Қонуни тиб

Бинобар ин, сабаби истисқои таблӣ сустии гувориши якум бувад, ки он ба нотавонии гармӣ ва ё ба шиддатнокии гармии ғолибомада вобаста буда, ин [гармӣ] фурсати гуворидан надиҳад ва ё мумкин аст ин [истисқо] ба сабаби ғизоҳо ба амал ояд. Гоҳе ҳангоми табҳои вабоӣ ва бисёр вақт андар поёни бемориҳои тез шикамро дамише ориз бигардад, ки мисли табл бошад [199] ва агар вайро бо даст бизананд, аз он садои табл бархезад. Ин нишонаи сахт бад бувад.
Нишонаҳои муштарак. Аз паси ҳамаи намудҳои истисқо ранг табаҳ бигардад ва ҳангоми [истисқои] испурчӣ ба сабзию сиёҳӣ бигарояд. Ҳангоми ҳамаи [намудҳои истисқо] пойҳоро ба иллати нотавонии гармии модарзодӣ ва ба иллати рутубатнокӣ ва бухорнокии хун бодгирифтагӣ рӯй бидиҳад ва чашмону дигар андомҳои атрофиро низ бодгирифтагӣ ба амал ояд. Ҳама гуна [истисқо] аз ташнагии бартарафнашаванда ва зиқи нафас холӣ нахоҳад буд. Баробари бештари онҳо ба иллати шиддатнокии иштиҳои об камиштиҳоӣ нисбат ба ғизо ҷой дошта бошад, вале (388) ҳангоми баъзеи онҳо, ки аз сабаби сардии ҷигар ва хусусан аз сабаби бемаҳал ошомидани оби сард ба амал омада аст, чунин ҳолат падид нахоҳад омад. Ҳангоми ҳамаи [намудҳои истисқо] ва хусусан ҳангоми истисқои машкӣ ва сипас гӯштӣ пешоб бикоҳад ва андар бештари ҳолатҳо ба иллати камии хеш сурх бигардад ва ранге, ки андар миқдори бисёр пароканда аст, андар ин ҳолат фароҳаму фишурда шавад. Ба ғайр аз ин аз он вобастагӣ дорад, ки бахши хунӣ ва талхаи сурх аз пешоб камтар ҷудо шуда бошанд. Бинобар он ба сабаби рангинӣ ва сурхии пешоб набояд бар гармии истисқо ҳукм баровард. Бисёр бошад, ки касони [ба истисқо гирифторро] табҳои нимгарм ориз бигарданд ва бисёр вақт эшонро табишҳо ориз гардида, бикафанд ва оби зард аз онҳо бирезад. Ҳангоми истисқои гӯштӣ ва истисқои таблӣ аксар вақт табоҳии меъда ба амал ояд.
Ҳар гоҳ истисқо аз сабаби омоси ҷигар оғоз ёбад, табиат баста бигардад, ҳар ду пой биомосанд, сурфаи бе балғам падид ояд ва андар паҳлуи росту чап омосҳо падид омада, нест шаванд ва дубора зоҳир гарданд. Ин бештар ҳангоми истисқои машкӣ рӯй диҳад. Агар истисқо аз ҳар ду тиҳигоҳ ва камар падид ояд, омосидан аз панҷаи пойҳо оғоз ёбад ва зараби дарозмуддате ба амал ояд, вале ин [омос] на ҳал гардад ва на баробари он об берун равад.
Ба ҳангоми истисқое, ки аз ягон сабаби гарм падид омада бошад, нишонаҳои гармӣ аз қабили афрӯхтагӣ, ташнагӣ, зардии ранг, талхии даҳон, шиддат ёфтани хушкии тан, афтидани иштиҳои таом ва қаи сабзу зард зоҳир бигарданд ва андар поёни он ба сабаби шиддати гармӣ сӯзиши пешоб шиддат ёбад. Агар истисқо аз ҷинси он истисқое бошад, ки ҳангоми он гудозиши зиёд ба амал ояд ва [модда] ба сӯи ҳар ду маҷрои табиӣ ронда шавад, бисёрии сафро ва нишонаҳои гудозиш аз он гувоҳӣ диҳанд. Пеш аз он бироз ва ё пешоби ба оби гӯштшуста монанд ва зардобгун падид ояд ва чунин [истисқо] аз ноҳияи ҳар ду тиҳигоҳ ва камар оғоз ёбад. Ҳамаи истисқои аз сабаби бемориҳои зудрав ба амал оянда низ ҳамин гунаанд. Истисқое, ки сабабаш сард аст, бар хилофи [истисқои гарм]
бувад. Гоҳе ба ҳангоми он иштиҳои таом ниҳоят шиддат ёбад, чунонки ҳангоми сардии меъда низ чунин бувад.
