Қонуни тиб

Агар он туруш бошад ва беандоза зиёд набошад, маниши гаштан ва қай ангезад. Гоҳе он андар рӯдаҳо реши савдовии ҳалоккунанда ба амал орад. Ҳар гоҳ испурч фарбеҳ шавад, тан ва ҷигар лоғар бигарданд ва он беш аз ҳама зидди ҷигар аст. Гоҳе савдо андар испурч сӯхта, ба миқдори беандоза ба сӯи меъда рехта, қаи савдовие падид орад, ки мумкин аст дорои давраҳо бошад ва аз он бемории бо номи «сарнагун шудани меъда» маъруф ориз бигардад. Ҳар гоҳ савдо ба миқдори зиёд истифроғ шавад ва андар ин миён таб набошад, пас ин ба иллати заъфи қувваи нигоҳдоранда ва ё ба иллати қавӣ будани қувваи ронанда падид омадааст. Агар банд гардиданаш фузунӣ ёбад, ҳол баръакс хоҳад буд.
Испурч андоми дарозрӯяи забоншакл буда, бо меъда аз тарафи чап ва аз пас, аз ҷое, ки маҳалли сутунмуҳра аст, пайваста мебошад. Вай савдоро бо гардане бикашад, ки ба бари фурӯрафтаи ҷигар аз зери пайвандгоҳи гардани заҳрадон пайваста аст ва [савдо] аз тариқи гарданае, ки аз даруни испурч раста аст, ронда шавад. Бари фурӯрафтаи он аз сӯи меъда ва кӯжияш аз сӯи паҳлуҳост. Вай на бо бандакҳои зиёду қавӣ бо паҳлуҳо овехта аст, балки бо ёрии бандакҳои ками лифӣ ба пардаҳои паҳлуҳо овехта аст. Аз ҳамин бар он бо рагҳои ором ва ҷаҳанда пайваста бувад. Аз бари фурӯрафтаи ҳамворидор ҳарчанд ки бо бахши поёни ҷигар мувозӣ буда, андар фурӯсӯви меъда ҷой гирифтааст, вале рӯ бар ҷигар ва меъда дорад. Миёни ӯву меъдаро раге пайваста аст, ки бо ҳар кадоми ин ду часпида бувад ва [испурч] бо ин раг низ овехта аст. [Испурчро] сифоқи дуқабата бо шохаҳои сершумору хурдҳаҷми рагҳое мустаҳкам доштааст, ки аз он раста, андар испурч ва чодарпиҳ андаромехтаанд. Испурчро рагҳои ҷаҳанда ва ғайри ҷаҳандаи зиёдеанд, ки андар онҳо хун пухта, ба гавҳари ӯ монанд бигардад, сипас фазлаҳо ронда шаванд. Ҷирми испурч тунук аст, то ки фазлаи ситабри савдовиеро, ки андар он бидарояд, ба осонӣ бипазирад. Ӯро пардае пӯшидааст, ки аз сифоқ раста бошад ва ба сабаби он ҳиҷобро анбозӣ кунад, зеро баромадгоҳи пардаи ҳиҷоб низ аз сифоқ аст.
Фасли севвум андар баёни ярақони зард ва сиёҳ
Ярақон ниҳоят зиёд дигаргун шудани ранги тан ва ба зардӣ ва сиёҳӣ задани он бувад, аз баҳри он ки хилти зард ва ё сиёҳ бидуни он ки гандида бошад, ба сӯи пӯст ва чизҳои бад-он пайваста ҷорӣ шавад, вале агар гандида мебуд, ба таҳқиқ ҳангоми сафро таби серӯзӣ ва ё ҳангоми савдо таби чаҳоррӯзӣ ярақонро ҳамроҳӣ мекарданд.
Сабаби зардӣ андар бештари ҳолатҳо аз сӯи ҷигар ва аз сӯи заҳрадон аст ва сабаби сиёҳӣ аз сӯи испурч ва гоҳе аз сӯи ҷигар низ бувад. Гоҳе чунин биафтад, ки сабаби ҳам зардӣ ва ҳам сиёҳӣ мизоҷи ҳамагонии тан бошад.
