Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Фанни понздаҳум
АНДАР ҳолатҳои
заҳрадон ва испурч,
ки аз ду мақола иборат аст
Мақолаи нахустин
АНДАР ташреҳи заҳрадон ва испурч ва андар
баёни ярақон
Фасли нахустин
андар баёни ташреҳи заҳрадон

Заҳрадон кисаест, ки аз ҷигар ба сӯи меъда овехта шуда, аз як табақаи асабнок иборат аст. Вайро аз сӯи ҷигар даҳон ва маҷроест, ки аз тариқи он хилти тунуки барояш созгор, яъне талхаи зардро ҳамекашад. Ин маҷро ба худи ҷигар ва рагҳое пайваста аст, ки андар онҳо хун падид ояд, ҳарчанд ки даромадгоҳи амуди он аз сӯи фурӯрафтагии ҷигар аст, вале андар он ҷой вай шохаҳои бисёри андар [ҷигар] фурӯраванда дорад. Заҳрадонро низ аз ноҳияи меъда ва рӯдагон даҳон ва маҷро буда, аз тариқи ҳар ду сафрои зиёдатиро бад-он ноҳияҳо ҳамефиристад, чунонки мо инро андар Китоби нахустин ёд кардем.38 Бештари шохаҳои ин маҷро бо рӯдаи дувоздаҳангушта пайваста аст ва гоҳе бахши хурде аз он ба қисми фурӯсӯви меъда пайваст бигардад. Гоҳе мумкин аст ҳол баръакс бошад ва шохаи бузурги бо зарфи аз ҳама ситабр пайваста ба сӯи бахши фурӯсӯви меъда биравад ва шохаи хурдтар ба сӯи рӯдаи дувоздаҳангушта. Андар бештари мардумон вай маҷрои ягона буда, бо рӯдаи дувоздаҳангушта пайваст бувад. Даромадгоҳи найчаи талхакашандаи заҳрадон ба даромадгоҳи найчаи обгаҳ, ки андар обгаҳ бидарояд, наздик аст. Одати пизишкони пешин ин буд, ки заҳрадонро «кисаи хурд» меномиданд, ҳамчунон ки одатан обгаҳро «кисаи бузург»
ҳаменомиданд. Аз ҷумлаи манфаатҳои андар офариниши заҳрадон ҷойдошта ин аст, ки заҳра ҷигарро аз фазлаҳои кафкӣ пок созад, инчунин мисли ҳезуми андар зери дег онро гарм кунад, низ хунро латиф созад, дигар ин ки фазлаҳоро ҳал кунад, бирозро ба ҳаракат оварад, рӯдагонро пок кунад ва он мушакҳои андар гирди [рӯдагон] бударо, ки суст шаванд, сахт созад.
Андар бештари заҳрадонҳо ба сӯи меъда роҳ офарида нашуда аст, то рутубатҳои онро якбора бишӯяд, чунонки рутубатҳои рӯдагон бо ёрии он шуста шаванд, зеро меъда [андар ин ҳолат] аз он ранҷур мешуд, ба маниши гаштан дучор меомад ва ба сабаби омехтани хилти бад бо ғизо гувориши он табаҳ мегашт. Аз раги ҷаҳанда ва

асабе, ки бо ҷигар пайваста аст, ду шохаи ниҳоят хурд
[бо заҳрадон] пайвастаанд. Заҳрадон мисли обгаҳ дорои
як табақа аст, ки он аз се намуд лиф иборат бувад. Ҳар
гоҳ заҳрадон талхаро накашад ва ё талхаро бикашад, вале [ҷигарро] аз он пок насозад, офатҳои гуногун падид хоҳанд омад. Агар сафро бар фарози заҳрадон банд шавад,
боиси омосидани ҷигар бигардад, ярақон падид орад ва
гоҳо гандида табҳои бад ба амал оварад. Агар он ба сӯи
андомҳои пешоб ба ифрот ҷорӣ шавад, онҳоро реш созад ва агар ба сӯи ягон андоме бишорад, сурхӣ ва намла
падид орад. Агар сафро андар тамоми тан паҳн гардида,
ором боқӣ монад ва ба шӯр наояд, боиси падид омадани
ярақон бигардад. Ҳар гоҳ [сафро] аз заҳрадон ба сӯи
рӯдагон ба ифрот бирезад, боиси исҳоли заҳрагӣ ва реши рӯда хоҳад шуд. (400)
Фасли дуввум
андар баёни ташреҳи испурч

Испурч умуман маҳалли рехтани дурди хун ва сӯхтаи он, яъне савдои табиӣ ва савдои аразӣ мебошад. Испурч дорои хусусияти [хос] ва қувват буда, дилро аз зер ва ҷигару заҳрадонро аз бар муқовимат кунад. Вай ҳар гоҳ бахши тираи хунро ба худ бикашад, онро бигуворад ва ҳар гоҳ он туруш ва ё тунд гардида, қобилияти даҳони меъдаро ба хориш овардан ва дибоғат додан пайдо кунад ва [ҳар гоҳ] гармияш муътадил бигардад, испурч онро аз тариқи раги варидии бузург ба сӯи [даҳони меъда] бифиристад. Испурч ҳар гоҳ ҷигар ва ҷойҳои бад-он пайвастаро аз савдо пок кардан натавонад, андар тан бемориҳои савдовие аз қабили саратон, даволӣ, поғура, парюн, баҳаки сиёҳ, песии сиёҳ ва гузашта аз ин молихулиё, ҷузом ва ғайра падид оянд. Испурч он миқдор савдоеро, ки бояд аз худ берун созад, агар берун кардан натавонад, ӯро низ воҷиб ояд, то бузург ва азим гардида, омос кунад, аз барои савдои падидоянда андар он ҷое боқӣ намонад ва [савдое], ки даҳони меъдаро бояд ба хориш оварад, банд бигардад.
Агар [савдо] ба ифрот [ба сӯи даҳони меъда] биравад, гуруснагӣ шиддат ёбад.

пешина
аз 1215
навбатӣ