Сипас,чун [сардии] мизоҷ ба ифрот бирасад, иштиҳо биафтад. Истисқоеро, ки сабабаш омоси сахт аст, бо ёрии нишонаҳои [омос], бо ёрии табоҳии меъдаи дар натиҷаи он падидомада ва бо ёрии камии иштиҳои таом метавон донист. Он истисқое, ки сабабаш омоси гарм аст, аз ҷиҳати ҷигар оғоз ёбад, баробари он табиат баста гардад ва дигар нишонаҳое падид оянд, ки хоси омоси гарманд. Бар истисқои испурчӣ ранги моил ба сабзӣ ва иллатҳои пешгузаштаи испурч далолат кунанд. Гоҳе мумкин аст, ки баробари он иштиҳо наафтад. Ҳамчунин агар сабаб андар гурдаҳо ҷой дошта бошад, иштиҳо на зуд ва на ба андозае биафтад, ки ба ҳангоми [истисқои] ҷигарӣ биафтад. Низ пеш аз ин [истисқо] иллатҳои гурда, омосҳо ва решҳои он зоҳир бигарданд.
Нишонаҳои истисқои машкӣ. Ҳангоми истисқои машкӣ гаронии андар шикам эҳсосшаванда ба амал ояд ва ҳар гоҳ ба шикам бизананд, аз он садо барнаояд, балки ҳар гоҳ биҷунбонанд, аз он садои ҷунбидани об ояд ва ҳар гоҳ худованди он аз як паҳлу бар дигар паҳлу бигардад, низ ҳамин гуна садо ояд. Ҳангоми совидан эҳсоси машки пуроб бидиҳад, на машки пурбод. Ҳангоми ин гуна [истисқо] андомҳо на чуноне дамида ва ҳаҷман бузург бигарданд, ки ба ҳангоми истисқои гӯштӣ дамидаву ҳаҷман бузург бигарданд, балки пуч шаванд ва бар болои пӯсти шикам шикамаки пӯсти тари азҳамкашидашуда биафтад. Гоҳе баробари он закар биомосад ва истисқои хоя ба амал ояд. Набзи худованди он хурди думодум ва моил ба сахтӣ бигардад ва ба иллати азҳамкашидагии пардаҳо андаке аз ҳам кашида бувад. Гоҳе андар поёни [беморӣ] ба иллати рутубат ба нармӣ бигарояд. Агар истисқои машкӣ баъд аз берун омадани санг аз ғайри мавҷуд будани сабабҳои намоёне [андар] ҷигар ба якборагӣ падид ояд, пас бидон, ки яке аз ду маҷрои мезанойҳои гурдаҳо кафида аст.
Нишонаҳои истисқои гӯштӣ. Ҳангоми ин андар тамоми тан дамише падид ояд, ки мисли дамиши андар ҷасади мурда падид омада бувад. Андомҳо ва хусусан рӯй моил ба пуррагӣ буванд, на ба пажмурдагӣ ва агар ба ҳар ҷое аз тан бо ангушт зер карда шавад, ангушт фурӯ равад. Шиками ин гуна [беморро] он гуна дамиш ва ҷунбиш (луқидан) ва ё дамишу баромадани ноф ва нағорашавие, ки андар шиками [каси ба истисқои] машкӣ ва таблӣ гирифтор ба амал меоянд, зоҳир нахоҳанд шуд.
Ҳангоми бисёри ҳолатҳо баъди он табоҳии меъда ба амал ояд ва табиат нарму моил ба сафедӣ бувад. Набзи чунин [бемор] мавҷӣ, паҳн ва нарм хоҳад буд. Гуфтаанд, ки агар андар рӯи инсон, ё андар тан ва ё андар дасти чапаш фурӯҳиштагӣ падид ояд ва ба оғози ин ориза андар бинияш хориш ба амал ояд, ба рӯзи дуввум ва ё севвум бимирад.
Нишонаҳои истисқои таблӣ. Ҳангоми ин ноф ба миқдори зиёд берун ояд ва он гароние, ки ҳангоми истисқои машкӣ ба амал меояд, ба ҳангоми ин истисқо ба амал нахоҳад омад, балки мумкин аст (389) ҳангоми ин чандоне азҳамкашидагӣ ҷой дошта бошад, ки ҳангоми истисқои машкӣ бад-ин андоза набувад ва гузашта аз ин мумкин аст вай мисли тори таранг кашидашуда бигардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор