Қонуни тиб

Мо ҳукми ин рондашавии суддавиро андар боби рӯдаҳо ёд хоҳем кард. Ин гуна [рондашавӣ] яке аз чизҳоест, ки агар [муолаҷаи] он ба таъхир гузошта шавад, пажмурдагӣ оварда, қувватро аз пой биафтонад. Агар онро бибанданд, андар бахшҳои барини [рӯдаҳо] дамиш оварда, боиси ранҷ ва тангии нафас бигардад. Ё мумкин аст [сабаби он] бисёрии моддаҳои килусӣ ва беш аз андозаи қувваи кашандаи ҷигар будани онҳо бошад ва бинобар ин аксарияти онҳо нокашида монанд. Гоҳе сабаби он шиддати иштиҳои меъда ва ба ифрот будани он бувад.
Сабаби исҳоле, ки ба оби гӯшти шуста монандӣ дорад, нотавонии қувваи тағйирдиҳанда ва ҷудокунандаи ҷигар ва ё бешии феълпазир аз фоил бувад ва ё мумкин аст ба нотавонии қувваи нигоҳдоранда вобаста аст. Нисбати исҳоли ба оби гӯштшуста монанд ба ҷигари заиф чун нисбати қай ва ҳайзае ба меъдаи заиф бувад, ки аз сабаби таҳаммули [ғизо] накардани меъда ба амал оянд ва дар натиҷа [ғизо] ба сабаби нотавонии қувваи нигоҳдоранда пеш аз пурра ба иҷро расидани кори [гувориш] ронда шавад. Агар ба сабаби нотавонии қувваи нигоҳдоранда набошад, пас, ба сабаби нотавонии қувваи тағйирдиҳанда бошад. Ҳар ду намуди нотавонӣ бар асари ҳар гуна бадмизоҷӣ ба амал оянд, лекин бештари нотавонии қувваи нигоҳдоранда ба сабаби гармӣ ва рутубат ва аксарияти нотавонии қувваи тағйирдиҳанда ба сабаби сардӣ ба амал оянд. Вале чунин ҳукми қатъӣ набарор, ки исҳоли ба оби гӯштшуста монанд танҳо ба сабаби гармӣ ва ё фақат ба сабаби сардӣ падид ҳамеояд. Андар ҳар ду ҳолат исҳоли ба оби гӯштшуста монанд ба чизе табдил ёбад, ки бештар хунмонанд бошад, зеро [хун] аз тан сахт кашида шавад ва сипас ба чизи сахте табдил ёбад. [Исҳоли] аз сабаби гармӣ ба амал омада дорои як нишона ва аз сардӣ ба амал омада дорои нишонаи дигаре бувад, ки мо онҳоро баъд ёд хоҳем кард.
Сабаби исҳоли зардагӣ бисёрии зарда ва қавӣ будани қувваи ронанда аст. Сабаби исҳоли зардобӣ сӯхтани хун ва хилтҳо ва гудохта шудани онҳост. Ин гоҳе боиси сӯхтани ҷирми худи ҷигар ва баъди хилтҳои гуногун берун омадани он бигардад. Гоҳе исҳоли зардобӣ ба сабаби таровиши омос ва ё кафгирак ба амал ояд. Бисёр вақт таровиш аз ҷигар бошад ва ба қазои ҳоҷат бархостан ба таври даврӣ бувад. Сабаби [исҳоли] чизи сахте, ки шабеҳ ба дурд аст, ё (382) кафидани реши ғарбелак аст, ё суддаест, ки кушода шуда бошад, ё хӯра ва решҳои гандида бувад ва ё хуне бошад, ки ба иллати камии гузариш ва гармии ҷигару [андомҳои] атрофи он андар ноҳияҳои ҷигар сӯхта ва ё дигаргун гардидааст ва ё андар рагҳо [196] ба сабаби шиддати гармӣ ва табаҳсозии онҳо дигаргун шудааст. Бинобар ин тан онро ба худ накашидааст ва он ситабр гардида, мисли дурд шудааст ва ниҳоят бадбӯй гардидааст. Он ба иллати ҷӯшиш ва гудозиш дорои кафк ва ба иллати гармӣ дорои талхист.
Ҳар гоҳ [хун] ба ин андоза табоҳӣ бирасад, табиати қавӣ онро берун ронад ва ин далели фасоди мизоҷи андомҳост. Худовандони чунин [хун] ночор харобу лоғар буванд. Ин [хун] бо ранг, қивом ва бадбӯӣ аз савдо фарқ
кунад. Вай аз он камтар сиёҳ ва қивомаш ситабртар аз [қивоми] он аст. Бадбӯияш ниҳоят зиёд буда, савдоро ин гуна [бадбӯӣ] нест. Ё мумкин аст [сабаби исҳоли ба оби гӯштшуста монанд] сардие бошад, ки хунро сахт ва фишурда кардааст ва ё мумкин аст нотавонии ҷигар бувад, ки ба иллати он ҳолати ба оби гӯштшуста монанд ба ҳолати хунӣ ва дурдӣ бигузарад. Ин ҷуз ба нудрат ногаҳон ба амал наояд ва аксар вақт ногаҳон ба амал омадани он ба сабаби мизоҷи гарми сӯзонанда бувад, чаро ки мизоҷи сард [исҳолро] равон ва нопухта ва мизоҷи гарми сӯзонанда бошад, онро сахт ва мисли дурд бигардонад. Ё сабаби чунин [исҳол] ба шакли сӯхтаи ситабр берун омадани худи гӯшти ҷигар аст. Сабаби бадбӯйӣ гандиданест, ки ба иллати хӯра ва реш ва ё ба иллати банд гардидан ва сӯхтани [хун] ориз шуда бошад. Сабаби [исҳоли] хуни пок қувваи қавиест, ки ниёзманд нест то як муддат бо хуни зиёдатӣ мубораза бурда, онро дигаргун созад ва сипас берунаш биронад. Гоҳе мумкин аст ин ба аз ҳам боз шудани чизи ягона вобаста бошад. Буқрот гуфтааст: «Ҳар киро ҷигар бо об пур шавад ва ин ба сӯи пардаи андарунин кафида, шиками ӯ пури об бигардад, бимирад».
Бидон, ки бисёр ошомидани набизи тоза ба исҳоли ҷигарӣ гирифтор кунад. Агар банд гардидани исҳол боиси тоса ва кушода шудани он боиси боз омадани осудагӣ бувад, ин ҳалоккунанда хоҳад буд. Бидон, ки агар пири дер беморӣ кашидаро баъд аз беморӣ исҳол ояду худ лоғар гардида бошад ва агар банд гардидани исҳол ӯро ранҷ бидиҳад, пас, ин исҳоли ӯ исҳоли ҷигарист ва тани ӯ ба иллати хушкидани маҷроҳо ғизоро напазирад.
Нишонаҳо: Фарқи миёни исҳоли ҷигарӣ ва рӯдагӣ он аст, ки хилтҳои бад ва хуни аз рӯда оянда баробари реши дардноки рӯда ва печиши ноф ва андак-андаку пайваста берун оянд. Исҳоли ҷигарӣ бе дард, ба миқдори зиёд, на ҳамешаву пайваста, балки гоҳ-гоҳе берун ояд. Гоҳе фарқи миёни ин ду он бошад, ки [хилтҳо] омехта бо бироз, ё ҷудо аз он ва ё баъди он берун оянд.
Исҳоли ҷигарӣ аксар вақт баъд аз бироз ва андак омехта бо он берун ояд.
Фарқ миёни исҳоли ҷигарӣ ва меъдавӣ он бошад, ки исҳоли ҷигарӣ ба шакли килуси якхелае берун ояд, ки меъда таъсири лозимаи худро ба он расонида, вале таъсири лозимаи ҷигар ҳанӯз ба вай норасида бошад. Агар он меъдавӣ мебуд, андар зимни он ягон чизи ногуворида низ берун меомад ва бар меъда гаронӣ оварда, ҳангоми ба офатҳо гирифтор омадани меъда ба амал меомад.
Гоҳе ягон чизи ногуворида мумкин аст на танҳо ба сабаби меъда, балки ба сабаби анбозии ҷигар бо меъда низ берун ояд, вале инро ба меъда нисбат диҳанд, зеро офат андар феъли ӯ ҷой дорад.
Фарқи миёни исҳоли килусии ҷигар ва [исҳоли килусии] мосориқо ин аст, ки ба ҳангоми оне, ки аз мосориқост, андар ранг, пешоб ва ғайра нишонаҳои нотавонии ҷигар падид наоянд. Аммо фарқи миёни исҳоли зардобие, ки аз сабаби реш ва ё таровиши омос ояд ва исҳоли аз тариқаҳои дигар ба амал омада он бошад, ки пеш аз навъи якум таб зоҳир гардад ва навъи дуввум бидуни таб ба амал омада, сипас табнок бигардад ва ин ба сабаби дигаре вобаста бошад. Ҳангоми исҳоли зардобие, ки чунон ки ёд кардем, аз мосориқо ва аз сабаби омосҳои андар он падидомада берун ояд, килуси холис аз ғайри падид омадани нишонаҳои заъфи худи ҷигаре зоҳир бигардад, ки аз ягон омос ва ё дарде вобастагӣ дошта, рангро бигардонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор