Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Аммо оид ба шикофтани мароқ бидон, ки ин ниҳоят кам ва андар касони қавитане судманд хоҳад буд, ки баъди ин кор варзиши муьтадил кардан, ташнагӣ кашидан ва кам ғизо хӯрдан битавонанд. Пеш аз он ҳар қадар ки мумкин бошад, бояд дармони дигаре карда нашавад. Беҳтар мешуд, ки [бахши обиро] ба як бора берун накунанд, зеро рӯҳ ба якборагӣ берун рафта, қувват биафтад, балки боистӣ кам-кам рехта шавад. Низ набояд каси лоғарро мароқ бишикофанд. Оид ба сифати шикофтан Антилус фармудааст, ки бемор агар битавонад, рост биистад ва агар не, рост бинишинад, ходимон устухонҳои паҳлуи ӯро фишурда ба фурӯсӯви ноф бибаранд ва сипас [пизишк] ба шикофтан бипардозад. Агар чунин кор кардан натавонанд, набояд мароқро шикофт.
Ҳар гоҳ бихоҳӣ, ки шикофӣ ва агар оғози истисқо аз рӯдаҳо бошад, ба қадри се ангушти зич поин аз ноф, агар истисқо аз ҷониби ҷигар бошад, бояд аз паҳлуи чапи ноф ва агар сабаб аз испурч бошад, бояд аз паҳлуи рости ноф [мароқро] шикофт. Эҳтиёт кун, то сифоқро нашикофӣ, балки мароқро то поинтар аз маҳалли пора кардаи он аз сифоқ ҷудо соз. Сипас онро як сӯрохи хурде кун, ки поинтар аз сӯрохи сифоқ бошад, то ҳар гоҳ найчаро бигирӣ, он сӯрох ба сабаби номувофиқии ҳар ду сӯрох пӯшида шуда, об аз рехтан боз истад. Сипас, андар он найчаи мисинро андаровар. Чун ба андозаи кофӣ обро гирифтӣ, [беморро] бар пушт бихобон. Бояд набзро назорат карда истӣ ва ҳар гоҳ андаке ба нотавон шудан оғоз кунад, обро бибанд.
Ҳар гоҳ обро то имконияти охирин ва ба андозаи кофӣ берун овардӣ, як миқдоре аз он боқӣ хоҳад монд, ки доруҳои исҳоловаранда зиёни онро бартараф кардан битавонанд. Гоҳе баъд аз шикофтан ба гунае [он ҷойро] доғ ниҳанд, ки мо ёд кардем ва гоҳе [бар фарози] меъда, ҷигар, испурч ва фурӯсӯви ноф бо доғмонҳои борик доғ биниҳанд. Гоҳе обро латиф сохта, ба сӯи пӯсти хоя равон кунанд ва сипас андак-андак сӯрох карда, [онро берун оранд]. Ин тадбири самараноки судманд буда, аз тариқи атса овардан ва бо ҳар гуна доруе иҷро карда шавад, ки бахши обиро ба фурӯсӯ равона кунад, вале ба ҳангоми он бояд эҳтиёт кард, ки то фатқ ориз нагардад ва бояд ин корро бо [доруҳое] ба амал овард, ки ягон зиёни дигаре надошта бошанд. Гоҳе истисқои хояро бо сӯзанҳои зиёд сӯрох кунанд, то ки об ба андозаи зиёд битаровад. Бисёр вақт баъд аз шикофтан печиши ноф ва дард ба амал ояд ва бинобар он боистӣ бар маҳалли печиши ноф ва шикофтагӣ равғанрезӣ ба кор бурда, равғани шибит, равғани бобуна ва равғанҳои нармсозанда бирезанд ва бар фарози он зимодҳое барниҳанд, ки аз шанбалит, тухми катон, тухми хитмӣ ва монанди инҳо сохта шудаанд. Гоҳе бо оби гарм ва равғане кифоят кунанд, ки бар маҳалли шикофта бирезанд.
Ҳар гоҳ печиши ноф ором ёбад, [зимодро] бардоранд.
Аммо оид ба истифроғҳои ҷузъие, ки аз барои чунин беморон бо ёрии доруҳо ба амал оваранд, мо бархе аз намудҳои онҳоро ёд хоҳем кард. Мо ин гуна доруҳоеро, ки бахши обиро ба исҳол берун кунанд, андар зимни ҷадвалҳо баршумурдем. Қавитари онҳо, масалан, шири исфидакширҳо ва [худи] растаниҳои онҳо мебошанд. Беҳтарин чизе, ки шиддати зиёни онҳоро бишиканад, сирко, (395) себ, биҳӣ, донаи анор ва хусусан сиркое мебошад,

ки андар он биҳӣ ва монанди онро ё парварда, ё ҷӯшонида, ё якчанд рӯз афканда бошанд ва ё фишурдаи биҳиро бар [чунин сирко] пошида бошанд. Яке аз чизҳое, ки онро бо шири исфидакширҳо ва масалан, бо шири шибрам ва ғайра маъҷун созанд, майпухта бувад. Инро бо [шири исфидакшир] сиришта, ҳаббҳо созанд. Вале сикангубин беҳтар аз он аст, яъне агар андар як уқияи он як донг, масалан, шири шибрам ва хусусан [шири] растаниеро ҳал кунанд, ки аз он тарёки фаровӣ ва бушангӣ бисозанд ва ба гумонам [ин растанӣ] лоғина бувад, [беҳтар хоҳад буд].
Фурбиюн доруест, ки аз он миқдори як дирам34 бо зардии хояи нимбиришт [ба бемор] бидиҳанд ва якчанд бор [истеъмоли он] мумкин аст касони боқувватро бо вуҷуди ниҳоят хатарнок будан суд бахшад. [Низ] рӯсӯхта, туполи мис ва хусусан бо мағзи нон, гиёҳе, ки онро «мандориё»35 хонанд, хиёри даштӣ ва шаробе, ки андар он дилаи ҳанзал тар карда бошанд, [судманданд]. Мозариюн, ки яке аз исфидакширҳост, андар ин бобат қавӣ мебошад ва ислоҳи он бад-ин гуна бувад, ки онро андар сирко тар кунанд.
Гоҳе аз чунин сирко сикангубин созанд. Гоҳе ба бемор ду дирам ушаро бо оби ангубин бидиҳанд. Аз миёни доруҳо сакбина, бехи савсани осмонгун ва тухми газна ба шакли муқашшар ва маъҷун бо ангубин ва оби барги турб ба эътидол наздиканд Аз ҳама беосебтар ва заифтар ним ратл оби қоқуло бо шакари ушар, оби кокана, оби ангури сагак, сикангубини мозариюн, шири шутури тадбиршуда ва оби панирест, ки бо қувваи туполи мис, бехи савсани осмонгун, мозариюн ва ғайра тадбир шуда бошад.
Нусхаи оби панир. Андар як ратли он як дирам намаки андаронӣ ва панҷ дирам турбиди суда афканда, нарм биҷӯшонанд ва кафкашро гирифта, онро пок созанд.
Баъд, андар оғоз аз он ба миқдори сеяки як ратл ба бемор бидиҳанд ва сипас ин миқдорро андак-андак афзоиш дода, то ба як ратл бирасонанд. Ин [дору] обро бидуни гармиоварӣ бикоҳад.
Беҳтарин оби панир онест, ки аз шири [203] шутур сохта бошанд. Сардтарин ва фозилтарини он аз барои касони гарммизоҷ онест, ки аз шири буз ва шири хар гирифта бошанд. Яке аз доруҳое, ки ба [оби панир] наздик буда, истисқои гармро суд дорад, ба таври зерин аст. Биҳии поракардаро се рӯз андар сирко тар кунанд, сипас баробари вазни он мозариюни тозаро гирифта, ҳамаро то омехта шудан нек бикӯбанд ва равшан кунанд.
Бар он ба андозаи ними сирко шакар афканда, онро то ба дараҷаи қивоми ангубин расидан биҷӯшонанд ва ҳамаро биомезанд. Ба ҳамин наздик ҳаббҳоест, ки аз тухми мозариюн бо шакари ушар омода созанд. Ин яке аз доруҳоест, ки аз барои истисқои гарм низ хатарнок нест.
Аз миёни маъҷунҳо маъҷуни калкалонаҷ, маъҷуни мо, ки аз рими оҳан ва мозариюн иборат буда, андар Қарободин [ёд шудааст] ва маъҷуни бархе аз [пизишкон], ки ба сифати зерин аст, [судманд буванд]: аз тухми коснӣ ва зарпечак даҳ дирамӣ, фишурдаи талхчакуки хушк бист дирам, фишурдаи зиришк понздаҳ дирам, аз локи шуста ва рованди чинӣ панҷ дирамӣ, аз фишурдаи афсинтин ҳафт дирам, аз фишурдаи хиёри даштӣ ва дилаи ҳанзал панҷ дирамӣ ва аз ғориқун ҳафт дирам гирифта, ҳамаро бо гулоб маъҷун созанд ва бо оби тараҳо [ба бемор] биошомонанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