Мо ҳоло нахуст андар баёни ярақони сафровӣ сухан ронда, бигӯем: Ярақони сафровӣ ё ба иллати бисёр таваллуд шудани сафро ва ё ба иллати номумкин гардидани истифроғи он падид ояд. Ба фаровон таваллуд шудани он бошад ё ба сабаби андоми сафрозоянда, ё ба сабаби моддае, ки аз он сафро зода шавад ва ё ба сабабҳои
бегонае вобастагӣ дорад. Аммо андоми ба табъ зояндаи [сафро] ҷигар бувад, зеро вай ҳар гоҳ ба иллати сабабҳои гармиоваранда, ё ба иллати омосҳои андар худи он ва андар роҳҳои сафро падид омада, ё ба иллати суддаҳое, ки талхаро аз сӯи заҳрадон боз доранд ва ё ба иллати гармии мизоҷи заҳра, ки ниҳоят гармсозандаи ҷигар аст, беандоза гарм бигардад, ин, ҳамон тавре ки андар дигар ҷойҳо донистӣ, боиси падид омадани сафро хоҳад шуд. Аммо сабаби на андар табъ зояндаи сафро тамоми тан бувад, ки он ҳар гоҳ ба ифрот гарм бигардад, ҳамаи (401) хуни андар хеш бударо ба сафро табдил диҳад.
Моддаи [зояндаи сафро] ғизоҳо буда, агар онҳо аз ҷинси чизе бошанд, ки ё ба иллати гармии мизоҷи хеш ва ё ба иллати зуд ба гармӣ табдил ёфтани худ (чунонки шир андар меъдаи гарм ҳамин гуна бошад, сафро бизояд, аз сафрои бисёр зодан холӣ нахоҳанд буд. Аммо мисоли сабабҳои бегона гармии берунаест, ки ба сабаби масалан, газидани каждуми ҷаррор, ё мор, ё неш задани занбӯрҳои бадгавҳар ва ё газидани шупуши каргас падид омада, танро фаро бигирад ва ё андар он паҳн бигардад.
Гоҳе [чунин гармӣ] мумкин аст аз сабаби ошомидани доруҳое аз қабили заҳраи паланг ва афъӣ ба амал ояд, ба шарте ки миқдори онҳо на ба андозаи ҳалокатовар бошад. [Доруи] заҳрӣ андар бештари ҳолатҳо якбора таъсир кунад.
Ҳангоми он бахш аз ярақон, ки ба иллати бисёрии сафро падид ояд, [сафро] гоҳе ба сабаби сахт ғолиб будан бар хун худ ба худ паҳн бигардад ва гоҳе мумкин аст аз тариқи рондани табиат [паҳн гардида], ин гуна ярақон ярақони буҳронӣ бувад. Гоҳе чунин иттифоқ афтад, ки ин гуна бисёрӣ якбора ба амал ояд ва гоҳе агар чизи зодашуда ба иллати зичии пӯст ва ё ситабрии модда ҳал нагардад, мумкин аст ин [бисёрӣ] андак-андак андар муддати якчанд рӯз ба амал ояд. Бинобар ҳамин ду сабаб [206] ҳангоми сахт вазидани бодҳои шимолӣ, ҳангоми зимистони сард ва низ ба ҳангоми баста шудани арақоварии одатӣ ярақон бисёр падид ояд. Чунонки донистӣ, ба фаровон падид омадани сафро гоҳе андар ҷигар ва гоҳе андар тамоми тан рӯй диҳад. Гоҳе [афзоиши сафро] ба сабаби омосҳои гарм, андар куҷое, ки набошанд, ба амал ояд, зеро [омосҳо] мизоҷро ба сӯи гармӣ гардонида, бад-ин сабаб сафро ба миқдори зиёд зода шавад. Бинобар он ба иллати ҳамҷавории [ҷигар] бо омосҳои гарм ярақон падид ояд, чаро ки омосҳо мизоҷро дигаргун созанд. Вале ин [беморӣ] гоҳо аз тариқи ба амал омадани судда ва боздошта шудани истифроғ низ зоҳир гардад. [Омосҳои] сард аксар вақт талхаи сиёҳ зоянд. Ин буд ярақоне, ки ба сабаби бисёрии [сафро] падид ояд.
Аммо [ярақоне], ки ба сабаби адами истифроғи [сафро] вобаста аст, бад-ин гуна бувад, ки ин набудани истифроғ ё аз сӯи ҷигар аст, ё аз сӯи заҳрадон, ё аз сӯи рӯдагон ва аз сӯи андомҳои дигар. Агар [сафро] аз ҷигар истифроғ нашавад, пас, сабаби он ё андар фоил аст ва ё андар афзор. Сабабе, ки андар фоил ҷой дорад, ё заъфи қувваи ҷудокунанда аст ва ё заъфи қувваи ронанда. Сабабе, ки андар афзор ҷой дорад, баста шудани ё маҷрост ва ё миёни ҷигару маҷро. Аз ҳамин қабил [ярақоне] ба шумор биравад, ки аз омосҳои гарм ва сахти ҷигар зода шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор