Қонуни тиб

Баъд аз варзиш [беморро] хусусан андар зери офтоб, ки таъсираш сахт ба андарун биравад, ба гармшавӣ маҷбур кунанд. Ҳар гоҳ гармии офтоб шиддат ёбад, сарро бипӯшонанд, то ки ба ягон иллати мағзӣ гирифтор наояд ва ҳамаи дигар андомҳоро кушода доранд. Агар рег ёфт шавад, бояд бар рӯи рег бихобад ва [агар не], василаҳои арақтозонандаи ёдшударо [ба кор барад]. Ҳар гоҳ аз ӯ арақ шоридан гирад, онро бояд пок кунанд ва мисли равғани хиёри даштӣ ва монанди онро бимоланд. Бояд [бемор] аз маҳалли вазиши бодҳои сард дурӣ ҷӯяд. Ӯ бояд доруи куркум, доруи лок ва низ доруи калкалонаҷ биошомад ва доруҳои пешобтозонандаи ёдшуда ва доруҳои исҳоловарданиеро ба кор барад, ки дорои латифсозандагию хушкиовариянд. Аз ҷумла, агар гармӣ ҷой дошта бошад, бояд қурсҳои алафи гулӯдардро бо абҳал ва андар оби бехҳо ва андар сикангубини тухмигӣ афканда, [ба кор барад].
Ҳамаи доруҳои содаи аз барои истисқои машкӣ буда ва ҳатто сакбина, қуст, мозариюн ва уфурбиюн низ аз барои ҳамаи намудҳои [истисқои гӯшӣ] судманданд.
Ҷӯшонидаи абҳал сахт нофеъ аст. Онро танҳо ба андозае биҷӯшонанд, ки об сурх бигардад, сипас се дирам абҳалро гирифта, бо ин об биошоманд. Ба бемор инчунин нонхоҳ, зира ва намаки табарзад бидиҳанд. Ҳангоми [истисқои гӯштие], ки аз сабаби гарм падид омадааст, бояд раг бизад, то ки зардоби бад берун ояд ва пешоб битозонд. Ҳар гоҳ рагҳо пок бигарданд, мизоҷи ҷигарро бо ёрии доруҳои сардгардонандаи ҷигар ислоҳ намуда, аз афрӯхтагӣ ба мизоҷи табиӣ боз оранд. [Беморро] ҳангоми истисқои гӯштии сард ва гарм айнан ҳамон гунае ғизо бидиҳанд ва ташна бидоранд, ки ҳангоми истисқои машкии сарду гарм низ чунин кунанд.
Фасли шашум андар илоҷи истисқои таблӣ
Қонуни муолаҷаи ин [истисқо] он аст, ки агар хилти
тар ба иллати банд гардидани худ сабаби дамиш гарди
да бошад, онро истифроғ кунанд. Гоҳе ба истифроғ намудани бахши обӣ ва шикофтан низ эҳтиёҷ афтад, чунонки ба ҳангоми истисқои машкӣ чунин кунанд. Агар сабаби ин [истисқо] заъфи меъда бошад, онро қавӣ созанд ва ё [мизоҷи] ҷигарро бо ёрии тилоҳо ва дигар доруҳо муътадил бигардонанд, то ки ба ифрот бухор ба амал наоварад. Раг задан андар ин боб ҷуз ба нудрат надарояд, балки беҳтар он аст, ки нахуст табиатро ба нармӣ ба исҳол оваранд, вале набояд доруҳои исҳоловаранда фаровон ба кор бурда шаванд. Низ боистӣ доруҳои пешобтозонандаро ба кор бурд, вале на ба ифрот, зеро (399) ба ифрот ба кор бурдани онҳо боиси падид омадани бухорҳои бисёр хоҳад шуд. Сипас доруҳои оруғоваранда ва доруҳои ҳалкунандаи бодҳоро ба кор баранд. Шиками [беморро] андар рӯзе як чанд бор молиш диҳанд ва агар гармибандӣ ӯро судманд бошад, бо говарс ва сабӯс онро гармибандӣ кунанд.
Инчунин, ҳаббҳои ошомиданӣ ва доруҳои ба зер баргирифтанӣ [судманданд]. Гоҳе эҳтиёҷ бад-он биафтад, ки бар шикамаш якчанд бор миҳҷамаҳои тиҳӣ биниҳанд. Бояд аз донагиҳо ва тараҳо парҳез кунанд ва аз ширҳову меваҳои тар дурӣ биҷӯянд. Агар истисқои таблӣ якҷоя бо бадмизоҷии гарм ҷой дошта бошад, бояд [ба бемор], масалан, обҳои бодиён, карафс, шоҳафсар, бобуна ва хори хасак бидиҳанд. Агар истисқои таблӣ ба сабаби бадмизоҷии сард ба амал омада бошад, бояд [ба бемор] зира, анисун, гунди бедастар ва нонхоҳ дода шавад ва бояд ҳамеша зира ва кундур бихоянд. Ин гуна [беморро] маъҷуни ваҷ бо сиёҳдона судманд аст ва зикри он андар Қарободин омадааст.37 Инчунин нонхоҳ, абҳал, зира ва намаки табарзад [хубанд]. Доруҳое, ки андар зер баргиранд, [инҳост]: зира, бура ва барги судобро гирифта, аз инҳо ба тариқи шиёф ба кор баранд. Аз ҳуқнаҳо равғани судобро ё танҳо ва ё бо тухмиҳое, ки ҳалкунандаи бодҳоянд, [ба кор баранд].

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор