Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Табе, ки ҳамеша ёри он аст, заиф бувад. Умуман, исҳоли зардобии ҷигарӣ бештар ба сафедию сурхӣ бигарояд ва гӯӣ, ки аз ягон реше ва [аз бахши] хун таровида бошад. [Исҳоли зардобии] мосориқоӣ бештар ба сафедию зардӣ гароида, гӯӣ зардоби ягон решест. Фарқи миёни исҳоли дурушт, ки аз сабаби решҳо, хӯра ва решҳои ғарбелак ба амал ояд ва оне, ки аз сабаби қавигии қувват аст, ин аст, ки ҳангоми [навъи ахир] сабукие ҳосил шавад, [моддаҳои] гуногун ва аҷиб берун оянд ва нишонаҳои омосҳо зоҳир набошанд. Гоҳе пеш аз он судда ба амал ояд ва чи гунае ки бошад, пеш аз он на таб ва на лоғарӣ падид наоянд ва низ пеш аз он исҳоли ба оби гӯштшуста монанд, ё исҳоли хунии тунук (383) ва ё исҳоли зардобӣ рӯй надиҳад.
Нишонаи он [исҳоле], ки ба сабаби омосҳост ва ин [омосҳо] хунро банд сохта, фосид кардаанд ва решҳои ғарбелак намебошанд, ин аст, ки ҳангоми он омос ба амал омада, вале нишонаи рим кардани он ҷой надошта бошад ва [исҳол] нахуст ба шакли тунуки зардобмонандаи тарованда берун омада, сипас андар поёни кор ситабр бигардад. Он исҳоле, ки ба сабаби нотавонии ҷигар ба амал ояд ва нахуст ба оби гӯштшӯста монанд буда, сипас дурдиранг бигардад, пеш аз он [нишонаҳои нотавонӣ] зоҳир шаванд ва чунин [исҳол] кам бошад, ки ногаҳон ба амал ояд. Вале агар ногаҳон ба амал омада, баробари он ранг бигардад ва иштиҳо биафтад, ин гуна [исҳол] низ аз сабаби нотавонии [ҷигар] бувад.
Агар сабаб ягон мизоҷе бошад, далели ин нишонаҳои он [мизоҷ] аст. Исҳоли дурдие, ки ба сабаби гармист, хуни сӯхтаро монад ва пеш аз он гудозиши хилтҳо ва андомҳо, рафтани исҳоли зардобмонанд, ташнагӣ, камиштиҳоӣ ва шиддатнокии сурхии пешоб падид оянд.
Гоҳе ба ҳангоми он табҳо зоҳир бигарданд ва бирози чунин [бемор] аз ҷиҳати ниҳоят бадбӯӣ, ситабрӣ ва серрангӣ бирози худованди таберо монад, ки аз вабо падид омада бошад. Сипас, андар поёни он хуни сиёҳ берун ояд. Он исҳоле, ки ба сабаби сардист, хунеро монад, ки худ ба худ гандида бошад ва на мисли гӯшти гудохта бувад ва на ниҳоят бадбӯй, балки бадбӯии он камтар аз бадбӯии исҳоли гарм бошад. Думодумию рангаш низ камтар аз [думодумию ранги исҳоли] гарм буванд. Гоҳе он [ҳамчун] хуни тунуки сиёҳ берун ояд ва гӯӣ хуни то андозае тирашуда буда, вале афсурда нагардида бувад.
Ин гуна [исҳол] муддати бештаре ба шакли оби гӯштшуста давом кунад ва андар оғози он ташнагӣ кам-кам ва иштиҳои таом бештар зоҳир бигарданд, сипас гоҳе андар поёни он ба иллати гандагӣ боиси падид омадани табҳо шуда, бар асари он иштиҳо низ биафтад ва [беморӣ] ба истисқо бикашад. Умуман, ин [исҳол] беш аз ҳама ба як ҳолат давом кунад.
Бар он рутубат ва хушкие, ки ин ду мизоҷро28 ҳамроҳӣ кунанд, аз тариқи чигунагии қивоми чизи берун оянда ва аз тариқи ташнагӣ огоҳӣ пайдо кунанд. Он исҳоле, ки аз сабаби кафгирак ба амал ояд, гоҳ ба намуди рими ситабр,

хуни тира ва хилтҳои бисёр берун ояд, чунонки ба ҳангоми суддаҳо ҳамин гуна бувад. Нишонаҳои кафгиракҳо, пухтагӣ ва кафидани онҳоро пеш аз ин донистӣ ва аз онҳо огоҳӣ пайдо кардӣ. Гоҳе мумкин аст ба оғози [исҳоли] кафгиракӣ ва [исҳоли] омосӣ зардоби тунук ояд, сипас ба наздики кафидани [онҳо] хуноба берун ояд ва бисёр бошад, ки баробари он хун ояд. Ҳангоми он исҳоле, ки аз сабаби ягон реш ва ё хӯрае ба амал ояд, андар ноҳияҳои ҷигар дард ҳис карда шавад, миқдори чизи берун оянда камтар ва бадбӯй бошад ва пеш аз ин [исҳол] воҷибгардонандагони решҳову хӯраҳо омада бошанд. Он [исҳоле], ки чизи аз он беруноянда худи гӯшти ҷигар аст, сиёҳранги ситабр бувад ва баробари он нотавонии қариб боиси марг гарданда ва офатҳои пешомадаи [ҷигар] ҷой хоҳанд дошт.
Бар исҳоле, ки ба иллати пурӣ, аз сабаби баста шудани ягон сайлон, ё бурида шудани ягон андом, ё тарки варзиш ва монанди инҳо ба амал ояд, худи сабаби он далолат кунад. Вай якбора ва ба миқдори зиёд берун ояд, зуд қатъ бигардад ва дорои навбатҳо бувад.
Ҳар киро ба ҳангоми дарунрави дарозмуддати дурдшакл, ё зардобмонанд ва ё ба дигар намуд буда кор ба ҷое бирасад, ки исҳоли сиёҳ берун ояд, умеди аз он наҷот ёфтан кам хоҳад буд. Гоҳе мумкин аст чунин [беморро] доруҳои қавии қабзкунандаи андаке ғизобахш суд бахшанд, лекин [таъсири онҳо] ба ҷое намерасад, ки боиси раҳоӣ ёфтан бигардад. Мо зикри илоҷи ин бобро то ҳангоми овардани боби исҳолҳо ба таъхир гузорем.29 Фасли дуввум андар баёни бадғизогирӣ

Ҳар гоҳ ҳолати ҷигар табаҳ шавад ва бар он нотавонӣ фармонраво бигардад, нахуст ҳолате рӯй диҳад, ки он муқаддимаи истисқо буда, онро «бадғизогирӣ» гӯянд ва исми «фасоди мизоҷ»-ро [низ] ба он хос гардонидаанд.
Пеш аз ҳама ранги тан ва рӯй ба сафедӣ ва зардӣ бигарояд, пилкҳо, рӯй ва охири дастҳову пойҳо бидаманд ва гоҳе ин [бодгирифтагӣ] ҳамаи танро фаро гирифта, он мисли хамир бигардад. Ҳамеша табоҳии гувориш ҷуфти он бошад ва гоҳе иштиҳо шиддат ёфта, сахтию нармии табиат бетартиб бошад. Ҳолати хоб низ чунин буда, [беморро] гоҳе хоби беёд барад ва гоҳи дигар муддати дароз бехобӣ бикашад. Ба изофаи он пешобу арақ кам оянд, бодҳо биафзоянд, дамидагии мароқ шиддат ёбад ва гоҳо хояҳо низ бидаманд. Агар чунин беморонро реше ориз бигардад, ба иллати фасоди мизоҷ ба душворӣ фароҳам ояд. Андар растагоҳҳои дандонҳо ва вораҳо ба сабаби бухорҳои фосиди бархоста ҳарорат ва хориш ба амал оянд ва тан ланҷи нармгӯшт бигардад. [197] Гоҳе ба сабаби андар шуш фароҳам омадани об ҳолате шабеҳ ба бад аз худ кардани [ғизо] падид ояд ва намуди зоҳирии худованди он мисли намуди зоҳирии худованди истисқо бигардад. (384) Фасли севвум андар баёни истисқо

Истисқо бемории моддиест, ки сабабаш моддаи бегонаи сард буда, андар миёни андомҳо бидарояд ва онҳоро бидамонад. Ин [модда] ё андар ҳамаи андомҳои зоҳирӣ ва ё андар маҳаллҳои тиҳии ноҳияҳое бидарояд, ки андар он ҷойҳо тадбири ғизо ва хилтҳо карда шавад.

пешина
аз 1215
навбатӣ