Қонуни тиб

Он ярақоне, ки баробари сардии заифсозандаи ҷигар ва афсурдасозандаи маҷроҳои он ба амал меояд ва низ оне, ки аз сабаби фишор ва дигар сабабҳои судда ориз бигардад, аз ҳамин қабиланд.
Бидон, ки ҳар гоҳ судда ба амал омада, сафро андар ҷигар (кадом бахше аз ҷигар набошад, фарқ надорад) ва андар заҳрадон банд бигардад, ба муҷиби ин ҷигар аз андозаи пештара гармтар шавад ва дар натиҷа беш аз миқдори зардаи ҳангоми саломатии он таваллудшаванда зарда бизояд. Ярақоне, ки ба заҳрадон вобастагӣ дорад, аз он сабаб падид ояд, ки ё заҳрадон аз ҷигар [сафроро] кашидан натавонад ва ин хусусан ҳангоме ҷой дорад, ки ба изофаи он ҷигар [сафроро] ҷудо карда рондан натавонад ва ё қувваи кашандаи заҳрадон қавӣ буда, ба як кашидан заҳрадонро пур [аз сафро] кунад ва он беш аз миқдори онро пуркарда дигар [сафро] бурда натавонад. [Сафро] заҳрадонро аз ҳам бикашад, қуввати он биафтад ва он [дигар сафро] накашад. Ё [ярақон] ба сабаби он ба амал ояд, ки андар маҷрои ба сӯи рӯдагон равандаи [заҳрадон] судда биафтад. Ин судда мумкин аст аз он ҷиҳат падид ояд, ки заҳрадон ба сабаби якбора рехтани сафро ба сӯяш ниҳоят пуру фишурда шуда бошад ва [ин якбора рехтани сафро] ё ба бисёр зода шудан, ё ба сахт рондани ҷигар ва ё ба кашидани заҳра вобаста аст. Бинобар ин чизи банд гардида даҳони маҷроро бипӯшад, ва ба изофаи он қувваи [ронанда] ба иллати ин офат заиф шавад. [Ярақон] гоҳе мумкин аст ба дигар сабабҳои суддаовар вобастагӣ дошта бошад.
Он ярақоне, ки ҳангоми қулинҷ ба амал ояд, аз баҳри он ба амал ояд, ки хилти часпак рӯи маҷроро часпанда созад ва бинобар он зарда ба сӯи рӯдагон нарезад. Ин ярақоне буд, ки сабабаш қулинҷ аст. Гоҳе як навъ ярақоне ба амал ояд, ки баробари кулинҷ ҷой дошта, вале ба сабаби кулинҷ нахоҳад буд, балки ҳар дуи ин намуд андар як сабаб бо ҳам анбозӣ дошта бошанд ва ин сабаб суддае бувад, ки пеш аз падид омадани қулинҷ андар маҷрои заҳрадон афтида ва зардаҳоро аз гузаштан ба сӯи рӯдаҳо ва шустани онҳо боз дошта бошад. Ҳар гоҳ [зарда аз рехтан] боз дошта шавад, чунин рӯй диҳад, ки рӯдагон шуста нагарданд ва андар онҳо рутубат афзоиш ёфта, аз ин кулинҷ ба ангезиш ояд. Низ чунин рӯй диҳад, ки сафро ба сӯи тан баргардад ва аз ин ярақон ба амал ояд. Ҳар гуна суддае, ки андар маҷрои ба сӯи заҳрадон гузарандаи ҷигар ва ё андар маҷрои ба сӯи рӯдагон гузарандаи заҳрадон биафтад, агар аз сабаби сабзидани гӯшт ва ё озах ба амал омада бошад, аз он умеди шифо ёфтан нест. Ярақоне, ки аз сабаби рӯдагон падид ояд, ба пиндоштаи гурӯҳе ин (402) ориз шудани фароҳамоии сафрои зиёде андар рӯдаҳо ва хусусан андар қулун бувад, ки ба сӯи онҳо ҷорӣ шуда бошад ва ба сабаби ягон монеае аз он берун наояд. Бинобар он агарчи маҷро кушода бошад ҳам, вале зардаи андар заҳрадон буда ягон маҳалле нахоҳад ёфт, то андар он бирезад. Ин ҳолат бисёр кам рӯй диҳад ва қариб номумкин аст, аз баҳри он ки ҳар гоҳ зарда афзоиш ёфта, андар рӯда ҳосил шавад, вай хештан ва дигар чизҳоро берун орад ва ин ба шарте бошад, ки агар ҳисро бекор шудан ориз нагардида ва
қувваи ронанда наафтида бошад.
Аммо ярақони сиёҳи испурчиро аз ҷиҳати таквинёбияш бо ярақони заҳравӣ аз он ҷиҳат муқоиса соз, ки таквинёбии он ба иллати суддаҳои ду маҷро вобастагӣ дорад ва [низ] аз он ҷиҳат [муқояса кун], ки таквинёбии он ба заъфи баъзе қувваҳо ва қавӣ будани баъзеи дигар вобастагӣ дорад. Ярақони сиёҳи ҷигарӣ гоҳе ба сабаби шиддатнокии гармии ҷигаре ба амал ояд, ки хунро сӯхта, ба савдо табдил созад ва савдо андар тан афзоиш ёбад. Агар ягон ёваре аз қабили испурч ва маҷроҳо ёварӣ кунад, ин кор тамомият хоҳад ёфт. Гоҳе [ярақон] ба сабаби шиддатнокии сардии ҷигар ба амал ояд ва бинобар он хун тира шуда, сиёҳ бигардад. Мумкин аст ин сардӣ гоҳе бо хушкӣ ва гоҳе бо рутубат ҳамроҳ бошад. [Ярақон] баъзан ба сабаби омосҳои сард ва сахт падид ояд. Ярақони сиёҳе, ки ба сабаби тамоми тан ба амал ояд, ё ба шиддатнокии гармии тамоми тан вобаста буда, ин [гармӣ] хунро сӯхта, савдо бигардонад ва ё ба шиддатнокии сардӣ вобаста буда, ин [сардӣ] хунро фисурда, сиёҳ созад. Ҳар ярақони зард ва сиёҳе, ки сабаби он тамоми тан аст, ба сабаби рагҳое падид ояд, ки андар тамоми тан густариш ёфтаанд. Табаҳ шудани кори ба [савдо] табдил ёфтани хун ба қиёси табаҳ шудани кори ба моддаи истисқои гӯштӣ табдил ёфтани он мебошад, ҳарчанд андар ин ҳангом на андар ҷигар, балки танҳо андар рагҳо фасоди ошкоро ҷой дорад. Ту метавонӣ [ин сабабҳоро] тақсим намуда, бидонӣ, ки ярақони сиёҳ бар қиёси он чи ки андар боби ярақони зард гуфта шуд, гоҳе ба сабаби бисёрии [савдо] ва гоҳе ба сабаби банд гардидани он ба амал меояд.
Гоҳе мумкин аст ҳар ду намуди ярақон бад-ин сабаб якҷоя ба амал оянд, ки ё сафрои паҳнгардида ва хуни бо он омехтаро сӯзиш руй дода, ҳар ду хилт савдо бигарданд39 ва бо ҳам таркиб ёбанд ва ё аз ҳар ду сӯ, яъне аз сӯи ҷигару заҳрадон ва аз сӯи испурч офате ҷой дошта бошад. Гурӯҳе чунин пиндоштаанд, ки ярақони зард мумкин аст ногаҳон падид ояд, вале ярақони сиёҳ ногаҳон ба амал наояд ва эшон чунин ақида доранд, ки сабаби зода шудани сафро қавитар аз сабаби зода шудани савдост ва савдо андак-андак зода шавад. Ҳарчанд аксар вақт ин бар сурате бувад, ки эшон гуфтаанд, вале ҳол бад-он гуна нест. Гоҳе низ чунин иттифоқ афтад, ки агар табиат ба сабаби ягон монеае роҳи берун сохтан наёбад, ярақони сиёҳ ҳамчун буҳрони бемориҳои испурч ва дигар бемориҳои ба онҳо монанд ба амал ояд. Аксари худовандони ярақони зардро табиат баста бигардад, аз баҳри он ки [хилти] бедоркунандаи газандае, ки онро медонӣ, банд шуда бошад. Ҳар киро ярақон бошад ва онро ба ҳоли худ гузошта, муолаҷа накунад ва агар моддаи он ҳал нашавад, ӯро бими хатар хоҳад буд ва аксари ин гуна одамон ногаҳон бимиранд.
Бадтарин намуди ярақони ҷигар онест, ки аз сабаби омос падид омада бошад. Ин ҳамон ярақонест, ки Буқрот онро ёд карда гуфтааст: «Агар ҷигари каси ба ярақон гирифтор сахт бошад, ин далели бад бувад». Буқрот андар бархе аз [китобҳое], ки ба ӯ нисбат дорад, гуфтааст, ки яке аз намудҳои ярақон бад ва зуд ҳалоккунанда аст ва андар пешоби худованди он шабоҳат ба говдона зоҳир бигардад.
Ба изофаи он шикам сих занад, таб ва фарошои заифе па дид оянд ва аз сабаби шиддатнокии гижа андар сухан нотавонӣ зоҳир гардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор