Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

[Табиат] ширро аз баҳри он ба исҳол берун наорад, ки тан онро аз худ кардааст. Агар шиками бемор беш аз миқдори ошомида равад, ӯро як рӯз аз [ошомидан] манъ кунанд ва ё бо шир чизе биомезанд, ки дорои қабзкунандагӣ бувад.
Агар шикамравӣ ба амал наояд, бояд ошомандаи он аз панир шудани он бимнок шавад ва аз ошомидани он бипарҳезад. (393) Агар [шиками бемор] камтар аз миқдори ошомидагӣ биравад, низ чунин кор кунанд. Бояд чизе биошоманд, ки миқдори андар меъда боқимондаи онро фуруд оварад ва дубора ширро омехта, бо сакбина ва монанди он биошоманд. Балки гузашта аз ин аз барои эҳтиёткорӣ ҳар се рӯз миқдори каме аз ҳабби сакбина ва монанди он ба кор баранд. Ин шири боқимондаеро, ки мумкин аст панир бигардад ва чизеро, ки аз он зода шавад, берун хоҳад овард ва хусусан ҳангоме [судманд бувад], ки оруғи туруш оварад ва гаронӣ ҳис карда шавад.
Яке аз тадбирҳои судманд андар ин гуна ҳолат зуд ҳуқна рехтан аст. Низ андар ин гуна ҳолат боистӣ [якду рӯз] ба бемор шир надод ва ба истеъмоли гармибандиҳо ва зимодҳое пардохт, ки шикамро бо онҳо зимод кунанд, то онҳо [шири паниршударо] ҳал созанд. Агар аз ошомидани шир чизе аз ин гуна ҳолатҳо ба амал наояд ва ҳар рӯзе на ба ифрот, балки масалан, ба миқдори ду кӯзача исҳол оварад, андар ин гуна ҳолат танҳо бо [ошомидани он] кифоят кунанд ва ё онро бо сакбина, ҳаббҳои исҳоловарандаи сакбинагӣ ва ғайра [биошоманд]. Агар исҳол ба ифрот ояд, як-ду рӯз ошомидани ширро қатъ кунанд ва сипас ба тадриҷ ба додани шир пардохта, [ба бемор] шири шутури наҷиберо32 бидиҳанд, ки чизҳои гиранда хӯрда бошад. Баъд аз дӯшидан худи ҳамон соат бо ин [шир] ба миқдори бист дирам рими оҳани басрие, ки онро хурд карда ва бо сиркои хамрӣ шуста ва бирён карда бошанд, панҷ дирамӣ қараз ва таросис, се дирам тухми карафс ва як қабзагӣ саътар, карафс ва судоб биомезанд. Инҳоро як соат андар [шир] нигоҳ дошта, сипас ширро равшан карда биошоманд.
Баъд ба тадриҷ ба истеъмоли шири холис гузаранд, сипас агар эҳтиёҷ афтад, ба шире гузаранд, ки бо доруҳои шикаморанда омехта бошанд.
Ҳангоми [ба кор бурдани] доруҳои пешобтозонандаи андар ин бобат судманд набояд танҳо яктои он пайваста ба кор бурда шавад, балки бояд аз истеъмоли яке ба дигараш гузашта истанд. Ин [доруҳо], масалан, фатросолиюн, нонхоҳ, пудина, асорун, бодиён, тухми карафс, сисолиюс, гунаҳои ангудон, камофитус, ваҷ, ҳар ду навъи сунбул, тухми газари даштӣ, фу, му, морчӯба ва тухми он, бехи газари даштӣ ва кокана буванд. Бояд инҳо бисёр нарм совида шаванд, то ки ба ноҳияи кужии [ҷигар] зуд рафта бирасанд. Ҳар гоҳ доруҳои пешобронандаи қавӣ ба кор бурда шавад, бояд [202] баъди онҳо ягон шӯрбои серравған, масалан, шӯрбои мурғи фарбеҳ хӯрда шавад.
Ҳангоми ба кор бурдани зимодҳо қонун бар он аст, ки андар таркиби онҳо аз чизҳои хушкифизоянда, ҳалкунанда ва ба изофаи он сахт қабзкунанда набояд миқдори зиёде афзуда шавад, зеро ин масомҳои барои нафасгирӣ ва ҳалшавӣ бударо бибандад. Баръакс, аз онҳо миқдори каме

ба кор баранд, то қувват нигоҳ дошта шавад. Ҳар гоҳ бадонҳо эҳтиёҷ афтад, масалан, аз ҳар ду намуди сунбул, кундур ва мушки замин ба андозаи ниҳоят кам ба кор баранд.
Ин миқдор қувваи мароқ ва чизҳои андар он бударо низ муҳофазат кунад ва онро ғайри пазирои [тарӣ] бигардонад.
Доруҳои зимодии сода ва зимодҳои мураккабе, ки аз барои ин иллат судманданд, мо бисёре аз инҳоро андар Қарободин ёд кардем. Он чи ки мо андар он ҷой ёд кунем, аз ҷумла чизҳои хуб санҷидашуда буда, он иборат аз саргини гов ва саргини бузест, ки гиёҳи хушк хӯрдаанд, на тар.
Нусхаи зимоди зерин аз ҷумлаи онҳо мебошад: миқдоре аз ин саргинҳоро гирифта, бо об ва намак биҷӯшонанд, сипас аз болои он гӯгирди суда бипошанд ва онро бар шикам биниҳанд. Инчунин, саргини буз бо пешоби кӯдак ва ё поруи кабӯтар, донаи даҳмаст ва бехи савсани осмонгун низ [аз ҳамин қабиланд]. Яке аз зимодҳои андар ин бобат қавӣ саргини гов ва саргини буз мебошад, ки андар онҳо андаке харбақ ва шибрам афканда, онҳоро бо пешоби шутури мода ҷамъ созанд ва зимод кунанд. Яке аз зимодҳо чунин аст, ки каҷаки поракардаро, чунонки ҳаст ва ё баъди кӯфтан якҷоя бо садафаш бар шиками каси ба истисқо гирифтор биниҳанд ва то худ хушк шудани он сабр кунанд. Яке аз зимодҳои хуб зимоди зерин аст: аз ротинаҷ, натрун, росан ва кундури кӯфта бо пиҳи гов зимод омода созанд. Зимоди зерин аз барои истисқо созгор аст: анҷири сергӯштро бо об ҷӯшонида, бо он як бахш мозариюни совида, ду бахш натрун ва якуним бахш камофитус биафзоянд. Зимоди дигари зерин ниҳоят қавист: аз ҳар як кадоми самғи санавбар, мум, зуфои тар, зифт ва сақизи хинҷак се драхмигӣ, аз ҳар кадоми майъа, яъне истурак, мастако, сабр, заъфарон, сарнавдаи афсинтин ва уша як драхмигӣ, аз ҳар кадоми гунди бедастар, гӯгирд, ҳамомо ва садафи моҳии бо номи «сифо» маъруф ним драхмигӣ, аз ҳар яки саргини кабӯтар, (394) сипандони бобулӣ ва кафки наи33 Буҳайра се драхмигӣ, савсани осмонгун чаҳор драхмӣ ва аз бураи сурх як драхмӣ гирифта, ҳамаро бо равғани бобуна биомезанд.
Агар андар ҷигар омос бошад, зимоде нофеъ бувад, ки аз гиёҳи сунбул, заъфарон, донаи бон, мастако, шоҳафсар, сарнавдаи ток, бобуна ва равғанҳои хушбӯй сохта шудааст. Аз марҳамҳо [марҳаме судманд аст], ки бадин гуна сифат бувад: аз ҳар кадоми санги рӯшноӣ, гӯгирди зард, натрун ва уша як бахшӣ, аз зира ду бахш ва ду севвуми як бахш гирифта, ҳамаро бо мум, сақизи хинҷак ва шароб ҷамъ созанд ва бар шикам ниҳанд. [Низ] марҳами гунди бедастар, марҳами афсинтин, марҳами бехи савсани осмонгун, марҳами уфурбиюн, марҳами дилаи ҳанзал, марҳаме, ки аз бед сохта шудааст, марҳами донаи даҳмаст, марҳами бузурӣ ва марҳами Булурхиюс [судманданд].
Аз хокаҳо хокаи натрун, намак ва сиёҳдонаро хусусан баъд аз [молидани] ягон равғани гарм аз қабили равғани хиёри даштӣ ва равғани нордин бар шикам бипошанд. Гоҳе бар [шиками] чунин беморон доруҳои сурхсозанда бимоланд ва гоҳе андомҳои атрофии эшонро бо химчаҳои борик бизананд, вале ин тариқа ба наздики ман сутуда нест.
Гоҳи дигар бар тиҳигоҳи эшон ва маҳалли бад-он ҷой муттасил обгаҳҳои дамида биовезанд, вале ман андар ин кор чандон суди зиёдеро намебинам.

пешина
аз 1215
навбатӣ