Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

[Истисқо] се бахш аст: истисқои гӯштӣ, ки сабаби он моддаи обии балғамӣ буда, ҳамроҳи хун андар андомҳо паҳн гардида бошад; истисқои машкӣ, ки сабаби он моддаи обӣ буда, ба фазои бахши фурӯсӯви шикам ва маҳалли бад-он пайваста рехта бошад; ва истисқои таблӣ, ки сабаби он моддаи бодии андар он ноҳияҳо паҳн гардида бувад.
Истисқоро сабабҳо ва ҳукмҳои ҳамагонист. Сипас ҳар як [намуди] онро ҳукми хос бувад. Агар ҷигар чи ба таври хос ва чи ба таври анбозӣ дардманд набошад, истисқо ба амал нахоҳад омад, вале мумкин аст ҷигар дардманд бошад, аммо истисқо рӯй надиҳад. Сабабҳои истисқо умуман ё хоси ҷигарӣ буванд ва ё ба анбозӣ.
Аввалитар ва умумитари сабабҳои хос заъфи гувориши ҷигарист ва ин мисли он аст, ки гӯӣ сабаби [аз берун] расида бошад. Аммо сабабҳои пешомада: ҳамаи бемориҳои мизоҷӣ ва афзории ҷигар аз қабили хурдии [ҷигар], суддаҳо, омосҳои гарм, омосҳои сарди ковок, омосҳои сахте, ки даҳони раги макандаро бибанданд ва сахтии сифоқи гирди ҷигарро печида ба шумор бираванд. Сабабҳои мизоҷӣ сабабҳои тафсонандаеанд, ки бештари онҳо ба миёнчии хушкӣ истисқо ба амал оваранд ва ё сабабҳои сардиоварандае буванд, ки ҳар кадоми онҳо ба тадриҷ аз тариқи ба таҳлил бурдани гармии модарзодӣ ва ё якбора хомӯш кардани он [истисқо] падид оваранд. Яъне бо «таҳлил» андар ин ҷо ман чунин ҳолати андар миёни пизишкон маъруферо дар назар дорам, ки ба ҳангоми он [гармии] модарзодиро ҳалшавии андак-андак ба амал ояд ва ё якбора хомӯш бигардад.
Ин ҳар ду [ҳолат] ё аз сабаби гармӣ ва ё сардӣ буванд, чунонки аз ошомидани оби сард ношито ва аз паси гармоба, варзиш ва ҷимоъ чунин [ҳолат рӯй диҳад. Дигар сабабҳоеанд], ки беандоза тариоваранда буда, баъд аз гудохта шудану истифроғҳои гуногун аз тариқи арақ, пешоб, исҳол, реши рӯда, хуни ҳайз ва бавосир хушкӣ оваранд. Зиёнкортарини истифроғҳо истифроғи хун аст Оид ба бемориҳои афзорӣ: андар боби ҳар яки онҳо гуфта омад, ки он чи гуна ба истисқо бикашонад.
Сабабҳои ба анбозӣ будаи истисқо [ба таври зеринанд]: истисқо ё ба анбозии тамоми тан бад-ин гуна ба амал ояд, ки хуни он ба яке аз сабабҳо ё сахт гарм ва ё сахт сард гардида бошад. Ё мумкин аст ба сабаби сардии меъда ва бадмизоҷии он, хусусан баъди он, ки ин [бадмизоҷӣ] боиси табоҳии меъда шуда бошад ва ё мумкин аст ба сабаби мосориқо истисқо ба амал ояд. Ё мумкин аст он ба сабаби испурч ба амал ояд ва ин ҳангоме бошад, ки испурч ба иллати падид омадани омосҳои сахт, ё нарм ва ё гарм бузург бигардад ва ё савдо ба миқдори зиёд истифроғ шавад, ки ба ифрот будани он аз тариқи паҳн шудани таъсири савдои дар ҳаракат буда боиси хастагӣ ва сардии ҷигар бигардад ва газанди савдоро ба ҷигар бирасонад, чунонки [ҳамин газандро низ] ба сӯи мағз бурда, боиси васваса бигардад.30 Бузургии испурч ба ду сабаб боиси истисқо ва заиф шудани ҷигар бигардад: яке бисёрии он чи, ки аз ҷигар кашида шуда, қуввати онро бибарад; дигар ин, ки ин [бузургӣ] ба та

риқи зиддият нишон додан ба [ҷигар] қуввати онро хаста кунад ва ӯро аз зодани хуни хуб боз дорад.
Гоҳе [истисқо] ба анбозии гурда ба амал ояд, ки ин ба сардии гурда, ё хусусан гармии он ва ё ба сабаби суддаҳо ва сахтии андар вай падидомада вобаста буда, бар асари он ҳарчанд ки ҷигарро ҳеҷ иллате нест, вале бахши обии [хун] кашида нашавад. Гоҳе [истисқо] ба сабаби рӯда ва бемориҳои он ва хусусан ба сабаби рӯдаи тиҳӣ, ки ба ҷигар наздик аст, ё мумкин аст ба сабаби [бемориҳои] обгаҳ, ё заҳдон, ё шуш ва ё ҳиҷоб ба амал ояд. На ҳар боре, ки истисқо ба анбозии гурда падид ояд, ба сабаби [бадии] мизоҷи он падид омада бошад, балки мумкин аст ин ба суддаҳо ва омосҳои он вобастагӣ дошта, ба иллати онҳо [гурда бахши обиро] кашидан натавонад. Ҳол ҳангоми [истисқое], ки ба анбозии рӯдаҳост, низ ҳамчунин бувад, зеро он на ҳамеша ба сабаби фақат аз ҷиҳати кайфиятҳо дигаргун шудани ҳолати рӯдаҳо падид ояд, балки мумкин аст ба сабаби дардҳои рӯда аз қабили печиши ноф, реши рӯда, қулинҷи ниҳоят дарднок ва ғайра низ падид ояд, зеро ин гуна [дардҳо] ҷигарро заиф кунанд. Ҳамчунин истисқои ба анбозии заҳдон буда на ҳамеша ба кайфияти он вобаста аст, балки гоҳе ба сабаби дардҳои он ва банд гардидани хуни ҳайз андар он низ ба амал ояд. Гоҳе [истисқо] ба анбозии мақъад ва аз сабаби банд гардидани хуни бавосир падид ояд. Ҳол андар андомҳои дигари ёдшуда низ ҳамчунин бувад. Аксар вақт андомҳои [ронандаи] бироз [аз тариқи] бахши фурӯрафтаи ҷигар ва андомҳои пешобронанда ва нафаскашӣ аз тариқи бахши кужии ҷигар анбозӣ кунанд. Аммо бештари анбозиҳои боиси истисқобуда ин анбозиҳо бо гурда, рӯдаи тиҳӣ, испурч, мосориқо ва меъда буванд.
(385) Бархе аз [пизишкон] гуфтаанд: «Гоҳе истисқо ба сабаби омосҳои андар ҷойҳои тиҳӣ падидоянда ва хусусан ба сабаби омосҳои сард, ки бадмизоҷии онҳо ба ҷигар гузашта, ӯро зиён бирасонад ва ё мумкин аст ба сабаби хуни савдовие падид ояд, ки аксар вақт андар [ҷигар] банд гардида, аз тариқи гузаштан ба [андомҳои] ҳамҷавори [ҷигар] ва аз тариқи табоҳии меъда овардан андар он андомҳо судда оварад. Ҳолати якум баъд аз шиканҷаву дарди андар ноҳияҳои тиҳигоҳ устуворгардидае боиси истисқо бигардад, ки аз тариқи дармону истифроғ кардан ҳам мумкин аст бартараф нашавад».
Ин гуфта чандон дуруст нест.
Бадтарин истисқо онест, ки ба ҳангоми бемории гарммизоҷ ба амал ояд. Бархеҳо аз миёни мардум чунин пиндоранд, ки истисқои гӯштӣ аз дигараш дида бадтар аст, зеро фасоди он ҷигар, ҳамаи рагҳои тан ва гӯштро фаро гирифта, гувориши севвумро тамоман барҳам занад. Бархеи дигар онро аз дигар намудҳо ва ҳатто аз истисқои таблӣ дида сабуктар шуморанд. Лекин беҳтар он аст, ки истисқои машкӣ беш аз ҳама душвортар шуморида шавад. Сипас бархе аз намуди гӯштии истисқо беш аз ҳама сабук ва бархеи он ниҳоят бад буда, ин ба ҳасби эътибори сабабҳое бувад, ки боиси истисқо бигарданд. Аз зоҳири ҳол ва бештари он чи ки аз тариқи таҷриба ҳосил шудааст, бояд ҳамаи намудҳои истисқои гӯштӣ сабуктар бошанд ва ба зарурат лозим нест, ки ба ҳангоми онҳо ҷигар ба андозае заиф бигардад, ки ба ҳангоми дигар [намудҳои истисқо] заиф гардида бувад.

пешина
аз 1215
навбатӣ