Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ҳангоми [истисқои таблӣ] андомҳо мисли ин ки ба ҳангоми истисқои гӯштӣ пурраанд, пурра нахоҳанд буд, балки рӯ ба пажмурдагӣ биниҳанд. Агар бар шикам даст бизананд, аз он садое чун садои машки пурбод ояд, на садои машки пуроб. [Худованди] он ҳамеша муштоқи оруғ овардан бувад ва аз он ва аз бод сар додан осудагӣ дарёбад. Набзаш аз набзи касони ба дигар намудҳои истисқо гирифтор дарозтар бувад, вале заиф набошад, чунки ин [истисқо] қувватро ба кайфият ва ё гаронӣ мисли [истисқои] машкӣ хастагӣ нахоҳад овард. Аксар вақт набз тез ва думодуми моил ба сахтӣ ва азҳамкашидагист. Он андоза бодгирифтагии пойҳо, ки ба ҳангоми дигар [истисқоҳо] ба амал ояд, ҳангоми ин ба амал нахоҳад омад.
Илоҷҳо
Илоҷи бад аз худ кардани ғизо. Бояд нигарист, ки оё андар тани чунин беморон хилтҳои гуногуни заҳравӣ ҷой доранд, ё не ва бояд онҳоро бо мисли ёраи фиқро ба исҳол овард, зеро ин [дору] фазлаҳоро берун кунад, на рутубатҳои модарзодиро. Агар бидонанд, ки хилтҳои эшон часпаки ситабранд, онҳоро бо ёраи ҳанзал ва бо он доруҳое исҳол оваранд, ки андар таркиби онҳо сабр, ҳанзал, баспоя, ағориқун бо маҳмуда бидароянд. Миқдори инҳоро ба андозаи тунукию ситабрии хилтҳо ва қувватнокию беқувватии тан бигиранд. Гоҳе агар аз барои пок кардан ва берун овардани фазлаҳои часпак дигар доруҳо суд набахшанд, мумкин аст зарурати ба кор бурдани, масалан, харбақ, ба миён ояд. Бо вуҷуди ҳамаи ин бояд эшонро ба оҳистагӣ исҳол овард ва доруро баҳра-баҳра бидод. Ҳар бор пиндошта шавад, ки модда фароҳам омадааст, онро оромӣ надеҳ, балки истифроғро аз нав такрор бикун. Баробари ин бояд ҳолати меъдаи чунин беморон ба эътибор гирифта шавад, то ки ба сабаби доруҳои шикаморанда ранҷур нагардад. Доруҳои исҳоловарандаи эшонро бо уди хом ва ғайра хӯшбӯй бисоз ва агар қувват қавӣ бошад, андар ин бора зиёд маяндеш ва бо миқдори кофие аз [ёра] исҳол овар. Умуман, бояд тадбир тавре бошад, ки пеши зода шудани фазлаҳоро бигирад ва инро аз тариқи истифроғҳои нарми думодум ба амал оранд. Ҳар қадар ки мумкин бошад, бояд аз раг задан дурӣ ҷӯянд. Агар ба иллати пурии хун аз раг задан чора набошад, бо эҳтиёт ба он иқдом намуда ва баҳра-баҳра андар муддати се-чаҳор рӯз хун бигир. Аксар вақт раг задан ҳангоме воҷиб ояд, ки сабаб банд гардидани хуни бавосир ва ё ҳайз бувад. Вале беҳтар он аст, ки нахуст бо доруҳои поксозандаи хун, масалан, бо ёра ва монанди он истифроғ кунанд, сипас агар аз раг задан чора набошад, бо рехтани хуни андаке кифоят кунанд.
Андар бештари ҳолатҳо эҳтиёҷ ба он бошад, ки нахуст бо ёрии доруҳои аз тариқи исҳол хилтҳоро берункунанда ва суддаҳоро кушоянда, сипас, бо доруҳои пешобтозонандаву суддакушоянда истифроғ оваранд. Ҳуқнаҳои латифсозандае, ки рутубатҳоро ҳал намуда, ба исҳол оваранд, аз барои чунин [беморон] сахт судманданд.
Ҳар гоҳ ки истифроғ оварданд, баъди он беҳтарин чизе, ки бо ёрии он бояд муолаҷа кунанд, варзиши муътадил, кам ошомидани об, гармоба кардан бо обҳои бура

нок, гӯгирддор ва замчӣ ва ба наздики дарё ва гармчашмаҳо истиқомат кардан бувад. Аммо гармобаҳои хушоб эшонро зиён доранд, вале агар гармобаи хушк ба кор баранд ва андар ҳавои гарми онҳо арақ оваранд, чунин нахоҳад буд. Бояд пеш аз таом хӯрдан қай ба кор баранд, зеро ин беҳтарин тадбир барои эшон бувад. Бояд ба оғози [беморӣ] бо турбе, ки андар сикангубин тар карда шуда бошад ва ба анҷоми он бо харбақ қай оваранд. Бояд ҳар қадар ки битавонанд, ба хушксозӣ ва ба суддакушоӣ бипардозанд. Андар зимни зимодҳо ва доруҳои ошомидании худ доруҳои хушккунанда, суддакушой, латифсозанда ва хушбӯе аз қабили сунбул, салиха, [200] дорчинӣ ва аз доруҳои латифсозанда, масалан, афсинтин, кошим, алафи гулӯдард, тухми газна, камофитус, зарованди гирд, фишурдаи хиёри даштӣ, қантуриюн, барги мозариюн ва говшир ба кор баранд ва арӯси андар парда (кокана) ба хосият [суд дорад].
Андар таркиби зимодҳои эшон гӯгирд, фишурдаи хиёри даштӣ, бех ва барги мозариюн, натрун, хокистари савсан ва кафки дарё бидароянд. Инҳо ва амсоли инҳо аз барои андар гармоба молиш додани ин гуна [беморон] созгоранд. Майбиҳӣ, хандиқун, миқдори каме аз шароби райҳонии тунук ва шароби савсан эшонро судманд бувад. Яке аз чизҳое, ки эшонро сахт суд бахшад, ношито ошомидани шароби афсинтин бувад. Аз маъҷунҳо хусусан баъд аз поксозӣ тарёк, масрудитус, доруи куркум, доруи лок ва калкалонаҷи бузурӣ [нофеъанд]. Гоҳе ба [чунин беморон] хусусан ҳангоме ки тани эшон сахти қавӣ бошад ва хусусан агар [бемории] бад аз худ кардани ғизо доманадор гардида, қариб ба истисқо табдил ёфта бошад, шири шутури арабӣ ва пешоби онро бидиҳанд. (390) Гоҳе ба эшон ду уқия пешоби шутурро бо ним мисқол ва ё миқдори бештари сикангубин бидиҳанд. Ҳамчунин [сикангубинро] андар пешоби буз афканда бидиҳанд. Гоҳе агар моддаҳо тунуки сафровӣ бошанд, савобтар он аст, ки бо он ҳалилаи зард биомезанд. Аз гармибандиҳо гармибандӣ кардани меъда ва ҷигар бо сунбул, салиха ва монанди инҳо ва аз инҳо бо майсавсан ва монанди он зимод намудан судманд бувад. Шиками чунин [беморонро] пайваста бо мисли бура ва гӯгирд ва бо равғанҳои гарми маъруф равғанмолӣ кунанд. Аз зимодҳо эшонро марҳами нони кок бо биҳӣ суд дорад. Агар [беморӣ] ба ислоҳ наояд, саргини гов ва бузро тило кунанд.
Худованди бадғизогириро аз чизҳое ғизо бидиҳанд, ки лазиз буда, табиатро қавӣ бигардонанд. Масалан, дурроҷ ва кабк, оби зирабои онҳо, ки бо қаранфул, дорчинӣ, заъфарон ва мастако ниҳоят хушбӯй гардонида шудааст ва инчунин масусҳо бидиҳанд. Аз меваҳо анори ширин бидиҳанд ва андаке аз биҳӣ зиён надорад. Низ бояд андар таомҳои эшон, масалан, хардал, гандано, сир ва дигар чизҳои бад-ин равиш бударо ба миқдори на чандон зиёд биомезанд.
Фасли чаҳорум андар илоҷи истисқои машкӣ

Мақсади ҳамагонӣ аз муолаҷаи чунин [беморон] агарчи аз тариқи андар зери офтоб ва ҷои бе бод ва ё андар назди оташи аз ҳезуми хушк афрӯхта нишастан бошад ҳам, хушконидан ва берун овардани фазлаҳост.

пешина
аз 1215
навбатӣ