Қонуни тиб

Ин доруи хубест, ки бархе аз пизишкони пешин онро ёд кардааст ва бархе аз баъдояндагон ба худ нисбат додааст. Ин беосебтар аз калкалонаҷ буда, дорои хусусияти қависозандагӣ ва исҳоли қавӣ бувад.
Аз шаробҳо шароби бехи савсани осмонгун, ки аз они мост ва шаробе [судманд аст], ки ба сифати зерин бувад:
як мисқол миси сӯхтаро, ки нек кӯфта ва совида бошанд, як мисқол саргини кабӯтар, сеяки ин миқдор аз шохаҳои судоб ва миқдори андаке аз намаки хамириро гирифта, [ҳамаи] онро бо шароб биошоманд. Аз ҳаббҳо ҳабби Филағриюсро [ба кор баранд], ки сифаташ чунин аст: аз ҳар кадоми туполи мис, барги мозариюн ва тухми анисун якбахшӣ гирифта, аз онҳо ҳаббҳо созанд. Ба каси қавӣ аз он як мисқол ва ба каси камқувват як дирам бидиҳанд.
Низ, ҳабби Шаъсо, ҳабби Баҳром, ҳабби панҷдору, ҳабби сакбина, ҳабби мозариюн, ки аз барои истисқои машкӣ ба ғоят [хуб аст]. Ҳамчунин ҳабби рованд, ки аз барои истисқои гӯштӣ ба ғоят хуб бувад, ҳабби муқл, ҳабби шибрам ва дигар ҳаббҳоеро [ба кор баранд], ки мо андар Қарободин ёд кардаем. Ҳабби ба сифати зеринбуда [низ хуб аст]: як донгӣ аз шири шибрам, фишурдаи афсинтин, сунбул ва турбид ва ним дирамӣ аз ғориқун ва гул гирифта, бо оби ангури сагак ҳабб созанд ва биошоманд.
Низ, (396) ҳабби [зерин] хуб аст: аз пӯсти мис, камофитус ва анисун бахшҳои баробар гирифта, ҳабб созанд. Аз он нахуст ба миқдори як драхмӣ [ошомида], сипас ин миқдорро афзоиш диҳанд. Инчунин аз қурсҳо қурси рованди бузурги шикаморанда, қурси мозариюни бо тухмиҳо сохташуда ва он қурси мозариюнеро [ба кор баранд], ки нусхааш дигар хел ва маъруф аст.
Аммо аз намудҳои гуногуни гармобаҳо барои чунин беморон гармобаи тар сутуда нест ва гармобаи хушк барои эшон аз ҳама беҳтар бувад. Беҳтарини гармобаи хушк танӯри ба андозае тафсонидашуда бувад, ки бемор ва хусусан худованди истисқои гӯштӣ андар он бидарояд, тоқат кардан битавонад. Ҳар гоҳ андар он бидарояд, сари хешро берун аз он ва андар ҳавои сард бидорад, то ба ноҳияи дил ва шуш ҳавои сард расида дилаш сард шуда истад ва ташнагияш беандоза зиёд нагардад, вале танаш ба фаровон арақи судманд оварад. Агар гармобаи гарм карданӣ бошанд, обҳои гарми гармчашмаҳо, ки дорои бура, гӯгирд ва замч буда, маъруф ва хушкиоварандаанд, андар поёни беморӣ ва хусусан худованди истисқои гӯштиро сахт суд доранд. [Чунин беморро] андар онҳо ба рӯзе якчанд бор ба такрор бидароранд ва агар қуввааш наафтад ва тамоми рӯз андар он нишастан битавонад, низ чунин бояд кард. Оби нимгарм ва гарми дарё ҳам аз ҳамин қабил бувад. Оби сард ва андар он шиноварӣ намудан бошад, андар поёни ҳолати [беморӣ] сахт созгор аст. Яке аз фазилатҳои обҳои гармчашмаҳо ин аст, ки андар онҳо имконияти аз ҳавои сард нафас гирифтан ҳаст, вале андар гармоба чунин [ҳаво] нест. Агар оби гармчашма мавҷуд набошад, обҳои хушро аз тариқи омехтани доруҳо ва андар онҳо ҷӯшонидани, масалан, бура, гӯгирд, ушнон, хардал, оҳак ва дигар растаниҳои маъруфи ба ҳаминҳо монанд ҳилаҳо кунанд ва ин гуна [об] чандон бад нахоҳад буд. Ин гуна обҳо бояд худованди истисқои машкӣ ва таблиро ба шикам ва худованди истисқои
гӯштиро ба тамоми тан бирасанд.
Истисқои гарм ё натиҷаи омоси гарм аст ва ё натиҷаи мизоҷи гарми беомосе, ки ба нотавонии қувваи дигаргунсозанда вобаста бувад. Сурхии пешоб ночор далели ин гуна истисқо нест ва рангинии он мумкин аст ба сабаби камияш бошад. Баръакс, андар ин ҳол бар дигар далелҳо такя кун ва сипас ба дармон кардан бипардоз.
Бояд ҳар ду намуди [мазкур] аз доруҳои гарм ҳатман дур дошта шаванд, зеро онҳо сабабро афзоиш дода, бадин восита иллатро низ афзоиш бидиҳанд ва гузашта аз ин дорои хатари бузург хоҳанд буд. Набояд ба касе эътибор дод, ки гӯяд: «Истисқо ҷуз ба доруҳои гарм беҳ нахоҳад шуд». Чунонки мо мушоҳада кардем ва чунонки пеш аз мо санҷидаанд, аксар вақт бад-ин гуна шифо ёбад, ки мо ва пеш аз мо дигарон омосҳоро бо илоҷҳои хоси онҳо ва мизоҷи гармро бо сардсозӣ муолаҷа карданд. Ман занеро дидам, ки истисқо ӯро хаста карда, [беморияш] аз ҳадд гузашта буд. Ӯ бар болои як миқдори зиёди анор хам зада [чандоне бихӯрд], ба гуфтан рост намеояд ва дар натиҷа сиҳат шуд. Ӯ аз пеши худ ва барои иштиҳои худ чунин тадбирро андешида буд.
Ба изофаи ин низ бояд ҷиҳати бахши обии ҷамъшуда риоя карда шавад, зеро агар ту танҳо ҷониби табро риоя кунӣ, хатар ҷой хоҳад дошт ва агар [танҳо] ҷониби бахши обиро риоя кунӣ, ин хато хоҳад буд. Бинобар ин, бояд ба нармӣ ҳар ду тадбирро бо ҳам ҷамъ сохт ва ба истеъмоли доруҳои муътадилсозанда ва доруҳои бо [кайфияти] ғолиб муқовамат нишондиҳанда пардохт. Бидон, ки ҳар гоҳ агар ту аз барои шифо ёфтани истисқо ва омос андар ҳолате бикӯшӣ, ки таб ҳанӯз боқист, туро ин кор муяссар нахоҳад шуд. Тадбири ин гуна ҳолат он бошад, ки оби ангури сагак, оби кокана, оби карафс, оби қоқулло ва оби талхчакук, яъне яъзиди талхро ба кор бибаранд. Бояд бо инҳо як миқдор лок, заъфарон ва ровандро бо ҳалилаи зард биомезанд. Ба ҳангоми зарурат бояд аз доруҳои исҳоловарандаи мозариюнӣ ва ғайра он чизҳоеро ба кор бурд, ки мо онҳоро андар табақаи поёнӣ ҷой додаем.
Бояд бад-он чизе тааммул кард, ки Ҷолинус андар боби илоҷи каси ба истисқои гарм гирифторшуда баён намудааст ва мо онро бо суханҳои худи ӯ набиштаем.
Ҷолинус гуфтааст: «Он чи, ки бо он ман як пирамарди бароям дӯстро аз истисқои машкӣ муолаҷа кардам ва ӯ ба изофаи ин ҳарорат дошта, қуввааш заиф гардида буд, [ба таври зерин аст]: Ман ба ӯ гӯшти бузғолаи бирён, кабк, тиҳу ва дигар парандаҳо, нони хушкор, қарис, масус, ҳулом ва наски сирко афкандаро ба шакли насквои зард додам ва ин чизҳоро барояш фаровон сохтам, то ки қуввааш нигоҳ дошта шавад, вале барои ӯ [оби] шӯрборо ба ғайр аз он рӯзе, ки мақсади ба ӯ дору додан доштам, дигар рӯзҳо тамоман иҷозат надодам. Он рӯзи [дорухӯрӣ] ба ӯ иҷозат додам, ки пеш аз дору ва баъд аз он зираоб бихӯрад. Ин ӯро чандон ташнагӣ намеовард ва ӯро фармудам, ки онро бо сиркои тезияш миёна бихӯрад.
Ман ӯро бо [доруи] ҷӯшонидаи зерин исҳол овардам:
ҳафт дирам ҳалилаи зард, чаҳор дирам шоҳтара, (397) ду дирам гиёҳи афсинтин, ду дирам гиёҳи гулӯдард, як даста коснии тоза, ду дирам сунбули хушбӯ, ду дирам тухми коснӣ ва ду дирам гулро гирифта, бо се ратл об то як ратл мондани он биҷӯшонанд ва андар он даҳ дирам шакарро ҳал карда биошоманд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор