Қонуни тиб

[Эшонро] ба кашиш ғизо диҳанд, об ошомидан нагузоранд, масомҳо бикушоянд, думодум пешоб битозонанд ва бахши обиро нарм ва пайдарпай ба исҳол оваранд. [Беморро] барои бар ташнагӣ ва тадбири он сабр кардан маҷбур кунанд ва ҳар қадар битавонанд, ошомидан он тараф истад, ҳатто нагузоранд, ки обро бубинад. Агар аз ошомидани об чора набошад, баъд аз гузаштани муддате пас аз таом ва омехта бо шароб ва ё дигар чиз биошоманд. Кам кардани миқдори ғизо ва сахт латиф сохтани он беҳтарин илоҷ бувад. Ба кор бурдани варзише, ки андар боби истисқои гӯштӣ ёд кардем, [низ ҳамин гуна бувад]. Қувватро эҳтиёт кардан ва онро бо хушбӯиҳои атрӣ, доруҳои бӯидании лазиз ва бӯйҳои қавии таомҳо ва бо шароби муаттар қавӣ сохтан [судманд аст]. Ба ҳангоми ин [истисқо] бисёр ошомидани сикангубин сутуда нест.
Яке аз чизҳои барои эшон судманд хусусан пеш аз таом ва низ баъди он як, ё чаҳор ва ё панҷ рӯз андар миён як бор қай овардан бувад. Ин кор эшонро сахт судманд аст. Атса овардан бо доруҳо, чизҳои андар бинӣ дамидашаванда ва ғайра ин гуна [беморонро] аз он ҷиҳат судманд аст, ки бахши обиро фуруд орад ва ба сӯи маҷроҳои берунронанда равон кунад. Ҳар як худованди истисқо чандон ки битавонад, аз раг задан дурӣ ҷӯяд, на касоне, ки аз сабаби банд гардидани хун ба истисқо гирифтор шудаанд. Зеро раг задан андомҳои эшонро аз ғизо маҳрум кунад, дар сурате ки худ камғизоянд ва ба изофаи ин ҷигари эшонро сард созад. Бинобар ин раг задан ба бештари ҳолатҳо зиён дорад. Агар андар ин миён омосе ҷой дошта бошад, пеш аз ҳама чиз ба он машғул шаванд. Агар каси ба истисқо гирифтор аз паҳлуи чап, ки сершараён аст, шикоят кунад, ин шикояти ӯ ба азҳамкашидагии он паҳлу вобаста нест, аз баҳри он ки ҳар ду паҳлу андар он анбозӣ доранд, балки он ба хун вобаста буда, боистӣ нахуст раг бизад ва сипас [бемории] ӯро ҳамчун истисқо дармон намуд. Агар омоси сахт ҷой дошта бошад, ба беҳ шудани истисқои машкие, ки баъди он ба амал ояд, умед набояд кард. Агар бахши обии онро ба кадом тариқае набошад, агарчи сад бор истифроғ кунанд, боз [аз об пур] хоҳад шуд.
Бидон, ки бо доруҳо истифроғ кардан аз шикофтан ва ба ситам резондани [моддаҳо] бештар сутуда аст, зеро ҳангоми ду ҳолати [ахир] сабзидани [ҷароҳат] душвор бувад. Истифроғ бояд ҳангоме биафтад, ки таб набошад.
Агарчи тадбири [дармон кардан] гоҳе истисқоро бихушконад, вале омос онро дубора падид хоҳад овард. Қурсҳои қабзкунанда барин доруҳо бояд ба бемор камтар дода шаванд, ҳарчанд ки аз инҳо, масалан, қурси зиришк хусусан ҳангоми бастагии табиат қависозанда бувад. Хушксозӣ ҳангоми истисқои сард бояд бо ёрии ҳар гуна [доруи] гарми латифсозанда ва суддакушой сурат бигирад.
Вале истисқои гармро ба тариқи дигаре бихушконанд, ки мо аз барои он алоҳида суханронӣ хоҳем кард.
Бидон, ки равғани писта ва бодом аз барои ҳамаи намудҳои истисқо судманданд. Аммо доруҳои содае, ки аз барои ин гуна истисқо ба шарти сард будани он соз
горанд, бад-ин гуна буванд: масалан, яке аз онҳо ҷӯшонидаи девсипист бувад, ки онро ниҳоят хуб ҷӯшонида бошанд ва аз он ҳар рӯз ба бемор ду уқия бидиҳанд. Ё як ратл пиёзи унсулро бо чаҳор қист шароб андар сафоли тозае то сеяки шароб кам шудан ҷӯшонида, (391) аз он ҳар рӯз [ба бемор] андар оғоз ба андозаи як кафчаи бузург бидиҳанд ва сипас ин андозаро афзоиш дода, то ба панҷ кафча бирасонанд. Баъд онро коҳиш дода, то ба як кафча боз оянд. Низ ҳар рӯз [ба бемор] як уқия фишурдаи пудина бидиҳанд. Бархе аз [пизишкон] гуфтааст, ки бояд коғнаҳоро гирифта, сар ва парҳои онҳоро бикананд, сипас ҷисми онҳоро андар оби ангубин бигудозанд ва беморро ба гармоба дароварда, баъд ин [доруро] ба ӯ биошомонанд ва ё онро бояд бо нон бихӯрад.
Вале ба фикри ман андар ин хатари бузург аст ва миқдори аз ҳама зиёдеро, ки аз он ман ҷуръати ба бемор додан дорам, як қирот буда, онро бо обҳои фишурдаи маълум биошомад.
Гуфтаанд, ки агар бемор пас аз пок шудани тан бистуяк рӯз андар рӯзе ба андозаи як ҳиммаса тарёкро бо ҷӯшонидаи пудина биошомад ва хӯрокаш як бор ва аз ғизоҳои сабук иборат бошад, шифо хоҳад ёфт. Бархе аз [пизишкон] таъкид кардааст, ки [ба бемор] додани саргини буз бо ангубин, ё бо пешоби гӯспанд, ё бо пешоби хар ва ҳамроҳи сунбулу ангубин ва ё [додани] се дирам зарованди гирд бо шароб судманд аст. Бархеи дигар аз эшон ҳар як рӯз ва ё ҳар ду рӯз ба чунин беморон ба андозаи як боқилло додани [ҷӯшонидаи] полидаи шибити тарро бо об сутуда аст.
Аз ҷумлаи доруҳои барои [истисқо] судманд калкалонаҷ ва доруи лок буванд, ки аз барои истисқои машкӣ ба таври махсус судманданд ва аз барои ҳар гуна истисқои дигар умеди шифобахшӣ доранд. Доруи куркум, хусусан маъҷуни Абуритус, гувориши савсан, доруи исқил, шароби унсул ва тарёк [низ аз ин ҷумлаанд]. Бидон, ки тарёк, доруи куркум ва калкалонаҷ ҳангоми ба поён расидани истисқои сард сахт судманданд.
Яке аз доруҳое, ки ба таври шигифтовар суд дорад, қурсҳои шибрам буда, таркиби онҳо аз миқдори баробари шибрам ва ҳалилаи зард иборат аст. Як ошомидании онро ба тадриҷ аз якуним донг ба як дирам расонида, аз он ҳар чаҳор рӯз як бор ва андар ин миён қурсҳои зиришк биошоманд. Гоҳе аз зарованд, қуст, донаи даҳмаст, ҳулба, боқилии мисрӣ, росан, ҷентиёно, самғи бодом ва борзад доруҳои мураккаб бисозанд ва инҳо доруҳои судманд буванд.
Аз ҷумлаи доруҳои бахши обиро берункунанда доруҳои шикаморанда, шиёфҳо ва хусусан ҳуқнаҳо ба шумор бираванд, чаро ки ҳуқнаҳо ба об наздикӣ доранд, барои табиат чизи аз ҳама сабуктаранд ва аз [андомҳои] сарвар беш аз ҳама дур буванд.[201] [Низ] намудҳои гуногуни гармоба, масалан, гармчашмаҳо, тобаҳои тафсон ва обҳое, ки андар онҳо доруҳои латифсозандае аз қабили бобуна ва гӯргиё ҷӯшонида бошанд, намудҳои гуногуни равғанҳои молиданӣ, зимодҳо ва гармибандиҳо [аз ҳамин ҷумлаанд]. Андар ин ҷумла ба бемор додани шири буз ва шири шутур бидарояд ва аз ҳамин қабил пешоб низ ба шумор биравад. Агар шири шутурро як ҳафта бо қурсҳои сабр ба кор баранд, аз барои истисқои маш кӣ созгор бувад: нахуст ним дирам [қурси сабрро] бо ним дирам табошир бигиранд ва сипас онро то ба як дирам бирасонанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор