф,41 як донг сабр ва як донг заъфарон бигиранд. Ин аз барои [ярақоне], ки ҳамроҳи омоси гарми ҷигар ва ё маҷроҳо ва низ бо таб ба вуҷуд омадааст, созгор бувад. Ғизои [каси ба ярақон гирифтор] аз қабили оби ҷав ва тараҳо бувад, чунонки андар боби омосҳои ҷигар донистӣ ва ба дарозо кашидани сухан андар ин бобат суде надорад.
Ҳар гоҳ пазиш зоҳир бигардад, доруҳоеро, ки андар таркиби худ маҳмуда, сабр ва монанди инҳо доранд ва агар бо оби зарпечак, коснӣ ва дигар чизҳои бароят маъруф қувваашонро шикаста бошӣ, бо ҷуръат ба кор бурдан гир.

пешина
аз 1215
навбатӣ