Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Баъди як ҳафта бояд обро бо ду дирам калкалонаҷ берун кунанд, сипас қурсҳои сабрро як ҳафта аз нав ба кор баранд. Ин корро пайваста давом диҳанд ва шояд бемор бо ҳамин шифо ёбад. Ба каси заиф андар оғози беморӣ аз қурсҳои сабр фақат ба андозаи як донг бидиҳанд. Нусхаи қурсҳои сабр ва ҳамчунин калкалонаҷ андар Қарободин ёд шудааст. Ҳар киро гармии шиддатнок бошад, шири шутур созгор нест. Ба ӯ нахуст ба миқдори чиҳил дирам шири шутур бидиҳанд ва ҳар рӯзе ин миқдорро даҳ дирамӣ афзоиш бидиҳанд.
Бояд андар таркиби доруҳои исҳоловаранда ягон чизи барои ҷигар зиёновар набошад, вале агар ягон кас ноилоҷ ба ин гуна [доруҳо] эҳтиёҷ пайдо кунад, бояд онро ба ислоҳ оварда ба кор барад. Бояд онро на якбора, балки якчанд бор баҳра-баҳра ба кор бурд, зеро якбораи он ҳалокатовар буда, камтарин зиёни он заиф сохтани ҷигар мебошад. Сабрро танҳо ба кор бурдан аз барои ҷигар сахт бад аст ва боистӣ ҷуз ба ҳангоми зарурат аз он дурӣ ҷӯянд ва ё ҳангоми истеъмол ба ҳила онро ислоҳ созанд. Бояд баъд аз [истеъмоли] доруҳои шикаморанда рӯза дошта шавад ва каси доруи шикаморанда хӯрда агар битавонад, баъди он як шабу як рӯз чизе нахӯрад.
Баъд аз [доруи исҳол] ва хусусан баъди уфурбиюн, мозариюн, уша ва ғайра ягон доруи қависозанда ва андаке қабзкунанда, масалан, қурси зиришк ва ё, масалан, обҳоеро ба кор баранд, ки дорои лазизию гирандагӣ буда, ҷигарро қавӣ созанд. Сипас, доруҳоеро ба кор баранд, ки мизоҷро ислоҳ созанд. Масалан, ҳангоми [мизоҷи] сард тарёк ва доруи куркум ва ҳангоми [мизоҷи] гарм оби коснӣ ба кор баранд. Ҳар гоҳ гармӣ мавҷуд бошад, сафроро набояд ба исҳол берун кард, зеро он ба ваҷҳе бо бахши обӣ муқовамат варзад ва бахши обӣ низ эҳтиёҷ ба (392) исҳол дошта, дар натиҷа исҳол дучанд бигардад ва қувватро офат бирасад. Баръакс, воҷиб он аст, ки сафроро хомӯш кунанд ва бахши обиро ба исҳол оваранд ва ин ба шарте аст, ки сафро бе ҳад зиёд набошад. Бинобар ин бояд танҳо ба мисли ҳалила кифоят кунанд ва ин андар ин гуна ҳолат аҷаб шикаморандаи хубест, чунонки андар ҳолати сардии [ҷигар] сакбина шикаморандаи беҳтарин бувад. Ҳангоми истифроғ ҳар гуна ифроткорӣ чи аз ҷиҳати камият ва чи аз ҷиҳати замон бад аст ва ин ба ҳангоми [мизоҷи] гарм созгортар бувад. Оби шӯрбои чаковак ва оби шӯрбои пирхурӯс хусусан бо баспоя, шибит ва монанди инҳо аз ҷумлаи василаҳои нармкунандаи хуб буванд.
Ҳар гоҳ қариб даҳ рӯз бо ёрии баъзе доруҳои истифроғкунандаи тунук, бо ёрии шири шутур, оби панир ва ғайра истифроғ ба амал овардӣ ва об кам шуда, омос сабуктар гардид, беҳтар он аст, ки бар шикам доғ ниҳода шавад, то ки баъди он дигар об напазирад. Доғро баъди таб ва ду-се рӯз тарки доруи исҳоловар кардан ба кор баранд ва он иборат аз шаш доғ буда, сето ба дарозо аз устухони сари сина то тиҳигоҳ ва сето бар паҳнои шикам биниҳанд. Бояд [бемор] бар гуруснагию ташнагӣ сабр кунад. Беҳтар он аст, ки андар миёни ду [навбати] исҳоловарӣ ба бемор як миқдор аз доруҳои суддакушой аз қабили қурсҳои бодоми талх бидиҳанд. [Ба бемор] шири шу

тур ва буз, хусусан шири шутури арабӣ ва алалхусус шири он шутурҳоеро бидиҳанд, ки ба онҳо аз гиёҳҳои исҳоловарандаи об, латифсозанда ва пешобтозонанда, масалан, дермана, бӯймодарон, қоқула ва ғайра хӯронда бошанд ва агар беморон гарммизоҷ бошанд, ба ин [шутурҳо] гиёҳҳои ба изофаи он созгори ҷигар, масалан, зарпечак, коснӣ ва ғайра бихӯронанд. Ба чунин гуфта, ки гӯё ин дасисаи суфсотиён аст ва гӯё табиати шир ба истисқо зид будааст, эътибор надеҳ. Балки бидон, ки он доруи судманд аст, чаро ки хусусияти ба оҳистагӣ зудудан дорад ва низ аз баҳри он ки хосиятнок аст. Гоҳе доруи табиаткушоянда зидди он чизе бошад, ки ҳангоми муолаҷаи кайфият матлуб аст, лекин ба сабаби хосияти худ ва ягон ҳолати дигаре, масалан, [ба сабаби қобилияти] истифроғ овардан ва монанди он мумкин аст созгор бошад. Ин мисли он аст, ки коснӣ андар зимни дармонҳои ҷигаре бидарояд, ки гирифтори бемориҳои сард аст ва ё мисли он аст, ки ҳангоми бемориҳои сафровӣ ба [истеъмоли] маҳмуда бишитобанд. Баръакс, бидон, ки ин шир сахт судманд аст ва агар ягон одаме ба ҷои об ва таом танҳо ба он кифоят кунад, ба сабаби он шифо хоҳад ёфт. Ин андар мардумоне санҷида шудааст, ки ба кишвари арабҳо гузорашон афтод ва чун зарурат эшонро ба истеъмоли он раҳбарӣ кард, шифо ёфтанд. Шири шутурро гоҳе танҳо ва гоҳе омехта бо доруҳое истеъмол кунанд, ки мақсад аз бархеи онҳо тадбири чизи на ниҳоят гармиоваранда буда, мисоли он ҳалила бо тухми коснӣ, тухми зарпечак ва намаки нафтист, мақсад аз бархеи дигар тадбири чизи гармиовару латифсозанда буда, мисоли он сакбина ва ҳабби он мебошад ва мақсад аз бархеи онҳо манъ сохтани исҳоли ба ифрот буда, мисоли он қараз ва монанди он бувад. Гоҳе [шири шутурро] бо пешоби шутур биомезанд, гоҳе онро ба ҷои таому шароб танҳо ба кор баранд ва гоҳе бо он ягон таоми дигареро биафзоянд. Ба ҳар ду ҳолат бояд чигунагии он таҳқиқ шавад, ки оё тан онро бидуни равон шудани шикам мепазирад, ё он андаке шикамрав кунад, ё беш аз вазни худ ва ба андозаи тоқатовар шикамрав созад, ё ба ифрот ва ба андозаи тоқатфарсо шикамравӣ оварад, ё андар меъда ва маҷроҳо панир шавад, ё боиси сард гардидани [ҷигар] бигардад ва ё агар гандидагӣ пазируфта бошад, ба иллати он хилти балғам ва ё хилти сӯхтае аз худ ба ҷой бигузорад.
Бидон, ки беҳтарин ҳангоми [ба бемор] додани он баҳор ва то оғози тобистон аст. Яке аз тадбирҳои хуби ошомидани [шири шутур] он тадбирест, ки мо борҳо санҷидаем, суд бахшид. Яъне шири шутурро бар шиками холӣ биошоманд ва пеш аз он якчанд шабонарӯз гуруснагӣ бикашанд ва ҷуз ба миқдори андак чизе нахӯранд.
Агар андар ин муддат [тамоман] гурусна истодан тавонанд, бояд чунин кунанд, вале шаб пеш аз ошомидани [шир] гуруснагӣ кашидан ҳатман лозим аст. Шири нав дӯшидаро зуд ва андар худи ҳамон ҷой ба андозаи ду ё се уқия биошоманд, вале беҳтараш он аст, ки аз шир ду уқия ва ё аз пешоби шутур як уқия [гирифта биошоманд]. Сипас [бемор] бояд се рӯз аз об парҳез кунад, то ин ки миқдори пешоби берунояндаро қариб баробари миқдори чизи ошомида дарёбад. Баъди он гоҳе аз шикам чизи ошомида ба исҳол берун ояд ва гоҳе ҷуз ба миқдори каме аз бироз чизе берун наояд.

пешина
аз 1215
навбатӣ