Қонуни тиб

Ин ҳолат ҳангоми гувориши дуввум ба амал ояд.
Сабаби андар маҷроҳо буда чунин аст, ки андар он ҷойҳо омосҳо ва суддаҳо падид омада, бахши обиро нагузоранд то роҳи хешро пеш гирад ва ба сӯи [лозима] биравад, балки пеши онро бигиранд ва онро ба сӯи маҷроҳои дигаре бигардонанд. Ҳар гоҳ табиат ба зоти худ бахши обии истисқоро аз каси ба истисқо гирифторшуда биронад, ин далели наҷот аст. Аксар вақт агар маҳалли истисқоро бишикофанд, дамиш андар муддати се рӯз ду бора боз ояд ва ин бештар аз бод падид ояд. Буқрот гуфтааст: «Ҳар киро андар миёни ҳиҷоб ва меъда балғами зиёд буда, дард оварад ва агар он андар рагҳо даромада, ба сӯи обгаҳ ҷорӣ шавад, иллати ӯ кушода бигардад».
Ҷолинус гуфтааст: «Беҳтар он аст, ки [балғам] ба сӯи зиҳор фуруд ояд, на ба сӯи обгаҳ ва чи гуна ҳам ба сӯи он битаровад, ки он балғам аст, на бахши обии тунук».
Ман бигӯям: Аз эҳтимол дур нест, ки он ҳал шуда, тунук бигардад ва мумкин аст, ки он ба зарурат ба ихтиёри табиат даромада,ба ягон ҷиҳате ронда шавад ва ё андар ҷиҳатҳои дигар ягон сабаби андар миён даромадае ҷой дошта бошад, чунонки рими сина андар [раги] дарунтиҳӣ андаромада ба сӯи обгаҳ ронда шавад. Ин гузаштан аз гузаштани рим ба устухони сина аҷоибтар нест. Гуфтаи бархе аз [пизишкон], ки гӯё [Буқрот] балғам гуфта, бахши обиро дар назар доштааст, аз ҳақиқат дур аст ва мавриди эҳтиёҷ нест. Гоҳе мумкин аст шикам дамиш оварад, чунонки каси гирифтори истисқоро, ки реши рӯда дорад, ҳамин гуна рӯй даҳад ва сипас шикофта шавад, вале он шахс то вақте ки [аз ягон сабаби дигаре] намирад, аз ин нахоҳад мурд. [Дамиш] аз баҳри он бошад, ки бироз ба андаруни шикам бирезад ва он бузург бигардад. Ин [фикр], ҳарчанд ки онро бархе гуфтаанд, вале ба ақидаи ман аз ҳақиқат дур аст ва марг хусусан ҳангоми андар бахши барсӯвини [рӯдаҳо] будани шикофташавӣ пеш аз он фаро бирасад.
Сабабҳои истисқои гӯштӣ, ки ба изофаи сабабҳои муштарак буванд. Сабаби пешомадаи он фасоди гувориши севвум ва ба чизи фачи обакию балғамӣ [табдил ёфтани ғизо] мебошад, ки дар натиҷа хун ба иллати бадии худ андар тан ба таври табиӣ начарбад. Гоҳе сабаби пешомадаи ин гувориши дуввум, ё гувориши якум ва ё фасоди чизи хӯрдашуда ва ё балғамӣ будани он бувад.
(387) Агар қувваҳои гуворанда, нигоҳдоранда ва ҷудосозандаи ҷигар нотавон, қувваи кашандаи андомҳо қавӣ ва қувваи гуворандаи онҳо заиф бигарданд, ин гуна истисқо ба амал хоҳад омад. Аксар вақт агар омосҳо ва суддаҳое, ки ғизоро гузаштан намегузоранд, андар миён набошанд, ин ба сабаби сардии худи ҷигар ва ё ба сабаби анбозӣ падид ояд. Ин [истисқо] низ бештар вақт ба иллати сардии рагҳои тан, бемориҳои онҳоро оризшуда ва суддаҳое ба амал ояд, ки аз хӯрдани чизҳои часпак, гил ва монанди инҳо андар [рагҳо] ориз гарданд. Ё мумкин аст ин бад-он сабаб падид ояд, ки сардии ҳавои сарде андар [рагҳо] ҷой бигирад, ки андар онҳо таъсири сахт расонида бошад. Гоҳи дигар мумкин аст ба сабаби гармие ба амал ояд, ки тан ва хилтҳоро бигудозад. Ҳар гоҳ
судда биафтад ва баробари он хилти зардобии гудохта андар ноҳияҳои гурдаҳо гузаштан натавонад, андар тан паҳн бигардад. Бисёр бошад, ки ин якбора ба амал ояд.
Дарунрав гоҳе ба ҳангоми истисқои гӯштӣ ва ба ҳолате ниҳоят судманд бувад, ки табиат аз барои рондани фазлаҳои обӣ аз тариқи маҷроҳои табиӣ ва ғайритабиӣ кӯшиш кунад, лекин мумкин аст [табиат] аз чунин рондан оҷиз ояд ва ё мумкин аст ба таври ғайри табиӣ андар роҳҳои ёдшуда нуфуз кардани [фазлаҳо] пеш аз он ба амал ояд, ки рондани табиат бар онҳо фармонраво гардида бошад. Гоҳе онҳоро маҷроҳо напазиранд ва гоҳе қувваи ронанда онҳоро ба сӯи ҷигар биронад, аз баҳри он ки онҳо обакӣ ва аз ҷинси он чизеанд, ки ба сӯи ҷигар ронда шавад. Ҳар гоҳ агар онҳоро ҷигар ва [андомҳои] бад-он пайваста ба иллати заъф, ё ба иллати бисёрии модда ва ё ба иллати он напазиранд, ки тан онҳоро ба сабаби ягон судда ва чизи дигаре намепазирад, онҳо андар миёни ду [қувваи] ронанда ҳайрону саргардон бимонанд.
Буқрот гуфтааст: «Ҳар киро ҷигар аз об пур шавад, сипас он об ба сӯи пардаи дарунӣ зада бидарояд, шикамаш аз он [об] пур шуда бимирад». Ҷолинус гуфтааст:
«Ғарази ӯ обилаҳои зиёдест, ки бар пушти ҷигар падид оянд ва боиси фароҳам омадани об бигарданд. Ҳар гоҳ онҳо бикафанд ва зиёд бошанд, об андар фазои [шикам] бидарояд ва бисёр кам бувад, ки андар чодарпиҳ нуфуз кунад, магар ин ки чодарпиҳ аз он сӯй хӯрда шуда бошад». Ӯ гӯяд: «Ин об мисли оби касони ба истисқо гирифтор бувад. Гоҳе касоне, ки намемиранд, ба истисқо гирифтор шаванд, балки оби [андаруни] онҳо буда ё ба табъ ва ё бо ёрии дармон берун ояд ва эшон зинда монанд. Ҳамчунин аз эҳтимол дур нест, ки андар ин ҳол [об] нуфуз кунад ва аз эҳтимол дур нест, ки [чунин бемор] зинда бимонад».
Ман чунин гумон дорам, ки ӯ бимирад, зеро ин об бадгавҳар аст ва андар фазои [шикам] фасодӣ оварда, ба тавассути бухори хеш [беморро] ба ҳалокат бирасонад ва илова ба ин пардае, ки ҷигари ин [беморро] печида аст, табаҳ гардида бувад.
Сабабҳои истисқои таблӣ. Бештари сабабҳои истисқои таблӣ фасоди гувориши якум аст, ки ба қувват ва ба модда вобастагӣ дорад. Зеро агар модда хуб гуворида нагардад, агар андар он гармии ночизе ба таври начандон қавӣ амал карда бошад ва тан аз [пазируфтани] он рӯй гардонида, онро биронад, нахустин чизе, ки модда бад-он табдил ёбад, ҳолати бухорӣ ва бодист. Гоҳе ин моддаҳо моддаҳое бошанд, ки бар сари меъда ва рӯдаҳо бигарданд ва мумкин аст пайваста печиши сахти ноф ба амал оваранд, зеро гармии ноафрӯхта хусусан ҳангоми сарди тар будани меъда андар онҳо таҳлили сусте падид оварда, онҳоро ба бодҳо табдил бидиҳад ва онҳо аз барои гувориши ҷигар ҳанӯз омода нашуда бошанд. Сипас андар ҷигар як миқдор гармие бувад, ки бикӯшад то чизи ҳанӯз аз барои гувориши [ҷигар] омода нашударо бигуворад. Гоҳе ин мумкин аст ба гармии сахти бегонае вобаста бошад, ки андар меъда ва ҷигар ҷой дошта бошад ва ин [гармӣ] пеш аз он, ки гувориши аз гармии модарзодӣ ба амал оянда ғизоҳои тарро фаро бигирад, ба сӯи онҳо шитофта, андар онҳо таъсири ғайри табиӣ бирасо над ва онҳоро пеш аз гуворидан ҳал карда, ба бодҳо табдил диҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор