Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Аз миёни мардумоне, ки ба истисқо гирифтор шаванд, хатари бештар мар касеро бувад, ки мизоҷи табиияш гарми хушк бошад, зеро [каси] акси мизоҷи ӯро[дошта] ҷуз ба сабаби ягон ҳодисаи бузурге бемор нахоҳад шуд. Истисқое, ки ба сабаби сахтии испурч падид ояд, назар ба истисқое, ки ба сабаби сахтии ҷигар падид ояд, хеле беосебтар аст, балки гузашта аз ин умед аст, ки дармон бипазирад. Гоҳе мумкин аст моддаи истисқо ғалаба намуда, боиси дамкӯтоҳӣ, зиқи нафас ва сурфа бигардад ва ин далели он аст, ки андар миёни се рӯз марг фаро расад. Гоҳе ба сабаби тангӣ овардан, на ба сабаби тарӣ, нафас дигаргун бигардад ва ин беосебтар аст. Гоҳе чунин [беморонро] баробари наздик расидани марг ба иллати бадгавҳарии бухорҳо андар даҳон ва вораҳо решҳо падид оянд ва ба поёни [беморӣ] ба сабаби бадмизоҷии хун андар тан решҳо ба амал оянд. Гуфтаанд, ки агар аз каси ба истисқо гирифтор чизе ангиштмонанд фуруд ояд, ин гувоҳӣ аз марг диҳад. Ҳар киро истисқо андар ҳоле ориз бигардад, ки ба молихулиё гирифтор бошад, молихулиё ба сабаби тарӣ овардани истисқо кушода шавад.
Бидон, ки исҳол ба ҳангоми истисқо ҳалоккунанда аст. Бояд донист, ки нахустин андоме, ки аз худованди истисқо дамиш овардааст, чист: оё зиҳор ва ҳар ду пойҳост, ё пушт, ноҳияҳои гурдаҳо ва камар ва ё бархе аз рӯдаҳост? Бояд нармию хушкии табиати ӯ маълум бошад ва агар табиаташ хусусан ҳангоми [истисқои] аз ноҳияи камар ва гурдаҳо оғозёбанда хушк бошад, беҳтар аз он аст, ки нарм бувад. Ҳангоми истисқои аз [ноҳияи] камар оғозёфта табиат бештар нарм бигардад, зеро рутубатҳои ғизо аз [сӯи ҷигар] ба сӯи рӯда баргарданд. Хушкии табиат ба ҳангоми истисқое, ки аз сӯи пеш оғоз ёбад, бештар хоҳад буд. Низ бояд ҳолати ноҳияҳои фурӯсӯи ноф31 ва зиҳорро донист, ки оё заифанд ва ё сергӯшт. Сергӯштӣ далели қувват ва эҳтимоли ба амал омадани исҳол бувад. Низ бояд бидид, ки оё пӯсти хоя андар дамидагӣ анбозӣ дорад, ё не. Агар пӯсти хоя анбозӣ дошта бошад, бими таровидани [модда] ҷой дорад ва таровиш бошад, боиси заҳмату ранҷ гардида, ба решҳои палиде гирифтор созад, ки ба сахтӣ беҳ шаванд.
Сабаби истисқои машкӣ, ки баъди сабабҳои муштарак бувад. Сабаби [аз берун] расидаи он ин аст, ки бахши обӣ зиёдатӣ кунад ва аз тариқи баромадгоҳи хеш берун наомада, ба зарурат пас бигардад ва андар ғайри маҳалли лозима фароҳам ояд. Ин ё ба тариқи таровиш, ё ба тариқи ҷудошавии бухоре, ки ҳангоми банд гардидан ба об табдил ёбад, ё ба тариқи бисёрии модда ва ё ба тарқи шиддатнокии рондани табиате ба амал ояд, ки ба зарурати маҷбуркунанда [моддаро] андар маҷроҳои фазлаҳо дароварда, ба сӯи фазои шикам ва тиҳигоҳи дарунии он, ки андар он ҷой рӯдаҳо ҷой гирифтаанд, биронад. Аксар вақт андар миёни чодарпиҳ ва сифоқи дарунӣ воқеъ шавад ва андар миёни чодарпиҳ ҷуз ба ҳангоми хӯрда шудани он надарояд.
Ту [аз ин пеш] донистӣ, ки рондани табиӣ гоҳе римро андар устухонҳо бидарорад, чи ҷои дигар [андомҳо]. Ё

мумкин аст ин ба тариқи ронда шудан аз баъзе маҷроҳои ғизо [198] ба сӯи ҷигар ба амал ояд ва бахши обӣ андар назди он [маҷроҳо], на ҷигар, ҷамъ шуда монад. Ё мумкин аст бад-ин гуна ба амал ояд, ки бархе аз пешиниёни аввалӣ ёд кардааст ва дигаре аз баъдомадагон он гуфтаро ба худ нисбат додааст. Он [гуфта ин аст]: «Аз тариқи даҳони рагҳое, ки аз сӯи нофи ҷанин ҳамеоянд ва ҷанин бо ёрии онҳо ғизо мегирад ва аз тариқи даҳонҳои рагҳое, ки ба сӯи [ноф] омада, (386) бо ёрии онҳо [ҷанин] пешоб кунад, [тарӣ] пас бигардад». Дар ҳақиқат бача андар шиками [модар] ва кӯдаки навзод низ пеш аз буридани ноф аз тариқи ноф пешоб кунанд ва ҳар гоҳ ин роҳ баста шавад, [пешоб] ба сӯи обгаҳ биравад. Ҳар гоҳ бахши обӣ ба сабаби судда ва муқовимати қувваҳои ронанда аз ҷиҳатҳои дигар гардонида шавад, андар ин рагҳо даромада, ба сӯи даҳонаҳои онҳо биравад ва ҳар гоҳ ба сӯи ноф роҳи гузар наёбад, ба сӯи шикам шикофта ва кушода бигардад ва [шикам] назар ба андозаи офариниши нахустини худ ниҳоят фарох бигардад ва гузаргоҳҳое, ки аз сӯи кужии [ҷигар] ҷой доранд, пахш шаванд. Онҳо танг мебошанд ва тангияшон бештар аз тангии [гузаргоҳҳоест], ки аз сӯи бари фурӯрафтаи [ҷигар] ҷой доранд. Аз эҳтимол дур нест, ки истифроғи бахши обии шикам аз ҳамин ҷиҳатҳо ва роҳҳо ба амал ояд. Дору онро нахуст ба суи ҷигар бикашад ва сипас ба сӯӣ рӯдаҳо биронад.
Сабабҳои ин сабаби расида ё андар қувваи ҷудокунанда ва ё моддаи ҷудошаванда ва ё андар маҷроҳо ҷой доранд. Сабабе, ки андар қувваи ҷудокунанда ҷой дорад, бад-ин гуна аст, ки ҷудокунӣ миёни қувваи ронандаи ҷигар ва қувваи кашандаи гурдаҳо муштарак аст.
Ҳар гоҳ ҳар ду ва ё яке аз онҳо заиф бигардад, ё андар маҷро ягон суддае бошад ва хусусан агар андар гурда омоси сахт падид омада бошад, бахши обӣ ҷудо нагардад, тан онро напазирад, маҷроҳо таҳаммули он накунанд ва бинобар ин яке аз тариқаҳои воқеъ шудани истисқои машкӣ воҷиб ояд. Аз ҳамин сабаб гоҳе мумкин аст, ки ба сабаби заъф ва иллати як худи гурда истисқо ба амал ояд. Аммо сабабе, ки андар моддаи ҷудошаванда ҷой дорад, бад-ин гуна аст, ки бахши обӣ сахт зиёд ва беш аз андозаи таҳаммули қувваи ҷудокунанда бошад ва ё хуб гуворидашаванда набошад. Бахши обӣ ба иллати бисёр ошомидани об ниҳоят зиёд бигардад ва ин [бисёрошомӣ] аз сабаби шиддатнокии ташнагии ғолибомадае ҷой дошта бошад, ки ба мизоҷи ташнагифизояндаи ҷигар ва ё ба ягон сабаби ташнагифизояндаи дигаре вобаста бувад. Ё ба иллати суддаҳое [зиёд бигардад], ки баробари онҳо миқдори лозимии об ба сӯи ҷигар кашида нашавад ва бо вуҷуди бисёр ошомидан ташнагӣ давом кунад. Ё аз баҳри он чунин бошад, ки худи об аз барои ташнагӣ ҳеҷ суд надошта, ё гарм бувад, на сард ва ё андар он ягон кайфияти ташнагифизояндае аз қабили шӯрӣ, ё буранокӣ ва ё ғайри инҳо ҷой дошта бошад.
Бахши дигари [сабабҳо] бад-ин гуна аст, ки агар гувориши ғизои тар яксон набошад, тан ва ё ҷигар бархе аз ғизои тарро пазирад ва бархеи дигарро рад кунад ва бинобар он маҷроҳо пур бигарданд. Ин гоҳе мумкин аст ба шарти ғалабаи бахши обӣ яке аз сабабҳои истисқои машкӣ ва ба шарти ғалабаи бахши бодӣ [яке аз сабабҳои] истисқои таблӣ бигардад.

пешина
аз 1215
навбатӣ