Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Низ [ба ӯ] ҳабби зеринро [додам]: шири шибрамро бо якчанди он аз шакар гирифта, онҳоро баста гардонидам ва пеш аз ғизо хӯрдан ба ӯ медодам. Гоҳе онро ба дилаи анҷир баста месохтам ва аз он ба қадри ду-се ҳиммаса ба ӯ медодам, баъдаш рубби ғӯраоб ва чукурӣ меошомонидам. Ҷигарашро бо [зимодҳои] сард, бо донаи қанидисӣ36 ва бо мозариюни андар сирко таркарда зимод кардам. Аз тилоҳо гили арманиро бо сирко ва об, орди ҷав ва говарс, саргини гов, саргини буз, хокистари булут ва ток ва гоҳе бураву гӯгирдро бар шикамаш тило кардам ва ҳамаи инҳоро бо сирко [ба кор бурдам]. Ҳатто бар ҷигараш аз зимоди сандал сохташуда ниҳодам ва гоҳе зимоди сандалро бар ноҳияи ҷигар ва зимодҳои ҳалкунандаро бар ноф ва шикам зимод кардам. Инчунин, андар шароби гул мозариюнро тар карда, сипас бо ин [шароб] ӯро исҳол овардам ва ҳатто як бор андар [шароби мазкур] шири шибрамро омехтам. Аз меваҳо ба ӯ хӯрдани анҷири хушк, бодом ва шакарро иҷозат додам ва фармудам, ки бар ташнагӣ сабр кунад. Ҳар гоҳ ташнагии ӯ ба ифрот расид, сиркоро бо об омехта, ба ӯ додам. Барги мозариюнро кӯфта, бехтам ва бо ангубини анҷир маъҷун сохтам. Ҳар бор пеш аз хӯрок ва баъди он аз ин дору ба ӯ медодам.
Умуман, ягон рӯз ман ӯро бе исҳол нагузоштам». Ин буд гуфтаи [Ҷолинус].
Аммо ғизои худовандони истисқо бояд кам ва як бор бошад. Агар [бемор] аз нони гандуми часпак парҳез кардан битавонад, чунин бояд кунад, зеро он судда хоҳад овард ва бояд бар нони ҷавини дегабзорзада кифоят кунад. [204] Агар аз [нони гандум хӯрдан] чора набошад, бояд аз нони танӯрии хушкори хубпухтае истеъмол кард, ки аз барои мағор назадан хушконида бошанд ва аз гандуми беғоз сохта шуда бошад. Бархе одамон андар он орди нахӯд [низ] ҳамроҳ кунанд. Бояд [чунин нонро] аз мисли равғани зайтуни норасид чарб кунанд. Ин гуна [беморонро] сирко ва равғани зайтуне бидиҳанд, ки дегабзору хушбӯӣ зада шуда бошад ва ин барои эшон созгор аст. Оби шӯрбои мурғ аз барои эшон судманд бувад, зеро он ба изофаи пешоб тозондан ҷигарро ба ислоҳ оварад. Низ таоме [хуб аст], ки тарсоён аз зайтун, газар ва сир омода созанд. Бояд шӯрбои эшон аз оби нахӯд, шӯрбои чаковак, пирхурӯс, мурғ ва алалхусус бо гиёҳи моҳудона сохташуда иборат бошад. Гӯште, ки гоҳе мумкин аст бихӯранд, бояд аз гӯштҳои сабуки парандаҳо аз қабили гӯшти дурроҷ, кабк, бутемор, фохта ва чаковак, гӯшти сангхор, гӯшти нахҷир ва бузғола ва аз моҳиҳои хурд иборат буда, онҳоро дегафзорҳои латифсозанда, тез ва буранда зада бошанд. Намаки афъӣ барои эшон ниҳоят хуб аст, вале мумкин аст ба ҳадди ифрот ташнагӣ оварад. Тараҳои аз барои чунин [беморон судманд], масалан, карафс, чугундар, тараи яҳудӣ, коснӣ, шоҳтара, каме сармаҷ, гандано, судоб, барги каравиё, пудина, сир, кабар ва хардал мебошанд. Ҳама гуна донагӣ эшонро ва хусусан худовандони истисқои таблиро зиён дорад. Аз мағзҳо писта, фундуқ ва бодоми талх [судманданд]. Гоҳе ҳангоми тунук будани [ғизо] ба эшон хӯрдани хурмо ва мавизро иҷозат диҳанд, вале аз меваҳои тар

ба ҷуз анори ширин ҳеҷ чизро набояд иҷозат дод. Аммо оид ба шароб: худованди истисқои гарм ба зинҳор набояд ба он наздикӣ кунад, вале худованди истисқои сард бояд ба ҷуз андаке аз шароби тунуки куҳан дигар ҳеҷ гуна шароб наошомад ва онро ҳам на ношито ва на аз паси таом, балки баъд аз гузаштани муддате ва ҳангоме бояд биошомад, ки фурӯ рафтани таомро аз меъда ҳис кунад.
Аз ҳуқнаҳо ва шиёфҳо бояд хуқнаҳоеро [ба кор бурд], ки аз обҳои бахши обиро беруноваранда иборат буда, ба изофаи онҳо, масалан, сакбина, бехи савсани осмонгун ва монанди инҳо ҷой дошта бошанд. Шиёфе, ки обро нек истифроғ кунад: панҷоҳ дона тухми газна, сиҳ адад донаи моҳудона, ҳафт қирот ғориқун ва сиҳ драхмӣ пӯсти мисро гирифта, бо мағзи нон биомезанд ва аз онҳо шиёф сохта, ба қадри шаш ва ё нӯҳ қиротӣ аз он ба кор баранд.
Ҳамаи намудҳои доруҳои пешобтозонанда эшонро судманд аст. Яке аз доруҳои аз барои эшон хуб ва пешобтозонанда доруи [зерин] аст: нуҳ қирот тухми газна, (398) ҳамин қадар харбақи сиёҳ, як драхмӣ кокана ва ду дирам сунбули ҳиндиро гирифта, бо ҳам биомезанд ва ба бемор бидиҳанд. Як ошомидании он як мисқол ва бо шароби аз дегафзорҳо сохташуда бувад. [Доруи] дигаре, ки пешоб битозонад: аз ҳар кадоми шохаҳои баласон, сунбул, салиха, зира, бехи савсан, уфориқун, шукуфаи изхир, луф, қуст, газари даштӣ, ҳамомо, симирниюн, ки он гунае аз карафси даштист, фатросолиюн, ки он тухми карафси кӯҳист, наи бӯё, мурч, кокана ва сисолиюс, ки он ангудони румист, як драхмигӣ гирифта, ҳамаро биомезанд. Як ошомидании он ду драхмӣ бувад.
Фасли панҷум андар илоҷи истисқои гӯштӣ

Аслҳои ҳамагонии [муолаҷа] ҳангоми истисқои гӯштӣ
судманданд. Ба изофаи он андар боби истисқои машкӣ
ишораҳое оид ба муолаҷаи истисқои гӯштӣ оварда шуданд. Гоҳе агар сабаби он банд гардидани хуни ҳайз ва ё
бавосир буда, андар ин ҳолат далелҳои пурӣ ҷой дошта
бошад, эҳтиёҷ ба раг задан биафтад, зеро раг задан фишори хомӯшкунандаи гармиро аз байн бибарад ва он аз
истисқои машкӣ дида, ба истисқои гӯштӣ бештар муносиб аст ва нармии табиат аз инҳо дида, ба эшон созгортар бувад. Агар ҳангоми истисқои гӯштӣ таб ҷой дошта
бошад, то бартараф кардани таб на бо дору исҳол овардан ва на раг задан раво нест. Қурсҳои шибрам ва ошомидани онҳо, чунонки андар боби истисқои машкӣ тавсиф кардем, аз дигар намудҳои истисқо дида бештар ба
истиқои гӯштӣ созгор аст. Табиат набояд баста бошад,
балки агарчи бо ёрии доруи муътадил ҳам бошад, бояд
ҳамеша кушода бошад. Ин гуна [истисқоро] гардонидан,
ғарғара кардане, ки поксозандаи мағз аст ва исҳол судманд буванд ва беҳтарин доруе, ки бояд бо он [исҳол
оваранд], ҳабби рованд аст. Истисқо ва хусусан истисқои
гӯштиро варзише хос аст, ки бар пушти ҳайвони саворӣ
нахуст бар пушт хобида сипас устувор нишаста, [роҳ бираванд] ва баъд аз он андаке бар замини нарми регзор
пиёда раванд. Бояд бо чунин беморон андар ин ҳангом
касе ҳамроҳӣ кунад, ки арақашонро пок созад, то ки он
хушк нагардад ва арақи нахуст шорида бар болои арақи дуввумӣ хобида, роҳӣ онро набандад.

пешина
аз 1215
навбатӣ